Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Пайи панҷаи пайғамбар

Пас аз як танаффуси дароз ниҳоят сари ин пешнавис нишастам ва ба гумонам, онро ба поён расондам дар ин субҳи аҳуроӣ! Дигар моли ман нест, моли шумост. Хуб уфтода ё на, қазоват низ бо шумост. Аз мо навиштан, аз шумо хондан ё нахондан, писандидан ё написандидан. Навиштам, то рӯзгоре ба дарде бихӯрад. Ё нахӯрад? Дурудароз дар сарам мегашт ва наздик ба як сол пеш нусхаи аввалашро ҳамроҳи як флешка гум карда будам.

Continue reading

16.02.2020 Posted by | Адабиёт, Каме латра, Ҳикоя | Leave a comment

Як салом (Латра)

ЯК САЛОМ
(Латра)

Аз фурӯшгоҳ мебарояму дар пиёдароҳ ногаҳон бо ӯ рӯбарӯ меоям ва дар он як лаҳзаи кутоҳи во хӯрдани чашмонамон сар такон медиҳам ва “салом” мегӯям.

Вай ҳам салом медиҳад ва хандаи сустаке гирди лабаш мегардад, вале ҳамон дам қиёфаи ҷиддӣ мегирад ва ба ҳамроҳаш — марди тануманди қадбаланде менигарад, ки нигоҳи тезе ба мо меандозад.

Аз худам мепурсам, ки чаро чунин кардам? Дилам мехоҳад зуд гузараму равам.

Continue reading

20.02.2019 Posted by | Адабиёт, Каме латра, Фарҳанг, Ҳикоя, Ҷомеа | Leave a comment

Segafredo (на русском)

Этот рассказ был написан задолго до того, как появился франчайзное кафе Segafredo в Душанбе, и опубликован в разных газетах и журналах в Таджикистане. А когда появился кафе, друзья стали шутить, сколько я получил гонорара за рекламу бренда? Нисколько. Оказались скупыми. Могли бы налить чашечку кофе тем, кто читал рассказ. Да, ладно, написано не о кофе, а любви и предвзятости. Некоторые думают, что таджички, проживающие на Западе этакие эмансипированные женщины, забывшие свои традиции, рано потерявшие целомудрие и т.д. Да что сказать о живуших в Европе, даже на Родине парни не хотят жениться на образованных, сильных характeром девушках.

Continue reading

18.09.2018 Posted by | Асари бадеӣ, Каме латра, Фарҳанг, Ҳикоя | | Leave a comment

Лаъл ва чоҳ

Оре, достонҳое хондаам, ки агар то охирин вожа наравӣ, маъно бароят нофаҳмо, парешон, бедалел ва ғайримантиқ намудор мешавад. Вале чун охирин ҷумларо мехонӣ, гӯё дар пеши чашмат субҳ медамад, ҳама ҷой ва ҳама чиз рӯшан мегардад. Дар ин ҳикояи нав хостам. аз ҳамин сабки бузургони адабиёт истифода кунам.

Continue reading

29.08.2018 Posted by | Асари бадеӣ, Каме латра, Фарҳанг, Ҳикоя | Leave a comment

Гирд гардад гардуни гардон

Чанде аз хонандагон дар робита ба ҳикояи “Гирдгардон” изҳори назар карданд, ки аз онҳо самимона сипосгузорам. Ҳама гуна вокуниши ёронро дӯст медорам ва эродҳои дурусташонро мепазирам. Пас аз номаи яке аз онҳо номи достон тағйир кард ва вожаи “сирк” аз он барандохта шуд. Бори аввал ин ҳикояи бо номи “Гирдгардони сирк” нашр шуда буд, лек як дӯсти азизам дуруст фармуд, ки ин гирдгардон фаротар аз маҳдудаи сирк меравад ва банда пазируфтам.

Пурсиш ва андешаҳои дигаре аз ёрони меҳрубон бароям расид, ки хостам, ин ҷо матраҳ шаванд.

Continue reading

10.07.2018 Posted by | Каме латра, Таҷриба, Тоҷик, Фарҳанг, Ҳикоя, Ҷомеа | | Leave a comment

Ранг барои вожаҳо

Шеваи навишти худро шикастам ва барои худ сабки наве сохтам, ки дар он воқеа андаруни мағзи қаҳрамон ва гӯё дар фазои паҳлуӣ ё мутавозӣ рӯй медиҳад, аммо ҳарду фазо чун кӯзае андар кӯзаанд ё кадучае андар каду. Шояд дар адабиёт чизи наве нест, вале барои ман таҷрубаи нав ва ҳаяҷонбахш аст. Аввал онро дар “Фонуси ёд” озмудам ва ҳоло ҳикояи навам “Ранг барои вожаҳо” низ ҳамин гуна аст.

Он гиромидошти ёди ҳазорон нафар аз масчоиён аст, ки ҳангоми кӯчонданашон аз кӯҳистони сарсабз ба биёбон ҷон бохтаанд ва ҳам эҳдо ба равони як нависандаи бузурги ҷавонмарг ва ҳамаи қурбониёни муҳоҷирати мардум аз кӯҳистони Яғнобу Ғарму Кӯлобу Бадахшон ба даштҳои водии Вахш бахшида мешавад.

Continue reading

23.04.2018 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Фарҳанг, Ҳикоя | Leave a comment

Се рӯзи мотам

Месӯзам аз дарун ба оташе, ки бо ҳар нафас забонае баландтар мезанад. Ҳар сӯ нигарам, онро мебинам, ки гӯё пазмону зори ман аст ва танҳо бояд даст ёзонду гирифту аз шиддати васл бӯсидаш. Се рӯз аст барояш мотам дорам. Гумон доштам, дар роҳу равиши фанновариҳои нав устодӣ дорам, мебинам, Маҷнуне дар биёбонаму бас!

Continue reading

13.01.2018 Posted by | Адабиёт, Каме латра, Китоб, Таҷриба, Ҳолнома | 21 Comments

Афсонаҳои модаркалонам

Модаркалонам ба мо сураҳои “Қуръон” меомӯзонданд. Порча ба порча. Он кас мегуфтанд ва ману хоҳарам такрор мекардем. Ҷойе, агар хато мегуфтем, ислоҳ мекарданд. Шеъру достонҳои дар мактаб азёдкардаам кайҳо аз хотирам рафтаанд, вале сураҳои омӯзондаи бибиям гӯё нақш бар санганд. На танҳо ин, балки бибиям ба мо покизагии ботину зоҳирро ёд медоданд. Вале мо бештар афсонаҳои он касро дӯст медоштем. “Козурбача (Ман булбулаки саргашта)”, “Во дареғ”, “Моҳпешонӣ”, “Чӯбаки сандалвор”, “Сабзпарӣ”, худоё ба чӣ дунёҳое мебурданд он кас моро!

Continue reading

06.01.2018 Posted by | Инсон, Каме латра, Рӯзгор, Таҷриба, Фарҳанг | Leave a comment

Фонуси ёд

Ниҳоят, пас аз шабҳои зиёди бехобӣ, навиштани ин достони кӯтоҳро ба поён бурдам. Худсито нестам, вале бояд бигӯям, ки чизи хубе навиштам. Сипос мегузорам аз ду дӯсти гиромиям, ки нахустхонандаи ин ҳикоя шуданд ва эроду ишораи онҳо буд, ки камукостиҳояшро дидам ва ислоҳ кардам. Ҳоло кораш тамом шуд. Шумо бихонед ва бигӯед, дар арзёбии кори худ ҳақбаҷонибам ё на? Бихонед ва бигӯед, оё сирри ин достонро пайдо кардед? Оё чеҳраҳо ва макони ошное пеши чашматон омад? Чӣ кунам, роҳи ман ин аст, ки чеҳраҳои воқеиро ба бофтҳои достонҳои худ мекашонам. Ҳамзамонони азизамро!

Continue reading

29.08.2017 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Ҳикоя | 30 Comments

Гирдгардон

Мегӯянд, ҳар матне, ки ба сахтӣ навишта шудааст, ба осонӣ хонда хоҳад шуд. Ин ҳикояро солҳост, ки менависам. Ҳар бор ҳар хел мебаромад ва маро қонеъ намекард. Зеро мехостам, мисли нони фарахша бисёрқабатӣ бошад ва барои ҳар ҷур хонанда паёме хоси ӯро дошта бошад. Ниҳоят кораш тамом шуд. Сахт хастаам ҳам кард. Дигар на ҳарфе кам мекунам, на зам. Сипос аз дӯстонам Г.М., Абдуқодири Рустам ва И.С., ки аз аввалин хонандагон ва ноқидони ин навиштаанд. Ончиро, ки онҳо хуш карданд, шумо ҳам хуш хоҳед кард, бовар дорам.

Continue reading

06.07.2017 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Ҳикоя | | 1 Comment

Идомаи марсияи падар

Ҳоло дар идомаи он ҳама чизе, ки пештар навишта будам. Даргузашти падару модар барои инсон аз дардҳоест, ки ҳаргиз шифо намеёбад. Он мисли як захми носури равон то охирин нафаси умри инсон боқӣ мемонад. Зиндагии кас баъд аз реҳлати волидон аз реша иваз мешавад. Дард мемонад, аммо чорае надорӣ, бояд муросо кунӣ, ки ин як мусибати гурезнопазир аст. Муросо мекунӣ, вале бовар нахоҳӣ кард, ки азизонат дигар дар рӯйи замин нестанд ва дидор ба қиёмат мондааст.

Continue reading

15.05.2017 Posted by | Каме латра, Сарнавишт, Ҳолнома | | Leave a comment

Ниёиши наврӯзӣ

NiyoishБа номи Ҷонофарини бахшанда ва меҳрубон.
Хостам ниёиш ба ту орам дар он лаҳзаи инсофу баробарии рӯзу рӯшнoӣ ва шабу торикие, ки ту офаридӣ. Дар он гоҳе, ки гардунро ба гардиш овардӣ ва паёми баҳору хазон ва маргу зиндагӣ додӣ.

Continue reading

20.03.2016 Posted by | Каме латра, Наврӯз, Рӯзгор, Фарҳанг, Худшиносй | | Leave a comment