Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Нӯшатон бод пирӯзӣ, устод Бармак!

1-BarmakjonJoizaФилми Сиддиқи Бармак дар ҷашнвораи байнулмилалии Ботумӣ ҷои аввалро гирифт. Як рӯз баъдаш, дар озмуни Приштина Бармак барои ҳамин филм беҳтарин коргардон дониста шуд. Пештар “Ҷанги тарёкӣ” дар ҷашнвораи Рум ҷои аввал ва Ҷоизаи тилои Марк Аврелийро гирифта буд. Филми қаблии Бармак, “Усома” ба Ҷоизаи ҷаҳонии “Глобуси тило” мушарраф гаштааст.

“Ҷанги тарёкӣ” саропо шеър аст. Бандҳое аз он марсия, бандҳои дигар ҳамоса ва бандҳое ҳам танз. Ҳар ашёву симое, ки дар он мебинем, бештар аз ашёву симост ва дар ниҳояти амр ҳар яке аз онҳо ба рамзу символи пургунҷоише табдил меёбад.

Достони филм сода аст. Ду сарбози захмии амрикоӣ, ки чархболашон суқут кардааст, як хонаводаи бенаво, ки дар зиреҳпӯши тахрибшудаи паҳлуи киштзори хашхош ба сар мебарад, як навраси ин хонавода, ки маҷбур аст, онро идора ва таъмин кунад, як пирмарди босалобати маълули дузана, дастаи Толибон, ки бурқаи занона бар тан ба ин хонавода ҳамла мекунад ва гурӯҳи мубаллиғони интихоботӣ бо сандуқҳои рой — ҳама дар маҳдудаи танге ба ҳам меоянд.

Зиндагӣ дар дохили зиреҳпӯши тахрибшуда ишора ба зиндагии мардуми Афғонистон аст. Занону кӯдакон одат кардаанд, дар ин зиреҳпӯш ва хандақи зери он зиндагӣ кунанд. Наздик ба 30 сол аст, ки чунин зиндагии як кишвар идома мекунад. Дар поёни филм чархбол ин зиреҳпӯшро ба ҳаво мебардорад. Гӯё решаҳои онро аз ин хок бармеканад ва нури хуршед ба сари занону кӯдакон, ки то ҳол зери бори сангини ҷанг ба сар мебурданд, мерезад.

Манзараи сюрреалистӣ бештар ба орзуи дерина мемонад.

Киштзори хашхош иқтисоди хонавода аст. Хоҳед дид, ки майдони хашхоши шукуфон чӣ манзараи зебоест. Гулистон. Танаҳои тирасабз ва гулҳои бунафш.

Дертар қатори занонро хоҳем дид, ки зери бурқаҳои тирасабз меоянд ва дар сар буғча ё тугунчаҳои сурху бунафш доранд. Ду манзара ба ҳам меомезад. Одамон ва рустаниҳои бангдона. Одамон бурқаҳоро аз сар мегиранд ва маълум мешавад, ҳамагӣ толибҳои мусаллаҳу сияҳпӯшанд. Зоҳир ва ботини киштзори хашхош?

Ҳамин табдили берун-дарун дар саҳнаи дигаре низ ҳаст. Кӯдакон аз дур мебинанд, ки мошини бузурге ба сӯи онҳо дар ҳаракат аст. Аз наздик мебинем, ки мошинро як пода гов мисли аробае кашола мекунанд.

Дар даруни зиреҳпӯши тахрибшуда гаҳворае овезон аст. Кӯдакон дар даруни ҷанг зода ва парварда мешаванд. Вақте афсари сафедпӯст ва сарбози сиёҳпӯсти амрикоӣ дар бораи кӯдакияшон ва падару модарашон сӯҳбат мекунанд, дар як гӯшаи намо ҳамин гаҳвора ба чашм мехӯрад, ки холист.

Кӯдакон ин ду низомиро бозӣ-бозӣ ба ҷое мебаранд, ки ҳарду ба чоҳ меафтанд. Ин чоҳ дар қабристонест, ки дар як гӯри он сарбозони бритониёӣ, дар дигарш рус дафн шудаанд. Афғонистон қабристони нерӯҳои хориҷист?

Симои марказии филм наврасест, ки ҳам кӯдакон ва ҳам занони хонаводаро раҳбарӣ мекунад ва ба падари хонавода — пирмарди маълул низ ақл нишон медиҳад. Забони ин наврас забони шахси бузургсол аст ва фаҳмишаш низ. Кӯдаке, ки дар ҷанг зода мешавад, пеш аз вақт бузургу доно мегардад ва кӯдакие нахоҳад дошт.

Интихобот дар зери мили силоҳ ва бо тарсу ҳарос як саҳнаи танз аст. Номзад сандуқи раъйдиҳиро ба назди аҳли хонавода меорад, вале ӯро даҳҳо нафари мусаллаҳ иҳота мекунанд.

Ба сурати умум филми “Ҷанги тарёкӣ” саргузашт ва сарнавишти як кишвареро ба номи Афғонистон ба намоиш мегузорад. Ҳар яке аз қаҳрамонони он, ҳатто пирамарди босалобат, вале маълул ба рамзи ин мамлакат табдил меёбанд.

1fituesti

Дар бораи филми нави Сиддиқи Бармак чанд моҳ пеш дар Анҷумани синемогарон ва рӯзноманигорони форсизабон дар Лондон бо ӯ мусоҳибае доштем, ки он замон танҳо як бахши хабарияш пахш шуда буд. Ҳоло пайти муносибест барои пахши комили ин мусоҳиба. Нахуст аз ӯ пурсида будем, ки филми нави худро чигуна муаррифӣ мекунад:

“Ин филм, ба назари ман, дастоварди муштараки гурӯҳе аз филмсозон аст, ки бо як дилу як садо ҷамъ шуданд ва ин филмро сохтанд. Ин одамон аз ҳар гӯшаи дунё буданд. Масалан, аз Тоҷикистон, Эрон, Ҳинд, Амрико, Афғонистон… Барои онҳое, ки аз Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон буданд, ба шарофати забони муштарак мушкиле дар тафоҳум набуд, вале онҳое, ки инглисӣ ё ҳиндӣ сӯҳбат мекарданд, ҳеҷ вақт ҳисси бегонагие надоштанд. Ва ин буд, ки онҳо тавонистанд, аз таҳти дил ва самими қалб як кори хуберо анҷом диҳанд.”

Пурсиш: Шумо аз филме, ки дар ниҳояти кор омода ва ба бинанда пешкаш шуд, ҳамчун коргардони он розӣ ҳастед?

Сиддиқи Бармак: “Ба сурати куллӣ, оре. Аммо бо гузашти замон ҳиссе пайдо мешавад, ки кош, ин қисматашро ба як шакли дигаре месохтам, кош ин тағйиро меовардам, кош, ин порчаро кӯтоҳтар месохтам ва он якеро дарозтар, кош ин ҷо рангҳоро тағйир медодам. Ин фикрҳо пайдо мешаванд, вале ба ҳар сурат ман розӣ аз инам, ки бо вуҷуди он ки як тими бисёр мухталиф аз ҳар гӯшаву канори ҷаҳон ба ҳам омада буд ва чунон бо ишқ кор карданд, ки натиҷаашро Шумо рӯи парда дидед.”

Пурсиш: Филмҳои Шумо як ҳолати эксперименталӣ, ҷӯяндагӣ ва навоварию навпардозӣ доранд. Интизори Шумо аз вокуниш ба навпардозиҳо чист?

Сиддиқи Бармак: “Ман вақте ки филм месозам, бештар ба садои дили худам гӯш медиҳам, ки оё пазируфтанӣ ҳаст, оё худи маро мутаассир месозад, худи маро такон медиҳад. Вокуниши худам ба он чӣ хоҳад буд? Бовар ва нобовариҳои ман ба он чист? Баъд ба мардуми худам фикр мекунам, ки метавонанд, бинандаи ҳамин филм бошанд. Бештар ба ин мавзӯъҳо меандешам ва фикр мекунам, ки мехоҳам, куллан муаммои печидаи инсонҳоро матраҳ созам. Ҳаводисе, ки инсон меҳвари он аст ва равобити печидаи инсонҳо матраҳ мешавад, дар ҳама ҷо бинанда хоҳад дошт. Агар мо мушаххасан ба як макон ва як замон таъкид бикунем, шояд филми мо дерпо набошад, шояд зуд фаромӯш шавад ва бинандаи ҷаҳонӣ надошта бошад. Қисме ки мебинем, бузургтарин дастовардҳои адабиёти ҷаҳонӣ онҳое ҳастанд, ки дар бораи инсон ба таври маҷмӯъ сӯҳбат мекунанд. Шумо осори Мавлони бузургро бубинед. Ё ашъори Ҳофизу Саъдию Рӯдакию Хайёмро бубинед, ки чӣ қадар ом ҳастанд, маҷмӯъӣ ҳастанд, дар бораи инсон ҳарф мезананд ва ба ҳамин хотир мондагор ҳастанд. Ё масалан, аз адабиёти клоссики рус бигирем, ончӣ дар осори Толстой, Чехов, Достоевский дида мешавад, ҷолиб аст. Ин инсонҳои бузургро тамоми нигоҳашон ба инсон аст. Инсон дар замон ва муҳити лоятанҳоӣ. Ба ҳамин хотир аст, ки осорашон мондагор аст. Мо ҳам ҳамчун шогирдони кӯчак кӯшиш мекунем, ин меъёрҳоро дар филмҳои худамон ба гунае матраҳ бисозем ва бештар таваҷҷӯҳи мо ба сарнавишти инсон, инсон бо тамоми абъодаш, бо тамоми зовияҳояш бошад. Шояд гоҳе вақт муваффақ шавем ва гоҳ на, вале ман фикр мекунам, ин улгуҳо, ва намунаҳои бисёр хубест, ки метавонад одам дар синемо ҳам пиёда бикунад.”

Пурсиш: Филми Шумо саросар рамз аст. Чунончи, тонк дар паҳлуи гаҳвора ва ё об дар биёбон. Омезиши рангҳо ва суробҳо. Ин забони синемоии Шумост. Фикр намекунед, ки шояд барои як бахши бинандагон ин забон начандон фаҳмо бошад?

Сиддиқи Бармак: “Замоне ки филмро месохтам, аввал фикри инро доштам, ки ривоятгари содаи як қисса бошам. Достонеро ривоят кунам, ки бисёриҳо битавонанд, онро ба унвони як қиссаи сода бипазиранд ва дарк бикунанд. Вале дар паҳлуяш, бидуни шак, чашм намепӯшам аз ин ки бештар ба истиора, киноя ва имову имож фикр кардаам. Яъне мо ҳарду буъди бинандаи худро дар назар гирифтем. Барои бинандае, ки бисёр амиқ ба синемо наменигарад. Мисли он ки дар Афғонистон аксаран мо, мутаассифона, бинандаи бисёр амиқнигар надорем. Саводу дониш дар тӯли солҳои ҷанг, чунон, муатаассифона, ба сатҳи поин ва нозил расидааст, ки бинандаи мо ё одат карда ба филмҳои нозили ҳиндӣ ё ҳолливудӣ, ки мо бояд барои ӯ як ривоятгари сода бошем. Достони филм худаш ба шакли бисёр ҳам одӣ ва сода метавонад барои чунин бинанда қобили пазириш ва дарк бошад, вале дар паҳлуи он мо ба бинандае, ки жарфнигар аст ва бинандаест, ки дар масоъил думболи маънову мафҳум мегардад, низ паём дорем ба он гуна ки Шумо гуфтед, тонк сумбул аст, гаҳвора дар канори тонк сумбул аст, ба хусус замоне ки шаб сарбозу афсари амрикоӣ, ки ба тонк баста шудаанд, сӯҳбат мекунанд, ӯ дар бораи модараш мегӯяд. Мегӯяд, ки мехоҳад, бо падару модараш гап бизанад, зеро мегӯяд, ман фикр мекунам, ки набояд дар ин ҷо бимонам. Дар ҳамин ҳол дар композисюни куллии кадр ҳангоми ин сӯҳбатҳо мо ҳамчунин як гаҳвораи танҳову холиро мебинем. Ман фикр мекунам, нисбати cӯҳбатҳои инсон, зиндагии инсон ва сарнавишти инсон бо гаҳворае, ки аз оғоз дар он бузург шуда ва кӯдакиҳояш он ҷо гузашта як робитаи мустақим аст, биноан умқи мавзӯъро ба гунае хостем ба тарафи чанбӯъдӣ будани инсон ва чанбӯъдӣ будани тасвир ва дар айни замон чандмафҳума будани ҳарфҳои худамон бикашем.”

Пурсиш: Шумо гуфтед, як дастаи тифоқе аз филмсозони мамолики гуногун дуруст кардед. Кори муштарак идома хоҳад кард ва нақшаи баъдии Шумо чӣ хоҳад буд?

Сиддиқи Бармак: “Бидуни шак, ин даста ҳамонгуна ҳамдилу ҳамкор боқӣ хоҳад монд ва нақшаи баъдии ман ҳам инро тақозо мекунад. Сужа ва андешаҳои зиёде ҳаст. Ҳамаи онҳо ҷолибанд, вале ҳоло достоне дар даст дорам зери унвони “20”, ки як бахши ҳодисаҳои он дар Афғонистон иттифоқ меафтад ва бахши дигар дар Осиёи Марказӣ, бавижа дар Тоҷикистон. Бист як мафҳуми хос аст, ҳам ба унвони адад ва ҳам ба унвони як амале дар тавлиди маводи мухаддир. Мехоҳам, ин филмро боз ҳам бо кӯмаки ҳамин дӯстонам дар Тоҷикистон ва Афғонистон ба навор бигирам. Агар таҳиякунандаеро пайдо кардем, ки ба сармоягузорӣ дар ин барнома розӣ шуд, иншоаллоҳ, то сари соли оянда ин филмро оғоз мекунем.”

Бахше аз ин матлаб аввал дар сомонаи интернетии радиои “Озодӣ” нашр шудааст.

04.10.2009 - Posted by | Синемо, Фарҳанг |

1 Comment »

  1. Ман ин филмро дидаам. Филми диданиаст, вале факт барои як бор. Чунки он аслан идиюлужй баромадааст. Дар ин филм ман танхо хунари коргардонии окои Бармакро метавонам тавсиф намоям – хеле хунармандона. Дар ин филм, ростй, дасти коргардон эхсос мешавад. Вале он чиддй нест – он гуна, ки филми “Усома”-и у гирифта шудааст. “Усома”-ро ман 6 бор дидам ва агар имкон шавад, онро боз чандин бори дигар хохам дид. Вале “Чанги тарёк”-ро на.
    Ба хар хол, Сиддики Бармакро бо ин пирузияш табрик мегуям, чунки у ба хар чоизаи баланде меарзад. Ва аз вай сохтани филми хуби хуберо умедвор шудан мумкин аст.

    Comment by Мунаввар | 04.10.2009 | Reply


Leave a comment