Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Устувона

Ба инглисӣ In Memoriam мегӯянд, ки мисли зораҳои тоҷикӣ садо медиҳад. Сарояндагон ба поси хотири ҳамтои худ тарона эҷод мекунанд. Ман дар сӯги Баҳманёр ин ҳикояро навиштам. Аз ҳамон рӯзи сиёҳи даргузашташ андар дилам мечархид ва қатра ба қатра онро менавиштам дар шабҳои бехобиям. Орзу дорам, паёмам барояш бирасад ва равонаш шод бод.

Устувона

Саворае аз пайроҳаи кӯҳӣ боло мешуд. “Мард рӯи зин, зин рӯи асп, асп рӯи кӯҳ, кӯҳ рӯи замин, замин дар фазо буду давр мезад. Чунон давр мезад, ки касе пай намебурд”. Асп як-як пой мегузорад. Гӯё саршори нерӯст. Ё аз фармонбарии чунин саворе сарбаланд аст. Ва савора лабханд мезанад.

Ҳамдам, ҳарчанд ӯро аз дур мебинад, аз диданаш шукуҳе ба дилаш меояд. Он тобу нур ба ҳазор ранг медурахшанд. То ҳадде ки Ҳамдам фикр мекунад, хатту холи савора ва асп барояш ошноянд, вале зуд ҳама чиз тираву тор мешавад ва аз он дуриҳо ба сару рӯйи Ҳамдам боди сарди ваҳшат мевазад. Он гоҳ ӯро дилтангии сахте фурӯ мекашад ва шавқи нигоҳро аз ӯ мебарад.

Вай рӯи курсии утубус ғунча задааст, утубус рӯи роҳ пеш мерафт, роҳ рӯи замин буд, замин дар фазо буду мечархид. Вале касе ба он намеандешид, ки замин мечархад.

Дар берун зиндагӣ ҷӯш мезанад. Суръати утубус он шӯру шарро ба авҷ мерасонад, вале зудгузар мекунад. Се мард аробаеро тела медиҳанд, ки болояш як танӯри азим хаёле ба кураи Замин монанд аст. Ду зан дар ду лаби як ҷӯй ситезманду истеғ сар ба сари ҳам мондаанду баҳс доранд. Селаи бачаҳо ба сӯе медаванд. Як дучархасавор мехоҳад, аз утубуси Ҳамдаму мусофиронаш ақиб намонад, аммо зуд кӯчак ва нопадид мешавад. Ҳамдам гумон мекунад, гардани ӯро мисли гӯсолае ба пуштаки курсӣ бастаанд. Ӯ ба ҷое мерафт, ки рафтан намехост.

Дишаб, вақте қосид омад, Ҳамдам қоматашро дуто кардаву бо ҳарду дасту ҳарду пой фарши ҳуҷраи меҳмонсароро сахт дошта буд, зеро он лаҳзаҳо замин зери пояш мечархид, давр мехӯрд, пастобаланд мерафт, уштулум мекард, нишеб мерафт. На ин ки мисли заминларза. На ин ки такон мехӯрду меларзид, балки босуръат якпаҳлу мерафт ва Ҳамдам тарси онро дошт, ки ҳамин дам ин ҳуҷра ҳамроҳи меҳмонсаро, ҳамроҳи ҳамаи “Шоҳамбарӣ” ва тамоми кишвар ва ҳамаи дунё дар ҳоли чаппа шудан аст. Қосид дарро накуфта, уҳун-пуҳуне накарда, меҳмони нохондае шуд, ки даромаду Ҳамдамро дар ҳоле дид, ки ҳатман барояш хандаовар буд. Он лаҳзае буд, ки замин акнун на ба чап, балки, ногаҳону воруна, ба самти рост тоб хӯрдан гирифт, каме оҳистатар, аммо амиқтар ва боз ҳам бо хатари чаппа шудан ва рафтан ба умқи коинот. Он сонияҳо Ҳамдам ба он меандешид, ки ин ҳама оби уқёнуси ҷаҳонӣ куҷо сарозер хоҳад шуд ва дар куҷо хоҳад гунҷид.

— Ҳамдам худатӣ?! — Бо зарда пурсид қосид. Баъд дар созаш тобиши пузханд омад. — Чӣ кор мекунӣ? Чиро теппача истодаӣ? Хубӣ?

Ҳамдам мехост, ҳамон сари кор посухи ин  беадабро бидиҳад, вале ҳарчанд зӯр зад чизе гуфта натавонист. Забонаш миёни лабу дандонҳояш мечархиду бас. Чизе нагуфт ва ба ҳарфи меҳмону гардиши ваҳшатноки замин тан доду парӯ болои фарш уфтод. Ғалтид ва ба қаъри коинот рафт. Он беадаб кори дигаре наёфт, ҷуз ин ки як сатил оби хунукро ба сари Ҳамдам резад…

Ҳоло дар утубус ногаҳон ҳис кард, ки аз нав чарахсаҳои об ба сару рӯяш мезананд. Чашм кушод. Утубус рӯи роҳ пеш мерафт, роҳ рӯи замин буд, замин дар фазо буду мечархид. Акнун атроф сокит. Дарахтҳо сар ба шонаи ҳамдигар гузоштаву хобида. Моҳ мисли нони нимпаз дар танӯри осмон овезон. Қатраҳои об ҳар сӯ пош мехӯранд. Об меҷӯшад ва аз ҷӯши он обаспе монанди ҳаюлои Лохнессӣ берун меояд ва аз пушту шикаму ронҳояш ҷӯяҳои оби нурангез поин мешорад, обе омехта бо нуқраи маҳтоб. Давродаври аспи маҳтобиро хирмани нур мегирад, ғубори ин хирман месечаду медурахшад. Ва Ҳамдамро боз пинак мерабояд. Рӯйи курсии аспи оҳанине, ки роҳро фурӯ мекашаду мебалъад…

Қосид аз шаҳр омада буд ва мехост, Ҳамдамро бо худ барад. Вале чун Ҳамдам пас аз зиёфати шоҳона дар тарабхонаи осоишгоҳ ҳарфи фаҳмое ба забон оварда наметавонист ва талош мекард, заминро аз чархиш боздораду дар авҷи ин корнома беҳуш афтода буд, қосид ба сару каллаи ӯ як сатил оби сард рехт. Баъдаш ду соати дигар даркор буд, ки забони Ҳамдам боз шавад. Дастурро фаҳмида буд, чун қосид гаштаву баргашта онро такрор мекард, аммо хашмгин буд, ки сарутанаш тари обчакон шуд ва бо ғазаб ғирев дод:

 — Кай боз овози бечораҳое мисли ман маънӣ пайдо кардааст? Умри дароз касе фикри маро намекард, ҳоло чӣ шудааст?

Қосид гапи зиёд намехост. Хоҳиш ҳам намекард, балки дастурро мерасонд:

—  Гуфтанд, биёӣ ва овоз диҳӣ! Тамом! Пӯш либосата, ман туро шаҳр мебарам.

Ҳамдам рад кард:

—  Мебинӣ, ман дар чӣ ҳолам ё кӯр ҳастию намебинӣ?

—  Камтар нӯшӣ, мемурӣ, балозада!

—  Аз пули ту нанӯшидаам. Ҳоло гӯш кун. Ту рав, пагоҳ ман худам мебиём. Соати чанд гуфтӣ?

—  Соати ду. Чаҳордаҳу сифр сифр!

—  Шуд, гапаш қоқ. Худам меоям.

Қосид ба куҷое занг зад, ҳарчӣ гуфтанд, шунид, сипас ангушти ишоратияшро такон додаву Ҳамдамро таъкид кард, ки сари соати 12 дар Иттифоқ шавад. Агар наомад, аз худаш гила кунад. Ва рафт.

Аҷаб дунёе шуда! То дирӯз касе намепурсид, Ҳамдам зиндааст ё мурда. Ҳоло боядаш сози осудаи зиндагии худро баҳам занаду ба шаҳр баргардад, чун овозаш ба касе даркор шудааст.

Субҳ, гоҳе ки Ҳамдам ба худ омад, вале аз сардарди сахт ранҷ мебурду дасту пояш маҳин-маҳин меларзиданд, бо азоб ба яке аз дӯстонаш занг зад ва асли матлабро аз ӯ шунид. Он ҷо, дар Иттифоқ, ба касе ҷоиза ё мансабе медодаанду овозҳо нӯг ба нӯг тақсим шудаанд. Маҷлис ба бунбаст расидааст. Надонистаанд, чӣ кунанд ва ҳамаро шумурдаву донистаанд, ки як кас намерасад. Ошкор шуда, ки ин як кас ҳамон Ҳамдами майзада аст. Дар ҷустуҷӯяш шудаанд ва дарёфтанд, ки ҳоло дар осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” аст. Амр шудааст: “Ёбед ва биёред!”Акнун ӯ бояд яке аз ҷонибҳоро пирӯз кунад. Дӯсташ гуфт, ҳеч каси дигар ин баҳсро ҳал карда наметавонад илло Ҳамдам ва мурғи Ҳумо ба китфи Ҳамдам нишаста. Аҷаб дунё! Гӯшанишини даҳр меҳвари ҷаҳон шуду ҳама ба як сухани Ҳамдам зор. Пеши назар овардани он ки бузургоне музтару лолу дастнигар нишастаанду чашм ба роҳи Ҳамдаманд, хандаовар ва ҳамзамон нерубахш буд.

Ҳамдам аввал бовар накард, чун ин бузургон ҳар тасмиме мегирифтанд, бо касе машварат намекарданд. Фақат гоҳе онҳоро шавқи демкоросибозӣ боло мегирифт, ки дӯсташ Замонӣ ин талошҳоро ҷаҳиданҳои “гузамгулинор” меномид ва мегуфт, ҳадаф аз онҳо танҳо пинҳон шудан пушти номи “халқ” аст. Яъне, “мо гуноҳе надорем, мардум раъй дод, ин интихоби мардум аст, мардум гунаҳкор”.

Утубус таконе хӯрд. Зоҳиран чархи он ба чуқурие зад. Ҳамдам, ки то ҳол пардаро кашида буд, то аз тафту рӯшании берун амон ёбад, онро як сӯ бурд ва ба берун нигарист. Ба шаҳр наздик шудаанд.

Ҳоло Ҳамдам бояд ба нафъи кадоме аз ин ду овоз диҳад? Барои Шодёр ё Мунир? Киро соҳиби ҷоиза ё мансаб кунад? Ҳарду ҳам хубанд. Вале чунин набуду нест, ки панҷ ангушт баробар бошанд.

Шодёр нависандаи бузург аст, агарчӣ хоксору бемоҷарост ва ҳампешагонаш ӯро дӯст намедоранд, ё на ҳамаашон дӯсташ медоранд. Ҳамдам ҳам начандон ӯро хуш дорад, аммо инсоф намегузорадаш, ки мисли дигарон бошад ва бузургии Шодёрро нодида бигирад. Фарқи Ҳамдам аз дигарон ин аст, ки ошкоро ҳар чизи нави нашршудаи Шодёрро мегираду мехонад ва назарашро мегӯяд. Дигарон руй турш мекунанд, як ҳим ё ҳумме мегуянд, ҳарчанд пеш аз Ҳамдам бо ташнагии сузонтаре чизи нави Шодёрро пайдо мекунанду ҳарисона мехонанд ва дар умқи дил қойил мешаванд, лек ғурурашон намегузорад, ӯро эътироф кунанд. Шинохти ӯ қойил шудан ба ночизии худ аст.

Ҳамдам ба пуштаки курсии утубус такия кард, кафашро ба ҷабинаш ниҳод, бо ду ангушт чакаҳои сарашро фишурд. Шароби дирӯза ҳанӯз дар шарёнҳояш мехиромаду лаҳзаҳое бехудаш мекунад.

Ҳар чизе ки Мунир менависад, зуд дар ҳама ҷо нашр мешавад ва дар ситоиши ӯ аз чаҳор тараф ин қадар менависанд, ки аз навиштаҳои худаш бештар. Мунир ба ҳокимон наздик аст, ҳам бо асли баромад, ҳам бо мафкура ва сатҳу савия. Он қадар унвону ҷоиза гирифтааст, ки шумор надорад. Ҳамдам ҳайрон аст, ки чаро ба Мунир як ҷоиза ё мансаби дигар даркор шудааст. Барои ному нон ё таскини дил, ки пиндорад, ҳунарманд аст? Шодёр фарқ мекунад. Достонҳои Шодёрро ба кайф мехонӣ. Аҷаб забону баёни тару тоза ва дилгудоз! Вай роҳи аҷиберо ёфт. Қаҳрамононаш бо ҳамон сикаву сурат аз як достон ба достони дигараш мекӯчанд ва ҳар дафъа тарафҳои нави хислату хӯйи худро нишон медиҳанд. Шодёр чизакҳое меёбад, ки дар онҳо мисли ҳубоб дунё аксандоз мешавад. Мисли он байт, ки дилам монанди чашми мӯр танг асту дар чашми мӯр ҳубобест, ки дар он ҳубоб тавсири ҷаҳон гунҷидааст. Ҳамдам ба ёд овард, ки нахустин достони Шодёр шабеҳи раъду барқи ногаҳонӣ дар осмони соф буд. Духтару ҷавоне аз шаҳр ба дарае мераванд ва дар ду соҳили рӯд хайма мезананд, рӯзона бо ҳам суҳбату гардиш мекунанд ва шабона ҳар кадом дар хаймаи худ мехобад. Мақсад ин аст, ки то никоҳ ҳамдигарро хубтар бишиносанд. Ҳама чиз хуб аст, ишқ дар ду дил забона мезанад, аташ ду танро месӯзад. Вале рӯзи охирини ин озмоиш воқеае рух медиҳад, ки духтарро аз ҷавон дилсард мекунад. Як чизаки кучак. Ҷавон ҳангоми суҳбати ҳаррӯза мехоҳад оташи сигори кашидаашро хомӯш кунад, ин вақт дар танаи дарахт тортанаке медавад ва ҷавон сигорашро ба рӯйи ин тортанак пахш кардаву мекушад. Ҳам оташи сигору ҳам тортанакро. Духтар дар шигифт мемонад, зуд меравад ва бору бунашро ҷамъ мекунаду падруд ҳам нагуфта, танҳову шитобон ба шаҳр бармегардад. Тамом.

Ҳамдам лабханд зад. Қадри зар заргар бидонад, қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ.

Мунир ба чунин чизакҳо эътино намекунад. Вай масъалаҳои, ба истилоҳ, бузурги ҷаҳониро ба таҳқиқ мегирад. Аз ҳаёти меҳнаткашон менависад. Аз сохтмонҳои зарбдор. Албатта, гоҳе нохудогоҳ ба чизакҳое даст меёбад. Вале хондани китобҳои ӯ сахт аст, хондани навиштаҳои Шодёр осону сабук. Ҳамдам медонад, ки дар навиштан ҳама чиз чаппа меояд. Шодёр мегӯяд, бисёр ба сахтӣ менависад, Мунир рӯйи мизаш панҷ дастнавис дорад ва ҳар рӯз яксафҳагӣ ба ҳар кадом зам мекунад, он ҳам дар чанд соатаке. Вай рӯзгореро, ки ҳаст, ба қалам мекашад, Шодёр дунёи дигаре месозад. Шояд фикр мекунад, нигоштани ончӣ ҳаст, чӣ даркор, бояд нав пеш овард, ки онро “тароватест дигар”.

Ҳамдам боз ба берун нигарист. Шаҳр сар шуда буд. Дар пиёдароҳҳо одамон дар ҳаракатанд. Ногоҳ, чӣ тасодуфе, Шодёрро дид. Магар дар ҳамин атрофҳо зиндагӣ мекунад? Ҳо бубинаш, равон аст. Кулборе дар китф, береткаи хокистарӣ дар сар, нимтанаи зардгуне ба тан уштулум дорад дар кӯчаҳои шаҳр бо он болои баланд, ки гӯӣ дар миёни издиҳом савори аспесту алвонҷхӯрон меравад! Савори ҳамон аспи обияш, ки аз саропойи он нур мерезад. Бо нигоҳи дигар Ҳамдам мефаҳмад, ки касеро ба ҷойи Шодёр гирифтааст ва ин манзара бозии хаёли хуморолудаш аст. Аммо суолҳое дар зеҳнаш таҳурӯ шуданд: Чаро Шодёр ҳамеша хандон аст? Аз чӣ бисёриҳои ҷурми ӯро меҷӯянду ҷурми дигаронро мебахшанд? Пас худаш посух дод: Доғҳо дар рӯйи сафед хубтар намудор мешаванд, то дар рӯйи сиёҳ. Аз ин кашфиёти худ шод шуд ва лабханд зад. Баргашту нигарист. Касе дар байни ин издиҳом шабеҳи Шодёр набуд. Донист, фиреби назар хӯрдааст.

Дар рафтору кирдор ҳам байни Шодёру Мунир фарқ зиёд аст. Шодёр мардумист. Пиёда ҳамроҳи мардум мегардад. Бо одамон нишастану гуфтану хандиданро дӯст медорад, Мунирро мошин ба коргоҳ меорад, ӯ танҳо бо садрнишинҳо сару кор дорад, гумон мекунӣ, агар дар чойхона ё қаҳвахонае пайдо шавад, обрӯяш мерезад ё аз унвону ҷоизаҳояш коста мешавад.

Вале ин муҳим нест, фикр кард Ҳамдам, бояд аз рӯйи ҳунар баҳо дод. Хуб, Ҳамдам киро боло хоҳад гузошт? Дилу ёдаш мойили Шодёр аст, вале ақлаш мегӯяд, ӯро барои он хостаанд, ки баръакс раъйяшро ба Мунир диҳаду интихобро халқӣ ва одилона намудор кунад. Ин ҷо ҷуғрофиё ва гуруҳбозиҳо низ нақш доранд. Дишаб буд, ки дар базми “Шоҳамбарӣ” ба ҳамқадаҳҳояш мегуфт, ин бузургонро аз дур дидану дӯст доштан хуштар аст. Дар байнашон бошӣ, мебинӣ, ки чӣ қадар касифанд. Саршори иғво, такаббур ва чоплусӣ. Онҳо чанд дастаанд. Барои ҳамин адабиёти мо миллӣ нест, балки маҳаллист. Кӣ буд, ки хеле зебо латифае навишт? Дар ёди Ҳамдам фақат ин мондааст, ки онҷо шоҳ мехоҳад, ба касе ҷоиза диҳад, вале чун номашро мехонад, рӯй турш мекунад: Боз ҳам аз Шероз! Безор шудем аз ин шерозиҳо! Ягон каси дигар нест? Ҳама шерозӣ! Урфии Шерозӣ, Қоонии Шерозӣ, Аҳлии Шерозӣ, Иқболи Шерозӣ, Мактабии Шерозӣ, Шуҷоъи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ…

Ба пиндошти Ҳамдам, бузургон набояд маҳалбозӣ кунанд. Агар мекунанд, пас бузург нестанд. Воқеан ин қавм бузурге надорад. Ҳамагӣ сохтаву бофта. Барои ҳимояти ҳокимон. Ва онҳо якҷо бо ҳокимон мафкураи ҷомеаро месозанд. Равишҳоеро ба авҷ мерасонанд ё нобуд мекунанд. Мехоҳанд, ҳақиқатро бо шиори “Зинда бод ҳақиқат!” пӯшонанд. Ҳамдам ҳаргиз аз ин бозиҳо самаре надида, фақат зарба хӯрдааст.

Утубус дар рӯбарӯи “Барқи Тоҷик” ист кард ва Ҳамдам аз он фуромаду тасмим гирифт, бо вуҷуди он ки пойҳояш базӯр ба ӯ итоат мекунанд, давоми роҳро пиёда равад. Вай пиёдароҳҳои шаҳри азизашро дӯст медорад, чун дар он ҷост, ки ҳисси танҳоӣ ва аҷз таркаш мекунад. Ана, пирамарде ришсафед миёнбанди гулдӯзиро гирди сар бастаасту дасти набераашро гирифтааст ва сӯйи бемористон меравад ва бод барҳои яктаҳашро бозӣ медоронад. Шояд бибӣ он ҷо, дар бемористон бистарист, ки мӯйсафед ғамгин аст. Духтарони ҷавон чаҳчаҳзанон сӯйи донишгоҳ мераванд. Аз самти дӯкончаҳо бӯйи кабоб меояд ва хумори Ҳамдамро қавитар мекунаду ҳалқашро хаёли оби ҷав ташнатар.

Надонист чӣ гуна ба дари бино наздик шуд ва зери лаб гуфт ”Вазорати адабиёт!” Устодаш Накумеҳр ин даргоҳро чунин ном мебурд ва гоҳе ки Ҳамдам бори нахуст ҳамроҳи ӯ ба ин бино даромаду аз зинапояи панҷарапечаш боло рафт, дар ба дар гаштаву мегуфт: “Ин ҷо сарраёсати назм”, “инаш сарраёсати наср”, “ин ҷо вазири адабиёт мешинад ва он ҷо муовинонаш”, “инаш кумитаи ҷоизаҳо…”

Ногоҳ аз нав супориш ба ёдаш расид. Пас чӣ хоҳад кард, чӣ хоҳад гуфт? Оре, ҳарду сазоворанд, вале яке сазовортар, аммо кадом? Ӯ ангушт ба боло хоҳад дошт ҳамчун як аломати хитоб ё тавҳид, то ҳама гушу ҳуш шаванд.

Ҳамдам паст хандид. Ошкор набуд, ин ханда огандаи чи ҳиссе буд, кайфу роҳат ё хашму истеҳзо. Хандааш андаруни мӯйлабҳои ғафсаш пинҳон гашт.

Ҳамдам ҳоло фикр кард, ки чаро ҳамеша агар Шодёрро медид, асп ба хотираш меомад. Наход барои он достонакаш, ки гӯё аспе дар оби кӯл мезисту шабҳои маҳтобӣ аз он берун меомад ва ғайра ва ҳоказо, афсонаву фасонаву сесонаву сафсатта! Оре, лаҳзаҳое, ки Шодёр писандаш намеомад, Ҳамдам корҳои ӯро сафсатта меномид, вале медонист, хонандагон чӣ қадар сахт сабку маънии ӯро дӯст медоранд. Ончӣ инсон менависад, беҳтарин баёнгари ботини ӯст. Ва Шодёри ҳамеша шоду бепарво гӯё мегӯяд, ки зиндагӣ як бозист ва умр он лаҳзаҳост, ки дилат шод аст. Бақия ҳазёне беш нест. Ҳама чиз дурӯғ аст, ҳама дурӯғ мегуянд, вале яке барои шод карданҳо ва дигаре барои фанду фиреб. Дурӯғҳои Мунир шиорҳои фиребанданд. Мисли он таккаи машҳур, ки рамаро ба қассобхона мебарад ва дар иваз даҳонаш бо порчаи қанде ширин мешавад. Оре, Адониси 14.

Ҳанӯз аз паси сутунчаҳои борику бешумору сиёҳи зинапоя, ки ба милаҳои зиндон шабоҳат доштанд, Ҳамдам дид, ки долонҳои одатан сокиту меҳгирифтаи ин бинои сеошёна пурҳаракатанд. Мардону заноне дар либосҳои расмии арзони сохти Чин қаламу коғазҳое дар даст ҳар сӯ давонанд. Ба чашми Ҳамдам ин гуна омад, ки маҳз зуҳури ӯ дар бино чунин туғёне бапо кард. Мисли ин ки ба козаи занбӯр чӯб халонда бошанд. Ё ҷонваре ба катаки мурғҳо даромада бошад. “Гург омад,” ба худ гуфт Ҳамдам ва ҳамин дам пояш дар палоси фарсудаи долон лағжиду бо тамоми вазн ба пушт зад ва сараш ба фарш хӯрд.

Қосид, ки зоҳиран дар ҳамон гирду гӯша буд, зуд пеш давид ва фиғон кашид: “Обаш занед! Обаш занед!” Марде, ки болои Ҳамдам хам шуда буд, гуфт, як ҳафта аст, ки дар бино об нест. Зане як сатил ва чӯби дастадарози фаршшӯӣ аз долон мегузашт ва қосид ӯро аз остинаш кашиду амр дод, ки ба сару рӯйи Ҳамдами хобида беҳушу ёд об бизанад. Фаррош эътироз кард: “Ин оби ифлоси фарш аст!” Қосид даст афшоду исрор намуд: “Ҳеч гап надорад, бизанаш.” Зан аз оби сиёҳи сатил як каф бардошт ва ба рӯйи Ҳамдам зад.

Гоҳе, ки ӯро обзанону пуфкунон чанд нафар аз зери дастонаш бардошта, ба кабинети вазири адабиёт дароварданд, каме ба ҳуш омада буд, вале ҳанӯз чандон сарфаҳм намерафт, ки дар куҷост ва чаро ин ҷост. Пай бурда буд, ки афтоданаш хумори сабуҳиро дар ӯ мисли май дар шиша такон додааст, сараш сахт дард мекунад, комаш талху хушк аст ва дасту пояш меларзанд, бӯйи ғализе димоғашро мебандад.

Нигоҳи “вазири адабиёт” пур аз бадбинӣ ва кароҳат буд. Чанд нафари дигар дар курсиҳои пойи девор нишаста буданд ва онҳо низ бо дидани Ҳамдам рӯй турш карданд. Ҳамин чиз Ҳамдамро ба худ овард. Вай сар кард бо даҳон мусиқӣ задан ва рақсидан. Аз куҷое оҳанге ба сараш омад ва онро бо даҳан навохту дастонашро мисли ду боли уқоб ба ду тараф ёзонда, дар саҳни кабинети “вазири адабиёт” ба сумбакзанию ҷастухез даромад. Оҳанг кумакаш кард, ки мисраъҳоро низ ба ёд оварад ва бо овози хиррии нофорам онҳоро ба ҳаво сар диҳад:


Оҳой кунем, чӣ кор кунем, нозбадан, гиждала

Гиждалае, гиждалае, гиждал ака, гиждала…

Ин рақс набуд, балки даступойзаниҳои бенизом ва баданҷунбонии гоҳе беадабона буд, аммо Ҳамдам чунон вонамуд мекард, ки сархуш асту мерақсад.

Вай чаҳор ангушти ҳар панҷаашро сих кардаву пеш бароварда, болову поин мекард, танашро ба сад ҷилва тоб медод ва ба вазиру бузургони давродавр нишаста наздиктар мерафт ва онҳо аз ӯ мерамиданду метуриданд, баъзе аз онҳоро Ҳамдам оғуш гирифтанӣ мешуд, онҳо бархоста, аз ӯ дур мерафтанд.

Монанди тандури навбаҳор

Садои тавла кадак ҳаводор

Ай садои тавли Нуралихон

Шеро банд шид, хирсо гурезон,

Говмоҳӣ дар тайи баҳри калон

Дар шинокунӣ зад он замон,

Ӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣӣ…

“Вазири адабиёт” дар ғояти хашм аз умқи шикамаш фарёд баркашид: “Бареду ба тартибаш оред, хабисро!”

Дар поён, дар табақаи ҳамкаф ҳама ба ҷамъомад омода мешуданд. Ҳамдамро он ҷо ба утоқи танге дароварданд, сарулибоси чиркинашро бадар карданд, танашро шустанд, пок карданд, пироҳани нав ва шиму пиҷаки чиноӣ ба ӯ пӯшонданд. Вай ба ҳамаи ин бо итоаткории амиқ тан дода буд, ба хидматгузорон нимнигоҳе намекард, танҳо он савору аспро пеши чашм медид ва зери лаб мегуфт, “мебинед, чӣ коратон мекунам. Интихоби ман Шодёр аст! Арзандатар аз ӯ касе нест! Як “Зуккахӯр”-аш аз чиҳил румони шумо болост.” Қосид он ҷо истода буду ҳамаи равишро раҳбарӣ мекард. Вақте Ҳамдамро аз обшӣ бароварданӣ буданд, вай либосҳои куҳнаашро дар бухчае баставу ҳамроҳ гирифта буд. Қосид чанг заду онро гирифт.

— Чӣ мекунӣ, либоси худам, хоҳам…

–Дигар даркорат намешавад, —  сухани ӯро бурид қосид. Ва бухчаро ба қуттии партов ҳаво дод.

Сипас ӯро дубора ба назди “вазири адабиёт” бурданд. Ин бор дар коргоҳи ӯ касе набуд. Вазир назди оинаи барқад истодаву мӯйи худро шона мезад.

— Ҳамдамҷон, ана ин гапи дигар. Хеле хуб. Вазифаатро медонӣ а? — Баробари даромадани Ҳамдаму қосид ҳамоно чашм дар оина бо нармӣ гуфт вазир. – Ба минбар мебароӣ, бахшиш мепурсӣ, ки банди эҷод будӣ ва номи Мунирро мегирию зуд ба ҷоят рафта мешинӣ!

Ҳамдам пузханд зад:

— Не, мебахшӣ, ака, ман Шодёр мегӯям.

Вазир аз шоназании мӯяш бозистод. Баргашту ба қосид нигарист ва сар такон дод.

Қосид Ҳамдамро ба кабинети дигар даровард. Гоҳе ки Ҳамдам пеш-пешу қосид аз дунболаш аз долон мегузаштанд, ҳама гӯё аз дару тирезаҳо сар бароварда, ин манзараро тамошо мекарданд.

— Пешрави дор! – хитобид Ҳамдам ва сарашро боло гирифт. Қаҳқаҳ ба ханда омад ва яке паси дигар номборон кардан гирифт, – Шошо! Холи Девзӯр! Шопури Моҳигир!

Муовини вазир, ки дар пеши дараш мунтазир буд ва ҳатман хитобҳои Ҳамдамро мешунид, ӯро бо эҳтироми тамом пешвоз гирифт, нишонд ва аз чойники чинии гулдори зери кулоҳаки гулдӯзии махмалӣ бо эҳтиёти тамом ба пиёлае чой рехту пешаш гузошт.

– Вазнин шавед, Мулло Ҳамдам. Халқи бузурги мо мегӯяд, дидадаро шав, ба дида ҷо шав…

– “Вазнин” хатост, устод. “Сангин” гӯед. Ва воқеан ман сангинам. Сангин будам то ҳоло, вале ҳин дам расида…

Муовин гапро ба сӯе мекашид ва далел меовард, ки Ҳамдам бояд ба Мунир раъй диҳад.

– Ихтиёрист ё маҷбурӣ? – Пурсид Ҳамдам , бархост ва ҳанӯз посухро нашунида боз пурсид: “Шумо медонед, ки замин мечархад? Намедонед. Мехоҳед, як рақси олӣ кунам, вале ба оҳанги худам.” Дар ин суханҳо буд, ки бори нахуст қосид лабханд зад. Аз китфи ӯ кашид ва берун, ба долон бурдаш.

Дар тамоми бино дониста буданд, Ҳамдаме, ки солҳо мисли муши мурда буд, ҳоло гапи касеро гап намекунад ва аз саркашию якравиҳояш кайф мебарад. Дар долон Ҳамдамро Сабури бармен мунтазир буд. Бо ҳамон қомати пастак, дандонҳо пӯсидаи поёнии пеш, пироҳани ҳамешагии қаҳвагияш. Вай Ҳамдамро ба гӯшае кашид ва дафтари сабзи фарсударо боз карду ба ӯ чизе нишон дод. Ҳарду бо ҳам чизҳое гуфтанд. Сипас ба назди мизи баланди бари қаҳвахона рафтанд. Сабур дафтарашро зери пештахта пинҳон кард ва ҷомеро пеш гузошта, ба он арақи сафед рехт…

Анҷуман сар шуд, Ҳамдам шоду хандон ва бо одоби тамом дар сафи пеш нишаста буд. Вақте ки номи ӯ садо дод, гумон кард, ки сараш ба шифти баланди толор расид. Бархост. Як қадам заду ист кард, зеро ба назараш чунин намуд, ки боз замин ба гардиш омадааст ва фурӯ меравад. Ва ҳам гиребони оҳории пироҳани нав ва гарданбанди то бехи гулӯяш гиреҳхӯрда нороҳаташ карданд, чун намегузоштанд дурусттар ба замин нигарад ва чархидани онро бинад. Нақшҳои қолини зери пояш ба ҳам омехтанд ва тира шуданд. Аммо ин танҳо лаҳзаи кутоҳе давом кард ва бо як мижжа задани Ҳамдам бартараф гашт. Вазир ва ҳамаи панҷ нафаре, ки паси мизи дарози рӯйи саҳна нишаста буданд, Ҳамдамро то расиданаш ба минбар бо нигоҳҳои шикофанда дунбол карданд.

Вай пукаке ба садобар зад ва “як-як-як” — гуфта садоро озмуд. Садо ғулғулаафкан буд. Паҳлу гашт ва ба нишастагони саҳна нигарист. Лабханд зад. Вазир ва бузургони дагар ба тарафаш ишораи сар карданд.

— Ман аз ин ду номзад ба беҳтаринаш раъй медиҳам. Чашми мо бояд ҳақиқатбин бошад, — гуфт Ҳамдам ангушти ишорат ба чашмаш бурда ва пас аз ин сухан сокит монд. Ғалоғулаи нимашунавои толор хомӯш гашт. Ду нафар паси мизи рӯйи саҳна, ки бо ҳам пич-пич мекарданд, бозистоданд ва ба Ҳамдам нигаристанд. Вай идома дод:

— Шумо, ки ин ҷо нишастаед, медонед, ки замин давр мезанад? Намедонед. Шодёр дуруст фармудааст.

Дар толор ғалоғула сар шуд. Ҳамдам дид, ки қосид аз ҷой бархост ва ҳамроҳи ӯ ними нишастагони қатори дувум аз ҷой бархостанд. Аз чашмони онҳо оташ меборид. Вазири адабиёт низ аз ҷой хест.

Ҳамдам худро таконе дод. Вай ҳис кард, ки замин аслан давр намезанад. Дастонашро боло бардошт ва фарёд баровард:

— Хуб аст, хуб аст. Ҳоло мегӯям. Ҳозир раъй медиҳам. Фақат як хоҳиш. Ҳеч кас нагӯяд, ки Сабури бармен ба ман як қадаҳ шароби ройгон рехт. Вай ба ҳамаи шумо ҳамеша обу нони бепул медиҳад ва ба дафтараш менависад. Қарз то рӯзи маош. Вай саховат кард ва аз баҳри қарзи семоҳаи ман гузашт. Биноан, ман ба Мунир раъй медиҳам.

Маҷи кафкӯбиҳо фазои толорро тарконд.

Шодёр, ки дар қатори охири нишаста буд, лабханд зад.

11.04.2021 - Posted by | Uncategorized

No comments yet.

Leave a comment