Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Корд ба дили Додоҷони Атовулло

Хабари нохуш, аламовар, дарднок ва ноумедкунанда. Дар маркази Маскав ба дили журналист корд задаанд. Ба диле, ки барои ватанаш ва мардумаш месӯзад. Ба диле, ки худ пур аз дард аст. Ба дили аз дардҳо раҳгумрафта ва бепаноҳи Додоҷони Атовулло.

Read more »

13.01.2012 Posted by | Ватан, Сиёсат, Тоҷикистон, Худшиносй | , | 19 Comments

Ба рашки Ави Лузон

Ин як торнамои хабарӣ буд ва кӯтоҳу рӯшан аз навтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва варзишии ҷаҳон паём медод. Вале хабаре, ки ин бор дар торнамои “Миг” хондам, бо ҷумлае сар шудааст, ки чандон ба хабар монанд нест…

Read more »

08.01.2012 Posted by | Дурнамо, Сиёсат, Тоҷикистон, Қонун | | Leave a Comment

Куштори нангин

Хабари қатли ҷавоне дар пойтахти Тоҷикистон, ки дар тан либоси Бобои барфӣ дошт, дар расонаҳои ахбори оми дунё ба гунае тафсир шуд, ки “фанатикҳои исломӣ” масъулону омилони ин кор будаанд. Беш аз ҳама расонаҳои Русия ин хабарро дар омехтагие бо мурчу қаламфур мунташир карданд.

Read more »

03.01.2012 Posted by | Баҳс, Сарнавишт, Сиёсат, Тоҷикистон, Фалокат, Худшиносй, Қонун | 10 Comments

Посух ба Суфӣ

Чанд нома ин ҳафта дар ҳошияи навиштаҳои ман ҳуруфчинӣ шуд, ки ғолибан мояе барои гуфтугӯ надоштанд ва беҷавоб монданашон беҳтар аст. Вале ин нома на танҳо дорои иттиҳоме ба унвони банда аст, балки ҷое барои сӯҳбат низ дорад.

Read more »

02.01.2012 Posted by | Баҳс, Ватан, Сиёсат, Тоҷикистон, Худшиносй | | 6 Comments

Бист сол бе СССР

Ширкат дар таҳияи як асари чандрасонаӣ бо номи “Фурӯпошӣ. 20 сол бе СССР” кори воқеан сангин, аммо шавқангез буд. Сангин аз он лиҳоз, ки мебоист, маводи зиёде ҷамъоварӣ ва барои раҳбарони тарҳ пешниҳод кард, мустанадҳои кӯтоҳ ва наворҳои видеоро ба тоҷикӣ гардонд ва шохисҳои асосии бист соли охири Тоҷикистонро раддабандӣ намуд.

Read more »

25.12.2011 Posted by | Матбуот, Сиёсат, Таърих, Таҷриба, Тоҷикистон | , | 3 Comments

Қонунсолор

Ин сатрҳоро дар ҳошияи як матлаби торнигори “Пайкон” навишта будам. Танҳо барои ҳамин пойгоҳ ва хонандагони он. Хеле вақт гузашту ҳар бор ки он гӯшаро боз мекунам, суханони худро намебинам ва фикр кардам, бояд онҳоро ҳамин ҷо бигузорам. Лоақал барои онҳое, ки гаҳ-гоҳ сар ба ин кулба мезананд.

Read more »

08.12.2011 Posted by | Инсон, Озодии сухан, Рӯзгор, Сарнавишт, Қонун | | 2 Comments

Садои шикастани ях

Гумон доштам, ин ҳисси танҳо ман аст, ки мардуми мо андак-андак тарсро канор мегузоранд ва дар талаби ҳаққи қонунии хеш мешаванд. Эҳсос мешавад, рӯҳи хуфта бедору рӯҳи бедор ба пой хестааст. Алорағми он навмедиҳо, ки рӯҳи ин қавм дигар шикастааст ва ҳаргиз ба танаш барнахоҳад гашт.

Read more »

04.12.2011 Posted by | Баҳс, Ватан, Матбуот, Сиёсат, Таҷриба, Тоҷикистон, Худшиносй | 1 Comment

“I am Tajik — Deport Me!”

Police in Moscow have arrested five people who were part of a protest against recent deportations of Tajik migrant laborers from Russia. The five were detained at the “I am Tajik — Deport Me!” rally on November 24 outside the Federal Migration Service in Moscow. Read more »

27.11.2011 Posted by | Муҳоҷират, Русия, Тоҷик | , , | 1 Comment

Тамом шуд ё сар мешавад?

Дилам ба додрасе месӯзад, ки бо эҳтиром ба пешниҳоди додситонҳо ва бовар ба далелҳои гирдовардаи муфаттишон ҳукми 8,5 сол ҳабси халабонҳои русро бароварду рӯзи 21-уми ноябр ҳамин додситонҳо ӯро фурӯхтанд. Додситонҳоро дар навбати худ ҳукумати кишвар фурӯхт ва ҳукуматро сарвари он. Ҳама якҷо кишвару давлат ва нангу обрӯйи миллатро.

Read more »

22.11.2011 Posted by | Русия, Тоҷикистон, Қонун | , , | 4 Comments

Кого же защищает Россия?

Конечно же слабых и обездоленных. Так нас учили в школе. Возможно, были и такие моменты в истории, но так ли это сегодня, и на примере бедных и отчаящихся трудовых мигрантов или же осужденных пилотов? Давайте, посмотрим.

Read more »

19.11.2011 Posted by | Русия, Сиёсат, Тоҷикистон, Фалокат | , | 4 Comments

Посухи номутаносиб?

Аз Русия имрӯзҳо ба сӯи Тоҷикистон мавҷи таҳқиру тавҳин меборад. Мисли барфи сиёҳ. Ва ҳам ба суи Душанбе мушти таҳдид баланд мешавад. Русҳо девона шуданд. Сабаб — ду халабони ҳавопаймо дар додгоҳи тоҷик ба ҷазо маҳкум гаштанд. Додгоҳ онҳоро дар убури ғайриқонунии марзи давлатӣ, қочоқ ва нақзи қоидаҳои байнулмилалии парвоз айбдор донист.

Read more »

10.11.2011 Posted by | Баҳс, Матбуот, Русия, Тоҷикистон, Қонун | | 14 Comments

СММ моро ранҷонд-е…

Маълум мешавад, кормандони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) китоби Гиннесро намехондаанд. Агар мехонданд, ҳаргиз наменавиштанд, ки Тоҷикистон имсол ҳам аз лиҳози рушди инсонӣ дар қаламрави Шӯравии собиқ дар ҷои охир аст. Э, чашматон оҷиз, магар надидед, ки ҳамин сол мо баландтарин парчам дар ҷаҳонро бардоштем. Магар ин рушд набуда, чист?

Read more »

07.11.2011 Posted by | Баҳс, Дурнамо, Инсон, Тоҷикистон | | 2 Comments

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 100 other followers