Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Як суруди солҳои бистум

Мардум одат доранд, ба рӯйдодҳои таърихӣ байту суруд бахшанд ва ба ин васила ҷузъиёти замони зиндагии худро барои ояндагон сабт намоянд. Намунаи барҷастаи онро метавон дар суруди мардумии “Восеъ ғазост имрӯз” дид, ки ҳолу ҳавои шӯриши мардуми ҷабрдидаи тоҷикро зидди ҳокимони манғит дар соли 1888 то рӯзҳои мо расонд ва ҳамин гуна ба ҷовидонаҳо хоҳад бурд.

Агар имрӯз хабару гузориши рӯзноманигорон пешнависи таърих бошанд, дар гузашта ҳамин сурудҳои халқӣ ва қиссаву тазкираҳо чунин нақшро бозидаанд ва паёмро аз даҳон ба даҳон ва аз насл ба насл интиқол додаанд. Ҳатман ин сурудро хонда ё шунидаед:

Восеъ ба асп савор шуд,
Барои ҷанг таёр шуд.
Барои халқ сардор шуд,
Халқ ай думбуш қатор шуд.

Восеъ ғазост имрӯз,
Ҷон мубталост имрӯз.
Ғавғои рӯзи маҳшар
Дар фақирост имрӯз.

Восеъ фаност имрӯз,
Ҷонҳо фидост имрӯз.
Ғавғои рӯзи маҳшар,
Бар фуқарост имрӯз.

Шабеҳ ба Шӯриши Восеъ ҳаводиси солҳои 1920, вожгунии аморати Бухоро, “урусомад”, фирор аз ватан ва ҷиҳоду ватанхоҳии фарзандони диёр низ таронаҳоеро ба миён овардаанд, вале дар намунаҳои нашршудаи фолклорӣ танҳо достонҳое ба чашм мехӯранд, ки дар онҳо Ҳукумати Шӯро ситоиш ва мухолифонаш танзу накуҳиш мешаванд. Аз кормандони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон шунидаам, ки намунаҳои дигар низ гоҳе дасти онҳо мерасид, лек интишори онҳо номумкин ва хилофи сиёсати давлати Шӯравӣ буд.

Ҳадси ман ин аст, ки чунин намунаҳо нобуд карда мешуданд ё дар махфигоҳе нигаҳдорӣ, чун ҳеч яке аз дӯстон ёрмандӣ накард, то ягонтои онҳоро бишнавам ё бихонам. Дилам мегуфт, ҳеч имкон надорад, ки мардум аз вожгунии аморати Бухоро ва омадани русҳо ба сарзаминаш танҳо шодию хурсандӣ карда бошад ва чизи дигаре ҳам насуруда. Шояд солҳои истиқлолияти Тоҷикистон чунин маводу матолиб пайдо ва мунташир шуда бошанд, дареғ огаҳӣ надорам. Агар касе чизе медонад, хоҳиш мекунам, паём диҳад.

Дар ин байн, чанд рӯз пеш забте ба дастам расид, ки аз ҳастии суруду достонҳои он давраи таъорих хабар медиҳад. Ин тарона ба охирин амири Бухоро Сайид Олимхон бахшида шуда, “Эй вой ҷони Олимхон!” ном дорад. Ҳарчанд дар он аз амир ситоиш намешавад, вале як дареғу таассуф садо медиҳад ва ба вазъи Бухоро дар он рӯзҳо ишора меравад. Аз фармондеҳони машҳури ҳаракати ҷиҳодии он солҳо, ки зимни яккатозии таърихнигории шӯравӣ ба номи “босмачигарӣ” маъруф гаштааст, Нусрат ва Махсум (ҳатман Фузайл Махсум) ва ҳам ҷадидҳо ёд мешавад.

Ин таронаи давраи суқути аморати Бухоро аз тарафи Ибодуллоҳ Охунов, сокини деҳаи Худгифи Болои Кӯҳистони Масчо (соли таваллудаш 1914) суруда ва аз ҷониби рӯзноманигори маъруфи эстон Аво Сузӣ ва ҳамсари ӯ, мусиқишинос ва этнограф Гулҷаҳон Юсуфӣ дар соли 1983 дар забт шудааст. Он бо лаҳҷа садо додааст ва “мелис” ба ҷойи “милиса”, “текис” ба ҷойи “ҳамвор”, “хазини” ба ҷойи “хазинаи” омада бошанд ҳам, қобили фаҳманд. Вале чанд вожа дар ин суруд мушаххас карда нашуд. Сипосгузор мебудам, агар дӯстон ба ин навор гӯш додаву дар муайян кардани вожаҳои нофаҳмо мадад кунанд. Ин кӯмак аз ҷониби донишманди ҷавони тоҷик Хуршед Эҳсон расид ва матн ба ин шакл веросторӣ шуд:

Бухоро ҷои мелис
Мадрусаҳои текис*
Я(к) хат омад а(з) Инглис
Эй вой ҷони Ъолимхон

Бухороҷон сершимол*
Дар дасто(й) мулло румол
Ҷадитоя кар(д) помол*
Эй вой ҷони Ъолимхон

Нусрат бурумад ёна
Дурбин мундай дунёра
Аспи Нусрат канда кард
Замин, замон ларза кард

Нусратбеги тилокор
Ҳастӣ ъолимӣ дар кор*
Салли Нусрат шол кабуд*
Ғаррас мекнад пиламут
Лақаҳои хушбурут
Урусои баднамуд

Хизини подшо ҳи(ф)з шуд*
Очаи подшо сил шуд
Дар болои кор корҷанг шуд
Эй вой ҷони Ъолимхон

Дар осамон абр умад*
Пансата сал(д)от умад
*
Ҳайфи нуми Нусратбег
Вақти андозаш умад

Хизини подшо ҳи(ф)з шуд*
Очаи подшо сил шуд
Дар болои кор корҷанг шуд
Эй вой ҷони Ъолимхон*

Лақаҳои хушбурут
Урусои баднамуд*
Эй вой ҷони Ъолимхон

… эй ҷуни ҷунат*
Ҳайфи даму даврунат
Урус умадай
Дар таги долунат
Саркориро додиё, закоти ҷунат
Қундоқи камону зираи дандунат

Махсуми Позел*
Чорбанд чилучор
Банди чорбанд чилучор*
Чодар задаӣ Махсум
Румолу ҳазор….
———————————

*Мадрасаҳои текис
*Сершамол
*Ҷадидҳоро нобуд кард.
*Дар забт “ъолимӣ” мегӯяд, шояд ба далели гӯиши хоси минтақа ё шахси гӯянда бошад. Аммо ба далели бардошти маъноие ки аз ин сатр мешавад, “ъолиме” дуруст аст , яъне ту (Нусратбек) дар кор (-и худат) ъолим (корбалад ва тавоно) ҳастӣ.
* Навъи порчаи дастор(салла)-и Нусрат аз шоли кабуд аст.
* хизини…: хазинаи…
* Гӯё, ба хотири дуруст шудани вазн “осамон” талаффуз шудааст.
*Панҷсад сарбоз (солдат) омад.
* Банд такрор омада.
* Такрор омада.
* Ингор, забт як лаҳза қатъ шудааст ва ду калимаро надорем.
* Талаффуз наздик ба “Пазел” буд, ки албатта бояд манзур “Фозил” буда бошад
*”Чорбанд” бояд чизи хоссе бошад.
* Ба назар мерасад, мисраъҳои ин банд ёди хонанда намонда ва ҳаминтурӣ чанд калимаро адо кардааст.

Фикр мекунам, бақияи мисраъҳо қобили фаҳм бошанд.

—————————

Сипос аз Хуршед Эҳсон, ки матни фавқро омода карданд.

Ин ҷо як ислоҳи дигар аз устод Аъзам Хуҷаста ворид гашт, ки ҳам аз лиҳози талаффузи маҳаллӣ ва ҳам мазмуни умумии суруд бомантиқ аст. Ба ҷойи “Хизини подшо ҳи(ф)з шуд” бояд хонад шавад “Хизини подшо ҳис шуд”, яъне ҳиссаву пора шуд. Дар гӯйиши Масчо ин ҳолат вуҷуд дорад. Барои намуна, мегӯянд: “Заминҳоро байни ҳама  баробар ҳис кунед”, яъне тақсиму ҷудо кунед. Ё мегӯянд, “ин замин ҳисси фалонист”, яъне ҳиссаи фалонӣ. Дар суруд гуфта мешавад, ки хазинаи амир тиккаву пора шуд ва дар сари ин кордкашию занозанӣ шудааст.

—————————

Хуршеди Эҳсон дар идома нигоштанд:

Адабиёти ъомиёна ганҷинаи арзишманде ҳаст. Дареғ ки аз осори шифоҳии солҳои қабл аз омадани русҳо ва ҳатто солҳои аввали ҳузури онҳо дар Осиёи Марказӣ маводи камтаре дорем. Агар чанд забти садое аз он даврон доштем, нукоти зиёде рӯшан мешуд. Талаффуз, лаҳни садо, навъи баёни вожаҳои хориҷиро дақиқтар метавонистем дарёбем, чун ман муътақидам, забону баён ки бимонад, лаҳҷа ва лаҳни мо аз лаҳҷа ва лаҳни падарбузургҳоямон хеле ва хеле дур рафтааст ва русӣ шудааст. Вақте тоҷикҳо бо лаҳни русӣ ва русиёна шеър ё хабар ё ҳар чизи дигаре мехонанд, воқеъан намедонӣ чи бигӯӣ. Баъд мефаҳмӣ, чи гуна бегонаҳои омада табар-табар шудаанду ба решаи мо задаанду задаанд!

Аз ин навори забт ҳам, ҳарчанд мутааххир аст, чизҳоеро мешавад рӯшан кард. Барои намуна, ба “Инглис” (ба маънои давлат) таваҷҷуҳ кунед. Англия нест, Англис ҳам нест, балки “Инглис” аст. Пас, аз ин бармеояд, ки инглисӣ ва Инглистон дуруст аст ва падарбузургҳои мо ин нуктаро медонистанд ва риоят мекарданд ва фарзандони ҳалоли онҳо ҳам бояд аз онҳо пайравӣ кунанд.”

Ҳоло бандҳои охири сурудро боз мешунавем ва натиҷагирӣ ин аст, ки онон суолбарангезанд. Аз ҷумла ин ки “чор банд чилучор” чӣ маъно дорад ва “рӯмолу ҳазор” чист. Аз коршиносоне, ки дар шарҳи ин суруд куллан ва ҳам бандҳои охир кумак карда метавонанд, сипосгузор хоҳам буд.

Худи навор ин ҷост:

 

10.07.2018 - Posted by | Uncategorized

1 Comment »

  1. Ба бисёр нукоти ҷолибу боаҳаммияте дар ин ҷустор ишора шуда. Сиёсати булшевизм дар ростои муҳандисии ъамдии забони тоҷикон, мутаассифона, наҳваи баёну гуфтори табиъии мо тоҷиконр ончунон таҳтушшуъо қарор дода, ки адову гуфтори комилан русизадаи худро имрӯз тоҷикӣ ва нивишту талаффузи сирф тоҷикии каламаҳои чун инлглису инглисиро ғайритоҷикӣ мепиндорем.

    Comment by Холик | 10.09.2018 | Reply


Leave a comment