Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Баракат ва Дунё

Нависандаи машҳури мисрӣ Наҷиб Маҳфузро романҳояш, ба вижа “Сегонаи Қоҳира” барандаи Ҷоизаи Нобел карданд. Аммо ӯ беш аз ҳама ҳикоёти хешро дӯст медошт ва дар ин жанр низ аз реализму натурализм то модернизм расид ва роҳҳои наву ҷолиберо имтиҳон кард. Ин ҳикоя бо тасвирҳои дилрас ва чархишҳои ногаҳонияш ба дилам нишаст. Номгузории қаҳрамонҳо ба назарам тамсилӣ омад. Умедворам, ту, хонандаи азиз, бардошти худро хоҳӣ дошт ва агар андешае пеш омад, дар ҳошияи ин тарҷума хоҳӣ нигошт. Ба саломатӣ!

Достоне дигар аз Наҷиб Маҳфуз

Баракат ва Дунё

(Ҳикоя)

Ду рӯз монда буд ба сафар ва бими фироқ симои шаҳрро дар чашми Баракат зеботар аз гузашта ҷило медод. Дилаш мегуфт, дигар абадан ба ин шаҳр барнахоҳад гашт, биноан ҳама чизи пештар барояш нофораму дилгиркунанда акнун нотакрору ҳасратовар намудор мешуд. Ҳатто курсии ӯ дар қаҳвахонаи «Сиди Ҷобир», ки чаҳор сол фақат рӯйи он менишаст, имшаб барояш дилнавоз буд ва айёми ҷавонияшро ба ёд меовард. Дар чилим норгилро дуд дода, андешид: «Дар куҷо боз ҳамин гуна чилими олиро меёбӣ! Ҳавои шаҳри Искандария чунон аст, ки чилимро ҳам пур аз накҳат мекунад».

Пешхидмат қаҳва овард ва бо лаҳни дареғомез гуфт:

— Мо пазмони Шумо хоҳем шуд.

Баракат сипосгузорона лабханд зад ва ба чашмаш афтод, ки он зан вориди қаҳвахона шуд, зане, ки сари чанд вақт ин ҷо намудор мегашт ва Баракат ӯро “бонуи «Сиди Ҷобир» ном карда буд. Тамоми ин чаҳор сол вай ба ин зан таваҷҷуҳе намекард ва зан ҳам аз аввали тобистон зан ғайб зада, танҳо акнун пайдо гашта буд. Ӯ рӯймоли гулобие дар сар дорад ва гарданбанди зарбофте сари китфонаш. Либосаш ҳамоҳанги аввали тирамоҳ, ҳамранги абрҳои сафеди шутурмонанд ва рӯшании камранги сари кӯчаҳои камодам буд.

Зан дар паҳлуи соҳиби қаҳвахона — марди миёнсоли юнонӣ нишаст ва онҳо радду бадале карданд. Ҳарду ҷиддӣ намудор мешуданд, монанди ду коршарике, ки аз додугирифташон гап мезада бошанд. Бархӯрди онҳо бо ҳамдигар ҳамеша чунин буд. Боре пешхидмат ба гӯши Баракат гуфт:

— Зебост! Магар на?

Баракат ба зан нигарист ва чашмони шаҳлои ӯро дид, ки ҷарақае аз густохӣ доштанд. Зан қотеъ ва ҳатто пархошгар ба чашм мерасид. Он гоҳ Баракат ба пурсиши пешхидмат посухи қатъӣ дода буд:

— Ин тоифа занон писанди ман нестанд!

Имрӯз, дар арафаи сафар, бону ба назараш дилрабо меомад, чун ҳама чизи шаҳр барояш дилкаш шудааст.

— Ман чаҳор сол дар Искандария зиндагӣ кардам, вале на боғи ҷонваронро дидаму на харобаҳои юнонию румиро ва на лаҳзае бо ин бону нишастам, — гуфт ӯ ба пешхидмат.

— Дар Асют ин ҳамаро нахоҳед ёфт, — лабханд зад пешхидмат.

Дар қаҳвахона қариб касе набуд. Танҳо ду мард нардбозӣ мекарданд. Баракат ба зан нигоҳ кард ва ӯ ҳам бо нигоҳи амиқе ба Баракат “посух” дод.

— Ку як ҳунари худро нишон деҳ! — хоҳиш кард Баракат аз пешхидмат.

Баъд аз як дақиқа бону паси мизи Баракат нишаста буд ва пешхидмат ҳамон дам барояш як шиша оби ҷав овард. Баракат лутф карду гуфт, ки аз ин шиносоӣ хеле шод аст.

— Шумо ба дарахти манго монандед, — нозкунон гуфт зан, ҳарчанд суханаш як андоза хушк баромад.

Баракат бо шигифтзадагӣ абрӯ чин кард.

— Ин дарахт низ нигоҳубини дурудароз ва пурсабронаро талаб мекунад.

Барои канор гузоштани шарҳу тасфир Баракат ҷомро бардошт ва оҳиста гуфт:

— Барои саломатӣ!

Баъд аз нӯш зайтунҳои сабзро ба даҳон андохта, онҳо хомӯш ба ҳамдигар нигаристанд.

— Хонаи мо он қадар ҳам дур нест, — пешниҳод кард Баракат.

— Ду тангаи тило! — бепарво эълом дошт зан. — Ва, хоҳишмандам, дарҳол, ҳамин лаҳза.

Гоҳе ки ҳарду пасопеш аз қаҳвахона мебаромаданд, зан пулро ба кифи дастияш гузошт. Хеле зуд онҳо ба манзил расиданд. Зан аз хоначаи хурдакак ва муназзами ӯ ситоиш кард ва ӯ ба навбати худ ба хадамоти дарбон арҷ гузошт, ки хонаро рӯбучин мекард. Сипас як лаълӣ мева овард ва рӯйи мизи канори рахтихоб ниҳод. Чанде нагузашта бе ягон ҳарфу ҳиҷо онҳо ҳамдигарро оғӯш мегирифтанд…

Ҳуҷра торик шуд. Бод вазиду табақаҳои тирезаро ба ҳам зад, чомаи борон сар шуд. Чунин тағйири ногаҳонӣ хоси ин фасли сол аст. Баракат бо чашмони ҳариргирифта ба тирезаи наздиктарин нигарист ва хастаҷон ғур-ғур кард:

— Ҳавои тирамоҳ. Ҳар лаҳза дигар мешавад.

Таронаи борон беист садо медод, вале акнун пасттару дуртар мешуд ва Баракатро эҳсоси гуворои гармӣ ва осоиш фаро мегирифт. Ангошт, ки хона хеле торик шудааст, даст бурд ва чароғаки рӯйи мизро даргиронд. Баргашт ва ба зан нигарист. Чашмони ӯ баста буданд. Гӯё ба хоб рафтааст. Мижгонҳои дарозаш гулбаргҳоро ба ёд меоварданд. Болотар нигоҳ кард ва худро дар ойинаи девор дид ва ба намои ҳақиронаи худ дареғ хӯрд.

Борон монд.

— Хобӣ? — пичирос зад Баракат.

— Ман то субҳ намехобам, — посух дод зан, ҳарчанд чашмонашро во накард.

Он гоҳ Баракат бананро пӯст канд ва ба лабони зан наздик бурд. Зан аз ҷойгаҳ хест ва онҳо ҳамроҳ мева хӯрданд.

— Соҳиби қаҳвахона мегуфт, ки ту пасфардо меравӣ, дуруст аст? — пурсид зан. — Аслан, номат чист?

Баракат базӯр хандаи худро пинҳон дошт. Ӯро ханда омад, ки онҳо бо ҳам шинос нашуда, якдигарро оғӯш гирифтанд. Вай номи худро ба забон бурд ва афзуд, ки як мансабдор асту ӯро ба шаҳри Асют гузарондаанд.

Зан дасти худро бо пӯсти банан пок кард ва гуфт:

— Номи ман бошад, Дунёст.

«Номи аҷиб ва зебо, — фикр кард Баракат. — Албатта, он ҳам мисли қаробати мо бофта ва сунъист». Дунё ба ҳикоят кардани гузаштаи худ оғозид ва Баракат ҳис кард, ки дилгиртар мешавад. «Қиссаи куҳна, ҳамон аст, ки ҳамон, чизи наве нест». Рӯҳияи хаёлпарваронаш парешон шуд ва ӯ ҳатто ба онҳое ҳасад бурд, ки дар қаҳвахона монданд.

Зан аз хона ва ороиши он пурсид. Хона ва тамоми дороии онро Баракат фурӯхт ва пасфардо касони дигаре дар он зиндагӣ хоҳанд кард. Пасфардо. Вале гӯё аз ҳоло он холист. Дар он танҳо бӯйи банан мондаву ғаму ҳасрати дилгиркунанда.

Ногаҳон Дунё даст ёзонду кифашро гирифт, аз даруни он ду тангаи тилоро берун овард ва ба ғалладони миз гузошт. Баъд бо лабханд ба Баракат нигарист ва нигоҳи ҳайрону ошуфтаи ӯро дид.

— Барои чӣ? — пурсид Баракат.

— Пули ту ба худат баргашт, — посух дод зан, ки ҳамоно лабханд мезад.

Карахтии ғамангези Баракат фурӯ рехт, вале ҳарчӣ буду набуд, чизе нафаҳмид.

— Ту аллакай ҳама чиро фаҳмидӣ, ҷон, аммо худро ба нодонӣ мезанӣ, гӯё беақлак бошӣ, — бо ишва гуфт Дунё.

— Савганд мехӯрам, чизе нафаҳмидам.

— Пул дар чунин ҳолат даркор нест.

— Дар кудом ҳолат?

Зан бо дастони офтобхӯрдааш Баракатро чунон сахт ба оғӯш гирифт, ки дили мард аз нав ба парвоз омад. Сипас бо садои пасту мастона пичирос зад:

— Лаззат!.. Ман, гоҳе ки лаззат мебарам, чунин мекунам.

Баракат аз фишори эҳсосоте нафасгардон шуд, ки ҳаргиз начашида буд. Ӯро як сархушии фараҳбор фаро гирифт. Дару девор дар пеши чашмаш мавҷ заданд. Бо вуҷуди ин дағдаға кард:

— Не, не!..

Зан бо бӯсаи давомдоре нагузошт, Баракат чизе гӯяд ва пархоши ӯ зери ҳисси ифтихор аз хештан об гашт. Вай хост, ҳама чизи атроф саршори ҳамҳамаи идона шавад. Ба меҳмонхона ҷаҳид, радиоро баланд кард, дарбонро ҷеғ зад, то барояшон шароб ва кабоб биёрад, дилаш мехост, як шабнишинии пур аз шодмонӣ созмон диҳад. Баъд ба хонаи хоб баргашт ва хитоб кард:

— Чанд бор дар ин чаҳор сол ман туро дар қаҳвахона дидам! Чӣ қадар ландаҳур будаам!

— Ва ҳам акнун аз шаҳр меравӣ!

Баракат бо дареғ сар ҷунбонд ва нимғурма гуфт:

— Пасфардо. Боварам намеояд. Чӣ қадар гӯлу гаранг будаам!

Мард пушт ба зонувони зан ниҳоду нишаст ва таҳти оҳанги рақсие, ки аз радио паҳн мешуд, бо ангуштонаш қарс зад. Ба Дунё нигарист ва дар сару сурати ӯ осоре ҳам аз хастагӣ надид ва ба сараш фикри наве омад.

— Мехоҳӣ ба тамошои шабҳангоми шаҳр равем? — пешниҳод кард ӯ ва ҷаҳида, сари по рост шуд.

Онҳо ба тарабхонае рафтанд, ки дар ҳамин наздикиҳо буд. Баракат ба осонӣ тавонист, хасисии худро, ки ба он машҳур гашта буд, шикаст диҳад ва бо саховатмандии Ҳотами Той пулчошӣ кунад. Онҳо бисёр нӯшиданд ва рақсиданд. Ҳеч оҳангеро бе рақс нагузоштанд. Дар фосилаи рақсҳо Баракат зери чашм кард, ки ҷавонаке бо диққат ба бонуи ӯ менигарад ва омода шуд, дар ҳоли зарурӣ адабашро диҳад. Вай бошад, мисли он ки қасд карда бошад, назди Дунё омад ва таъзим карда, ӯро ба рақс даъват намуд. Баракат хашмгин шуд ва қиёфа гирифт.

— Ин як кори одист, — дар гӯши ӯ пичирос зад зан. — Ҳеч бадие ин ҷо нест.

— Вале ба ман намефорад, — абрӯ чин кард Баракат. Вай баргашту хашмгинона ба саропойи ҷавон чашм давонд ва бо лаҳни дурушт гуфт:

— Нест шав!..

Баракат посухи он ҷавонро дар ёд надорад, вале шӯълае париду байни онҳо оташи ҷанг аланга зад. Муштбороне ба сари Баракат рехт, вале ӯ дардеро ҳис накард ва сахт ба шиками рақибаш лагад фуровард. Ҷавон такон хӯрд ва агар пешхидмат ӯро намедошт, ба пушт меафтод. Мардум аз ҳар тараф бо чашмони хашмгин ё шигифтзадаю маст ба онҳо менигаристанд.

Соҳиби тарабхона аз байни мизҳо гузаштаву наздашон омад, онҳоро ором кард ва ба мутрибон ишора намуд, ки навохтанро идома диҳанд.

Баракат зуд ва сангин нафас мекашид. Тугмаи пиҷаки ӯ парида, куртааш дарида буд. Вале Дунё гарданбанди ӯро дуруст кард ва дарди сари синааш фурӯ нишасту рӯҳияи шодмонӣ бар ӯ баргашт. Пас аз лаҳзае Баракат, гӯё иттифоқе наафтодааст, аз нав шароб хост, аммо атрофиён ба ӯ менигаристанд ва дар чашмонашон нафрат барқ мезад ва Дунё ба гӯшаш гуфт:

— Рафтем аз ин ҷо, азизам!

Онҳо зери мавҷи нигоҳҳои нешдор аз тарабхона баромаданд. Вале Баракат ғамгин набуд, балки аз оринҷи зан сахт гирифта, бо сари баланд қадам мезад ва вуҷудаш пур аз ғурур буд.

— Ғам махӯр, бонуи ман. Чизе нест. Гоҳе чунин мешавад!..

Ҳамроҳи тӯдае, ки аз кинотеатр баромада буд, онҳо ба трамвайе нишастанд, ки ба самти кӯчабоғи соҳил мерафт. Баракат оринҷҳояшро ба ду тараф ёзонда, Дунёро ҳалқа гирифта буд, лек марде хоста ё нохоста, ҳар гоҳ ба маҳбубаи ӯ ҷафс мешуд.

Баракат нигоҳи пур аз таҳдиду ситез ба ӯ партофт, вале он мард таваҷҷуҳе накард ва Баракат маҷбур шуд, марди беадабро тела диҳад ва қабеҳтарин носазояш гӯяд. Мард ҳам айни посухро дод ва Баракат, ки ҳамоно дар бухори шароб парвоз мекард, муште ба даҳони ӯ зад. Занозании сахт то замоне давом кард, ки одамони нек онҳоро аз ҳам ҷудо карданд ва байнашон истоданд, то ду тан аз нав даргир нашаванд.

Рухсори чапи Баракат дард мекард ва аз лаби поёнии кафидааш хун мешорид. Тамоми роҳ вай ин хунро бо рӯймочаи Дунё пок мекард. Вале аз бинии варамидаи рақибаш хуни бештар мерехт ва мӯйлаби ӯро арғувонӣ карда, Баракатро таскин медод. Вақте ки онҳо аз трамвай фуромаданд, насими тозае бо бӯйи борон ӯро ҳушёр кард ва аз нав рӯҳияаш баланд шуд.

— Захми ман ночиз аст, лекин бинии ӯ, ба фикрам, шикаст.

— Ту қариб кушта будӣ ӯро! — даст ба китфи Баракат гузошт Дунё.

Баракат хандид. Баъд ба ҳикояти он пардохт, ки то мансаб гирифтану ором шуданаш, дар чанд занозанӣ ширкат кардааст. Ёдбудҳои ӯ пур аз ифтихор буданд.

Гоҳе ки онҳо ба хоначаи ӯ баргаштанд, диданд, ки рӯйи миз як шиша май ва табақе кабоб мунтазирашон аст, ки дарбон оварда буд.

— Олиҷаноб! — хитоб кард Баракат. — Дареғ, як гулдаста намерасад. Бояд гул мехаридем.

Дунё захмҳои ӯро шуст, дасту рӯяшро пок кард. Вай бошад сар карда буд ба сурудани таронае дар бораи роҳзанҳои ҷасур, аммо зан, хандон ишорааш кард, ки садои ӯ барои сарояндагӣ офарида нашудааст.

— Муҳимаш хушбахт будан аст! — эътироз намуд Баракат. — Он гоҳ ҳама чиз дар атрофат суруд хоҳад хонд ва рақсид.

Дилаш саршори фараҳ буд ва аз забонаш асал мерехт.

— Ишқро оғоз ҳаст анҷом нест! — эълон кард ӯ дар ҳоле ки лаб ба лабони алвони Дунё мениҳод. — Ман ҳатман ба Искандария хоҳам баргашт. Мо бозу боз боз дар канори ҳамдигар хоҳем буд …

Вақте ки ӯ ором гирифт, аз паси тиреза боз садои борон омад.

— Бод дар шаҳри ту ҳарсӯ мевазад, ҳамаро таҳурӯ мекунад, лек бодест, ки шодмонию хушбахтӣ меорад! — хандон гуфт Баракат.

Дурахшҳои барқ, яке паси дигар пардаҳои тирезаро рӯшан мекарданд. Фурӯғи онҳо то даруни ҳуҷра дамида, ин ё он колои ҳуҷраро аз торикӣ берун мекашид. Ғуриши бод бадандтар мешуд ва сиёҳии зулмот бештар. Баракат аз нав лаззати осоиш ва гармиро ҳис кард. Вай ногаҳон соҳили баҳрро ба ёд овард, ки дар чунин лаҳазот ҳама чиз дар атроф тира мешуд ва аз ҳаво бӯйи тӯфон меомад.

Борон қувват гирифт. Ҳисси оромиш ва саодат дар тани Баракат нерӯмандтар гашт: «Хушбахист, вақте ки дар чунин ҳолат ту дар оғӯши ишқ ҳастӣ!..»

Онҳо наздики нимирӯзӣ бедор шуданд. Баракат тирезаро кушод ва хавои сард ҳуҷраро ба комаш кашид. Абрҳои беҳаракати хокистарӣ мисли намади пашмие осмонро пӯшонда буданд.

Дунё дар рахтихоб нимхез шуду нишаст. Мӯйҳояш парешон буданд ва чашмонаш холию хободуд. Гӯё ин ҳамон чашмоне набуданд, ки дишаб бо дурахши бозигари худ хуни ҳар мардеро ба ҷӯш меоварданд. Вай хеле пиртар намудор мешуд ва сару симояш Баракатро ба фикри синни ӯ ва бераҳмии умри гузарон андохт.

Занака нолон хамёзаи дарозе кашид ва гуфт:

— Вақти рафтан шуд.

— Ин қадар зуд чаро? — пурсид Баракат бо лаҳни шӯх.

— Шаб тамом шуд. Ман кор дорам, мулоқот дорам.

Ногаҳон Баракат дид, ки зан хам шуда, ғалладони ганҷаро кашид, аз он ҷо ду тангаи тилоро берун гирифт ва боз як бори дигар хамёза кашида, пулро ба кифи дастияш гузошт. Ин барои Баракат он қадар ғайричашмдошт буд, ки аз ҳайрат такон хӯрд…

— Ба ту пул даркор аст? — пурсид ӯ ошуфтаҳолона.

— На, ман чизеро гирифтам, ки сараш муомила карда будем. Ҳаққамро.

— Мо чӣ муомила карда будем, азизам?!

Садои Баракат пур аз шигифтзадагӣ ва андӯҳ буд.

— Охир, мо қарордод баста будем, фаромӯш кардӣ?

Баракат як хандаи аҳмақона кард ва гуфт:

— Ба гумонам, ту фаромуш кардӣ!

Дунё зарур надонист, посух диҳад. Ин сукут Баракатро ба сутуҳ овард ва ӯ ба бозпурсӣ гузашт:

— Аҷиб аст… Барои ман пул муҳим нест… Лекин дишаб ту гуфтӣ… Ту воқеан чӣ гуфтанатро фаромуш кардӣ?..

Аммо худ ба худ гуфт: «яке аз дуи мо девона аст. Ё ман, ё ӯ». Ва бо лаҳни қаҳромез афзуд:

— Чӣ шуд туро? Чӣ шуд, ки дигар шудӣ? Бигӯ ба ман, хоҳиш мекунам!

Бо лабханди сарде Дунё ғур-ғур кард:

— Гирифтан мехоҳӣ, аммо додан на!

— Ту гуфта будӣ, ки вақте лаззат мебарӣ, пул намегирӣ!

Зан ба ӯ нигоҳи аҷибе афканд ва посух дод:

— Ман фақат хостам, як шаб ту хушбахт бошӣ… Ҳамину бас.

— Пас ин ҳамагӣ як найранг буд? — пурсид мард бо садои ларзон.

— Бале. Аммо ин найранг ба ту хушбахтии ҳақиқӣ бахшид. Ҳарчанд танҳо барои як шаб.

— Дурӯғгӯйи ифлос! — хитоб кард Баракат, ки аз ғояти хашм сиёҳгун гашта буд.

— Наранҷ! Хушии шаби гузаштаат ҳеч дурӯғ набуд ва ман пуламро ҳалол кардам.

Баракат бо диққат ба саропои зан нигоҳ кард ва башараи ӯ барояш нафратомез тофт. Дар дили озурдаи ӯ хоҳиши интиқомҷӯёнае боло гирифт, ки гулӯи занро бифишорад, то хуни сиёҳи ӯ аз даҳонаш фаввора занад.

Дунё ҳаросон ба ӯ менигарист ва ҳар ҷунбишашро таъқиб мекард.

— Фиребгари ҳаром! — дод мезад мард. — Макри ту аҳмақона ва пастфитратона аст! Мефаҳмӣ? Ман мехоҳам, ту барои ин найрангат ҷон диҳӣ!

Зан аз ӯ чашм намеканд ва омода буд, бо нахустин ҳаракати мард аз хеш дифоъ кунад.

— Кавдан! Охир ин як кори бемаъние буд! Ту ҳеч касро ду бор фиреб дода наметавонӣ!

Зан дид, ки мавҷи ғазаби мард поин омад ва ӯ камубеш ба худ бармегардад, аммо дилшикаста ва ғамзада намудор мешавад.

— Вале ин як шӯхии бад набуд, не? — нимхандае зад зан.

— Ман гуфтам ку, ту наметавонӣ онро ду бор такрор кунӣ! Наметавонӣ, беақл! На бо ман, на бо дигаре!

Ин бор лаҳни ӯ пур аз танаффур буд.

— Чиро ту мегуморӣ, ки мо боз вомехӯрем?! — посух дод зан.

05.10.2018 - Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Фарҳанг, Ҳикоя, Ҳунар

No comments yet.

Leave a comment