Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Мағзи digital

Пешрафти фанновариҳои иттилоотӣ боз чӣ коре бо журналистика хоҳад кард? Ба фикри ман, он рӯз дур нест, ки кас битавонад, хабар ё мақолаашро ба ройона (компютер) дикта ё ҳиҷҷа кунад ва ройона онро бинависаду тасҳеҳ ва веросторӣ кунад ва дар они воҳид ба чанд забон баргардонад.

Continue reading

Advertisements

07.03.2012 Posted by | Дурнамо, Забони модарӣ, Матбуот, Таҷриба, Фарҳанг | | 1 Comment

Блог ё Фейсбук?

Вақте блогнависиро сар кардам, кори нависандагиям ақиб афтод. Агар ҳар сол 3-4 достони кӯтоҳ эҷод мекардам ва навиштани ду қиссаву як румонро камобеш идома медодам, порсол ба ҷуз аз ду ҳикоя чизе нанавиштаам. Вақте сари онҳо менишастам, шайтон ба гӯшам мегуфт, “нигоҳе ба блогат бикун, касе паём фиристодааст.”

Continue reading

28.01.2012 Posted by | Адабиёт, Каме латра, Китоб, Матбуот, Фарҳанг | | 11 Comments

Ормони бунёдгузорони “Бухорои шариф”

Рӯзи матбуоти тоҷик ба ҳамаи дастандаркорони он муборак бод! “Рӯзи журналистикаи тоҷик” ё “Рӯзи журналисти тоҷик” шояд муносибтар бошад, зеро матбуот акнун шаклҳои гуногун касб мекунад ва бо расонаҳои электронӣ омезиш ёфта, истилоҳҳои “матбуоти нав” ё “чандрасонаӣ”-ро ба вуҷуд овардааст. Журналистӣ ба маротиб шавқангезтар ва ба ҳамон андоза мураккабтар шудааст.

Continue reading

10.03.2010 Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Сиёсат, Тоҷикистон | | 9 Comments