Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ду нукта дар Wikileaks (Феълан)

Wikileaks аз нав дар дунё ғавғои рӯзи маҳшар бапо кард. Аммо ин бор хеле бузургтар аз ончӣ бори гузашта дар моҳи октябр карда буд. Ва хеле ҷиддитар. Ҳанӯз ҳамагӣ наздик ба 300 номаи махфӣ ва маҳрамона мунташир шуду дар зеҳни мардум таҳаввулоти беназире ҷараён дорад. Қарор аст, 250 000 санад дар дастраси аҳли башар қарор бигирад.

Continue reading

30.11.2010 Posted by | Амният, Амрико, Баҳс, Сиёсат, Таърих, Тоҷикистон | | 4 Comments

Табболе дар метрои Ню Йорк

На, ин ягон шоҳкоре нест. Сари чанд вақт наворҳои видеоро, ки акнун як бахши бойгонии маро ташкил медиҳанд, тамошо мекунам ва он рӯзҳову лаҳзаҳои рафтаро ба ёд меорам, гӯё онҳоро аз нав зиндагӣ мекунам. Дар байнашон наворе будааст, ки аз таблнавозии як таббол дар метрои Ню Йорк бардоштаам. Хостам, онро Шумо ҳам бубинед.

Continue reading

21.11.2010 Posted by | Амрико, Ватан, Инсон, Каме латра, Сарнавишт, Таҷриба | | 13 Comments

Тарозуи “damage”

Хуб нест, агар манфиҳои падидаеро сабт карда бошаму аз мусбати онҳо чашм бипӯшам. Манзурам, бо “сабабҳои номаълум” аз чоп мондани ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Нигоҳ” ва “Пайкон” аст, ки ин ҳафта дутои онҳо аз чоп баромад ва чӣ аҷаб, “Нигоҳ” дар чопхонаи “Шарқи озод”. Торнамоҳои “бандӣ” – “Авеста”, “Тоҷнюз”, “Сентразия” ва “Тҷкнюз” ҳам боз шудаанд.

Continue reading

18.11.2010 Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Сиёсат, Тоҷикистон | , | 12 Comments

Иди гузаштан аз худ

Имрӯз дар Тоҷикистон аз Иди Қурбон таҷлил мекунанд. Ҳарчанд мардуми мо садҳо сол ин идро дошт, дар замони Шӯравӣ таҷлил аз он мамнӯъ буд ва кормандони амниятии СССР намозгузорони рӯзи идро ба ҳабс мегирифтанд. Онҳое ки дар намози бомдоди рӯзи ид ширкат мекарданд, агар мансабдор мебуданд, аз мақоми хеш маҳрум гашта, ҷовидона ба “феҳрасти сиёҳ” меафтоданд. Танҳо дар соли 1991 бо ташаббуси Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода Иди Қурбон якҷо бо Иди Рамазон ба сафи ҷашнҳои расмии Тоҷикистон шомил шуданд.

Continue reading

16.11.2010 Posted by | Ваҳдат, Дин, Инсон, Таҳсил, Таҷриба, Тоҷик, Худшиносй | 24 Comments

IRS – ақл, хирад ва шарафи замони мо

Имшаб Шабакаи аввали телевизиони Точикистон мадҳияи аҷибе пахш кард. Ин бор мадҳу сано ба роҳи пулакӣ хонда шуд. Тақрибан зиёда аз 10 бор такрор ба такрор гуфта шуд, ки роҳи пулакӣ чӣ андоза барои мардум судманд аст ва мояи рушду пешрафти иқтисодиёту ҳаёту мардум мешавад. Ва зиёда аз ин борҳову борҳо гуфта шуд, ки ширкати IRS (Инновейтив Роуд Солюшнз) барои нигаҳдории “сатҳи баланди хизматрасонӣ” дар роҳи Душанбе – Фотеҳобод (набояд Чанак гуфт) чӣ андоза хидмати бузург мекунад.

Continue reading

16.11.2010 Posted by | Ваҳдат, Инсон, Иқтисодиёт, Сиёсат, Таҷриба, Тоҷикистон, Қонун | 15 Comments

Бахтнома ё тахтнома?

Бардошти ман аз Рӯзи Қонуни асосии Тоҷикистон (6-уми ноябр) ин аст, ки мардуми мо ҷойгоҳи ин санади бунёдии кишвари худро ба хубӣ намешиносанд ва ё ба дараҷае аз он дилсард шудаанд, ки ин пойдевори бинои ҳаёти хешро аз як қоғази одии дурӯғин зиёд намедонанд. Сӯҳбатҳо аз Сарқонуни кишвар асосан умумӣ ва расмӣ буданд, кам касон ба он таваҷҷӯҳ доранд, ки Рӯзи Қонуни асосӣ аз идҳои дигари мардуми мо зиёдтар асту камтар не.

Continue reading

08.11.2010 Posted by | Ватан, Ваҳдат, Инсон, Таҷриба, Тоҷикистон, Худшиносй, Қонун | 5 Comments