Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Одами хуб?

safedusiyohЁдам нест, аз кадом дӯсту ҳамнишинонам чизи ҷолибе шунида будам, ки нашояд инсонро “хуб” ё “бад” номид, чун инсонҳо хубу бад нестанд, балки ин одатро доранд, ки корҳои хуб ё баде мекунанд. Бояд ба хубӣ ё бадии кирдори онҳо таъкид кард, на бо як сифат ба таври куллию мутлақ гуфт, ки фалонӣ одами хуб асту он дигарӣ одами бад.

Вақте ин ченакро дар баробари атрофиён ба кор гирифтам, хеле чизҳо бароям иваз шуд. Нигоҳам ба воқеият тағйир кард. Ростӣ, чаро бояд якеро “бад” номиду дигареро “хуб”? Охир Ине, ки ман ӯро бад мешуморам, шояд танҳо ба ман бадие карда ва ба дигарон некиҳои зиёд расонда. Ё Онеро, ки ман инсони хуб меҳисобам, эҳтимол чӣ бадиҳои ногуфтание ба дигарон кардаву фақат бо ман нек буда? Сухан аз навъи одамони ислоҳнопазир нест. Одамкуш барои ман ва ҳамагон одамкуш аст, дузд дузд, фиребгар фиребгар. Вале оё метавон бо камоли бовар гуфт, ки ҳатто бадтарини онҳо низ, ки бадӣ ба хосияти ҳастияш табдил ёфтааст, ислоҳнопазир аст? Агар чунинҳо вуҷуд дошта бошанд ҳам, манзури ман онҳо нестанд. Ман одамони одиро дар назар дорам.

Аммо ёдам ҳаст, ки он нуктаи ибратомӯзро ман аз як шахси ғарбие шунида будам, ки мактаби мудирияти ғарбиро ба поён бурдааст. Ман аз Шарқ омада будам. Дар Шарқ одам ё ба некӣ ном мебарорад ё ба бадӣ. Низоми Шӯравӣ маро ҳамин гуна парварда буд. Ё сафед ё сиёҳ. Ё дӯст ё душман. Касе бо мо нест, душмани мост. Як сабаби сахтҷонии режимҳои пасошӯравии худкома низ ҳамин аст, ки мардуми зери дасти худро ҳамеша дар ҳоли интихоб нигоҳ медоранд. Ё бо манӣ ё вуҷуд нахоҳӣ дошт. Ё таъзим мекунӣ ё сарат аз тан ҷудо. Ё мадҳия месароӣ ё ҷоят кунҷи зиндон. Заҳри шӯравӣ на танҳо аз ҷисми пасошӯравиён берун нарафтааст, балки ҳамоно аз насл ба насл мегузарад ва ҷавонони имрӯза ғуломтар аз ҷавонони замони шӯравиянд.

Ин дареғро ҳам бояд хӯрд, ки дар ватани мо идеологияи шӯравӣ бо одоби шарқӣ омезиш ёфт. Шарқ ҷамъи шарқ. Эҳтироми калонсолон ҷамъи хешутаборбозӣ ҷамъи маҳалгароӣ ва ҷамъи хушомадгӯиву пойбӯсии шарқиёна. Ва ҳамаи ин дар ниқоби садоқати ҳизбӣ ва идеологӣ, ки дар асл тарсу ларз, худкамбинӣ ва маишатпарастӣ мояи асосияш буданд. Шояд ин ҳама нақши бузург дошт, ки суханони дӯсти ғарбиям ба ман писанд оянду чашмонамро боз кунанд. Баъд аз ин ҳама сол ва дар ин қуллае аз умр!

Интизори инро дорам, ки хонандае хоҳад гуфт, агар ман дар Шарқ ин нуктаи содаро наомӯхта бошам, айби Шарқ чист? Гуфтам, айби аввалаш идеологияи коммунистӣ, ки томгароёна буд ва дигарандеширо чашми дидан надошт. Ҳамсолони ман ба ёд оранд, ки дар китобҳои дарсии мо аз синфи 1 то 10 чӣ чизҳое буд. Адибони мо то ҳанӯз шиори “партиявияти адабиёт”-ро аз гӯш берун наандохтаанд ва ҳамдигарро ба узву ноузви иттифоқи идеологияшон тақсим мекунанд. Ҳанӯз дунболи қаҳрамонони мусбату манфӣ мегарданд. Шояд ҳанӯз китоби алифбои ҳамдиёрони хурдсоли ман аз портрети ягон доҳӣ оғоз мешавад. Дар деги мо аз хурдсолӣ чизҳое мерезанд, ки баъди даҳсолаҳо ба кафгир меояду меояд…

Айби дувум, ки нагузошт, ман ин нуктаро солҳо пеш омӯзам, шояд ноошноӣ бо китобу рисолаи ниёкони дурам буд. Ҳадс мезанам, ки агар Сино инро нагуфтааст, шояд Розӣ гуфта ё бузургвори дигаре ҳатман ин мавзӯъро баҳс ва ҳал кардааст. Намедонам. Ин китобҳо дастрас набуданд ва то ҳол низ на ҳамаи он мерос ба дасти ворисон расидааст. Вагарна, чӣ нуктаи содае! Одам хуб ё бад намешавад, балки корҳое мекунад, ки барои атрофиёнаш метавонанд хуб ё бад бошанд. Шояд ҳам бузургони гузаштаи мо инро нагуфта бошанд. Агар мегуфтанд, мисли садҳо сухани Саъдӣ дар ин ё он шакл аз пирон ба ҷавонон ва замони пирии ин ҷавонон ба ҷавонони дигар мегузашту то ба ман мерасид.

Росташ, шакки ман бештар аст, чун дар фарҳанги мардуми мо категорияҳои “одами хуб” ва “одами бад” аз санги хоро тарошида шудаанд. Агар мехоҳед, худ як пажӯҳиши хурде кунед. Аз дӯст ё ҳамсояи худ пурсед, оё фалониро мешиносад? Посухдиҳанда ё аҳлу авлоди он касро мисол мезанад ё касбу вазифа, хонаи дуошёна, тамғаи мошини фалониро номбар мекунад (Як “Мазда”-и сафед дорад) ё чизҳое мисли ин ва агар аз ӯ зиёне надида бошад, мегӯяд, “одами (бачаи, йигити, инсони…) хуб аст.” Фалонӣ агар боре гурбаи дӯст ё ҳамсояи шуморо “пишт” гуфта бошад, характеристика кӯтоҳ хоҳад буд: “Одами бад (ношуд, ноаҳл, бераҳа, баднафс, найрангбоз…) аст”. Вай корҳои хуб ё бади он касро мисол намеорад, то қазовати ниҳоиро дар ихтиёри шумо гузорад, балки мисли довар тамғаву мӯҳри сафед ё сиёҳро ба пешонии он шахси номаълум мезанад.

Ҷузъи фарҳанги мо будани чунин бархӯрдро чизи дигаре низ муайян мекунад, ки агар фалонӣ корҳои зиёди бад ҳам карда бошад, мо одат дорем, гӯем, ки “одами хуб аст.” Дар ин ҳол “одами хуб аст” мисли омурзиш ё бахшише садо медиҳад: Оре, чанд нафарро куштааст, моли мардумро дуздидааст, кори худро ба дурустӣ намедонад, раҳме ба дигарон надорад, аммо одами хуб аст.

Ба ёдам меояд, солҳое, ки дар бинои Иттифоқи нависандагон кор мекардам, дар бораи адибе мегуфтанд, “он қадар шоир ҳам нест, аммо бисёр одами хуб аст.” Ҷавон будаму ҳайрон мешудам, ки кадоме беҳтар аст, шоири хуб будан ё одами хуб будан? Фақат талош накунед, масали “олим шудан осон, одам шудан мушкил”-ро ба ин баҳс даромезед. Нагуфтаанд, “олими хуб шудан осон, одами хуб шудан мушкил”. “Одам шудан” ё “одам нашудан” як баҳси дигарест. Ҳоло ба атрофи худ нигаред ва бубинед, ба чӣ касоне “одами хуб” мегӯянд ва барои чӣ. Оё он касон мутахассиси кордонанд ё фақат “одами хуб”? Ба ин ҳам диққат кунед, ки “одамони хуб” танҳо хубӣ мекунанд, ё бадӣ низ аз онҳо пеш меояд ва баръакс. Оё имкон дорад, як шахс барои ҳама “одами хуб” бошад ва шахси дигар барои ҳама “одами бад”? Хубие аз “одами бад” чӣ арзиш дорад ва бадиеро аз “одами хуб” чӣ гуна хоҳед пазируфт?

Шояд ин ҳама саволҳои ман ва андешаҳое, ки дар миён гузоштам, баҳсбарангез бошанд. Бад нест, агар бо ҳам ин ҷустуҷӯро давом диҳем. Ҳар кас барои худ ва ҳама барои ҳамдигар. Мо одамони хубем ку!

30.12.2012 - Posted by | Баҳс, Донишнома, Инсон, Таҷриба, Фалсафа, Худшиносй

14 Comments »

  1. “нашояд инсонро “хуб” ё “бад” номид, чун инсонҳо хубу бад нестанд, балки ин одатро доранд, ки корҳои хуб ё баде мекунанд.”

    Ба акидаи шумо Толибони хунхур инсонхои хубанд Не харгиз
    Баду- хуб сиеху-сафед … инхо хама табии хастанд
    Агар дар ашори шоирон нигох кунем хамавакт баду хуби инсонхоро гуфтаанд
    Бо бадон бадбошу бо некон нек,Чой гул,гул бошу чой хор ,хор,
    Дар менталитети точики бисертар мо бадбиниро мушохида мекунем ки ин аз бахили ва ракобати носолим аст

    Comment by TOJDOR | 30.12.2012 | Reply

  2. Салимчон масъаларо тобиши фалсафи додаанд. Новобаста аз шакли чамъият баду нек аз кадим хастанд, вагарна мафхуми мукоиса арзи вучуд намекард. Инак киссаи хурдакак. Соли пор буд ва аввали бахор. Ман назди бинои истикоати, ки иборат аз 108 оила аст, барои дарахт шинондан чой тайёр мекардам. Чун 21 дарахти хурмо шинонидан пеш меомад ман бо азобе замини сахтро бо зогнулу бел кофта чойи хар нихолро омода мекардам. Чун навбат ба 12 ум чойкани бо як чахон чонкани омода мекардам, хамсояе дастхо дар миён дошта, болои сари ман хозир шуд ва як даст дар миён ва бо дасти дигар ангушти ишорат ба ман карда хар дам мегуфт инчо бел зану унчо зогнул. Ман то чанде тавонистам тахаммул кардам, аммо аз хадд гузаронд, ки гуфтам ба чойи ба ман ангушти ишорат кардан белро гиру як чукури кан! Сахт ранчиду пас рафт ва бо ман ногап гашт. Ман уро бад медидам ва дар дилам мегуфтам хело одами бад аст. Чанд бори дигар хини вохури ба охистаги хамсухбат шудем, дарк кардам, ки хело одами хуб аст. Дар сухбате гуфтам, чаро хамон вакт даст дар миён доштаву ба ман супориш медоди? Гуфт он вакт миёндард (радикулит) будаму миёнро хам карда наметавонистам. Акнун дарк кардам, ки у не, ман одами хуб набудаам, ки нисбати он бародар бадгумон шудам. Холо харду дусти хубем ва гумон мекунам, ки мо харду бади хам дорем, хуби хам. Шумо чи гуфтед?

    Comment by Мухаммадюсуф | 31.12.2012 | Reply

  3. Az Facebook:

    Фахриддин Курбомадович Устои гироми, гумон кунам дигар хочат ба баёни назаре нест, чунки худи Шумо дар матлаб хам бисёр посухи кавию рушане додаед, ки “одам хуб ё бад намешавад, балки хислати хуб ё бадро дорост”!
    19 hours ago via mobile · Like

    Comment by aioubzod | 31.12.2012 | Reply

  4. Salim Aioubzod Ташаккур, аммо боз ҳам шубҳа ба навиштаи худ дорам. Хеле зиёд дар байни мардуми мо гуфта мешавад, ки фалонӣ хуб асту фалонӣ бад. Мисли ин ки ҷомеаи мо аслан дар талоши ислоҳи аъзои худ нест ва фақат дар эълони ҳукми қатъӣ ва ниҳоӣ устухон надорад.
    18 hours ago · Like · 1

    Comment by aioubzod | 31.12.2012 | Reply

  5. Bakha Rakhmonov Халки моро факат дар гайбат мон дигар кор надоранд
    18 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 31.12.2012 | Reply

  6. Илҳоми Муҳаммадиброҳим Саломат бошед, бузургвор, ки аз руи одат матлабхои тозаву созанда менависед. Оиди мавзуъ, ба фикрам кас , масалан вакте дар бораи нафаре иттилоот мегирад, ки одами бад аст, пас хар боре бо у корафтода ё хамсухбат шуд, дар гуфтору рафтору кирдори у бадй мечуяд. Ва майдатарин нуксхое, ки кариб хама дорост ба назар азим метобанд ва одами бад буданаш тасдики худро меёбад.
    10 hours ago via mobile · Edited · Like · 2

    Comment by aioubzod | 31.12.2012 | Reply

  7. Sarmaddil Hikmatyor ба фикри камина .илова ба гуфтахои Устод,ночури ва созгор наомадани муносибат ва хислату чахонбини инсонхоро ба хам бегона месозад:Тошмат барои чор нафар инсони бад аст .аммо барои ману дустам инсони хуб ва хатто комил!!!
    11 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 31.12.2012 | Reply

  8. Salim Aioubzod Вале ба сурати умум реша адар куҷост ва ин реша аз куҷо об мехӯрад?
    8 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 31.12.2012 | Reply

  9. Шариф Холов Одам неку бад намешавад. Танхо ахлоки у метавонад неку бад бошад. Агар хамаи инсонхо ахлоки хамида дошта бошанд, ба фикрам, зиндаги боз фачтар мешавад. Хамин инсонхои ахлокан вайрон хастанд, ки боки аз амали зишту нораво андеша мекунанд. Якранги дилбазан аст.
    6 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 31.12.2012 | Reply

  10. Абдулло Ходжаев Зиндаги ва одамон албатта , ба истилох, “рангоранганд”, зиёда аз ин, одамон метавонанд, дар вобастаги аз мухиту шароит “ранги” худро таъгир диханд… Аммо чахонбинии дуранга, ба фикрам, ба мо аз Зардуштия мерос мондааст, ки тамоми чахонро ба офаридахои Худои неки – Хурмуз, ва Худои бади – Ахриман, таксим карда буд.
    5 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 31.12.2012 | Reply

  11. Sarmaddil Hikmatyor хамаи рафтору гуфтору амали мо ,шарифию касифии инсонхо як реша дорад ва он ХОСТАИ КУЛЛ АСТ…
    5 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 31.12.2012 | Reply

  12. Salim Aioubzod Сармаддили азиз. Шумо гуфтаниед, ки “ҳар неку баде, ки ояд аз ман ба вуҷуд…”?
    10 minutes ago · Like

    Comment by aioubzod | 31.12.2012 | Reply

  13. Sarmaddil Hikmatyor БАЛЕ ,аммо манзури ман на танхо ин аст,ки сарнавишт бошад сабаби аслии баду нек будан ,балки болотар аз ин низоми офариниш марбут ба неку бад ,пасту баланд ,сиёху сафед,яъне зидхо, бастагии комил дорад мегуянд …
    a few seconds ago · Like

    Comment by aioubzod | 31.12.2012 | Reply

  14. Ба фикри ман агар ба маънои асосии калимахои “ХУБ” ва “БАД” ахмият дихем – як хулоса мебарояд. Хуб хуби аст, бад – бади. Чи тавр одами нек бошад ба кори бад даст зада метавонад. Табии, манави, мадани одами хуб кори бадро ба худ писанд намекунад. Як руз вай одами нек – дигар руз вай одами бад аст? Одам инсон дорад е вай инсон надорад. Рудаки фармуданд: Марди набувад фитодаро пой задан, гар дасти фитодаро бигири марди. Нагуфтанд-ки нафорад ба пой зан, форад даст дароз кун. Яъне мард боши ин рох, набоши рохи дигар. Шиори зардуштон (динни кадими форсзабонон) – Пиндори нек, Гуфтори нек, Кирдори нек. Дар бораи бади гап тамоман намеравад. Дар як асар Солженицин (нависандаи рус) инро менависад. Дар махбас (солхои 37 асри 20) ба як зан гуфтан-ки дар бораи як одами рухони маълумоти бад дихад е ахволаш хеле бад мешавад. Зан чавод дод – чи коре кунетон ман ин кор-ро намекунам ва ин корро накард. Ба худ чи будани хубиро хал карда буд. Ва ин зан фикр намекард ба дигарон ин кор маъкул аст е на. Устувори инсони дошт. Ва фарк надорад одами Шарки е Гарби. Инсон дар хар замон ва дар хар чой инсон аст.

    Comment by Peter | 31.12.2012 | Reply


Leave a comment