Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ситоиш аз “беморон”

Аз фарзандони худ ҳамеша талаб мекардам, ки дар ҳар як кори худ бодиққат, муназзам ва озода бошанд. Аҷиб аст, ки аз куҷо ин нукта ба зеҳнам нишастааст. Падари бузургворам чунин насиҳате ба ман накарда буданд. Хира-хира ба ёдам меояд, ки омӯзгори мактаби мо барои иншое, ки тозаву муназзам, бе хат задану ранг чакондан навишта шудааст, баҳои баландтар мемонд.

Ва дар хурдсолӣ аз як намоиши телевизионӣ шунида будам, ки мактуби озода ва хушхат баёнгари фарҳангу одобу ахлоқи инсон аст.

Имрӯз хондам, ки бисёре аз корҳои бузурги ҷаҳониро одамони беназм ва ҳатто бемор анҷом додаанд. Онҳо синдроми Аспергер, дислексия ва беназмии марбут ба камбуди диққат доштаанд. Бемории аввал шохае аз аутизм аст ва кадом рӯз, ба ҳамин наздикиҳо дида будам, дар Тоҷикистон гурӯҳи мубориза бо аутизми кӯдакон таъсис шудааст. Оё зарур аст?

Аз онҳое, ки имрӯз бо чунин бемориҳо дар саргаҳи фанновариҳои нав истодаанд, метавон Стив Ҷобс, Ричард Брансон, Ҷон Чамберс, Марк Зуккарбергерро ном бурдаанд. Гуфта мешавад, бунёдгузорони “Форд”, “Ҷенерал Электрикз”, Айбиэм, Икеа ва ғайра низ ба ин бемориҳо гирифтор будаанд. Инҳо касонеанд, ки қолабшиканӣ карданд ва дунёҳои наверо барои инсоният кашф намудаву ба мерос гузоштанд. Ба навиштаи маҷаллаи “Экономист” (ҳафтаи аввали июн), ҳоло ширкатҳои бузург ва пешрафта, на “писарони боодоб” ва “дидадарою фармонбар”, балки худсарон, девонамизоҷон, бедиққатону беэҳтиётҳо, хуллас, онҳоеро, ки одамони маъмулӣ монанд нестанд, ба баландтарин мансабҳо ҷалб мекунанд.

Фикр кардам, шояд замони бӯҳронии мо, ки ҷаҳон ба бунбасту наздик шудаву намедонад, чӣ гуна бо роҳҳои маъмулӣ пеш равад, чунин талаботро ба миён овардааст. Шояд ҷаҳони имрӯз, ки ҳар сония як уқёнус иттилоъро ба сари кас фуруд меорад, маҳкум ба зодани чунин нобиғаҳоест, ки на ба ҳама чиз эътибор намедиҳанд, корҳои зиёдеро ба ҳарҷу марҷ ва каҷу килеб ба сар мебаранд, аммо дар як риштаи танги дӯстдоштаи худ ба баландтарин қуллаҳо мерасанд. Вале пас аз каме пажӯҳиш маълумам шуд, ки нубуғи “номуназзамҳо ва худсарҳо” хоси фақат даврони мо нест. Нютону Нострадамус, Черчиллу Наполеон, Мотсарту Бетҳовен, Пою Толстой, Пикассою Далӣ ва садҳо нафари дигар низ аз ин бемориҳо доштаанд.

Ҳамзамон як рисолаи олими руси муқими Қирғизистон Олег Богданов ба ёдам омад, ки мегӯяд, миллатҳое, ки бо як роҳи рост пеш мераванд, оқибат маҳв мешаванд, вале онҳое, ки аз пастию баландиҳои зиёд мегузаранд ва роҳашон низ каҷу килеб аст, пирӯз мешаванд.

Баъзан мо ба атрофиён аз он зовия менигарем, ки муназзаму покизакор бошанд. Фикр намекунед, мо бо ин тақозои худ фақат мехоҳем, ҳаёти худро сабуктар кунем? Оё дар мавриди фарзандон ҳам чунин нест? Бо роҳи росте, ки мо мехоҳем, раванд ва ба ҷое расанд, ки мо мехоҳем, на худи онҳо? Иродаи онҳо бояд дар қабзаи мо бошад. Камтарин ангезаи мустақилияти атрофиён ва махсусан фарзандон ҳисси диктаториро дар ботини мо бедор мекунад. Вале оё беҳтар нест, раҳбар, мушовир ва дӯсти онҳо бошем, на довар, муфаттиш ва додситон? Магар бо ин роҳ ба пешрафти бештаре нойил нахоҳем гашт?

Ба ҳар ҳол, пеши худ тасмим гирифтам, ки барои фарзандон бояд устод буд, на довар. Ҳарчанд намедонам, ин қарори ман то куҷо мустаҳкам аст. Эҳ, зодаи Шарқ!

10.06.2012 - Posted by | Баҳс, Донишнома, Илм, Инсон, Табиат, Таҷриба, Фарҳанг

11 Comments »

  1. Акои Салим, салом. Маводи шуморо хондаму фикрронихои худам сари ин мавзуъ ба ёдам омад. Такрибан 10 сол пеш айнан чунин фикрхо дар сарам чарх мезаданд. Дар хакикат начиб аст, ки шахсони аз чихати аклони заиф метавонанд дар як риштаи алохида ба комёбихо муяссар шаванд. Ба фикрам ин кори Худованду табиати офаридааш аст.
    Бо мулохизахоятон розиям ва ман хам чунин мехисобам, ки ба фарзандон на довар, балки устод, дуст ва намуна бояд бошем. Вале баробари ин бояд фаромуш накунем, ки фарзандони мо зодаи Шарканд ва он одоби шаркии мо, хисси шарму тахаммулкори ба хар хол бояд дар вучудашон бошад. Мо дар асри 21 карор дроем, асри чахонишави ва ин албатта таъсири худро ба тарбияи фарзандони мо мерасонад. Новобаста аз он ки онхо солиманд ё гирифтори беморие, фарзанди мо бояд пеш аз хама инсон бошад. Инсон ба маънои томаш. Яъне нафаре бошад, ки хислатхои бехтаринро ба худ гирад. Он хислатхои накуеро, ки дар хамаи китобхои мукаддаси руи замин омадаанд. Албатта онхоро мо бояд ба онхо талкин кунем ва худ намуна бошем.

    Масалан, ман дар куча бо набераам Анохито занеро дидам, ки либосаш даридаю кариб нимбарахна дар куча парешон мерафт. Маълум буд, ки авзояш бечо аст, бемор аст. Анохито ба у хеле нигох кард, аммо ман вонамуд кардам, ки уро надидам ва тарафаш нигох хам намекардам. Наберачаам аз ман пурсид:
    – Очачон, (у маро чунин меномад) барои чи ба он зани ачоиб нигох накардед? О шумо уро дидед ку?
    Ман чавоб додам: – Барои он нигох накардам, ки у аз нигохи мо шарм медорад. Вай худаш бемор аст ва аз кори кардааш бехабар аст. Мо набояд ба нотавонию айби дигарон нигох карда истем, набояд бешармона тамошо кунем, зеро дар асл ин айби мо аст. Бояд аз назар афкандан ба чунин холат шарм кард.
    Албатта Анохито холо 7 сол дораду ба маънои аслии суханони ман шояд хеле дертар сарфахм равад. Ба хар хол ин хам як ибрат буд барояш, ба фикри ман.
    Шояд ин мисоли ночиз бошад, вале дар тарбияи фарзанд гумон мекунам хама чиз мухим аст.

    Дар мавриди махв шудани миллате, ки бо рохи рост меравад гуфтаниам, ки тамоми дунё тавре маълум аст ба шарофати таззоду мукобилият вучуд дорад. Хатто курраи замин (тамоми системаи офтоби) дар натичаи куввахои физикии мухталиф, ки ба якдигар мухолифанд иктидореро пайдо мекунанд, ки муаллак дар кайхон чой гирифтаанд (закон всемирного тяготения). Ин конуни табиат аст , ки танхо дар мукобилияти куввахо, ходисахои табиат, хубию бади, рушанию торики, хандаю гирья, шодию гам ва хушбахтию бадбахти ва дигару дигархои ба хам мукобил хаёт кувват мегирад, авч меёбад, дигар мешавад, пеш мераваду тагйиротро ба вучуд меорад.
    Худо кунад, ки ватани мо хам пас аз хама мушкилихою бурдборихо боз хам пуриктидор шаваду фарзандони мо дар сарзаминиашон хаёт ба сар баранд, на дури аз у чуянд.

    Барои маводи хонданбоб ташаккур!

    Comment by Lola | 13.06.2012 | Reply

    • Ташаккур барои ин шарҳе, ки аз навиштаи ман дида ба маротиб беҳтар аст. Ба ҳар ҳарфи Шумо розиям ва сипоси хос барои тасвири он лаҳзаи хотирнишине, ки Аноҳито шоҳидаш буд. На, ин мисоли хурд нест, балки хеле илмист, чун фарзандони мо аз китобу омӯзгору мардуми атроф дида, бештару пештар аз ҳар сухан, нигоҳ, рафтор ва андешаи мо ибрати абадӣ мегиранд. Мо набояд падар ё модаре бошем, ки ба фарзанд як чиз бигӯем, аммо дар лаҳзаи амал кори дигар бикунем. Ҳатто хурдсолтарин тифл ҳам ин тазодро хоҳад ҳис кард ва дар ёд гирифт. Аноҳито шояд ба умқи маънии ҳарфи Шумо нарафта бошад, аммо дарсе гирифт, ки солҳову солҳо дар ботинаш боқӣ хоҳад монд ва мушовири ҳаёташ хоҳад шуд.

      Дар бораи роҳи рост ҳадси маро ба беҳтарин шакл шарҳ додаед ва онҳое, ки агар ҳарфи маро дуруст нафаҳмиданд, аз ёрии Шумо баҳравар хоҳанд буд. Боз ҳам ташаккур.

      Comment by aioubzod | 19.06.2012 | Reply

  2. Cалом Акои Салим,

    Муддати хеле тулониест, ки торномаатонро ташриф наоварда будам. Ба шумо комменте гузоштам, ки

    берун аз мавзуъ аст. Лек агар фикри баен намоед, миннатдор мешавам. Бигзор дар торнома бошад.

    Бо эхтиром, Мехмон.

    Поени Дусти

    Рафике хабарам дод, ки фалониро дидам аз хорич баргаштааст ва туро пурсон шуд. Гуфт, ки аз у пурсон шудам ки кай вакте дорад то дустон чамъ оем ва бо у сухбате ороем. Гуфт, ки чоеву вактеро аник кунед, то ман низ ончо хозир шавам. Ба хабари рафик гуфтам, ки алъон хеле бандам то махфиле ороем ва сазовор ба сухбати он рафики тоза аз хорич баргашта шавам. Чунки медонистам, ки ин маънои онро дошт, ки «ташкили» аз хисоби мо бояд шавад. Хуб медонистам, ки рафики мо забоншинос буд, вале сарфакортар аз иктисоддонхо. Пас аз шунидани ин хабар лахзае ба фикр фуру рафтаму он лахзахое ба ед омад ки бо у ошно гаштаам. Чанд сол пештар у дар факултаи забонхои хоричи тахсил дошту банда дар иктисодиет. Гох – гох уро бо дигар рафикон медидам, ва рафта – рафта бо хам рафики наздик гардидем. Баъзан бо суолхои вобаста ба дарси забони инглисиам ба у мурочиат мекардам. Пас аз хатми донишгох у муаллими забони англиси гашту ман ба бонке ба кор даромадам. Гох-гох вомехурдем ва дустии баде хам надоштем. Азбаски хеле бенавоена мезист, харакат мекардам ки ба кадри имкон кумакаш намоям. Пас аз чанде корхои рафикам бехтар гаштанд ва у кам – кам бо хар гуна барномахо ба хорича сафар мекардаги шуд. Банда уро яке аз дустони бехтарини хеш медонистам. Вале хамеша аз касони дигар мешунидам, ки у ба сафари навбати рафтааст. Пас аз чанде, уро дар куча вомехурдам, ки одатан узрхохи мекард ки хеле сафари очил дошт ва фурсати хайрухуш надошт. Боре шунидам, ки дар Амрикост ба у мактубе кардам ва раками телефонашро гирифта ба у занг задам. Гуфт, ки пас аз чанде ба Точикистон бармегардад. Азбаски банда низ мустакилона забони англисиро меомухтам, аз у овардани як дона китоби Тойфлро хохиш намудам. Зуд чавобам дод, ки борхояш вазнин аст, ва имкони овардани як дона китобро ба ман надорад. Каме асаби шудам, ки у чи гуна дуст аст ки дар борхалтааш барои ба ман овардани китобе чой надорад. Агар ман будам, хеч гох чунин намекардам. Пас аз ин, ин ходисаро дигар ба хотир наовардам. Ва чун хамешаги рафикиамон идома ефт, уро хеле эхтиром мекардам ва хар гох чизеро пурсон шавад мекушидам, ки кумакаш кунам. Пас аз чанде азми тахсил ба хоричаро кардам ва ба хонааш рафтам то аз у бипурсам агар имкон дорад, бо хам барои супоридани муколама (interview) тайери бинем. Чавобаш хеле дагалона буд, он чунон ки гуе ман на дусти наздикаш балки яке аз садхо донишчуенаш бошам. Яъне, агар хохи ба муколама тайери диданро бие ва дар дарсхои ман дар донишгох иштирок намо. Ва хамаи ин бо як оханги нописандона. Гуе ман бехабар аз ин муаллимони англиси бошам, ки аглабашон англисиро хуб балад нестанд. Чизе нагуфтам ва аз хонааш берун шудам, ба худ гуфтам ки дигар аз у маслихатеву кореро пурсон нахохам шуд, ба бегонагон мурочиат хохам кард, ки маблагашонро мегиранд ва кори касро ба сомон мерасонанд ва бо ин тамом, на ту дигар аз у чизеро интизори ва на у. Пас аз ин муддати тулоние дар хорича будам, гох-гох мактубаш мекардам, чавобхои хеле кутох медод. Азбаски ин оханг бандаро асаби мекард, дигар хамаро катъ кардам. Хатто табрикот дар рузи зодрузро низ катъ кардам. Холо мебинам, ки кам-кам аз ин рафики собик мактубхо меоянд, к ибо суханоне чун «Бародари азиз», «Дусти азиз» огоз ефтаанд ва оханги онро доранд, ки ин дуст, гуе хохиши аз сар гирифтани дустиро дорад. Ман бошам, кушиш дорам, ки дар хает стротежики тозаеро ба худ бигирам, ки танхо ба худованд такя намо, аз дуст зиеда аз боди сабо чизеро интизор машав, дар хама холатхо аробаатро худат бикаш. Ое ин дуруст аст е ман иштибох мекунам?

    Comment by Mehmon | 19.06.2012 | Reply

    • Назари шахсии ман ин аст, ки Шумо иштибоҳ намекунед. Онҳое, ки қадри дӯстро намешиносанд, сазовори на танҳо дӯстӣ, балки тамосу робита ҳам нестанд. Дӯстро одатан дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ метавон шинохт ва агар дар ивази ин ҳама некии Шумо он шахс дар лаҳзаи зарурат ба ёрии Шумо наомадааст, ҳаргиз нахоҳад омад.

      Аммо даврони мо дӯстони содиқ надорад ва шояд Шумо ҳам мисли ман дили бахшоянда доред, ки аз номаҳои охири он кас ба андеша рафтаеду ба суоли худ посух меҷӯед, то дили хешро ором кунед. Ба назари ман, агар он шахс мардона ба ҳамаи ноҷавонмардиҳои худ иқрор кунад, шояд метавон, барояш тамос дошт, вале боз ҳам на мисли пешина, балки бо эҳтиёти тамом. Зеро агар пушаймон аст, пас зиндагӣ дар намунаҳои дигаре ӯро дарс додааст, ки бояд ба қадри дӯст расид. Ин ҷо ҳам бояд дид, ки талошҳои ӯ то куҷо самимист. Вале агар идомаи бозии қаблист, бояд ӯро фаромӯш кард.

      Comment by aioubzod | 19.06.2012 | Reply

  3. Az Facebook:

    Сайидюнуси Истаравшани Бовар кунед устод, ин ки корҳои бузургро афроди беназм анҷом додаанд, сад дар сад ҳамнавоям. Дар ҷое зиндагии Эйнштейнро, ки мехондам, пеши худам мегуфтам, аҷаб одами беназме будааст! Албатта ба истиснои Эмануел Конт, файласуфи олмонӣ, ки муназзам будани ӯ, зарбулмасал аст.
    Saturday at 9:37pm · Like

    Comment by aioubzod | 19.06.2012 | Reply

  4. Az FB:

    Salim Aioubzod Ҳаким Истаравшании азиз, назм ҳам, албатта, чизи хубесто, аммо шояд зиёдаш касро қолабӣ кунад. Пурсиши меҳварӣ барои шахси банда ин аст, ки чаро баъзе корҳо ба касе ба ин осонӣ даст медиҳад, ба ман ба ин сангинӣ, агарчӣ аввалӣ дар ниҳояти беназмист ва охирӣ дар авҷи назму танзиму диққат?
    Sunday at 7:32am · Like · 1

    Comment by aioubzod | 19.06.2012 | Reply

  5. Az FB:

    Сайидюнуси Истаравшани Ба назари банда, устоди азиз, ончи аз афроди мазкур мебинем, ба хотири як навъ нубуғи камназирашон аст. Албатта чун инсон ҳастанд, боз мебинем дар ҷое нуқсон доранд, ки ҳамин беназмии онҳост. Агар як чунин афроде, ба иловаи нубуғашон, назм ҳам доштанд, дар он сурат чи басо корҳое анҷом медоданд ба маротиб бештар аз ин ки мебинем. Бинобар ин, хеле кам ҳаст афроде, ки ҳамаҷониба бошад, ва шояд аслан дар тӯли торих ангуштшумор бошанд. Марҳуми Бӯалӣ, ки шояд инсоният ҳанӯз дуввумии ӯро надида, ҳар чи дошт, ҳосили талоши чанд сол дар ҷавонияш буд, ва бархе пажӯҳишгарони синошинос таассуф мехӯранд, ки чаро ин олими барҷаста таҳқиқот ва пажӯҳишҳои худро канор гузошта, рафт ба суроғи маносиби иҷроӣ, ки муддате дар дарбори Сомониён кор кард ҳамчун вазир ва муддате ҳам дар дарбори Оли Буя. Яъне, марҳум каме мансабдӯст буд, ки агар ҳамин вақти худро сарфи пажӯҳиш мекард, шояд чизҳое меёфт ва мегуфт, ки башар то ҳанӯз нагуфта. Аммо чун инсон аст, боз ҷое нуқсон дорад. Ба сухани дигар, Худо агар ба касе нубуғ диҳад, ӯ ё беназмӣ домангираш мешудааст ва ё мансабдӯстӣ чунон ки дар Сино мебинем.
    Sunday at 11:39am · Unlike · 1

    Comment by aioubzod | 19.06.2012 | Reply

  6. Salim Aioubzod Комилан дуруст мефармоед. Айни чизҳоро мешавад дар мавриди Ҳаким Умари Хайём низ гуфт. Вале шояд табиат ё зоти олист, ки дар канори нубуғ фишангҳоеро боқӣ мегузорад, то онҳо аз “андоза” нагузаранд ва ҷустуҷӯҳо идома кунанд?
    Sunday at 11:47am · Like · 1

    Comment by aioubzod | 19.06.2012 | Reply

  7. Az FB:

    Сайидюнуси Истаравшани Дақиқан ҳамин аст, ки мефармоед, ҳар як нобиға як навъ нуқсон домангираш аст.
    Sunday at 11:49am · Like

    Comment by aioubzod | 19.06.2012 | Reply

  8. Ташаккур барои маслихати муфид Акои Салим. Пас писараки кучулуи ман дуруст рафтор мекунад, ки боз хам

    пас аз насихатхои падаронаи ман оиди бо бахои панч хондан дар мактаб, салом ва эхтироми калонсолон, дашном

    надодан, занозани накардан… ва монанди инхо боз бо хости худ рафтор мекунад? Бо у чи тавр бояд рафтор

    кунам то падари хуб бошаму пас аз карда пушаймон нашавам ?

    Comment by Mehmon | 20.06.2012 | Reply

  9. Сипос, Устод барои назаратон. Мехостам чанде нисбати кисмати аутизм гуям, зеро овардаед, ки шояд талоши гурухе зидди ин касали ночо бошад. Бояд гуфт, ки синдроми Аспергер – аутистони кобилияташон баланд ташкил мекунанд. Боз хаст дигар аутистон, масалан бо синдроми Каннер. Аксарияти онхо хатто сухан гуфта наметонанд. Дар зиндаги хеле азоб мекашад. Ташкилоти чамъиятии мо “Ирода”, ки яке аз шархаш “инициатива родителей детей с аутизмом ” аст бо максади асоси – хифзи хукуки чунин кудакон ва волидонашон ташкил ефтааст. Бовар кунед, проблема хеле зиед. Асос – ягон (!) мутахасис дар ЧТ нест!!! Дар холе, ки тибки акидаи олимони ИМА холо хар 88-ум кудак бо чунин касали тавлид мешавад. Эх, бовар кунед, холат хеле душвор аст.

    Comment by Fazliddin | 10.10.2012 | Reply


Leave a comment