Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Гуфтан ё нагуфтан?

Субҳи оташгун медамад ва пардаи ситабри торикиро месӯзонад. Хуршед пур аз хуни зинда аз уфуқ сар мекашад. Парандаҳое дар осмони софи бомдод мисли сурае аз намоз ба он сӯи ҳастӣ мепаранд. Чандумин бор аст, субҳро мебинам ва чӣ қадар субҳи дигареро хоҳам дид. Субҳ мисли даъват ба набард, талош ва зиндагист. Охирин субҳи ман! Оё ба чӣ гунае хоҳӣ буд? Моему меравем, вале зиндагӣ идома мекунад. Гӯё ҳастем. Аммо…

Continue reading

26.04.2010 Posted by | Ватан, Инсон, Муҳоҷират, Сарнавишт, Тоҷик | | 30 Comments

Гулхотирае аз сафари Лос Анҷелес

Аз ҳар сафар ба сарзаминҳои дуру наздик беихтиёр ёдбудҳои нодире боқӣ мемонанд. Хурду реза, аммо дилнишин. Баъдҳо, гоҳу ногоҳ он саҳнаҳо, чеҳраҳо, кӯчаву хиёбон, садоҳо, рангҳо, вожаҳо дар пиндорам зинда мешаванд ва маро ба лаҳзаҳои хушу фараҳбахши рӯзҳои гузаштаву дур бармегардонанд. Онҳо ба колбади сафарномаҳои суннатӣ ва ё хотираҳои хонаводагию дидорҳои дӯсту ошно намегунҷанд. Ҷудо аз ҳам ба сари худ порчаҳои тикка-тиккаи зиндагиянд. Аммо

Continue reading

16.04.2010 Posted by | Амрико, Инсон, Каме латра, Сарнавишт | | 8 Comments

Адабиёт дар ҳоли мурдан аст?

Номаҳои нависандаи тоҷик Қодири Рустам ҳамеша нукоти муҳиму ҷолиб, хотирмон ва ибратомӯз доранд. Ба вижа, наметавон аз номаи ахири ӯ осон гузар кард. Вай рукуди феълӣ дар Тоҷикистонро ба дур шудани мардум аз китобхонӣ, андеша ва маърифат бастагӣ медиҳад. Бемаърифатӣ дар навбати худ ҳама гуна эҳтиёҷ ба андешаро аз байн мебарад. Ин ҳам дар ҳоле ки андешидан шарти аввали инсон будан аст.

Continue reading

10.04.2010 Posted by | Адабиёт, Забони модарӣ, Китоб, Тоҷикистон, Фарҳанг | | 3 Comments

Изтироб аз хабарҳои Қирғизистон

Шабакаҳои телевизионии Амрико шоми 7-уми апрел чанд бор дар бораи рӯйдодҳои Қирғизистон хабари кӯтоҳе пахш карданд, ки тазоҳуроти шаҳрвандон дар кишвари кӯчаки Осиёи Марказӣ, ки барои амалиёти Амрико ва НАТО дар Афғонистон муҳим аст, ба даргириҳои хунин бо полис табдил ёфт. Баъд гӯё ин мавзӯъ тамоман аз байн рафт. ABC ва CNN ба таҳқиқи ҳалокати ангиштканони Вирҷиния ва боздошти як мусофири ҳавопаймо баргаштанд ва телевизиони Лос Анҷелес баҳси талоқи ду ҳунарпешаи Ҳолливудро идома дод.

Continue reading

08.04.2010 Posted by | Инқилоб, Осиёи Марказӣ, Сиёсат, Худшиносй | , | 10 Comments

Хонаи сарду торику бебарқу бегаз барои Бан Ки-мун

Сокинони шаҳраке дар наздикии баҳри Арал дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун, ки аз тарафи мақомоти давлатии Узбакистон созмон дода шуд, Тоҷикистонро дар хушкидани оби ин кӯлр айбдор карданд ва гуфтанд, агар тоҷикон нерӯгоҳи Роғунро бисозанд, вазъ дар ин ҷо ба маротиб бадтар хоҳад шуд ва баҳри Арал комилан хоҳад хушкид…

Continue reading

04.04.2010 Posted by | Равобити байнулмилалӣ, Сиёсат, Тоҷикистон, Қонун | , | 3 Comments