Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Cозмони тоҷикони Амрико?

PhillyИн акси яке аз хиёбонҳои марказии Филаделфия аст, ки аз бинои шаҳрдорӣ сар шуда, то Осорхонаи миллии Амрико доман кашидааст ва он рӯз дар ин масир парчами кишварҳои ҷаҳон парафшонӣ мекард. Дилам гарм шуд, ки парчами Тоҷикистонро пайдо кунам ва зери офтоби сӯзон ин масири қариб 5-километриро пиёда тай кардам. Аммо…

Continue reading

26.07.2009 Posted by | Амрико, Ваҳдат | , | 12 Comments

Шакар, шево, ширин ва шоирона

nast22 июли соли 1989 Шӯрои Олии Тоҷикистон бо қабули як қонун забони тоҷикӣ (форсӣ)-ро забони давлатӣ эълон кард. Пас аз муборизаҳои шадид ва баҳсу кашокаши дароз аз майдону кӯча гирифта, то долонҳои ҳукумат. Вале чаро 20 сол ҳам ба иҷро шудани он кифоят накард?

Continue reading

22.07.2009 Posted by | Забони модарӣ | , , | 9 Comments

Даргузашти яке аз падарони журнализм

WcronkiteЯке аз машҳуртарин журналистони амрикоӣ, Волтер Кронкайт, дар синни 92-солагӣ дар Ню Йорк даргузашт. Ӯро ҷасуртарин хабарнигор, маҳбубтарин сухангӯйи телевизион, беҳтарин мудири барномаҳо, ихтироъкортарин устод, самимитарин ҳамсӯҳбат  меноманд. Аммо раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама ӯро “боварбахштарин марди Амрико” номид.

Continue reading

20.07.2009 Posted by | Амрико, Матбуот, Озодии сухан | | 6 Comments

Молчание Нурабадских ягнят

midrfВсегда вызывала белую зависть молнисеносная реакция российских властей на судьбу россиян попавших в беду за пределами России. Тайфун ли в Таиланде, авария ли в Израиле, аресты в Египте, вторая почти что строчка новостей сообщала, “к счастью, среди пострадавших нет российских граждан.” Или наоборот, если есть, что делает МИД, посольство, МЧС…

Continue reading

20.07.2009 Posted by | Амният, Русия, Тоҷикистон | | 11 Comments

5. Таърихчаи Қонуни забони давлатӣ

Akbari Turson - 4Вақте ки вакилони порлумони Тоҷикистон вожаи “форсӣ”-ро аз Қонуни забон берун ронданд, Акбари Турсон дар Душанбе набуд. Як гурӯҳ аз аҳли илму фарҳанг назари интиқодиашонро қаламӣ карда, дар матбуот интишор доданд. Ва азбаски муаллифони нома мавкеъ ва назари Акбарро нағз медонистанд, номи ӯро ҳам илова карданд. Акбар аз онҳо ташаккур кард…

Continue reading

19.07.2009 Posted by | Забони модарӣ, Илм, Тоҷикистон | | Leave a comment

Бепарвоии Русия ба сарнавишти атбояш?

rusflagҲамеша ба вокуниши барқосои мақомоти Русия дар мавриди сарнавишти шаҳрвандонаш дар хориҷа ҳасад мебурдам. Ҳасади, ба истилоҳ, сафед. Ҳангоми тӯфон дар Таилонд, садама дар Исроил, ҳабси донишҷӯён дар Миср ва монанди инҳо. Ҳатто ҷанги моҳи августи соли 2008 дар Гурҷистон низ расман бо ҳадафи дифоъ аз шаҳрвандони Русия буд. Аммо ин бор Русия сукут меварзад…

Continue reading

18.07.2009 Posted by | Амният, Осиёи Марказӣ, Русия | | 3 Comments

“Бояд масҷиди бештаре сохта шавад…”

medРаисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, рӯзи чаҳоршанбе аз Масҷиди ҷомеи Маскав дидан кард ва дар ҳамин ҷо гуфт, бояд дар кишвараш масҷиди бештаре сохта шавад.  Вай махсусан зикр кард, ки бояд дар шаҳри олимпии Сочӣ як масҷиди бузурге бунёд гардад.

Continue reading

16.07.2009 Posted by | Дин, Ислом, Русия, Сиёсат | | 1 Comment

Посух ба Шодии азиз ва ёрони дигар

Zioyev2004Шодии фарзона менависад: “Як мақолаи  васеи таҳлилӣ лозим аст, то бидонем, ки чаро Мирзо Зиёев (рӯҳаш шод бод) тайи ин муддат аз хоки Тавилдара берун нашуд. Ӯ чӣ ҳадаф дошт? Чаро бо ин ҳама ақлу заковате, ки дошт фалокати ногузирро нигарон истод?” Бешак, пурсишҳои муҳиманд. Вале ба назарам вай посухҳоро бо худ бурд…

Continue reading

16.07.2009 Posted by | Ватан, Инсон, Сарнавишт | | 1 Comment

Марзи зиллат дар моварои миллат

KuhistonЧанд рӯзи охир як чиз сахт нороҳатам мекунад. Дубора шиор шудани истилоҳи “тоҷикони кӯҳистон” ё “кӯҳистониён”, ки бештару бештар ба гӯш мерасад ва ба марзи нави ҷудоӣ табдил меёбад. Дӯстони дилсафеди ҷавонам мепурсанд, “тоҷики кӯҳистонӣ” чӣ маънӣ дорад? Посух медиҳам — нороҳат набошед, ҳеҷ маъние надорад, як дурӯғи дигар аст.

Continue reading

15.07.2009 Posted by | Ватан, Инсон, Таърих, Тоҷикистон | 5 Comments

Фарҷоми Мирзо Зиёев

Ziyoev2005_jpgҶузъиёти марги Мирзо Зиёев, собиқ вазири умури изтирории Тоҷикистон ва собиқ фармондеҳи кулли нерӯҳои Иттиҳоди мухолифони тоҷик, шояд рӯзе, аммо на ба ин зудиҳо ошкор шавад. Алъон гумони ғолиб ин аст, ки вай эҳтимолан қурбони дудилагиҳо, сулҳдӯстӣ ва ҳамзамон дипломатиябозии хеш шуд.

Continue reading

12.07.2009 Posted by | Сарнавишт, Тоҷикистон | | 9 Comments