Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Попечи вақт

Бо он ки рӯйдодҳои ҷаҳони араб печидагиҳои мутафовите касб мекунанд, паёми онҳо ҳамоно бетағйир боқӣ мондааст. Бархе аз коршиносон ин таҳаввулотро “судури инқилоб” меноманд ва бархе дигар талоши ақвоми араб барои ворид шудан ба садаи 20. Оре, 20 ва на 21. Пас онҳо ҳанӯз дар садаи 19 будаанд?

Continue reading

26.04.2011 Posted by | Баҳс, Ватан, Дурнамо, Инқилоб, Таҷриба, Фалсафа, Қонун | 6 Comments

Аз Заркамар то Фейсбук

Атовулло Рақибов идеологияи “нола”-ро шикаст. Маслаки беш аз ҳазорсолаи миллии тоҷикиро, ки бояд фақат нолид ва он ҳам ба ин мазмун, ки “оҳ, ман чи афтодае ҳастам ва касе ба доди ман нарасид, касе дасти маро нагирифт, тақдирам ин аст.”

Continue reading

23.04.2011 Posted by | Баҳс, Инсон, Матбуот, Тоҷикистон, Худшиносй, Қонун | 2 Comments

Банди ҷудоиандоз

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар нишасти, ба гуфтаи худаш, “аҳли ҷамоатчигӣ”, бори дигар, ин дафъа бо дағдағаи бештар аз тарҳи пешниҳодии худ – “масъулияти оила дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳимоят кард. Ин як сигнал ба Маҷлиси намояндагон аст, ки тарҳро бе чуну чаро ба қонун табдил диҳанд. Continue reading

10.04.2011 Posted by | Амният, Баҳс, Ватан, Ваҳдат, Дин, Тоҷикистон, Қонун | 3 Comments

Оташаке нест?

Фикр мекунам, як бори дигар низ навишта будам, ки дар бист соли охир рӯҳи миллии мардуми тоҷик шикаста шуд. Имрӯз, вақте матлаби ҳамкорам Ҳарамгули Қодирро дар торнамо мегузоштем, боз ин андеша ба зеҳнам омад. Ин бор як пайомади рӯҳи шикастаро дидам.

Continue reading

06.04.2011 Posted by | Баҳс, Ватан, Ваҳдат, Инсон, Сарнавишт, Тоҷик, Худшиносй | 4 Comments

ДАСТурИ Путин

Сарвазири Русия, Владимир Путин, илтиҷои раҳбарони Тоҷикистонро, ки коҳиши боҷи содиротии фуровардаҳои нафтии Русияро мехостанд, рад кард ва баръакс фармони афзоиши бештари ин боҷро ба имзо расонд. Сар аз 1-уми апрели соли 2011 боҷи бензини содиротии Русия, ки 245 доллар барои 1 тонна буд, ба 284 доллар боло рафт ва боҷи солярка аз 170 ба 198 доллари амрикоӣ.

Continue reading

02.04.2011 Posted by | Ватан, Роғун, Русия, Сиёсат, Тоҷикистон, Узбакистон | | 8 Comments