Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Булбули ғамгусор

Намедонам, онҳое, ки хунёгари хушовоз Муродбеки Насриддинро азият медоданд, зинда бошанд ё не, вале медонам, ки на ҳоло ва на пас аз сад сол ҳам касе номи онҳоро нахоҳад донист. Онҳо мисли партовҳои гандида ба қаъри мурдобҳо фурӯ рафтаанд, мераванд ва хоҳанд рафт. Аммо ҳазорон нафар чакомаҳои Муродбекро бо тапиши дил мешунаванад ва барояш «аҳсант» мегӯянд. Ва ҳамин гуна идома хоҳад кард, чун «танҳо садост, ки мемонад…»

Ёд дорам, донишҷӯ будаму шунидаам, ки  маъмурони фарҳанг яке аз беҳтарин офаридаҳои ӯро («Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир» бар матни Гулрухсор) ба саҳна роҳ надоданд. Ба фикрам, охири солҳои 1970 буд. На танҳо роҳ надоданд, балки ӯро ба хурофоту тақдирпарастӣ ва пессимизм айбдор карданд. Ин дар ҳоле ки оҳангсозони номдор аз шунидани оҳанги сохтаи Муродбеки Насриддин лаззат бурданд ва онро яке аз дастовардҳои мусиқӣ номиданд. Аммо «оқилон» матни хонум Гулрухсорро зидди шодмониҳои низоми коммунистӣ шумурданд ва овозхон маҷбур шуд, барои оҳанги худ матни нав ҷӯяд. Агар имрӯз ин таронаро мешунавед, бидонед, ки он зиёда аз ду даҳсола пеш офарида шуда, танҳо дар давраи истиқлолу озодии Тоҷикистон рӯйи саҳна омад ё дубора зода шуд.

Бархе аз таронаҳои дигари Муродбеки Насриддинро, ки бар пояи осори шифоҳӣ ё фолклорӣ эҷод мешуданд, низ «оқилон»-и болонишин хуш надоштанд ва онҳоро шоистаи саҳна намедонистанд. Ҳоло ба сели таронаҳои кӯчагӣ ғарқ мешаваму ба корҳои он замона хандам меояд. Хандаи хашмолуд.

Мисли ин буд, ки овозхони худододро мешикастанд, рӯҳафода мекарданд, дар чаҳорчӯби сохтаи худ меандохтанд ва маҷбур менамуданд, ки ҳамеша дар сояи дигарон бошад. Агар ба ҷойи ин ғамхорӣ медид, шояд чакомаҳои зиёд ва зебову нотакроре ба ҳаво сар медод. Ӯ метавонист, аз худ як қурбонии зӯргӯӣ ба фарҳангро орояд ва хостори таваҷҷӯҳи ҷомеа шавад. Аммо инсони фурӯтану хоксор ҳаргиз аз пайи обрӯйи сабук нагашта, ба ҳама нокомиҳо ва нописандиҳо мардона тоб овардааст.

Бо вуҷуди ин ҳама фишорҳо Муродбеки Насриддин созанда ва сарояндаи беҳтарин таронаҳост. Садои ӯ вижа, махмалӣ ва дилнишину нодир аст. Нашунидаам, ки беҳтар аз садои ӯ садое «Мезанад борон ба шиша»-ро хонда бошад. Шояд трагизм ва тобиши ғамолуди ин садо буд, ки «оқилон» онро пессимистӣ мешумурданд. Вале ба садои Демис Руссос гӯш диҳед. Ё Игор Талков. Ё ҳатто Давлатманди Хол. Ҳамин тобиш аст, ки ба садо ранг медиҳад. Ва суруд бояд ранг дошта бошад.

Овози Муродбек ба садои булбуле мемонад, ки ҳарчанд аз ишқу фараҳ ба чаҳ-чаҳ омадааст, поёни фоҷиаомези достонро низ медонад ва дар канори нотаҳои шодмонӣ зеру бамҳои ғамангезаш дили моро мефишоранд ва огоҳамон мекунанд, ки зиндагӣ фақат навбаҳори гулафшон нест. Гоҳи дигар ин тобишҳо ба садояш лаҳни ғуруру қаҳрамонӣ ва ҷасорат ҳамроҳ мекунанд. Дар Масчо номҳое бо пасванди «бек» вомехӯранд ва ишора ба онанд, ки пешиниёни шахс аз бекҳои ин маҳал будаанд.

Дар як комёбии радиоии худ ман бидеҳкори устод Муродбеки Насриддинам. Дар бораи нахустин сафари сипасолори бузург Аҳмадшоҳи Масъуд ба Тоҷикистон гузориш таҳия мекардам. Он аз хабар фаротар рафт ва ба шахси ин чеҳраи мондагор печид. Ниёзе пеш омад, ки зиндагӣ ва корномаи Масъуд барои шунавандаи тоҷик бештар шарҳ дода шавад. Дар поёни кор гӯё чеҳранигорие аз Масъуд ба миён омад. Ва чун омадани ӯро ба Тоҷикистон зикр мекардам, ин суруди Муродбекро ба барнома ҳамроҳ намудам:

Ин кист ин, ин кист ин ширину зебо омада,
Сармасту наълин дар бағал, дар хонаи мо омада.
Хона дар ӯ ҳайрон шуда, андеша саргардон шуда,
Сад ақлу ҷон андар паяш бедасту бепо омада.

Ин пайванде буд осмонӣ. Вақте дубора барномаро гӯш кардам, ба тамоми баданам раъша дамид. Донистам, ки чунин эҳсос ба шунаванда низ даст хоҳад дод. Воқеан, баъд аз чандин сол яке аз ҳамкорони ҳунармандам он барномаро ба ёд овард ва гуфт, гузоштани ин суруди Муродбек дар ҷойи муносиби барнома барояш чунон дилгудоз буда, ки дар чашмонаш ашк дамидааст.

Кори ман, ба фикрам, охирҳои соли 1996 ё аввалҳои 1997 дар радио садо дод. Ду сол баъдаш шунидам, ки ҳамин таронаи Муродбекро эрониҳо дар як намоиши телевизионӣ дар лаҳзаҳои берун омадани Имом Хумайнӣ аз ҳавопаймо дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон низ пахш кардаанд. Плагиат? Намедонам. Шояд бузургӣ ва зебоии худи тарона сабаб шудааст. Матни зебои Мавлавӣ бо садои зебои Муродбек ва оҳанги дилчасп.

Мегӯянд, аз шоирон чанд байт мемонад. Пас аз нависандагон чанд достон ва аз овозхонон як ё ду тарона. Ин чакомаи Муродбек бар замми «Мастон саломат мекунанд», “Ҳар гаҳ, ки бо туям», «Рубоиёти Зарафшон» баъд аз сари мо ҳам садо хоҳад дод ва шунаванда ҳам хоҳад дошт. Ва суруди «Ин кист ин» шояд замоне низ садо диҳад, ки Масъуди наве ба хонаамон хоҳад омад.

05.10.2016 - Posted by | Сарнавишт, Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҳунар |

35 Comments »

  1. Аз нигоришоти наккошии каломи устод Салими Аюбзод хеле бардошти амик намудам. Дусти азиз оиди масоли кадру эхтиром гузоштан ба шеъри ноб, сарояндаи мумтози тозакор ва монеахои бемаънии “окилон”-и замони гузаштаи карни 19 изхори назар кардаанд..Собит намуданд, ки истеъдоди комил шабехи хуршеди бомдодист. Хар чи монеаи абри нотавони ва халали хасад зохир гардад, пеши дурахши нури истеъдод натвонанд гирифт. Садои дилошуби Муродбек Насридинов то фазои осмони расида, дигар бо чуби хасуди онро наметавон биронд ва бишкаст. Чун садо ашё нест, бо даст ламс намешавад кард ва пора – пора намуд. Садои хунарпанди хунёгар аз чониби Худо омада ва назди У пазируфта мешавад…

    Comment by shoesteh | 06.10.2016 | Reply

  2. Abduazim Abduvahhob Хазорон дуруду лайкхо!
    Мавлуди бузургмарди хушсадо муборак!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  3. Maryam Davlatova Сипос Салим. Воқеан садои нотакроре дорад, Муродбек! Зодрӯзаш муборак бошад!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  4. Нусратулло Шамсуллоев ·
    Садои Уро хатто булбул надорад.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  5. Umarali Yorov Бехтарин хунарманди точик аст. Зодруз муборак!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  6. Azimjon Badalov Овози ту гар зи боги гулхо ояд,
    Аз байни садои булбулон мешнавам.
    Мелод муборак, булбули ширинсухан!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  7. Sarvar Bekzoda ·
    Зодруз муборак бод акои Муродбек. Сихатманду сарбаланд бошед!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  8. Norim Odinaev ·
    Одатан дар хатми барномаи концертии худ хамаи хофизони зодаи водии Зарафшон дубайтихои зарафшониро месароянд, хамааш бо як лахни зебо , барои ман бошад он дубайтихо бо овози акаи Муродбек хело табии мебарояд…
    Сарбаланду тансихатии Шуморо орзу дорем.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  9. Муллозухур Тохири АКАИ МУРОДБЕК САД СОЛА ШАВЕД

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  10. Ноза Сулейманова ·
    Метабрикем!!!!!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  11. Хуршед Атовулло Муборак бошад устоди азиз! Харгиз овози Шумо хаста нагардад!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  12. Бобочон Шафеъ Муборак бошад!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  13. Нозимчони Мансурзода ·
    Зодруз муборак бод, устоди ширин каломи МО.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  14. Имомиддини Асли ·
    Акои Муродбек хунегари нотакроранд,сурудахояшон зиндагиро бо хама тобишхояш инъикос менамояд.Шодию гам,хайру шар,дустиву душмани,мехри Ватану модар,ишку мухаббати пок дар сурадахои эшон мавкеи хосро ишгол мекунад.Рубоиети мардуми водии Зарафшонро бо санъати баланд месароянд.Овози маргуладорашон хеч гох хаста набошад.Зодруз хучаста бод.акои Муродбек!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  15. Ёкубджон Дустбоев Устод Муродбек Насриддинов вок,еан х,ам нобигаи саньату х,унари точ,ик х,астанд. Зодруз муборак бод !

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  16. Шариф Муллоев Зодруз муборак бошад! Хамеша саломат ва овозатон хаста набошад!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  17. Анваршо Зиёев ·
    Овози Муродбек ба садои булбуле мемонад, ки ҳарчанд аз ишқу фараҳ ба чаҳ-чаҳ омадааст, поёни фоҷиаомези достонро низ медонад ва дар канори нотаҳои шодмонӣ зеру бамҳои ғамангезаш дили моро мефишоранд ва огоҳамон мекунанд, ки зиндагӣ фақат навбаҳори гулафшон нест. ОФАРИН!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  18. Khurshed Andamov Табрику табрик ва боз ҳам табрик, аз ҳунарманди дилу дида!!!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  19. Esfandiar Adineh Зодрӯзи ин хунёгари хушалҳон хуҷаста бод! 🙂

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  20. Шахриёр Олими Муборакашон бод!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  21. Inoyatullo Yusupov Ҳамин қадар мефаҳмам, ки акои Муродбек инсони заминӣ буда, тараннумгари шодию дарди мардум ва аз ҷумла тамоми табиати нотакрори тоҷику Тоҷикистониён аст. Зодрӯз муборак бошад, булбули хушсадо!!!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  22. Хаётой Муминова ·
    Акои азизам , хамкасби бенихоят бахурматам Устод Муродбек ! Мавлудатон хучаста бод !!!!!

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  23. Хайрулло Гафуров ·
    Зодруз ба устод муборак бод. Иносни комил ва хунарманди асиланд.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  24. Bobojon Samiev Ба устоди азизу ширинкалом Муродбеки Насриддин, ки савту сурудашон хамеша ба дилхо фарах меовараду хамовора мусаххар мекунад чашни мавлудро самимона муборакбод мегуям. Хамеша тансихат, бошанд, овозашон хастагиро эхсос накунад.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  25. Тухфа Ахмедова Боиси хушнудист, бо ин сарояндаи мумтозу бемисл аз соли 1974 шиносаму мунтазам сурудхояшро бо шавк гуш мекунам. интихоби шеьру оханг ва тарзи суруданаш басо гуворою рохатбахш аст. Холо, ки бахорам нагузаштаасту бие… хамеша вирди забони мухлисон аст. Муродбекро баробари Ахмад Зохир дуст мепарастам. Илохо умраш дарозу танаш солиму бахту комебихо хамеша насибаш бошад. Зодруз муборак хофизи хушсадо.

    Comment by aioubzod | 06.10.2016 | Reply

  26. Далер Гуфронов Яке аз хунармандони асили фаромарзи… Худованд сари баландашонро хифз бинамояд!

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  27. Латиф Хадязода Шод бошу дер зи!

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  28. Кодиршои Мурувват Боре устод Муъмин Каноат дар Бишкек ба манзили хоксоронаи банда ташриф оварданд.Ёдам меояд,сабти навохои Муродбеки Насриддинро дар манзил доштам ва хамин оханги фармудаи окои Салими Аюбзодро мунтазам гуш мекардам ва аз гуш карданаш сер намешудам.Замоне мутаваччех шудам,ки устод Каноат ба дахлези кошонаи мо дорад пой мемонад,хамин суруди” Ин кист,ин кист”-ро ба садо дароварда ва устод Каноатро пешвоз гирифтам.Чандин сол гузаштааст аз он лахза ва аммо барои хамеша дар гушаи хотирам накш бастааст.

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  29. Фазлуллох Амонбоев ЗОДРУЗ МУБОРАК УCТОДИ АЗИЗ

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  30. Салима Ахмедова ·
    Хушрузихо .хонаободи.сарфарозиро бароятон таманно доремИстеъдоди худододи шумо доимо шукуфон бошад ва лахзахои ширин боз хам бисертар ба шунавадагони шумо настб гардад!!!

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  31. Abdul Mir · Friends with Саидшо Акрамов and 13 others
    Устоди мухтарамро бо зодрузашон табрику муборакбод мегуем. Илохо саломат бошанду хамин хел чавон бошанд.

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  32. Inom Kalonov · 4 mutual friends
    Zodruzaton muborak shavad Ustodi Aziz !!! Ba Shumo salomati va umri darozi purbarakatro orzumandam.

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  33. Inoyatov Umedjon Худованд то ҷовидон сурудхоят танинандоз бод, Зодруз муборак эй марди хушовоз! Ҳазор сол бизӣ, Садҳазорсол бизӣ!

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  34. Abdusaloh Rasulov Зодрузи хунйогари асилро шодбош мегуям, хаста набошанд!

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply

  35. Абдурауф Махмудов · 16 mutual friends
    Зодрӯз муборак ҳамеша ҷавон бимонед

    Comment by aioubzod | 07.10.2016 | Reply


Leave a comment