Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Нахустин низоми порлумонии Осиёи Марказӣ?

Бо тамоми ифтихор аз гузаштаи бузурги миллати хеш ва бархилофи пешдоварии имрӯзаи онҳое, ки ба ҳамсоягони туркнажоди худ аз боло ба поён нигоҳ мекунанд, ман ба қирғизҳо ба чашми ҳасад менигарам. Онҳо тамоми корро карданд, ки як интихоботи ба андозаи зиёд озод, одилона ва шаффоферо баргузор кунанд. Ҳарчанд мардуми мо шиори ориятии “Мо метавонем!”-ро тӯтивор такрор мекунанд, мо ҳанӯз чизеро натавонистаем, амо онҳо тавонистанд.

Continue reading

11.10.2010 Posted by | Интихобот, Сиёсат, Таърих, Қирғизистон, Қонун | | 6 Comments

Нафаси фалокат

Расонаҳои ҳамагонии ғарбӣ бо ҳайратзадагии тамом аз ваҳшати даргириҳо дар ҷануби Қирғизистон хабар дода, решаҳои низоъро кандуков мекунанд. Онҳо мехоҳанд пардаро аз рӯи воқеаҳо бардоранд ва ояндаи авзоъро аз зовияҳои гуногун ҳадс мезананд.

Continue reading

18.06.2010 Posted by | Осиёи Марказӣ, Узбакистон, Фалокат, Қирғизистон | | 2 Comments

Хун, оташ, ашк ва хокистар дар Уш

Рӯйдодҳои хунини ҷануби Қирғизистон як ба як даргириҳои тобистони соли 1992 дар Қӯрғонтеппаро ба ёд меоранд. Мусаллаҳони савори “КамАЗ”-ҳо, ҳазорон тан гурезаи гирён, сӯхтани хонаҳову боғҳо, нотавонӣ ё тарафкашии милисаву нерӯҳои амниятӣ, ғоратгариҳои дастаҷамъона…

Continue reading

13.06.2010 Posted by | Амният, Осиёи Марказӣ, Қирғизистон | , , | 6 Comments

Изтироб аз хабарҳои Қирғизистон

Шабакаҳои телевизионии Амрико шоми 7-уми апрел чанд бор дар бораи рӯйдодҳои Қирғизистон хабари кӯтоҳе пахш карданд, ки тазоҳуроти шаҳрвандон дар кишвари кӯчаки Осиёи Марказӣ, ки барои амалиёти Амрико ва НАТО дар Афғонистон муҳим аст, ба даргириҳои хунин бо полис табдил ёфт. Баъд гӯё ин мавзӯъ тамоман аз байн рафт. ABC ва CNN ба таҳқиқи ҳалокати ангиштканони Вирҷиния ва боздошти як мусофири ҳавопаймо баргаштанд ва телевизиони Лос Анҷелес баҳси талоқи ду ҳунарпешаи Ҳолливудро идома дод.

Continue reading

08.04.2010 Posted by | Инқилоб, Осиёи Марказӣ, Сиёсат, Худшиносй | , | 10 Comments