Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Чун парда биафтад…”

Вокуниш ба коре, ки торнамои Викиликз.орг анҷом дод, яъне нашри маълумоти махфии Амрико дар бораи ҷанги Афғонистон ҳатто дар миёни бетарафон гуногун аст. Бархе иқдоми ифшогаронро қаҳрамонӣ меноманд, бархи дигар ноҷавонмардӣ.

Continue reading

31.07.2010 Posted by | Амният, Амрико, Матбуот, Озодии сухан | 2 Comments

Достони алмоси сиёҳ

Ин ҳикояро ҳамчун паёми муҳаббат ба ҳамкурсони азизам, хатмкардагони соли 1982-и бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебахшам, ки ҳеч чизе даҳсолаҳост, ба пайвандҳои ҷонии онҳо газанде наовард. Вале нахуст як нуктаро бояд зикр кунам. Солҳое, ки донишҷӯ будем, аз нависандагон интиқод мекардем, ки чаро дар бораи ҳаёти донишомӯзон наменависанд ё хеле кам навиштаанд.

Continue reading

25.07.2010 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Фарҳанг, Ҳикоя | 23 Comments

Омадан ва рафтан

Яке аз феодалҳои Осиёи Марказӣ аз нукаронаш хост, қонуни наве омода карда, зимни он ба ӯ унвони “пешвои миллат” диҳанд ва минбаъд ин унвонро пеш аз номи ӯ ба кор баранд. Намунаи сирояткунандаест. Шояд ба зудӣ раҳбароне барои пинҳон доштани заъфи камар хостори унвони қонунии “мард” шаванд? Ҳокимият, ки дар даст ҳаст, чаро не? Хоҳӣ, метавонӣ бо тасвиби қонуне худро фил ё шер ҳам эълон кунӣ. Аммо дар амал чӣ?

Continue reading

15.07.2010 Posted by | Инсон, Сиёсат, Худшиносй, Қонун, Ҳолнома | | 13 Comments

Сухан, пуфак ва фасод

Шунидам, хабарнигоре ба маҳзи “дуруст кардан”-и кадоме аз асноди худ бо як мансабдори давлат мусоҳиба оростааст. Мусоҳибаи ногаҳонӣ, бехабар ва бемавзӯъ, ки дар он на саволе аҳамият дошту на ҷавобе ва маълум набуд, ҳадаф аз гуфтугӯ чист. Ин фақат як имконияте буд барои мансабдор, ки аз кори худ ситоиш ва садоқати шахсияшро ба мансабдори болотар таъкид кунад.

Continue reading

07.07.2010 Posted by | Матбуот, Маҳалгароӣ, Тоҷик, Фарҳанг, Худшиносй | | 13 Comments

Тасвири “секс” ва марзи одоб

“Шумо хеле беодобона навиштаед. Махсусан дар бобати муносибати зану мард ва ё тасвири ҷисми зан.” Чунин навиштааст бонуи азизе дар мавриди китобчаи ман “Каме латра”, ки соли 2007 дар нашриёти “Деваштич” дар Душанбе ба теъдоди 500 нусха ба табъ расид.

Бо иҷозаи муаллифи ин нома ва ҳам хонандаи дигаре посухро аз тариқи торнигор пешниҳод мекунам.

Continue reading

05.07.2010 Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Забони модарӣ, Каме латра | | 3 Comments