Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Наврӯз ҷаҳоншумул шуд

Ҳоло, ки Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфт, Тоҷикистон шояд тамоми ҳақро дорад, ки Соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад. Ва набояд дар ин роҳ аз эҳтимоли дарҳам-барҳамӣ дар гоҳшуморӣ ва ноҳамгунии он бо солшумории дигарон нигарон буд. Бавижа ки дастикам дар як кишвар Наврӯз расман сари сол аст. Ва нашояд масъаларо сиёсӣ ё мазҳабӣ кард. Асли матлаб хештаншиносист ва ҳамоҳангӣ бо табиатест, ки Худо офаридааст.

Continue reading

27.02.2010 Posted by | Табиат, Худшиносй, Эрон | , | 7 Comments

Парвандаи нашрияҳо. Набард ё оштӣ?

Ба 11-уми март,  Рӯзи матбуоти тоҷик, рост омадани муҳокимаи ҳафтаномаи “Миллат” дар додгоҳ тасодуф аст ё баёнгари муносибати мақомоти кишвар ба матбуот? Ҳукми додгоҳ дар чунин рӯз чӣ маъние касб хоҳад кард? Оё имкон дорад, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз пас аз даъватҳои ӯ ба ҷасорати журналистӣ сабаби чандин парвандаи зидди нашрияҳо шуд, ба ин вазъи масхараомез ва бадномкунандаи кишвар мудохила кунад? Вай дар паёми табрикияш ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик чӣ хоҳад гуфт?

Continue reading

26.02.2010 Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Узбакистон, Қонун | 1 Comment

Гуфтугӯе бо Тоҳири Абдуҷаббор (Соли 1994)

“Ал ваъдаву дайн”, ниҳоят бахши умдае аз мусоҳиба бо устод Тоҳири Абдуҷабборро, ба гунае ки гуфта будам, бо чанд акси таърихии ӯ рӯи ин сафҳа овардам. Душвор бошад ҳам, аз худ шикебоӣ нишон диҳед ва онро аз оғоз то поён гӯш кунед. Магар чизе ба ҷуз аз ҳақиқат дар гуфтори ӯ хоҳед шунид? Агар шунидед, бинависед, агар розиед, бинависед ва агар норозиед, бинависед. Равонаш шод!

Continue reading

26.02.2010 Posted by | Сарнавишт, Таърих, Худшиносй | , | 1 Comment

Тоҳири Абдуҷаббор: “Муште аз ин тарафу муште аз он тараф, барои мансаб…”

Имрӯз, вақте ҳама хурду калон “Роғун – ояндаи мо!” мегӯянд, бархе фаромӯш мекунанд ва бархи дигар шояд намедонанд, ки шодравон Тоҳири Абдуҷаббор аввалин касе буд, ки ин маъниро бо сароҳати тамом ба миён гузошта, мегуфт, “баҳрабардории муассир аз манобеъи энержии кишвар гарави аслии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.” Инро касе мегуфт, ки маънии вожаи “истиқлолият”-ро бо тамоми ҳастияш дарк мекард.

Continue reading

25.02.2010 Posted by | Сарнавишт, Таърих, Тоҷикистон, Худшиносй | | 3 Comments

Признание ошибок – путь к самоочищению. Ответ фальсификатору таджикской истории Э. Хасанову

Читая словоизвержения Э. Хасанова о моей книге «Таджики в двадцатом веке» открыл для себя интересную вещь: оказывается и в чашке дегтя возможна ложка мёда. Несмотря на то, что автор без зазрения совести искажает мой текст, он по сути является ПЕРВЫМ узбекским ученым, который признает, что национально-территориальное размежевание Средней Азии в 1920-х годах, было ошибкой.

Continue reading

18.02.2010 Posted by | Осиёи Марказӣ, Таърих, Тоҷикистон | , | 8 Comments

Segafredo

(достони кӯтоҳ)

Барои писарам Гуразм, ки дар Ғарб
хобҳои шарқиёна мебинад.

Continue reading

10.02.2010 Posted by | Адабиёт, Каме латра, Ҳикоя | , | 15 Comments

Ба Галустян мадад кунем

Рости гап, бадӣ ё ҳатто фақат ангезаи он, яъне бадхоҳӣ, шадидан хилофи табиат ва арзишҳои ахлоқии ман аст. Вале ҳангоме ки сухан аз нанги миллӣ меравад, бадие, ки ҳадафаш на осебрасонию интиқом, балки сабақ додан аст, қобили қабул намудор мешавад.

Continue reading

09.02.2010 Posted by | Русия, Синемо, Тоҷик, Қонун | , | 35 Comments

Бо дард зист, бо дард рафт…

Намедонам чаро, аммо мехоҳам, дар рӯзи марги Устод Фаррухи Қосим  бихандам. Баланд! Ҷарангдор! Беохир! Гӯшкаркунанда! Магар дар рӯзи мотам кас механдад? Охир ин беэҳтиромӣ ба рӯҳи майит нест? Касеро дидаед, ки ба думболи тобут хандакунон биравад? Агар рӯзи 8-уми феврали соли 2010 чунин касеро дар роҳ ба қабристони Лучоб дида бошед, он ман будам…

Continue reading

08.02.2010 Posted by | Худшиносй, Ҳунар | , , | 10 Comments

Пас аз хондани дигарбораи “Segafredo”

Дӯсти арҷманде аз “Боргоҳи сухан” (яке дигар аз эҷодкориҳои Бӯрӣ Карим) хостааст, барояш ҳикояи “Segafredo”-ро бифиристам. Менависад, замоне аз хондани он лаззати зиёд бурдааст ва ҳоло мехоҳанд, онро аз нав чоп кунанд. Дархости камназир ва хушоянд.

Continue reading

07.02.2010 Posted by | Адабиёт, Ватан, Сарнавишт, Тоҷик, Ҳикоя | , | 5 Comments

Афсонаи лаънати Темурланг

Метарсам, ки шабакаҳои телевизионии Русия мисли он ки ҳар сол дар арафаи соли нави мелодӣ филми «Тамасхури бахт»-ро намоиш медиҳанд, 22 –юми июн ва ё 9 – уми май – Рӯзи ғалаба бар фашизм филми «Лаънати Темурланг»-ро батакрор пешкаши бинандагон мекунанд.

Continue reading

06.02.2010 Posted by | Синемо, Таърих | , , , , | 3 Comments