Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

А. Турсон. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи видеогуфторҳо

Akbar Turson-Инро навишта будам, ки аз назди устод Акбари Турсон аз Филаделфия бо як ҷаҳон, саҳеҳтараш, бо як кайҳоне бармегаштам ва мулзам монда будам, ки ин ҳама кайҳонро чӣ гуна мешавад, рӯйи торнигор овард ва ба ҳазорон нафар аз муштоқон расонд. Ба натиҷае расидам, ки барои ин шахсе дар сатҳи худи эшон даркор аст ва ман ки дар он поя нестам ва касеро ҳам ба ҷуз аз худашон дарёб накардам. Пас, сухан аз забони Луқмон…

Continue reading

29.06.2009 Posted by | Ватан, Тоҷикистон | , | 2 Comments

4. Кайҳон дар пиёла

Ustad TursonИмрӯз ҳама дар бораи баҳси оби Осиёи Марказӣ менависанд. Баъзеҳо ба обшиносу коршиноси минтақа табдил ёфтаанд. Президентҳо Медведеву Раҳмон дар масъалаи об гуфтугӯ мекунанд, Ислом Каримов мушт ба осмон мебардорад, Бердимуҳаммадов ба шиори вай ҳамовоз мешавад. Аммо…

Continue reading

22.06.2009 Posted by | Ватан, Сарнавишт | , | 19 Comments

3. Чаро пешрафте нест ва самти фардо кадом аст?

Ustaad Akbari TursonПаймон буд, ки гуфтори мо сол ба солу зина ба зина равад. Аммо суханоне, ки бояд гуфта шаванд, ин қадар зиёданду фурсат ин қадар кам. Ва шояд дӯстон ҳам ранҷидаанд, ки пурсиши онҳо гӯё дар ҳаво монд. Аммо шитоб накунед. Оҳиста равем ва пайваста…

Continue reading

21.06.2009 Posted by | Ватан, Илм | , | 9 Comments

2. Хотираҳои гарми Маскави “собиқ”

Akbar Turson-MoscowМуҳит чизест, ки моро иҳота мекунад. Давродавр ва гирдогирди мо. Дар гирди кас чанд доирае ҳаст, ки аз ҳарими нафаси инсон сар шуда, фарохно меёбад ва то ба кайҳон меравад. Муҳити наздикро шахс худ барои хеш месозад, дувумиро атрофиёну ҷомеа ва савумиро Худованд.

Continue reading

11.06.2009 Posted by | Илм, Ҳолнома | , | 4 Comments

Дуруд аз Филаделфия, аз Акбари Турсон!

Akbar-Ниҳоят вохӯрии деринтизори мо дар рӯзҳои 27 ва 28-уми май ба вуқӯъ пайваст ва аз ин дидор бо як ҷаҳон таассурот, як дафтари пур ва ду навори видео баргаштам. Устод Акбари Турсон ба ҳамаи онҳое, ки аз ӯ ёде кардаанду мекунанд, саломҳои гарм фиристод ва тақрибан ба ҳамаи пурсишҳо посух дод.

Continue reading

29.05.2009 Posted by | Фалсафа, Ҳолнома | , | 26 Comments

Доништалабон дар Амрико

StudentsДӯсти ҷавони ман, Умедҷон, ки мехоҳад, дар риштаи равобити байнулмилал ё улуми сиёсӣ дар Амрико таҳсил кунад, навиштааст, ба чанд донишгоҳ ҳуҷҷат фиристод, аммо аксарияти онҳо номи ӯро дар феҳрасти интизорӣ гузоштанд ва мегӯянд, Умедро танҳо дар ҳоле қабул мекунанд, ки агар ҷои холие барои вай пайдо шавад.

Continue reading

17.05.2009 Posted by | Амрико, Илм, Таҳсил | , | 18 Comments

2. Гаштори хашм (Transformation of Anger)

barak-001Ду нафари дигар низ дар тарбияи Барак Обама саҳми бузург гирифтаанд. Яке падарандари мусулмонаш Лоло дар солҳои зиндагӣ дар Индунезӣ ва дигаре дӯсти бобояш, шоири солхӯрдаи сиёҳпӯст Френк дар Ҳаваӣ. Яке бо намунаҳои амал ва дигаре бо сухани коро.

Continue reading

18.03.2009 Posted by | Сарнавишт, Ҳолнома | , | 3 Comments