Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Гуфтумоне бо ҷавонон

Фаридуни Раҳнавард, корманди рӯзномаи “Имруз News” гурӯҳи наверо дар Фейсбук таъсис дод, ки ба мушкилҳои журналистони ҷавон бахшида шудааст. Ин сафҳа таваҷҷӯҳро ба худ кашид, вале дар он як парокандагие дида мешавад. Шояд ба сарвари гурӯҳ зарур аст, мавзӯъҳои сафҳаро марзбандӣ ва қоидаҳои баҳсро таъйин кунад, то табодули афкор низоми муайян дошта бошад.

Continue reading

28.03.2012 Posted by | Баҳс, Матбуот, Таҷриба, Фарҳанг | , | Leave a comment

Рейтинги журналистон

Як дӯстам тор (линк)-и матлаби “Тоҷнюс”-ро фиристод, ки дар он банда муваффақтарин блогнависи тоҷик унвон шудаам ва як ҳамкорам тори раддабандии “беҳтарин матбуотчиён”-и кишварро роҳӣ кард, ки дар он низ банда ҷойгоҳе доштааст ва дар баррасии матбуот дидам, ки хонандагони як ҳафтавори Тоҷикистон “Чароғи рӯз”-ро бо гузашти ин ҳама сол нашрияи маҳбуби худ хондаанд.

Continue reading

16.03.2012 Posted by | Баҳс, Матбуот, Таърих, Таҷриба | , | 6 Comments

Мағзи digital

Пешрафти фанновариҳои иттилоотӣ боз чӣ коре бо журналистика хоҳад кард? Ба фикри ман, он рӯз дур нест, ки кас битавонад, хабар ё мақолаашро ба ройона (компютер) дикта ё ҳиҷҷа кунад ва ройона онро бинависаду тасҳеҳ ва веросторӣ кунад ва дар они воҳид ба чанд забон баргардонад.

Continue reading

07.03.2012 Posted by | Дурнамо, Забони модарӣ, Матбуот, Таҷриба, Фарҳанг | | 1 Comment