Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Пайи панҷаи пайғамбар

Пас аз як танаффуси дароз ниҳоят сари ин пешнавис нишастам ва ба гумонам, онро ба поён расондам дар ин субҳи аҳуроӣ! Дигар моли ман нест, моли шумост. Хуб уфтода ё на, қазоват низ бо шумост. Аз мо навиштан, аз шумо хондан ё нахондан, писандидан ё написандидан. Навиштам, то рӯзгоре ба дарде бихӯрад. Ё нахӯрад? Дурудароз дар сарам мегашт ва наздик ба як сол пеш нусхаи аввалашро ҳамроҳи як флешка гум карда будам.

Continue reading

16.02.2020 Posted by | Адабиёт, Каме латра, Ҳикоя | Leave a comment

Два черных алмаза

Представьте себе, я сам аж задрожал и расплакался, когда дошел до последнего предложения своего же рассказа. Возможно, потому что, это было написано очень давно, в мою молодость, и тут опять я пишу о любви, любви трагической, а может быть потому, что получился отличный перевод, будто читаю не себя, а какого-то маститого писателя-классика, спасибо за это Муборак Шариф!

Continue reading

22.02.2019 Posted by | Таҷриба, Ҳикоя | , | Leave a comment

Як салом (Латра)

ЯК САЛОМ
(Латра)

Аз фурӯшгоҳ мебарояму дар пиёдароҳ ногаҳон бо ӯ рӯбарӯ меоям ва дар он як лаҳзаи кутоҳи во хӯрдани чашмонамон сар такон медиҳам ва “салом” мегӯям.

Вай ҳам салом медиҳад ва хандаи сустаке гирди лабаш мегардад, вале ҳамон дам қиёфаи ҷиддӣ мегирад ва ба ҳамроҳаш — марди тануманди қадбаланде менигарад, ки нигоҳи тезе ба мо меандозад.

Аз худам мепурсам, ки чаро чунин кардам? Дилам мехоҳад зуд гузараму равам.

Continue reading

20.02.2019 Posted by | Адабиёт, Каме латра, Фарҳанг, Ҳикоя, Ҷомеа | Leave a comment

Цветные слова

«Жанр некоторого умеренного фэнтези и легкой мистики вполне украшает прозу». Так сказал о моем новом рассказе «Цветные слова» блестящий литературовед и эссеист Иван Никитич Толстой, внук писателя А.Н. Толстого и брат замечательной писательницы Татьяны Толстой. Его оценка для меня многого значит. Но рассказ о самых что ни есть реальных событиях – принудительного переселения моих предков из высокогорья в необустроенную и смертоносную долину; попытка молодого, но знаменитого в те годы писателя Пулада Толис написать роман о героизме переселенцев и его последние дни перед трагической смертью.

Continue reading

04.12.2018 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Сарнавишт, Фарҳанг, Ҳикоя | Leave a comment

Баракат ва Дунё

Нависандаи машҳури мисрӣ Наҷиб Маҳфузро романҳояш, ба вижа “Сегонаи Қоҳира” барандаи Ҷоизаи Нобел карданд. Аммо ӯ беш аз ҳама ҳикоёти хешро дӯст медошт ва дар ин жанр низ аз реализму натурализм то модернизм расид ва роҳҳои наву ҷолиберо имтиҳон кард. Ин ҳикоя бо тасвирҳои дилрас ва чархишҳои ногаҳонияш ба дилам нишаст. Номгузории қаҳрамонҳо ба назарам тамсилӣ омад. Умедворам, ту, хонандаи азиз, бардошти худро хоҳӣ дошт ва агар андешае пеш омад, дар ҳошияи ин тарҷума хоҳӣ нигошт. Ба саломатӣ! Continue reading

05.10.2018 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Фарҳанг, Ҳикоя, Ҳунар | Leave a comment

Segafredo (на русском)

Этот рассказ был написан задолго до того, как появился франчайзное кафе Segafredo в Душанбе, и опубликован в разных газетах и журналах в Таджикистане. А когда появился кафе, друзья стали шутить, сколько я получил гонорара за рекламу бренда? Нисколько. Оказались скупыми. Могли бы налить чашечку кофе тем, кто читал рассказ. Да, ладно, написано не о кофе, а любви и предвзятости. Некоторые думают, что таджички, проживающие на Западе этакие эмансипированные женщины, забывшие свои традиции, рано потерявшие целомудрие и т.д. Да что сказать о живуших в Европе, даже на Родине парни не хотят жениться на образованных, сильных характeром девушках.

Continue reading

18.09.2018 Posted by | Асари бадеӣ, Каме латра, Фарҳанг, Ҳикоя | | Leave a comment

Биҳишти кӯдакона

Росташ, ин нависандаи бузурги мисрӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел, Наҷиб Маҳфузро ахиран барои худ кашф кардам ва ҳатто дар шакли аввали ин тарҷума номи ӯро Нақиб навиштам, на Наҷиб, аҷаб шармандагие! Аммо ба барандагони Ҷоизаи Нобел ҳамеша бо шубҳа менигарам (то рӯзе ки худам онро нагирам, барояш бовар нахоҳам кард — ҳазл), чун ҳамеша, кам ё зиёд, як ангеза ва шамими сиёсӣ ҳам дорад.

Continue reading

16.09.2018 Posted by | Адабиёт, Фалсафа, Фарҳанг, Ҳикоя, Ҳунар, Ҷомеа | Leave a comment

Лаъл ва чоҳ

Оре, достонҳое хондаам, ки агар то охирин вожа наравӣ, маъно бароят нофаҳмо, парешон, бедалел ва ғайримантиқ намудор мешавад. Вале чун охирин ҷумларо мехонӣ, гӯё дар пеши чашмат субҳ медамад, ҳама ҷой ва ҳама чиз рӯшан мегардад. Дар ин ҳикояи нав хостам. аз ҳамин сабки бузургони адабиёт истифода кунам.

Continue reading

29.08.2018 Posted by | Асари бадеӣ, Каме латра, Фарҳанг, Ҳикоя | Leave a comment

Гирд гардад гардуни гардон

Чанде аз хонандагон дар робита ба ҳикояи “Гирдгардон” изҳори назар карданд, ки аз онҳо самимона сипосгузорам. Ҳама гуна вокуниши ёронро дӯст медорам ва эродҳои дурусташонро мепазирам. Пас аз номаи яке аз онҳо номи достон тағйир кард ва вожаи “сирк” аз он барандохта шуд. Бори аввал ин ҳикояи бо номи “Гирдгардони сирк” нашр шуда буд, лек як дӯсти азизам дуруст фармуд, ки ин гирдгардон фаротар аз маҳдудаи сирк меравад ва банда пазируфтам.

Пурсиш ва андешаҳои дигаре аз ёрони меҳрубон бароям расид, ки хостам, ин ҷо матраҳ шаванд.

Continue reading

10.07.2018 Posted by | Каме латра, Таҷриба, Тоҷик, Фарҳанг, Ҳикоя, Ҷомеа | | Leave a comment

Жизнь в Сагзистане*

Рассказ о том, как жили и чем дышали советские офицеры в Афганистане за год до вывода войск СССР из этой страны. Впервые на русском. Спасибо Муборак Шариф за прекрасный перевод.

Continue reading

07.05.2018 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Афғонистон, Таҷриба, Ҳикоя | 1 Comment

Ранг барои вожаҳо

Шеваи навишти худро шикастам ва барои худ сабки наве сохтам, ки дар он воқеа андаруни мағзи қаҳрамон ва гӯё дар фазои паҳлуӣ ё мутавозӣ рӯй медиҳад, аммо ҳарду фазо чун кӯзае андар кӯзаанд ё кадучае андар каду. Шояд дар адабиёт чизи наве нест, вале барои ман таҷрубаи нав ва ҳаяҷонбахш аст. Аввал онро дар “Фонуси ёд” озмудам ва ҳоло ҳикояи навам “Ранг барои вожаҳо” низ ҳамин гуна аст.

Он гиромидошти ёди ҳазорон нафар аз масчоиён аст, ки ҳангоми кӯчонданашон аз кӯҳистони сарсабз ба биёбон ҷон бохтаанд ва ҳам эҳдо ба равони як нависандаи бузурги ҷавонмарг ва ҳамаи қурбониёни муҳоҷирати мардум аз кӯҳистони Яғнобу Ғарму Кӯлобу Бадахшон ба даштҳои водии Вахш бахшида мешавад.

Continue reading

23.04.2018 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Фарҳанг, Ҳикоя | Leave a comment

Фонуси ёд

Ниҳоят, пас аз шабҳои зиёди бехобӣ, навиштани ин достони кӯтоҳро ба поён бурдам. Худсито нестам, вале бояд бигӯям, ки чизи хубе навиштам. Сипос мегузорам аз ду дӯсти гиромиям, ки нахустхонандаи ин ҳикоя шуданд ва эроду ишораи онҳо буд, ки камукостиҳояшро дидам ва ислоҳ кардам. Ҳоло кораш тамом шуд. Шумо бихонед ва бигӯед, дар арзёбии кори худ ҳақбаҷонибам ё на? Бихонед ва бигӯед, оё сирри ин достонро пайдо кардед? Оё чеҳраҳо ва макони ошное пеши чашматон омад? Чӣ кунам, роҳи ман ин аст, ки чеҳраҳои воқеиро ба бофтҳои достонҳои худ мекашонам. Ҳамзамонони азизамро!

Continue reading

29.08.2017 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Ҳикоя | 30 Comments