Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Як порча видео

Як навори кӯтоҳи видео бо суръати барқ ба тамоми ҷаҳон паҳн шуд ва ботини интихобот дар Тоҷикистонро ошкор кард. Ин саҳна садҳо бор қавитар аз он баёнияҳо буд, ки нозирони байнулмилалӣ мегуфтанд. Манзурам аз “байнулмилалӣ” ғарбиёнанд, на он нозирони хасакӣ аз Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд.

Дар ҳақиқат, гоҳе барои ифшои умқи як раванд сухани зиёд зарур набудааст. Кофист, ки як дафъа одамон бо чашмони худ бубинанд. Воқеан беҳуда нагуфтаанд, “шунидан кай бувад монанди дидан.”

Continue reading

Advertisements

18.05.2011 Posted by | Интихобот, Таҷриба, Тоҷикистон, Худшиносй, Қонун | | 4 Comments

Баргардиши орзу ба дилсардӣ

Шабакаҳои гуногуни телевизионӣ, хабаргузориҳои ҷаҳонӣ, рӯзнома ва нашрияҳои Аврупову Амрико аз интихоботи порлумонии Тоҷикистон ҳамагӣ чанд сатр иттилоъ медиҳанд. Ҳол он ки ҳафтае пеш  хабару гузориши онҳо аз омодагиҳо ба интихобот дар Тоҷикистон хеле фарқ мекард. Рӯҳияи умумӣ ва лаҳни сухан тамоман дигар буд. Ҳатто рангҳо дар видеоҳо рӯшантару дурахшандатар.

Continue reading

01.03.2010 Posted by | Интихобот, Сиёсат, Тоҷикистон, Қонун | | 9 Comments