Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Боз(га)(до)шти Зайд Саидов

zaid saidovХато нанавиштаам. Ин рӯзи ҷумъаи 17-уми май буд, ки номи Зайд Саидов ҳангоми “гуглонидан”, яъне чидан дар ҷӯяндаи Гугл дар ним сония зиёда аз 50 000 сархатро фароҳам меовард. Танҳо ба ҳуруфи сириллик, ҳуруфи дигарро наозмудаам. Акнун, дар шоми якшанбеи 19-уми май гуглонидани ин ном дар 0,25 сония 88 500 натиҷа дод.

Continue reading

19.05.2013 Posted by | Баҳс, Ватан, Сиёсат, Тоҷикистон, Қонун, Ҷомеа | | 17 Comments

“Корти сабз” нест мешавад

Korti sabzЯке аз осонтарин роҳҳои муҳоҷират ба Амрико – бахтозмоӣ ё лотореяи “Корти сабз” ба зудӣ баста хоҳад шуд. Афсӯс, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки “хонахез” ба Русия муҳоҷир мешаванд, натавонистанд, аз он истифодаи хубе кунанд. Шумораи онҳое, ки ба воситаи ин толеъсанҷӣ дар се соли охир иҷозаи иқомат ва кор дар Амрикоро дарёфт карданд, дар баробари намояндагони ақвоми дигар “мушт”-е беш набудааст.

Continue reading

16.05.2013 Posted by | Амрико, Дурнамо, Муҳоҷират, Таҷриба, Тоҷик, Қонун | 1 Comment

Иде бидуни ид?

victory dayДаричае аз ёдам намеравад. Дар ду тарафи он девори фурӯрехта ду қабри кӯҳнаро ба ёд меовард. Ранги нилгуни равғании дарича мисли карахши рӯйи захми хушкида варақ-варақ хеста буд. Ин ранг дар ҷо-ҷое мисли осмони тобистон кабуд буд. Дар паланди дарбача чаҳоркунҷае сурхӣ мекард: “Дар ин ҷо собиқадори ҶБВ зиндагӣ мекунад.”

Continue reading

09.05.2013 Posted by | Баҳс, Ватан, Инсон, Муҳоҷират, Таърих, Тоҷик, Ҷомеа | 1 Comment