Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Борони аризаҳои додгоҳӣ бар сари матбуот

Аз таҳдиду дашному латукӯб ё ҳатто “қатлҳои фармоишӣ”-и журналистон дар даҳсолаҳои пеш ба толори додгоҳ кӯчидани ҷанги мансабдорон бо озодии сухан, бешубҳа, метавонад падидаи мусбат шумурда шавад.

Continue reading

31.01.2010 Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Тоҷикистон, Қонун | , | 12 Comments

Юридическая атака на прессу

Трое судьей, двое из которых служат в Верховном суде Таджикистана, сговорились наказать три независимых газет за опубликование разоблачительного письма адвоката.Они обвиняют независимые издания в оскорблении и унижении чести и достоинства, требуя возместить нанeсенный им моральный ущерб в размере 1 миллиона 260 тысяч долларов.

Continue reading

30.01.2010 Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Тоҷикистон, Қонун | , | 5 Comments

Juridical attack on the independent press

Three judges, two of them members of the Supreme Court of Tajikistan, have conspired to punish three independent newspapers for publishing a sensational story about unlawful conviction practices at the courts.

Continue reading

30.01.2010 Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Тоҷикистон | , | 2 Comments

Чини пешонӣ аз пештозии Чин

Дӯсти оҳангари ман, Баҳриддин, ки аз рессори мошин беҳтарин корду ханҷар ва аз оҳани кӯҳна садбарги шукуфон сохта метавонад, тобистони гузашта аз чиноиҳо шиква кард. Гуфт, як рӯз омаданду оҳангархонаашро ба видео гирифтанд, махсусан дасткорҳояшро ва моҳе баъд бозорашро касод карданд. Тамоми чизе ки ӯ месохт, аз ҷумла досу каланд, белу табар – ҳамаро акнун аз Чин меоранд ва дар ҳамин бозор мефурӯшанд.

Continue reading

24.01.2010 Posted by | Иқтисодиёт, Равобити байнулмилалӣ, Тоҷикистон | , , | 7 Comments

Сказка о проклятии Тамерлана

Боюсь, что подобно ежедгодно-новогодному повтору “Иронии судьбы” российские телеканалы станут традиционно показывать фильм “Проклятие Тамерлана” каждый год накануне 22-го июня или 9-го мая, Дня Победы над фашизмом. Трудно назвать фильм документальным, где патриарх узбекского кино, военный оператор Малик Каюмов говорит, что вскрытие гробницы тимуридов в Самарканде в июне 1941-го года стало прелюдией нападения гитлеровской Германии на Советский Союз.

Continue reading

16.01.2010 Posted by | Синемо, Таърих, Узбакистон | , , | 34 Comments

Умеда Аҳмадова зиндонй мешавад?

Дар Узбакистон бар зидди филмсоз ва аккос, Умеда Аҳмадова, бо иттиҳоми “тӯҳмат” ва “таҳқир”-и миллати узбак парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. “Ҷурм”-и ӯ ин будааст, ки дар аксҳои худ “танҳо тарафҳои манфии зиндагии мардум дар Узбакистонро ҳадаф қарор додааст.” Манзур, силсилаи нави аксҳои Умеда аст бо номи “Мардону занон. Аз субҳ то шом.”

Continue reading

10.01.2010 Posted by | Озодии сухан, Сиёсат, Узбакистон | | 11 Comments

Номае аз 20 сол пеш

Валлоҳ, ки ин як тасодуфи маҳз буд. Матнеро дар сомонаи ҳафтаномаи “Миллат” хондам, хеле зебо ва муассир буду зеҳнамро машғул медошт ва шомгоҳон думболи чизе дар бойгониям мегаштаму коғази зиёдеро тагурӯ мекардам, ки ба мақолаи чопнашудаи хеш бархӯрдам. Ё Баҳоваддини балогардон! Айни мавзӯъ, аммо бозмондаи ногуфтае қариб аз 20 сол пеш.

Continue reading

09.01.2010 Posted by | Адабиёт, Инсон, Матбуот, Сарнавишт, Таърих, Тоҷик | | 24 Comments

Роду фурӯтан, Муҳаммадраҳими Сайдар

Сахт саргарму саргарони навиштан будам. Навиштани ҳикояте, ки дар он хокбод ҳафтаҳо дар шакли пардаи ситабре осмонро пӯшида ва дунёро торик кардааст. Ғубор чашмҳоро месӯзонад ва хашму ваҳмеро дар дили мардумони деҳаи А ба туғён меорад. Он сӯи пардаро касе намебинад ва ҳама гумон доранду ҳис мекунанд, ки дар он сӯ, мардумони деҳи ҳамсоя силоҳ ҷамъ мекунанду омодаанд, ки ба ҳамсоягони худ ҳамла кунанд.

Continue reading

05.01.2010 Posted by | Инсон, Сарнавишт, Тоҷик | | 13 Comments

Пайнавиште ба ояндабинии коршиносон

Дар арафа ва оғози ҳар соли мелодӣ, афроди донишманд ва коршинос чигунагии соли навро пешгӯӣ мекунанд. Онҳо орзуву умедҳои солинавиро канор мегузоранд ва бар пояи равандҳои мавҷуда ояндаи эҳтимолиро ҳадс мезананд. Гоҳе ин ояндабинӣ (на фолкушоӣ) хеле дақиқ мебарояд, вале гоҳи дигар, зиндагӣ бо роҳи пешгӯинашавандааш ҳаракат мекунад. Аз ин лиҳоз ҷолиб аст, дар охири сол пешгӯиҳои оғози солро ба хотир овард.

Continue reading

03.01.2010 Posted by | Иқтисодиёт, Осиёи Марказӣ, Сиёсат | , | 1 Comment