Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Думы о соседях в жанре вопросника

1bridgeАналитические обзоры о том, как готовятся к Большой Ссоре страны Центральной Азии, и о том, что уже определены группы союзников и разграничены линии фронта вызывают массу вопросов. Первый из них: К чему все это? И традиционные: Кто виноват и что делать? В принципе, возможно, они сами знают, что надо сделать.

Continue reading

26.04.2009 Posted by | Осиёи Марказӣ, Русия | , | 10 Comments

Ашк аз чашмони пайкараи шикаста

dafnНавҳаю шевани ҳамаи мо аз даргузашти Тоҳири Абдуҷаббор як натиҷагириеро ба миён овардааст, ки гӯё мо ҳам кам-кам ба қавмҳои “зиндакуши мурдапарвар” монанд мешавем. Қариб тамоми нашрияҳои Тоҷикистон ба марги устод Тоҳир “ашк рехтанд.”Суханони нек гуфта шуд. Пойдор ва самимона.

Continue reading

23.04.2009 Posted by | Таърих | , | 28 Comments

Тоҳири Абдуҷаббор ва “Растохез”-и ӯ

tohirjonТоҳири Абдуҷаббор орзу ва талоше надошт, ки раҳбар ё пешво шавад. Худаш мегуфт, “вақте пешвоён ба миён меоянд, мардум аз байн меравад.” Аммо “бачаҳои “Рӯ ба рӯ” ба як пой истоданд, ки устод Тоҳир раёсати “Растохез”-ро бар дӯш бигирад.  Онҳо мегуфтанд, омодаанд, ба зону биншинанд ва илтиҷо кунанд. Ҷойи заъфи ӯро медонистанд. Ӯ, ки тоби дидани ранҷурии шариконашро надошт, онҳоро ором кард ва ризоият дод.

Continue reading

22.04.2009 Posted by | Сиёсат, Ҳолнома | | 15 Comments

“Абуғрейб” ва Гуантанамо дар Русия

mahbasМаҳбусони зиндони ЯТ-30/4-и Русия шикоят кардаанд, ки нозирон дар пеши чашми онҳо китоби муқаддаси мусулмонон –Қуръонро таҳқир карданд, як маҳбуси тоҷикро соатҳо сарозер ба қуттии ахлот андохтанд ва ба номуси маҳбуси дигар расидаанд.

Continue reading

18.04.2009 Posted by | Дин, Русия | , | 1 Comment

“Нон бошад, барқ ҳам мешавад”

1vakhshОё Тоҷикистон дар 4 соли оянда ба истиқлолияти энержӣ даст хоҳад ёфт? Бархе аз иқтисодшиносони тоҷик амалӣ будани ин нақшаро рад мекунанд, вале бархеи дигар мегӯянд, иҷрои он ҳатто дар 3 соли оянда имконпазир аст.

Continue reading

18.04.2009 Posted by | Иқтисодиёт, Тоҷикистон | | 2 Comments

Талху ширини “Сентябрҳо дар Шероз”

daliaГуфтан душвор аст, агар нависандаи ин китоб ба асари худ номи дигаре мегузошт, оё аввалин румони ӯ ин гуна машҳур мегашт? “The Septembers Of Shiraz” ҳоло яке аз пурхонандатарин румонҳои Амрикост ва бо суръати тамом дар рӯйи ҷаҳон паҳн мешавад.

Continue reading

16.04.2009 Posted by | Адабиёт, Таърих, Ҳунар | | 5 Comments

Чарвидане барои равон ва умр

samashkБемории ман шояд ягон номи бодабдабаи лотинӣ дошта бошад. Номи хушсадое. Аммо пизишкони бешуморе дар ташхиси он оҷизанд. Куҷост Ибни Синое? Дар шигифтам, магар нахустин бор бо ин дард рӯбарӯ мешаванд? Мабод ангали он аз сайёраи дигаре ба аҳли башар партоб шудааст?

Continue reading

14.04.2009 Posted by | Инсон, Ҳолнома | | 12 Comments

Шигифтзадагии бозрасони байнулмилалӣ

paxtaБаъд аз чунин гузориши бозрасони ширкати аудитории “Ernst & Young” мантиқӣ хоҳад буд, агар ҳукумати Тоҷикистон пардохти қарзи деҳқонони тоҷикро на аз онҳо, балки аз ноиби сарвазир Муродалӣ Алимардонов ва шарикони ӯ талаб кунад.

Continue reading

12.04.2009 Posted by | Иқтисодиёт, Тоҷикистон | | 6 Comments

Паёме ба ёрони ошнову ноошно

kuchaМавҷи об мисли балои ногаҳонӣ омад ва коху кушкро вайрон кард ва ҳамаро — мошину дарахтону одамонро бо худ ба коми уқёнус кашид. Манзара бузургтар шуд ва дидам, ки қасру қалъаро кӯдакон дар реги соҳил сохтаанд…

Continue reading

09.04.2009 Posted by | Таърих, Тоҷикистон | | 5 Comments

Муносибати Барак Обама ба олами ислом

25obamaЯке аз хонандагони ин торнигор пурсишеро ба миён гузошта буд, ки муносибати раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ба ислом дақиқан чӣ гунa аст? Ин пурсиш мояи кандуков буд, вале имрӯз худи Обама ба саволи дӯсти мо ҷавоб дод.

Continue reading

07.04.2009 Posted by | Ислом | , | 6 Comments

Вопасин рӯзҳои бозори “Зарнисор”?

talbakovБотурхон Талбаков, бунёдгузори бозори “Зарнисор”-и шаҳри Душанбе, ки 1000 нафарро бо кор таъмин мекард, мегӯяд, вай гуноҳе надорад. Аз суханони Э. Раҳмон хуни тоҷикияш ҷӯшиду хост, ба ватанаш мадад кунад. Аммо намефаҳмад кӣ ва чаро ӯро “шикастан” мехоҳад.

Continue reading

06.04.2009 Posted by | Иқтисодиёт | | 8 Comments

Дар ҳошияи навори Мунаввари Мунавварзод

1zarnisor1Дар ин видео барои чанд сония тифлеро мебинед, ки дар рӯи мизи қабулгоҳи Кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ғунудааст. Ва агар мақомоти давлат ба арзи модари ӯву садҳо ҷабрдидаи дигар гӯши хирад во накунанд, мумкин аст, ин кӯдак дар хиёбон ба воя расад.

Continue reading

04.04.2009 Posted by | Душанбе, Иқтисодиёт | | 6 Comments