Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Зодрӯзи РӮЗнома

Ниҳоят, пас аз танаффуси дарози баробар ба 20 сол Тоҷикистон аз нав соҳиби рӯзнома шуд, яъне соҳиби нашрияе, ки ҳар панҷ рӯзи кории ҳафта ба нашр хоҳад расид. Журналисти саршиноси тоҷик Раҷаби Мирзо ҷасорат нишон дод ва даст ба кори сахту сангине зад. Вақте як шаб пеш аз нашри “Имрӯз News” барои Радиои Озодӣ мусоҳиба медод, вай худ иқрор кард, ки дар баробари масъулияти бузурге қарор дорад. Continue reading

Advertisements

30.08.2010 Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Тоҷикистон, Худшиносй, Ҳунар | | 1 Comment

Борони аризаҳои додгоҳӣ бар сари матбуот

Аз таҳдиду дашному латукӯб ё ҳатто “қатлҳои фармоишӣ”-и журналистон дар даҳсолаҳои пеш ба толори додгоҳ кӯчидани ҷанги мансабдорон бо озодии сухан, бешубҳа, метавонад падидаи мусбат шумурда шавад.

Continue reading

31.01.2010 Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Тоҷикистон, Қонун | , | 12 Comments