Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Корномаи устод Мазҳабшо

Марди гандумгуни як андоза ҳиндусимои хандон, ки сигори талхи, ба гуфтаи худаш, “термоядерӣ” мекашид, метавонист, аз як ибораи нишонрас ба гунае шод шавад, ки ҳамаи бинои Иттифоқи нависандагонро ба сар бардорад ё аз як ҷумлаи носолим мисли бемори ноумед дард кашад ва дилмонда шавад; аз ҳуруфи номуносиби сарлавҳа ё акси хираи сафҳаи корректурии рӯзнома беандоза асабонӣ гардад ва айнаки худро ба сари дастгоҳи нашр бизанаду бишканад ё макети беҳтарин сафҳаро ба девори коргоҳи худ овезад; меҳрубонтарин ҷентлмени бонувон бошад ва аммо чун гилашро бо ишқи сухан сириштаанд, дилдодаи ҳикмату навиду мақолаи олӣ ва фидокори рӯзнома ба ҳадде ки шояд ҳеҷ шабе бе ёди газета нахуфта бошад; марди коре, ки заҳмати шоқа кашад ва бо кулли шодмонияш аз комёбии худ ситоиши беҳадро напазирад, аз гуфтани ҳақиқат наҳаросад ва ба ҳақгӯён арҷ бигузорад — ин аст устод Мазҳабшои Муҳаббатшо!

Continue reading

14.02.2018 Posted by | Инсон, Матбуот, Озодии сухан, Сарнавишт, Ҳолнома, Ҷомеа | 1 Comment

Бозкашфи Олег Фезов

Ман ӯро ҳамчун сароянда ва оҳангсози боистеъдод мешинохтам. Оҳанг ва таронаҳояш хеле нозуку нафисанд ва ба торҳои ҷони сомеъ ангушт мезананд. Ин ҳафта ӯро аз нав кашф кардам, ки Олег Фезов бар замми ҳамаи ҳунарҳои баландаш як андешапарвари хирадманд ва нодире низ аст.

Continue reading

23.07.2017 Posted by | Баҳс, Инсон, Озодии сухан, Тоҷикистон, Худшиносй | | Leave a comment

“Шикор”-и IP чаро?

Додситонии кулли Тоҷикистон нишонаи IP ё Internet Protocol-и назарнависеро ҷустуҷӯ дорад ва барои ин ба «Азия-Плюс» муроҷиат кардааст. Додситонии кулли Тоҷикистон мехоҳад, барои расидагӣ ба шикояти шаҳрванде, ки гӯё дар номаи шарҳнависе ҳадафи таҳқир қарор ёфтааст, IP-и он номанависро пайдо кунад.

Continue reading

12.04.2012 Posted by | Баҳс, Душанбе, Озодии сухан, Сиёсат, Қонун | | 1 Comment

Қонунсолор

Ин сатрҳоро дар ҳошияи як матлаби торнигори “Пайкон” навишта будам. Танҳо барои ҳамин пойгоҳ ва хонандагони он. Хеле вақт гузашту ҳар бор ки он гӯшаро боз мекунам, суханони худро намебинам ва фикр кардам, бояд онҳоро ҳамин ҷо бигузорам. Лоақал барои онҳое, ки гаҳ-гоҳ сар ба ин кулба мезананд.

Continue reading

08.12.2011 Posted by | Инсон, Озодии сухан, Рӯзгор, Сарнавишт, Қонун | | 3 Comments

Кафка инро медонист

Дар баҳси хонандагон сари матлабе бахшида ба озодии хабарнигори British Broadcasting Corporation (BBC) ё худ Би-би-сӣ Урунбой Усмонов дар торнамои Радиои Озодӣ нуктае матраҳ шуд, ки дар худи Бритониё низ чунин рӯйдодҳо, яъне ҳабси журналистон иттифоқ меафтад ва агар ҳадаф аз боздошт таҳқиқ аст, чаро бояд ҳукуматҳоро айбдор кард. Ин хонанда чунин навиштааст:

Continue reading

16.07.2011 Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Сиёсат, Таҷриба, Қонун | | Leave a comment

Мушкили фаннӣ?

Торнамои turajon.com дар хориҷ аз Тоҷикистон бе мушкил боз мешавад. Чандин нафар аз мавҷудияти ин сомона замоне огаҳӣ ёфтанд, ки Хадамоти мухобироти кишвар аз ширкатҳои интернетрасон дархост кард, дастрасӣ ба ин торнамо “бо сабабҳои техникӣ” маҳдуд гардад.

Continue reading

25.05.2011 Posted by | Баҳс, Дин, Озодии сухан, Сиёсат, Тоҷикистон, Қонун | 3 Comments

Ғурмагас ба парвоз омада

Ҳар субҳ мисли як раҳнаварди ошиқ ҷаҳони блогнависони тоҷикро мегардам. Гоҳе дурдонаеро пайдо мекунам. Ин бор онро дар шарҳе ёфтам, ки як хонандаи, зоҳиран, босалиқа дар ҳошияи матлаби торнигори “Мардикорнома” аз худ  боқӣ гузоштааст. Лаҳни сухан маро таҳрик дод, то пайванди муаллифи шарҳро “ангушт” занам. Ба дунёи дигаре ворид шудам.

Continue reading

20.05.2011 Posted by | Ватан, Озодии сухан, Тоҷикистон, Худшиносй | , | 2 Comments

Исмоиловро озод кунед!

Эҳтимолан, навиштаи ман ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик беш аз ҳад хушбинона буд. Ба вижа дар мавриди ҳамраъйӣ ва ҳамбастагии журналистон. Як нокомии бузург ногуфта монд ва ин ҳам бошад, дар зиндон боқӣ мондани журналисти тоҷик Маҳмадюсуф Исмоилов. Ягона журналисти зиндонии тоҷик.

Continue reading

17.03.2011 Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Сиёсат, Тоҷикистон, Қонун | | 1 Comment

Дуруд бар журналистон!

Иди матбуот ё беҳтараш Иди журналистикаи тоҷикро ба ҳамаи ҳамкасбону ҳамкорон самимона табрик мегӯям ва орзу мекунам, аз душвориҳои имрӯз бо сари баланд бигзаранду ба ояндаи хубтаре бирасанд. Ояндаи беҳтаре на танҳо барои онҳо, балки барои ҳамаи мардум ва тамоми кишвар. Ин ид ҳарчанд реша дар гузашта дорад, ба сурати умум, нигоҳ ба имрӯз ва оянда аст. Continue reading

10.03.2011 Posted by | Баҳс, Матбуот, Озодии сухан, Таҷриба, Тоҷикистон, Қонун | 5 Comments

Ифшои тахаллус

Гуфтам, як рӯз фориғ аз ҳама кори ҷаҳон бошам, то ин фароғат рӯҳамро ором кунад. Қасд доштам, ин субҳ роҳи ҷангалистонро дар пеш бигирем ва ҳамаи хонадон дастархоне сари санг боз кунему нонеро ба оби чашма тар бикунем, дар канори табиат ва ҳамнаво ба обшорону бодҳо бишавем. Афсӯс, Худо нахост.

Continue reading

07.03.2011 Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Осиёи Марказӣ, Сарнавишт, Ҳолнома | 5 Comments

Қаламрави Маҳбуби Ганҷаалӣ

Маҳбуби Ганҷаалӣ, номи аслияш Абдулазизи Восеъ, дар шабакаи ҷаҳонии интернет қаламрави рангини худро дорад. Ҷое кӯҳу адир, ҷое боғу гулистон. Майдони аспдавонӣ. Аспи андеша бо тозиёнаи танз. Территория дар торнигори хусусияш, ки баъдан дар зеҳни хонандагон доман мегустурад. Continue reading

26.12.2010 Posted by | Озодии сухан, Таҷриба, Фарҳанг, Худшиносй, Ҳунар | | 3 Comments

Кӣ занад теша ба решаи хеш?

Касеро дидаед, ки теша ба пойи худ занад? Вақте мегӯянд, Амрико худ асноди махфияшро ба воситаи торнамои Викиликс фош кардааст, ман ба ёди ҳамин гуна шахс меафтам. Албатта, тасодуфан теша ба пойи хеш задан мумкин аст, аммо танҳо ландаҳур метавонад шохеро бибурад, ки бар он нишастааст. Continue reading

19.12.2010 Posted by | Амрико, Матбуот, Озодии сухан, Сиёсат, Тоҷикистон | | 2 Comments