Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Бозгашти Акбари Турсон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, иқдоми наҷибе кард. Вай донишманди муҳоҷир Акбари Турсонро ба ватан баргардонд. Аз рӯйи шунидам олими тоҷик ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст, ки “ҷои гарм”-и худ дар Амрикоро тарк кунад, вале, зоҳиран, пешниҳоди президенти кишварро рад накардааст ва ба Душанбе хоҳад баргашт.

Continue reading

31.03.2011 Posted by | Ватан, Илм, Таърих, Тоҷик, Турсон, Худшиносй | | 16 Comments

Дар ҷустуҷӯи чашма

Солҳову ҳафтаҳову рӯзҳову лаҳзаҳо дар ҷустуҷӯи он чашмаи поку босафо мегардам. Он чашмае, ки обаш аз қаъри кӯҳҳои сарбафалак бо шӯру шавқу шигифтӣ берун меояд ва ҳар қатрааш ҷону хиради тоза ба нӯшаварон мебахшад. Чашмае, ки чашмҳоро рӯшан мекунад ва ба тан нерӯ мебахшад.

Continue reading

24.03.2011 Posted by | Каме латра, Наврӯз, Табиат, Таҷриба, Фалсафа, Худшиносй | 4 Comments

Наврӯзи дардомез

Наворҳои видео хосияти аҷибе доранд. Онҳо агар туро ба ширкаткунандаи рӯйдод табдил надиҳанд, дастикам ба шоҳиди зиндаи воқеа мубаддал мекунанд. Гузоришҳои видеоии ҳамкоронам Бароти Юсуфӣ ва Фирӯз Баротовро дар торнамои “Озодӣ” медидаму фикр мекардам, Наврӯзро дар ватани азизамон, дар Тоҷикистон пешвоз гирифтам. Он ҷо будам. Дар байни мардум будам.

Continue reading

21.03.2011 Posted by | Ватан, Ваҳдат, Душанбе, Муҳоҷират, Наврӯз, Худшиносй | | 7 Comments

Чоркалид дар хиёбони Медисон

Вақте ки аз кӯчаи 46-уми Ню Йорк қадам задаву ба Медисон Авеню расидем ва ба дасти рост тоб хӯрдем, ман аз шигифтӣ “воҳ!” гуфтам ва дигаронро ҳам мутаваҷҷеҳ сохтам. Дар пештоқи биное, ки дар кунҷи кӯча ва хиёбон ҷойгир шудааст, свастикаро дидам. Он андаруни нақше буд, ки бист сол пеш дар Бухоро ва Самарқанд дида  будам. Оё касе аз гиребони амрикоиҳо мегирифта бошад, ки чаро “рамзи фошистӣ”-ро дар пештоқи биное дар дили шаҳри Ню Йорк ба намоиш гузоштаанд?

Continue reading

19.03.2011 Posted by | Амрико, Дин, Мазҳаб, Наврӯз, Таърих, Фарҳанг | Leave a comment

Васияти Отахон Латифӣ

Latifi aФақат дар назари аввал ин гуна меояд, ки Отахон Латифӣ, яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи навтарини Тоҷикистон, ки рӯзи 22 сентябри соли 1998 номардона дар назди хонааш дар шаҳри Душанбе кушта шуд, васиятномае нагузоштааст. Дуруст аст, ки мактубе аз ӯ ба ҳайси васият дар даст нест, ҳанӯз фурсати марги ӯ набуд, диле пур аз орзуҳои наҷиб дошт ва мебоист боз даҳсолаҳое мезисту ба ватани худ хидмат мекард.

Continue reading

18.03.2011 Posted by | Ватан, Латифӣ, Сарнавишт, Тоҷик, Тоҷикистон, Ҳолнома | | 1 Comment

Ойини нисбатбозӣ

Ҳарчанд аксари ойинҳои наврӯзӣ ба хубӣ омӯхта ва решаёбӣ шудаанд, як бозии қадимии он аз назарҳо ба дур монда ва шояд дар ҳоли нобудист. Модаркалонам ҳикоят мекарданд, ки дар давраҳои пеш одати наврӯзие бо номи “нисбатбозӣ” вуҷуд доштааст, ки ба ҷавонону духтароне, ки номзади ҳамдигар шудаву аммо ҳанӯз издивоҷ накардаанд, имкон медод, дар рӯзҳои Наврӯз бо ҳам мулоқот кунанд.

Continue reading

17.03.2011 Posted by | Наврӯз, Рӯзгор, Таърих, Тоҷик, Фарҳанг | | Leave a comment

Исмоиловро озод кунед!

Эҳтимолан, навиштаи ман ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик беш аз ҳад хушбинона буд. Ба вижа дар мавриди ҳамраъйӣ ва ҳамбастагии журналистон. Як нокомии бузург ногуфта монд ва ин ҳам бошад, дар зиндон боқӣ мондани журналисти тоҷик Маҳмадюсуф Исмоилов. Ягона журналисти зиндонии тоҷик.

Continue reading

17.03.2011 Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Сиёсат, Тоҷикистон, Қонун | | 1 Comment

Ёди замини бачинрафта

Фурӯшандаи чиноии “Macy’s” (яке аз бузургтарин силсилафурӯшгоҳҳои Амрико) аз хабари заминларзаи мудҳиш дар Ҷопон хушҳол намудор мешуд. Батакрор мегуфт, дар Ҷопон зилзила шудааст. Вақте ман изофа кардам, ки тсунамӣ ҳам шудааст, гуфт, на тсунамӣ дар Ҳавая шудааст. Аз суоли рӯшоди ин ки оё аз заминҷунбӣ дар Ҷопон хушнуд аст ё малӯл, ба иллати “шарми шарқиёна” ё одати “иззои бандааш ҳаром” худдорӣ кардам. Continue reading

13.03.2011 Posted by | Амният, Амрико, Баҳс, Ватан, Дурнамо, Тоҷикистон, Худшиносй, Чин | 5 Comments

Дуруд бар журналистон!

Иди матбуот ё беҳтараш Иди журналистикаи тоҷикро ба ҳамаи ҳамкасбону ҳамкорон самимона табрик мегӯям ва орзу мекунам, аз душвориҳои имрӯз бо сари баланд бигзаранду ба ояндаи хубтаре бирасанд. Ояндаи беҳтаре на танҳо барои онҳо, балки барои ҳамаи мардум ва тамоми кишвар. Ин ид ҳарчанд реша дар гузашта дорад, ба сурати умум, нигоҳ ба имрӯз ва оянда аст. Continue reading

10.03.2011 Posted by | Баҳс, Матбуот, Озодии сухан, Таҷриба, Тоҷикистон, Қонун | 5 Comments

Ифшои тахаллус

Гуфтам, як рӯз фориғ аз ҳама кори ҷаҳон бошам, то ин фароғат рӯҳамро ором кунад. Қасд доштам, ин субҳ роҳи ҷангалистонро дар пеш бигирем ва ҳамаи хонадон дастархоне сари санг боз кунему нонеро ба оби чашма тар бикунем, дар канори табиат ва ҳамнаво ба обшорону бодҳо бишавем. Афсӯс, Худо нахост.

Continue reading

07.03.2011 Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Осиёи Марказӣ, Сарнавишт, Ҳолнома | 5 Comments

Васл кунед, на фасл!

Тарҳе бо номи “Қонуни масъулияти волидон дар таълим ва тарбияи фарзанд” андарзи “пояи зулм дар ибтидо андаке буд, ҳар кӣ омад,  бар он зам кард”-ро ёдовар мешавад. Шояд дастандаркорони Вазорати маориф аввал фақат мехостанд, ки ҷавобгарии падару модарро барои аз таҳсил канор мондани фарзандашон ҷиддитар кунанд. Ҳақ ҳам доштанд, зеро ҳазорон навраси тоҷик ва асосан духтарон – модарони оянда ба ҷурми падару модар ё бародар аз мактаб дур мондаанд.

Continue reading

05.03.2011 Posted by | Баҳс, Ватан, Тоҷикистон, Худшиносй, Қонун | | 6 Comments

Кашокаш бар сари сенаторони Амрико

Аз як сӯ хеле хуб аст, ки мақолаи кас дар даҳҳо торнамо ва блогҳо бознашр шавад. Мардуми бештаре онро хоҳанд хонд. Худам мутваҷҷеҳ набудам, аммо як шинос бароям гуфт, ки мақолаи ман дар бораи назари мусбати Сенати Амрико ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз сомона ба сомона мекӯчад ва ин “саёҳат” дар ҷаҳони интернет идома дорад.

Continue reading

03.03.2011 Posted by | Амрико, Баҳс, Матбуот, Роғун, Тоҷикистон, Узбакистон | Leave a comment