Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Нубуғи гурезони Шумо

Дар рӯзгоре, ки ба иллати аз даст додани чандсад сафҳа аз кори панҷмоҳаам, дилшикаста ва маъюс будам, дӯсте паёми нависанда Элизабет Гилбертро бароям расонд. Гуфт, яке аз комёбтарин нависандагони имрӯзист, вале, шармандаам, ки ин номро бори нахуст мешунидам. Ҳоло мехоҳам, ба камияш, китоби охирини ӯро бихонам.

Continue reading

26.07.2018 Posted by | Адабиёт, Инсон, Таърих, Таҷриба, Фарҳанг, Ҳунар | | 1 Comment

Як суруди солҳои бистум

Мардум одат доранд, ба рӯйдодҳои таърихӣ байту суруд бахшанд ва ба ин васила ҷузъиёти замони зиндагии худро барои ояндагон сабт намоянд. Намунаи барҷастаи онро метавон дар суруди мардумии “Восеъ ғазост имрӯз” дид, ки ҳолу ҳавои шӯриши мардуми ҷабрдидаи тоҷикро зидди ҳокимони манғит дар соли 1888 то рӯзҳои мо расонд ва ҳамин гуна ба ҷовидонаҳо хоҳад бурд.

Агар имрӯз хабару гузориши рӯзноманигорон пешнависи таърих бошанд, дар гузашта ҳамин сурудҳои халқӣ ва қиссаву тазкираҳо чунин нақшро бозидаанд ва паёмро аз даҳон ба даҳон ва аз насл ба насл интиқол додаанд. Ҳатман ин сурудро хонда ё шунидаед:

Continue reading

10.07.2018 Posted by | Uncategorized | 1 Comment

Гирд гардад гардуни гардон

Чанде аз хонандагон дар робита ба ҳикояи “Гирдгардон” изҳори назар карданд, ки аз онҳо самимона сипосгузорам. Ҳама гуна вокуниши ёронро дӯст медорам ва эродҳои дурусташонро мепазирам. Пас аз номаи яке аз онҳо номи достон тағйир кард ва вожаи “сирк” аз он барандохта шуд. Бори аввал ин ҳикояи бо номи “Гирдгардони сирк” нашр шуда буд, лек як дӯсти азизам дуруст фармуд, ки ин гирдгардон фаротар аз маҳдудаи сирк меравад ва банда пазируфтам.

Пурсиш ва андешаҳои дигаре аз ёрони меҳрубон бароям расид, ки хостам, ин ҷо матраҳ шаванд.

Continue reading

10.07.2018 Posted by | Каме латра, Таҷриба, Тоҷик, Фарҳанг, Ҳикоя, Ҷомеа | | Leave a comment

“Файзулло бало буд”

Нависанда ва рӯзноманигори эстон Аво Сузӣ аз як нашрияи солҳои 1930-и эстонӣ ин матлабро пайдо ва ба тоҷикӣ баргардон карда, ба банда фиристод. Инҳо хотираҳои як комиссари сурх аз ширкаташ дар ҷангҳои солҳои 1920-30 дар Осиёи Марказист ва бештар ба симо ва рафтори раҳбари ҷавонбухориён, дертар раиси Ҳизби коммунисти Бухоро ва баъдан сарвазири Ӯзбакистон, Файзуллоҳ Хоҷаев бахшида шудааст. Сипосгузорам аз Авои азиз, ки ин қадар сол аст, аз Тоҷикистон рафта бошад ҳам, ҳамеша дар фикри тоҷикон ва Тоҷикистон аст! Тарҷумаи Аво бе таҳрир, бо забони матбуотие, ки ӯ медонист.

Continue reading

03.07.2018 Posted by | Ватан, Инқилоб, Осиёи Марказӣ, Сиёсат, Таърих | | Leave a comment

“Мутавалиди 65”

65, яъне соли 1365-и гоҳшумории ҳиҷрии хуршедист, ки ба 1987-и тақвими григориянӣ рост меояд ва қаҳрамони марказии филм Афшор дар ин сол ба дунё омада, аммо барои он ки калонсолтар аз духтари дӯстдоштааш бошад, зодсоли худро панҷ сол бештар гуфтааст ва ногаҳон, дар як шароити вижа, ин роз ошкор мешавад. Духтар меранҷад, ки ҷавон барояш дурӯғ гуфтааст ва бар ин аст, ки зиндагии якҷоя набояд аз дурӯғ сар шавад.

Continue reading

01.07.2018 Posted by | Синемо, Фарҳанг, Эрон, Ҳунар, Ҷомеа | | Leave a comment