Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Шодбодии соли нав

Фикр мекунам, касе нашумурдааст, ки чанд дарсади мардум дар Тоҷикистон дар охирин шаби соли 2010 гирди дастархони ороста менишинад ва фаро расидани соли нави 2011-ро ид мекунад. Ҳадси ом ин буд, ки чунин хонаводаҳо сол то сол камтар мешаванд. Вале як дӯстам гуфт, баракс, дар қиёс бо 2-3 соли пеш имсол, зоҳиран, пешвозгирандагони соли нави милодӣ бештар шудаанд. Continue reading

31.12.2010 Posted by | Баҳс, Дин, Рӯзгор, Таърих, Тоҷик, Фарҳанг, Худшиносй | 4 Comments

Қаламрави Маҳбуби Ганҷаалӣ

Маҳбуби Ганҷаалӣ, номи аслияш Абдулазизи Восеъ, дар шабакаи ҷаҳонии интернет қаламрави рангини худро дорад. Ҷое кӯҳу адир, ҷое боғу гулистон. Майдони аспдавонӣ. Аспи андеша бо тозиёнаи танз. Территория дар торнигори хусусияш, ки баъдан дар зеҳни хонандагон доман мегустурад. Continue reading

26.12.2010 Posted by | Озодии сухан, Таҷриба, Фарҳанг, Худшиносй, Ҳунар | | 3 Comments

Дар ҳошияи як вокуниш

Кам иттифоқ меафтад, ки вокуниши хонанда бароям ба дараҷае писанд ояд, ки хоста бошам, зераш имзои худро гузорам. На, майл надорам, касеро наҳ ё таън занам, аммо, росташ, вокунишҳо ғолибан маро дилсард мекунанд. Ҳарчанд инро ҳам бигӯям, ки дар солҳои 1999-2000, вақте радиои Озодӣ нахустин бор торнамои хешро дар шабакаи ҷаҳони интернет фаъол кард, касе вокунише наменавишт. Continue reading

24.12.2010 Posted by | Баҳс, Ватан, Роғун, Сиёсат, Тоҷикистон, Қонун | | 7 Comments

Кӣ занад теша ба решаи хеш?

Касеро дидаед, ки теша ба пойи худ занад? Вақте мегӯянд, Амрико худ асноди махфияшро ба воситаи торнамои Викиликс фош кардааст, ман ба ёди ҳамин гуна шахс меафтам. Албатта, тасодуфан теша ба пойи хеш задан мумкин аст, аммо танҳо ландаҳур метавонад шохеро бибурад, ки бар он нишастааст. Continue reading

19.12.2010 Posted by | Амрико, Матбуот, Озодии сухан, Сиёсат, Тоҷикистон | | 2 Comments

Афсуни Ленин

Аҷаб тазоде! Дар шаҳри Пушкини наздикии Санкт-Петербург (Ленингради пешина) ҳайкали Владимир Ленинро тарконданд, дар зодгоҳаш Симбирск ва дар Калининград бар сари ин ҳайкал мум рехтанд ва дар рӯзҳое, ки ин хабарҳо ба гӯш мерасид, аз тарси эътирози коммунистону коммунистмаобон муҷассамаи доҳии террористонро дубора дар шаҳри Кӯлоб устувор карданд. Continue reading

08.12.2010 Posted by | Ватан, Ваҳдат, Сиёсат, Таърих, Тоҷик, Худшиносй | | 32 Comments

Ҳабиб Саид: “Мо зодагони ишқем…”

Худнамоӣ ба бисёре аз блогҳо хос аст, вале торнигори тоҷикиву русии нависандаи тоҷик Ҳабиб Саид бештар оламнамоӣ дорад, то шиносоӣ ва таъкид бар ҳувияти худаш. Аммо, албатта, ботини зебои ӯ, муҳаббати бекаронаш ба Тоҷикистон дар ҳар навиштааш худ ба худ ҳувайдо мегардад. Шиори блоги ӯ ин аст: “Мо зодагони ишқем, мо худи ишқем ва ба оғӯши ишқ меравем.” Андарзи як сӯфимашраби муосир.

Continue reading

06.12.2010 Posted by | Адабиёт, Ватан, Инсон, Китоб, Фарҳанг, Худшиносй, Ҳунар | | 1 Comment

Баҳории рафта барнамегардад?

Дирӯз бунёдгузори жанри фантастикаи тоҷик, устод Абдумалик Баҳорӣ, ин ҷаҳонро ба имрӯзиён гузоштанду рафтанд. Дареғо, натавонистам, лаҳзае тобути ин шахси соҳибдил ва нерӯсириштро сари китф дошта бошаму кафи хоки поке ба рӯи қабрашон бигузорам. Ин аст азоби алими фарзандони роҳдур. Ба хона омадаму дуое барои равони эшон хондам ва нишастаму аз умри бобаракати эшон ёд кардам.

Continue reading

04.12.2010 Posted by | Адабиёт, Сарнавишт, Таърих, Тоҷикистон, Фарҳанг | | 11 Comments