Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Гуфтугӯҳо бо Фариштаи шеър

ffarzonaПас аз ду буқи дароз Фарзона гӯширо бардошт ва ҳамзамон бо садои нафиси ӯ ғавғои дигарро шунидам. Гуфт, вай дар ин лаҳзаҳо дар бозори гулфурӯшон аст ва маълум ки чандин гулфурӯш ҳар кадом ҳамзамон гули худро ситоиш мекунад, то Фарзона гули онҳоро бихарад. Ҷумъаи 27-уми феврал. Поёни зимистон ва давраи гулҳои баҳорӣ. Чаро Фарзона, ки худ як гулест, мехоҳад гул бихарад?..

Магар мӯъҷиза нест, ки шаби пешаш дар Прага барф меборид ва ман аз панҷара медидам, ки миллионҳо барфпораи нафис дар осмон нақшҳои минуӣ мебофтанд. Шаб шаби фариштаҳо буд. Дерҳангом ғунудам ва Фарзонаи хандонро дар боғи зардолуҳои шукуфта дидам. Хеле шоду сарзинда буд. Магар мӯъҷиза нест, субҳ вақте ба ӯ занг задам, гуфт дар бозори гулфурӯшон аст. Аслан чизе намефаҳмам…

ҶОВИДОНА ВА ҶОДУВОНА

“Мӯъҷиза чист?” — пурсидам аз Фарзона ва аҷиб буд, ки бо сар шудани сӯҳбати ӯ дар гӯшии телефон садои мусиқии ношинос ва кайҳоние шурӯъ шуда, муддате садои худ мусиқивори Фарзонаро ҳамроҳӣ кард.

Фарзона: Вақте вожаи “мӯъҷиза”-ро меандешам, дар муқобилаш калимаи сеҳр пайдо мешавад, ки яке, яъне “мӯъҷиза” маънии ҳунару эъҷози ростину ҷовидонаро дорад ва дигаре, яъне “сеҳр”, мазмуни ҳунари ҷодувонаи дурӯғину бебақоро медиҳад. Мӯъҷиза ҳар офаридаест, ки бо илҳому ангезаи худовандӣ бунёд шудааст ва сарчашмаи улвию халлоқӣ дорад. Ҳофиз мегӯяд:

Сеҳр бо мӯъҷиза паҳлу назанад, дил хуш дор,
Сомирӣ кист, ки кори Яди Байзо бикунад.”

Дар “Маснавӣ” ҳам ҳикояте омадаст, ки ду нафар аз донои роз мепурсанд, ки асои Мӯсо сеҳр аст ё мӯъҷиза? Ҷавоб меояд, ки вақти хоб будани Мӯсо он асоро дуздед. Агар Мӯсо беиқтидор шавад, донед, ки асояш асари ҷодуст, агар аждаҳо гардаду ба шумо ҳуҷум орад, пас фаҳмед, ки он мӯъҷизаи Оллоҳ аст.

Ба андешаи ман, мӯъҷиза ҳар асарест, ки бо ишқи бузургу нотасвир таваллуд мешавад. Худи ишқ мӯъҷизаест, ки инсонҳои одиро низ муаззаму мӯҳташам мекунад.

Пурсидам: Пас, аз нигоҳи Шумо, масалан, аҳромҳои Миср, пайкараи Озодӣ дар Ню Йорк ва ё бурҷи Эйфел дар Порис мӯъҷиза ҳастанд?

Фарзона: Бешак, бузургтарин мӯъҷизаи инсонҳо ва офаридгор, ҳамаи ин ёдгориҳое ҳастанд, ки бо гузашти замону баргрези тақвим тағйир наёфтанду мондагоранд. Аз нигоҳи ман мӯъҷиза ҳамон осорест, ки аз боду борон газанд наёбад, дерпо бошад ва ҳамеша ба мардум паёми муҳаббат ва пояндагӣ расонад.

Пурсидам: Лаҳзае ки инсон, як бандаи хокӣ, ба мӯъҷиза рӯбарӯ мешавад, чӣ лаҳза аст ва барои чӣ дидани он ба инсон таъсир мерасонад?

Фарзона: Лаҳзае ки як инсони оддӣ дар худ нирӯи бузурги илоҳӣ пайдо мекунад, ин қадар бузург ва муаззам мешавад ва ин қадар дар худ эъҷозҳое эҳсос мекунад, ки гӯё аз қолаби худ фаро меравад ва уруҷ мекунад ва фазоҳои густардае дар баробараш боз мешаванд. Ҳамон лаҳзае ки илҳому ангезаи БОЛО ба вай нозил мешавад, вай метавонад, мӯъҷиза офарад. Масалан, ман хаёл мекунам, ки бузургтарин шеъре ки классикони мо гуфтаанд, Ҳофиз гуфтааст, ҳатман дар ҳамон лаҳзаи наҷибе гуфта шуд, ки барои вай аз ОН СӮ илқо мешуд. Чунонки худ мегӯяд:

Дар паси оина тӯтисифатам доштаанд,
Ҳарчӣ устоди азал гуфт, бигӯ, мегӯям.”

Яъне гӯё ки аз БОЛО дикта мекунанд ва ӯ онро рӯнавис мекунад ва ба мову шумо ҳадия мекунад. Ва ҳар нафаре ҳам ки тозакориҳо ва эъҷоз мекунад, масалан, қасри бузург месозад, як бинои мӯҳташам месозад, ҳамонро ҳам ҳатман ки бо қудрати худовандӣ ва бо он ишқи беназире ки ӯро раҳбаладу ҳодӣ мешавад, анҷом медиҳад.

Пурсидам: Фарзонабону, бештар гуфта мешавад, офаридаҳои азим, монанди аҳромҳои Миср ё чизҳое монанди он, бо бузургию ҳайбат ва шаҳомати худ мардумро мафтун мекунанд. Оё мешавад гуфт, ки мӯъҷиза метавонад, кабир ё сағир бошад?

Фарзона: Ман хаёл намекунам, ки мӯъҷиза хурду бузург бошад. Мӯъҷиза дар ҳама ҳол бузург аст. Масалан, ишқ ҳам хурд ё бузург намешавад. Ҳар чизи беназир, ба фикри ман, фақат мафҳуми бузургро метавонад, барои худаш бипазирад. Ҳатто дар ҳоле ки сураташ бисёр кӯчак ҳам бошад. Аслан, хеле бузург аст, хеле аз дарун васеъ аст. Як олами акбар аст дар вуҷуди ҳар мӯъҷиза. Ба ин хотир мӯъҷиза ҳатман як осори муаззам, як ёдгории муаззаме ҳаст, ки аз башар мондааст ва ҳатман дар он ангезаи худовандӣ ҳаст.

Бо ин ки Фарзонаро бисёр эҳтиром мекунам, ба суханонаш шак меорам. Шояд гуфтаҳои ӯ ба гузаштаи дуру тахайюлӣ пайванд мегиранд, аммо оё дар замони мо мӯъҷизае мондааст?

ДАР КӮЧАИ ЗЕБОӢ

Посухи раҳгузарони хиёбони марказии шаҳри Душанбе ба саволи ҳамкори ман дар барномаи як замон машҳур радиои “Озодӣ” бо номи “Ҳамнафас” Нилуфари Собир дар бораи нақши зебоӣ дар ҳаёти инсон:

  • “Зебоӣ дар ҳаёти ҳар инсон нақши муҳим дорад. Бе зебоӣ ҳаёт бемаънист.”
  • “Ахлоқ хуб бошад, кас зебост, вагарна зебоӣ ба дард намехӯрад.”
  • “Зебоӣ тозагӣ аст. Тоза бошӣ зебо менамоӣ.”
  • “Ҳама зебоем. Кишварамон ҳам зебост, хеле зебо.”
  • “Аз зебоӣ ба ҷамъият ягон фоидае намерасад.”

ДАВОМИ МУКОЛАМА БО ФАРЗОНА

Ин ҷо нахуст бояд бигӯям, ки аксари ин муколамаҳо ва ин навишта, ба истиснои бархе аз қисматҳояш барои радиои “Озодӣ” анҷом шудаанд. Нигаред ба сомонаи “Озодӣ”.

Пурсидам: Ба назари Шумо, дар чанд соли охир, мафҳумҳои зебоӣ, мӯъҷиза ва нафосат дар ҷомеаи мо чи таҳаввулеро ба сар бурданд?

Фарзона: Ҳар нафаре ки шеър мегӯяд, бузургтарин ҳадафаш ин аст, ки бо наҷибтарин мафҳуми олам, яъне зебоӣ бештар иртибот дошта бошад. Аз оғози офариниш то имрӯз ҳеҷ гоҳ диду шинохти ягонаи зебоӣ вуҷуд надошт. Ҳар халқу ҳар миллат, ҳар дину мазҳаб, ҳар фарҳанг ва ҳар фард дар танҳоӣ назари мушаххас ба зебоӣ доштанд. Чунонки рамзи моҳ ҳазору дусад сол дар шеъри форсӣ ҳамеша тимсоли зебоӣ буд, аммо дар шеъри рус ва дар шеъри Фаранг маънии баракси онро дошт.

Имрӯз низ дар Тоҷикистон ва дар кулли дунё зебоишиносии мардум андаке пояҳои умумӣ ва хеле бештар пояҳои хусусию инфиродӣ дорад. Зеро ҳама медонанд, ки чашми бебасар зеботарин падидаро ҳам дар пардаи зулмату қабоҳат мебинад. Дар ҳоле ки чашми зебонигар зишттарин офаридаро ҳам метавонад эъҷози зебоӣ шиносад. Мавлоно мегӯяд:

Пок кун чашмони худ аз мӯйи айб,
То бубинӣ боғу сарвистони ғайб.”

Яъне зебоӣ бузургтарин василаи дил бастани мову шумо ба дунёву зиндагиву инсонҳост. Хоса зебоии сиратӣ, ки хеле амиқтар аз зебоии суратист ва бисёр бобақотару дерпотар.

Ба андешаи ман, зебоии ростин муродифи мӯъҷиза аст, ки Шумо гуфтед ва як вазифа дорад, яъне ба зиндагонӣ, ба шахс бори дигар ишқро ҳадия намудан. Ва дар Тоҷикистон пояҳои зебоишиносӣ, ман хаёл намекунам, ки бисёр тағйир ёфта бошад. Яъне ҳамон тавр аст, ки буд. Боз ҳам ҳамон пояҳои мушаххас, инфиродӣ ва ҷудогона.

Пурсидам: Зебоӣ дар ҳаёти шахси Шумо чӣ нақш дорад ва чӣ таъсир?

Фарзона: Аслан, ҳарфҳое ки гуфтам назари бисёр шахсии худам ба зебоӣ буд ва ҳадафи шеър гуфтани ман, манзур аз мавзун кардани калимот низ шояд ҳамин бошад, ки бо зебоӣ камтарин ошноӣ ёфта бошам, камтарин нақб канам ба ҳамон ҷаҳони бисёр зебо, ки гӯё хориҷ аз ман ҷараён дорад ва ман то он ҳанӯз роҳе наёфтаам.

Гӯё ман худамро як ҷазираи барканда аз он ҷаҳон медонистам, ки бо василаи шеър қаламро пул кардаам ва аз ҳамон пул гузаштам, то ба ҳамон зебоӣ ворид шавам. Яъне тамоми зиндагии ман рафтан ба сӯи зебоист, рафтан ба ҷустуҷӯи ҳамон инсони комиле ҳаст, ки ман дар орзуҳоям тарҳ рехтаам ва мехоҳам монои ӯ бошам, мехоҳам чун ӯ расотар шавам, раҳ ба раҳ мунир шавам, раҳ ба раҳ мунавар шавам, раҳ ба раҳ ҳарчӣ фазилати хубе ки он инсони комил ва расо дорад, ман ҳам барои худ бигирам ва тавонам, ки барои инсонҳо некиро, зебоиро, ишқу отифаро муаррифӣ кунам.

Дар поёни ин гуфтугӯ Фарзона меафзояд: Ман чуноне ки гуфтам, азбас ба зебоӣ ва мӯъҷиза ягон пайванд надорам, мехоҳам ошно шавам.

Гуфтам: Хоксорӣ зебоиро дучанд зеботар мекунад.

Андешидам: Гуфтугӯ бо Фарзона ҳамеша дилҳоро нарму беғубор мекунад ва ба кас нирӯ медиҳад, манзараи бузургтаре аз зиндагии худ ва дунёро бубинад. Сӯҳбати ӯ инсонро зеботар мекунад.

ФАРЗОНА — ҲАМСАРИ ОЗАРАХШ

Агар Фарзона ва Озарахш дар ягон кишвари ғарбӣ ба сар мебурданд, ozaтаҳаввулоти равобити заношӯйии онҳо ҳар рӯз дар нашрияҳо чоп мешуд ва аз чӣ хӯрдану чӣ пӯшидан то кадом рӯз чӣ рӯҳия доштани онҳоро ҳама медонист. Вале фарҳанги ҷомеаи мо дигар аст. Мард — беруни дар ва зан — даруни дар.

Аммо онгуна ки Сайидои Рустам менависад, Фарзона (яъне зан) шинохтатар аз Озарахш (яъне мард) аст ва Озарахшро бо вуҷуди он ки шоири хеле хуб аст, бархе мехоҳанд, бештар ҳамчун “шавҳари Фарзона” бишиносанд. Китоби нави Озарахш — “Намози мусофир” нишон додааст, ки ду шоир бо ҳам дар рақобати шадиданд ва Озарахш мойил ба ин нест, ки дар сояи Фарзона бимонад.

Пурсидам, зиндагии ду шоире монанди Фарзона ва Озарахш дар зери як бом оё чӣ гуна аст?

Озарахш: “Зиндагии ду одами одӣ, ки фарқе аз дигарон надорад.”
Фарзона: “Дӯсти мо Барзӯ як андарз доштанд, ки дар ишқ одамон ҳамдигарро ислоҳ намекунанд, балки пурра мекунанд ва такмил мекунанд.”
Ман: “Агар бо ҳам муноқиша кунед, оё ин муноқиша низ бо шеър сурат хоҳад гирифт?”
Фарзона: “Не (механдад) бештар аз худамон озурда мешавем. Аммо агар ранҷише ҳам шуд, дер давом намекунад. Зуд ба ханда бадал мешавад.”
Озарахш: “Бале, бо шеър, аммо бо шеъри сафед ва бевазну қофия (механдад). Аммо росташ, бояд ба бонуи худ сипос бигзорам, ки бо қаҳрамонӣ моро тоқат мекунад.”

(Ҳама механдем ва чой менӯшем. Ҳуҷраи тарабхонаи “Барс” дар шаҳри Хуҷанд сокит аст, фақат аз берун садоҳои мубҳаме ба гӯш мерасад.)

ШОИРИ ШАБНАМҲО

Агар мақсади мо нигоҳи амиқ ба шеъри Озарахш мебуд, суоли ӯро аз кабӯтарҳо дар китоби “Намози мусофир” матраҳ мекардем, “ки дар андешаи мурғона маънои паридан чист, фарқи дар айвони масҷид ё калисо дона чидан чист?”

Ва ё мегуфтем, “шоире бо шабнаме дар барги гул бинвишт.”

Вале моро бештар равобити инсонии ду шоир ба худ кашидааст ва аз он ҷо ки Фарзона мегӯяд, “ман ҳурии нилуфарам, рӯйида дар мурдобҳо”,

Озарахш мегӯяд, “сар барор аз об, эй нилуфар, офтоб омадааст, офтоби ошиқ.” Шеъри Фарзона ва Озарахш ҳамоҳангиҳое дар сатҳи зарбони дил дорад, на дар сатҳи забон.

Ва ишқ ин ҷо ба оташе шабеҳ аст, ки метавонад, ҳама чизро бисӯзад.
Тафовути ошкор ин аст, ки Фарзона шоири як шаҳри классикист ва Озарахш бо деҳаи сабзи канори обшорони кӯҳистони дур мефахрад. Ва ҳиммати Ҳофизи Шерозиро дораду мегӯяд, “ман ба ин шаҳри қадим (яъне Хуҷанд) номи нав хоҳам монд, номи туро (яъне Фарзонаобод?)
Оё ишқи сӯзони кӯҳистони содаи дур, ҳасрати нооромии ботинӣ дар шаҳри бостонӣ, аммо пурпечутоб аст? Оё кӣ ба саҳро ё боғи кӣ табдил меёбад ва ё дӯст дорад, табдил биёбад?

Аз Муртазо, наздиктарин дӯсти Озарахш , ки мегӯяд, як инсони оддист ва солҳост Озарахшро мешиносад, мепурсем, оё муҳимтарин хислати ӯ чист? Мегӯяд: “Тозагии қалбаш, беғубории қалбаш. Вай агар хоҳад ҳам наметавонад, кина бигирад.”

Ва айни суол аз як наздиктарин каси Фарзона, хоҳараш Матлуба, ки муҳаққиқи эҷодиёти Фарзона низ ҳаст, дода шуд. Посух: “Нармдилӣ ва хоҳиши некӣ кардан ба ҳама.”

Дар он сӯҳбати рӯбарӯ дар шаҳри қадимию сокити Хуҷанд, гуфтам, шунидаам, ки шеър дар як ҳолати бехудӣ, таҳтушшуран ба дунё меояд. Аз ҷои дигар меояд. Аммо ҳар касеро ки пурсидам, фарқеро дар миёни Фарзонаи шоир ва Фарзонаи инсон, Озарахши шоир ва Озахарши инсон қойил нашуданд. Назари худи шумо чист?

Фарзона: “Гоҳо, чунонки шумо гуфтед, ҳаракати бешууронае дар тафаккури мо ҳангоми гуфтани шеър сурат мегирад. Ба инсоне табдил мешавем, ки хеле хеле маҷзуби шеър аст ва таҳти ҷазаботи қувваҳои болоӣ дар ҳолати худбохтагӣ қарор мегирад ва ончи мегӯяд, худаш ҳам дар ҳамон лаҳазот эҳсос намекунад.

Масалан, Пушкин мегӯяд, ки фақат дар лаҳзаи шеър гуфтанаш шоир аст, дигар на. Ва дар ҳоле ки шеър мегуфт, як шахсияти боазамат ва бошукӯҳу дастнорас мешуд, монанди нафаре ки меъроҷ кардааст ва инсонҳои оддӣ бо ҳазор даст афрохтан ва бо ҳазор парвоз то вай намерасанд. Вале дар зиндагӣ, дар ҳолати дигар мебинед, ки як нафари хеле муқаррарию маъмулӣ, ки ҷурмҳояш ҳам шабеҳи ҷурмҳои дигаронанд ё шояд бештар аз дигарон. Аммо Фурӯғ мегуфт, ки шоир бояд нафаре бошад, ки дар тамоми лаҳазоти зиндагӣ рӯҳи шоиронаи худро ҳифз кунад ва ҳамеша инсонгаротарин бошад ва ҳаргиз аз ҳамон мақоми баланди шоирии худ таназзул накунад.”

Озарахш: “Як шоир ба фикри ман бояд ба дарё монанд бошад. Дарёвор равад то ҷоеро сарсабз кунад. Албатта, ин дарё гаҳгоҳе аз соҳилҳои худ берун меравад. Шояд шоир ҳам ин гуна аст. Шеъраш, афкораш, рафтораш. Аммо дар ҳама ҳолат шоир созанда аст ва пайи ободии атрофиёни худ, ҳамсояи худ аст.”

Фарзона дафъатан ба ёд меорад, ки вақте ба фарзандони худ чизе тӯҳфа мекарданд, ба дӯстони онҳо, фарзандони ҳамсоя низ аз он мегирифтанд, то онҳо имтиёзу бартарие надошта бошанд.
Ман мепурсам, дар солҳои сахти 1993-94 оилаи шоирон чӣ ҳоле дошт ва ногаҳон маълум мешавад, ки Фарзона дар он солҳо хайётӣ мекарду бонуи ҳамсоя дасткорҳои Фарзонаро ба бозор мебурд, то бифурӯшад. (Куҷоед, ҷӯяндагони ашёи таърихӣ!)

Ва Озарахш бо муҳаббат аз мухлисони шеър ёд мекунад, ки дар он солҳо ба хонаи шоирон ғизо мефиристоданд.

КӮЗАЕ ПУР АЗ ТИЛО

Ва дар поёни сӯҳбат навбат мерасад ба суоли хонандагони радиои “Озодӣ” аз ду шоир.

Гуразми Тоҷикфар навиштааст, оё рост аст, ки президенти пешини Эрон Муҳаммади Хотамӣ ба Фарзона як кӯзаи тило ҳадия кардааст.

Фарзона мегӯяд, оре, як кӯзаи мунаққаш, вале на аз тило, аммо рамзе гаронбаҳотар аз тило.

Мӯҳсини Ҷаббориён мепурсад, оё шоирони мо ба фарзандони худ чи номҳое гузоштаанд?

Ҷавоби Озарахш: Соҳиби ду духтар ва як писар ҳастем ва исмашон Шоҳона, Шаҳнавоз ва Ҳумоюни чаҳорсола.

Ду суоли дигар ба шеъри порсӣ дар замонаи сангину оҳанин ва электронию диҷитол ва ёфтани хонанда дахл дошт.

Посухи Фарзона ин буд, ки ору дар ин қарни тафаккури компютерӣ шеър харидори кам дорад, вале рисолати шоирон дар ҷабини онҳо ҳак шуда, ки бояд бо умеди он хонандаи закӣ ҳуруф мавзун кунанд.

Шояд бо дарназардошти сафари ахири Фарзона ва Озарахш дар рикоби раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳинд ва ё куллан таваҷҷӯҳи ҳукумату сиёсатмадорон ба ин шоирон аст, ки пурсидаанд, агар шоиронро дарборию мардумӣ гӯянд, шумо аз кадом бахшед.

Посухҳои Фарзона ва Озарахш муфассалу таҳлилиянд, биноан, бо посухи содаву барои пурсандаҳо фаҳмои Матлуба қаноат мекунем: “Онҳо ҳамроҳи мардум, дар миёни мардум ва бо мардум зиндагӣ мекунанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон, онҳоро шоири дарборӣ номид.”

ФАРЗОНА БА ИНГЛИСӢ

Мукломаи навбатии мо дар рӯзҳое ба вуқӯъ пайваст, ки Фарзона ва Оазарахш дар сафари Инглистон буданд. Бо даъвати созмони “Адабиёт ва тарҷума” онҳо 20 рӯз меҳмони Инглистон буданд ва дар даҳҳо толор садои шеъри тоҷикӣ ва мусиқии тоҷикиро баланд карданд. Ин аввалин бор аст, ки китоби Фарзона ба забони инглисӣ нашр ва ба ин шева муаррифӣ мешавад. Дар як гуфтугӯи телефонӣ аз ӯ пурсидем, сафари наздик ба бистрӯзааш дар Инглистон чи гуна гузашт:

Фарзона: «Сафари мо бо даъвати Маркази нашр ва тарҷумаи осори Бритониёи Кабир сурат гирифт, ки раисаш хонум Соро Дабуел ҳастанд. Ва эшон тасмим гирифтанд, ки дар баробари ашъори чанд шоири Покистон, Алҷазоир, Амрикои Ҷанубӣ, Австралиё, Курдистон ва чанд мамолики дигар ашъори шуарои Тоҷикистон низ тарҷума ва интишор шавад.

Ва ба ҳамин хотир имсол панҷ китоб ба нашр расид аз панҷ шоири панҷ қитъаи олам, ки яке аз онҳо бандааст. Тарҷумаи ашъори ман бо василаи ду нафар шоир ва муҳаққиқ – Ҷо Шаркот, шоири шаҳири инглис ва хонум Наргиси Фарзод, муҳаққиқи адабиёт, суарт гирифт. Ин китобак бо он, ки ҳаҷми бисёр хурд дорад, дӯстоне ки латофат ва зебоии забони инглисиро медонанд, иқрор карданд, ки тарҷума хеле хуб сурат гирифтааст».

Ман: Нашри ин китобро ба Шумо муборак мегӯем ва, фикр мекунам, ин оғози як роҳи наву васеътару бузургтари Шумо ба ҷаҳони берун аст. Ин сафар ва ин мулоқотҳои Шумо бо муаррифии ин китоб шурӯъ шуд, аммо дар куҷоҳо, дар чи шакл ва бо киҳо?

Фарзона: «Бисёр ташаккур. Мо ду нафар аз Тоҷикистон омадем, ҳамроҳи Толиби Озарахш, ки шоиру рӯзноманигор ва аҳли мусиқӣ ҳастанд. Мо дар чандин шаҳрҳову вилоёти Инглистон сафар доштем. Азҷумла ба қаламрави Уэлс низ сафар кардем, дар шаҳри Кордиф сӯҳбатҳо доир шуд. Ва ҳамчунин дар шаҳри Илклей чандин сӯҳбату мулоқотҳои мо сурат гирифт. Ба ҷуз ин дар шаҳри Берминҳом, ки бузургтарин шаҳри Инглистон баъди Лондон маҳсуб мешавад, чандин мулоқотҳо бо хонандагон ва иродатмандон доштем.

Ман: Оё вокуниши инглисиҳои сард ба шеърҳои сӯзон чӣ гуна буд?

far2

Фарзона: «Ростӣ, қазоват кардани худи ман душвор аст. Аз ман, агар пазироии мардуми Тоҷикистонро пурсед, шояд ман саҳеҳтар ҷавоб медодам».

Ман: Аммо, агар муқоиса кунем, яъне онҳое, ки ба шеъри Шумо дар Тоҷикистон гуш мекунанд ва онҳое, ки дар Инглистон. Оё тафовуте буд, ё шабоҳатҳои бештар буд?

Фарзона: «Тафовут дар ин ҷост, ки толорҳои мо дар Тоҷикистон бештар мардумро гирд меоварад, ба ин хотир ки шеър як унсури асосӣ ва воқеъии зиндагии ҳар нафар, ҳар фарди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Аммо дар Инглистон шеър берун аз барномаи фикр ва зиндагии инсонҳо сурат мегирад.

Аз ин хотир дилбастагони шеър дар ин кишварҳои мутамаддин бо техноложии хеле пешрафта ва бо илмҳои дақиқ, ки хеле рушд кардааст, гароиш ба шеър, ба назари ман, камтар аст. Дар ҳар сурат нафароне, ки ба толор меомаданд, ман фикр мекунам, ки шояд, ки пушаймон барнагашта бошанд.»

ВОКУНИШИ ИНГЛИСИҲО

Аммо он, ки бинандагон ӯро чигуна пазируфтанд ва шеъри ӯ ба онҳо чӣ асар гузошт, аз ташкилкунандагони яке аз шабҳои шеъри Фарзона дар Донишгоҳи Лондон, устоди Маркази матбуот ва филм дар ин донишгоҳ, хонуми Маъсумаи Турфа ба мо чунин гуфт:

Маъсумаи Турфа: «Ҳузури хонум Фарзона дар толорҳо ва конфронсҳои шаҳри Лондон ҳамеша фавқулъодда ҷаззоб аст, ба хотири ин ки ин як зани тоҷики бисёр нарм ва ором аст, ки шеърҳош бисёр оҳанин ҳастанд. Дар воқеъ, вақте ки ӯ ба рӯи саҳна мебарояд, дар чеҳраи ӯ, дар рафтораш, дар ҳаракатҳояш метавон дид, ки ӯ ба таври зотӣ шоир ва офаранда аст.

Ҳамеша ман фикр мекунам, ки оё ин ҷамъияти бузурге, ки дар ин толорҳо ҷамъ мешаванд ва Фарзонаро хуб намешиносанд, бо шеърҳои ӯ ва бо Тоҷикистон ошно нестанд, оё дарк хоҳанд кард, ки ин зан чи қадар бузург аст. Ва мисли ҳамеша бисёр ором сӯҳбат мекунад ва, фикр мекунед, ки шояд касе мутаваҷҷеҳи ӯ нашавад. Вале ба қадре зебо шеър мехонад, ба қадре дар баҳри шеъри худаш меравад, ба қадре зебо ин луғотро адо мекунад, ки тамоми толор, ки азҷумла иборат аз беҳтарин мунаққидону адибони эронӣ, инглисӣ ва афғонистонӣ буд, ҳама мафтун шуда буданд».

Ман: Аммо ба суоле, ки дар зеҳнатон мегашт, яъне оё бузургии ӯро дарк ва эҳсос карданд, ба ин суол посухе ёфтед?

Маъсумаи Турфа: Бале. Посух дар сукути толорҳо буд. Толор дар сукути маҳв фуру мерафт ва вақте, ки Фарзона шеърхониашро тамом мекард, толор рӯи по меистод ва барои ӯ кафкӯбӣ мекард. Яъне комилан дарк мекунанд, ки ӯ чи гуна шоири бузургест. Ва ин барои ман фавқулъодда лаззатбахш аст.

Аммо он чи, ки бахусус дар барномаи охирин ҷолиб буд, ин буд, ки шеърҳои ӯро барои аввалин бор ба забони инглисӣ ҳама шуниданд. Мутарҷими хуб ба номи Ҷо Шапкот корҳои ӯро бо кӯмаки Наргиси Фарзод, устоди адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи Лондон, тарҷума карда буд. Ва ин шеърҳо бо забони инглисӣ дар ҳадде зебо тарҷума шуда буд, ки ҳозирине, ки инглис буданд, хеле хуш пазируфтанд.

Ман: Ба назари Шумо муаррифии шеъри тоҷик дар ин толорҳо аз сӯи Фарзона чи гуна буд?

Маъсумаи Турфа: Дар воқеъ, Фарзона ҷойгоҳи махсуси худашро дорад. Ман ҳамеша эҳсос мекунам, ки дар Тоҷикистон низ ҳамин тавр аст. Бо он, ки шоирон хеле зиёданд, аммо ӯ, ба хотири ин ки зан аст ва тамоми зебоӣ ва латофати Тоҷикистонро ҳамроҳ бо худаш дорад, дар зимн фарҳанги ғании забони форсиро ҳама ҷо бо худаш мебарад ва бисёр зани босавод ва пурхонда аст ва суолҳое, ки ба ӯ медиҳанд бисёр файласуфона ҷавоб медиҳад. Ва, фикр мекунам, он чи, ки Фарзонаро аз дигарон ҷудо мекунад, агарчи ҳар кадоме аз дигар шоирон низ гулҳои пурарзишанд, файласуфмашрабӣ ва зарифии ӯст, ки дар ин ҷо низ ҳамин тавр маҳсуб мешавад.

ОХИРСУХАН

Умедворам, гулфурӯшон дар бозори Хуҷанд бузугтарин гулдастаҳои худро бе ягон дирам ба Фарзона тақдим карда бошанд. Ҳарчанд медонам, ки дар замони мо дигар мӯъҷизае намондааст. Ба истиснои худи Фарзона. Пас чашми мӯъҷизабин намондааст…

06.03.2009 - Posted by | Тоҷикистон | ,

10 Comments »

  1. Khastagiro nabined, khele jolib va shirin navista shudaast. Chand ruz pesh yake az tarjumosnhoi behtarini forsi fransavi khonum Boghestoni az she’rhoi Farzona purson shud. Namedoned, ki onho ba hurufi forsi dastrasand?

    Seepos

    Samak

    Comment by Samak | 07.03.2009 | Reply

  2. Самаки азиз, чй номи зебое доред.

    То ҷойе ки ба ман маълум аст, дар 3-4 соли охир ду маҷмӯъаи ашъори Фарзона ба хатти ниёкон дар Теҳрон ба нашр расидааст. Умед дорам, дӯстони ман дар ин торнигор маълумоти беҳтар ва дақиқтаре доранд.

    Шунидаам, ки ба зудй китоби ӯ ба забони португалй ба чоп хоҳад расид.

    Шодком бошед.

    Comment by aioubzod | 07.03.2009 | Reply

  3. Сеҳр бо мӯъҷиза паҳлу назанад, дил хуш дор,
    Сомирӣ кист, ки кори Яди Байзо бикунад.”

    Comment by tabaraxe | 08.03.2009 | Reply

  4. Қабул.

    Зинда бошед.

    Comment by aioubzod | 08.03.2009 | Reply

  5. Гуфтугухо мутаасиффона точикона яъне на ба сатхи хуб ( узр огои аюбзод хак дорам барои ибрози фикри хеш) навишта шуда . Фарзона вокеан хеле шоири хуб аст. Озарахш хеч гох наметавонад дар пояи Фарзона карор бигирад.Ва ин хам мухим нест. Чаро ки шавхари Фарзона матавонист бизнесмен бошад муаалим бошад духтур бошад …ва г. х. Фарзона ба пои худу Озарахш ба пои худ.
    Мебоист бо Фарзона дар Инглистон шеъри имрузи точикро шоироне чун Сиёвуш ва Салими Зарафшонфар хамрохи мекарданд.Чунки шеъри инхо бамаротиб аз шеърхои Озарахш баландтару хубтаранд….

    Comment by самак | 09.03.2009 | Reply

  6. Аз ин кадар суханхо дида як шеъри хуби Фарзонаро мемондед, бехтар буд. Масалан шеъри “Имсол диёри кучаки ман дар тасарруфи Шайтон аст”.

    Comment by Ilhom | 17.03.2009 | Reply

  7. Илхоми азиз. Харфи Шумо дуруст аст. Шоир онест, ки дар шеъраш мебинем. Манзур аз навиштани ин порча факат як чумла буд, ки чаро чашми мо муъчизахои атрофи моро намебинад.

    Comment by Cалими Аюбзод | 17.03.2009 | Reply

  8. dustan e gerami va farsi zaban e tajik dorud!
    man reza vahhab yeki az shaeran e irani hastam ke besyar alaqemand hastaim (khodam va dustanam) ke ba shaeran e hamzaban e tajik peyvandi mostahkemtar dashte bashim. be onvan e aghaz khoshhal misham agar ke be weblog e man sari bezanid. talash karde am ke be khat e shoma sher ha ra benevisam! agar eshtebahi bud rahnamaei konid. omidvaram ke betavanin poli beyn e shaeran e 2 keshvar e hamzaban bezanim. montazer e shoma hastam.
    rezavahhab.blogfa.com

    Comment by reza vahhab | 12.08.2009 | Reply

  9. Канду асал барин! Он илхоме, ки ман аз навиштачоти Салими Аюбзод мегирам ягон манбаи дигар ба ман дода наметавонад. Илохо саломат бошанд ва дар панохи парвардигор хамеша хандону шухратманду бе гаму гуса бошанд!!!

    Comment by Mark Twain | 18.08.2009 | Reply

  10. Воқеан, чаро шеъри “Имсол диёри кӯчаки ман дар тасарруфи Шайтон аст”-ро намегузоред дар ин ҷо?

    Comment by zarifovjamol@gmail.com | 24.08.2015 | Reply


Leave a reply to Samak Cancel reply