Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Нахустин низоми порлумонии Осиёи Марказӣ?

Бо тамоми ифтихор аз гузаштаи бузурги миллати хеш ва бархилофи пешдоварии имрӯзаи онҳое, ки ба ҳамсоягони туркнажоди худ аз боло ба поён нигоҳ мекунанд, ман ба қирғизҳо ба чашми ҳасад менигарам. Онҳо тамоми корро карданд, ки як интихоботи ба андозаи зиёд озод, одилона ва шаффоферо баргузор кунанд. Ҳарчанд мардуми мо шиори ориятии “Мо метавонем!”-ро тӯтивор такрор мекунанд, мо ҳанӯз чизеро натавонистаем, амо онҳо тавонистанд.

Агар интихоботи Қирғизистон барои ҷаҳон муҳим намебуд ва агар ҷаҳониён ба ин мардум нигоҳи хайрхоҳона намедоштанд, ин қадар шабакаҳои хабарии ҷаҳон дақиқаҳои гаронбаҳои хешро сарфи он намекарданд. Ҳатто телевизионҳое, ки ками дар кам дар бораи Осиёи Марказӣ чизе мегӯянд, аз ҷараёни раъйдиҳии 10-уми октябр дар Қирғизистон гузоришҳои муфассале пахш карданд.

Вусъати бозтоби байнулмилалии интихоботи Қирғизистон як сӯ, бархӯрди саршор аз эҳтирому эҳтиёт низ маро дар шигифт гузошт. Он ҳам ҳамагӣ пас аз 4 моҳи хабарҳои мудҳише аз ҷануби ин кишвар, ки ба сурати умум зарбаи бузурге ба обрӯи қирғизҳо дар арсаи байнулмилал буд.

Албатта, чунин бозтоб бесабаб набуд. Қирғизҳо бо вуҷуди ҳамаи хушунату зӯровариҳо ва рӯйдодҳои таассуфовар боз ҳам қадаме ба пеш гузоштанд. Қадаме ба сӯи нахустин ҷумҳурии порлумонӣ дар Осиёи Марказӣ. Қадаме дар роҳи наҷот аз подшоҳбозӣ ва сулоласозии қуруни вустоӣ. Диданд, ки ҳар шахсе президент шуд, ҳокимиятро дар мушти хеш гирифт ва аввал дар ғами шиками худ шуд ва ба зудӣ ҳамдиёру хешу ақрабову писару духтараш даст бо деги миллат заданд ва ҳамаро аз сари дастархон рӯфтанд, то фақат худашон бошанд.

Аз ин ҷо қонуншиканиҳо сар шуд, фасод ба меъёри зиндагӣ табдил ёфт ва бадбахтии мардум бештар гардид. Ҳоло маълум нест, роҳи наҷоте, ки қирғизҳо дар пеш гирифтанд, то куҷо комёбона хоҳад буд, вале ба ҳар ҳол ҷустуҷӯ ва андешаи нек онҳоро пеш мебарад ва аз нав ба раҳкушоёни сиёсии минтақа табдил медиҳад.

Муваффақияти лоиҳаи нави “ҷазираи демократия” ба он бастагӣ хоҳад дошт, ки то куҷо сарвазир ва ҳукумати нав зери назари порлумони нав қарор хоҳанд дошт. Шояд бӯҳронҳои сангине ин кишварро дар пеш аст, вале тавре мегӯянд, “натарсидӣ, бурдӣ, тарсидӣ, мурдӣ”. Раҳеро рафтан беҳтар аз нишастан аст, талош беҳтар аз ғафлат, имтиҳон беҳтар аз таслим.

На аз зовияи доварӣ, балки аз равзанаи ҳамсоя қирғизҳоро шодбош мегӯям. Бигзор, кори сахту сангини онҳо меваҳои неку ширин диҳад! Бигзор, низоми нави кишвари онҳо ба рушду тақвияти ҷомеаи асили шаҳрвандӣ кӯмак кунад ва дигар узбактаборон нагӯянд, ки узбак будан дар Қирғизистон даҳшат аст. Бигзор, намунаи хуби онҳо дигаронро низ ба таҳаввул ва таолие раҳнамун кунад!

Оре, Шумо мегӯед, Тоҷикистон низоми порлумониро таҷриба карда буд ва аз он даст кашид. Аммо, инсоф диҳед, магар он солҳои 1993-1994 кишвар дар чӣ ҳоле буд? Магар ҷанг идома надошт? Чанд ҳизби сиёсӣ дар кишвар фаъолият мекард? Дар порлумон намояндагони чанд ҳизб нишаста буданд? Сарвазир кӣ буд ва чӣ қадар салоҳият дошт?

Ман ҳам дар баъзе аз маҳфилҳо гуфтаам, ки низоми порлумонии қирғизҳо нахустин таҷриба дар Осиёи Марказӣ нест ва ҳоло ҳам мехоҳам, бигӯям, ки Тоҷикистон аввалин буд, аммо ин сухан ба ҳеч ваҷҳ аз рӯи адлу инсоф нахоҳад буд. На он интихобот интихобот буд ва на он порлумон порлумон. Шумо бубинед, ки дар интихоботи Қирғизистон 29 ҳизби сиёсӣ ширкат кард! Дар Тоҷикистон ҳоло ҳам намегузоранд, теъдоди ҳизбҳо аз адади дилхоҳашон бештар шавад ва ҳамон аҳзоби бударо ҳам бо иғвою тафриандозӣ ба гурӯҳу дастаҳо тақсим мекунанду ҳамаашонро ба кунҷе лагад мекунанд, ки садояшонро касе нашунавад.

Ҳасади сафеди ман ба ҳамсояам боз аз он ҷо вазнинтар мешавад, ки аз ватанам ба ҷои хушхабар шумхабар мерасад. Сарбозони ҷавон, афсарон, инсонҳои одӣ дар як ҷанги нонамоён ва мармузу пинҳонӣ кушта мешаванд. Хашми аҳолӣ бо ин роҳ на ба гунаҳкорони ин фоҷиа, балки ба дини ислом ва мусулмонон нигаронида мешавад, то фазои соли 1992 эҳё гардад ва хусуматҳои кӯҳна зинда шавад.

Дар бархе аз торнамоҳо баҳсҳои маҳалгароёна ва таҳдидҳои намояндагони як маҳал ба намояндагони маҳалли дигар рӯ мезананд. Худо кунад, инҳо дурӯғ бошанд ва мардум дарк намоянд, ки инҳо тавтеаҳои душманонанд. Вале чанд бор бояд ба як чоҳ афтод ва чанд бор бояд асои худро гум кард?

Офарин ба қирғизҳо! Онҳо нишон доданд, ки набояд ба як чоҳ ду бор афтод ва агар ҳатто кӯр будӣ, набояд ду бор асои хешро гум кард. Пас чаро ба онҳо ҳасад набарем?

11.10.2010 - Posted by | Интихобот, Сиёсат, Таърих, Қирғизистон, Қонун |

6 Comments »

  1. Таҳлили дақиқ, дастатон дард накунад. Ин сухан ба чо фармудед, ки мардумони мо мутаассифона ба ин ҳамсояи сарбаланд ва ғаюри туркамон, аввалан аз боло нигоҳ мекунанд, ки чароияш ҳануз барои ман рушан нест. Оё фақат бад-ин хотир, ки он чамоат хуни “ориёи” надоранд масалан, ва ё бад-ин чиҳат, ки чашмонашон танг аст? Ба ҳар ҳол, намедонам. Ва сониян, ин ҳам дақиқан дуруст фармудед, ки ахиран ҳамагон одат ба шиори “Мо метавонем” кардаанд. Аммо амалан мебинем, касоне метавонистаанд, ки зиёд шиор намедодаанд, балки даст ба кор мешудаанд.
    Ба ҳар ҳол, ин имтиҳони сарнавиштсозро барои ҳамсояи қирғизамон табрик мегуем, ва умедворем рузе “ориёи”-ҳо ҳам дарси озоди ва мубориза барои сарбаландиро аз “туркон” биёмузанд!

    Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 11.10.2010 | Reply

  2. Дуруд бар Сайидюнуси азиз. Ҷои пинҳон кардан нест, ки зиёиёну ҷавонони мо таҳти таъсири ифтихор аз таърихи гузаштаи хеш ва саҳми қавми худ дар рушди фарҳанги ҷаҳониён (боз ҳам дар гузаштаи дур)ва зимни хусуматҳои таърихӣ, ки аз ҷумла дар вожаи “турктозӣ” сабт шудааст ва бино бар рақобатҳои феълии рехта бар сафҳаи матбуот ба ҳамсоягони туркамон нигоҳи чандон мусбат надоранд. Агар диққат карда бошед, баъзе бадавронрасидагони имрӯзӣ ҳатто сокинони шимоли кишварро бо кароҳат “туркзада”, “қизилбош” ё “авлоди муғул” меноманд. Ҳамин тавр бархе аз сокинони ҷанубро бо мақсади тавҳин лақай ва аз тухми турк унвон мекунанд. Агар инҳо ба маҳзи ҳифзи қудрат ё иддаои ҳаққи вижа доштан ба қудрат дар кишвар бошанд, як гапе, вале чунин таблиғ то поинтарин сатҳи ҷомеа низ расидааст. Муносибат ба ҳамсоягонамон як бозтоби бурунмарзии муносибатҳо дар дохили ҷомеа аст ва аз ҳамон сарчашмаеи тоҷикони “тоза”-у “нотоза”, “кӯҳистониёну” “даштиҳо” ва монанди инҳо об мехӯрад.

    Аз сӯи дигар мо, тоҷикон, ифтихор ҳам мекардем, ки бисёре аз равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро пештар аз ҳамсоягонамон сар карда будем. Мо нахустин мардумоне будем, ки ба забони хеш мақоми давлатӣ додем. Ҳамон ибтидо ҳам ин як шиоре буд ва шиор монд, кори чандоне барои рушди забони хеш накардаем, аммо шиоре буд, ки мебоист мардумро муттаҳид мекард. Имрӯз онро ҳам ба хоки сиёҳ задаанду мояи маҳалпарастиҳои махавона кардаанд. Мегуфтем, мо аввалин шуда ҷангро аз сар гузарондем ва акнун одам мешавем, ҳайҳот, бадтар шудему беҳтар на, аммо қирғизҳое, ки дар чашми мо камтаҷриба ва камзарф намудор мешуданд, аз ҷанг ҳам тавонистанд, худро эмин кунанд, дар сиёсати хориҷӣ аз мо фарсахҳо пеш рафтаву ҳамаи абарқудратонро дар хидмати худ гузоштаанд ва акнун дар сиёсати дохилӣ шояд ислоҳоте ба бор оварданд, ки онҳоро ба гули сари сабади минтақа табдил диҳад.

    Comment by aioubzod | 11.10.2010 | Reply

    • Бале, ишораи Шумо ба “ориётаборӣ” низ ҷой дорад ва гузашта аз ин бояд дар назар дошт, ки як навъ сабқате дар байни кишварҳои минтақа ҷараён дорад ва ҳар қавм мехоҳад пешгому пешсаф бошад.

      Comment by aioubzod | 11.10.2010 | Reply

  3. Дуруд,Салим!Саволи ман бурун зи мавзуст, лек, ки медонад,шояд наонкадар! Ду руз шуд, ки як шеър, аниктараш суруруде дар ичрои Алиризо Ифтихорй маро бесабр кардааст:

    Шархи шеърро интизорам. Зихи!

    Comment by Дарвеш | 13.10.2010 | Reply

  4. Шархе бо ёрии як дусти азизам:

    Шеъри ин суруд аз Алӣ Муъаллими Домғонист, ки аз ҷумла мегӯяд:

    Шарқ аз Мармара то Синд бапо мехезад,
    Халқ аз Африқия то Ҳинд бапо мехезад
    Хуни тоҷик дигар ҷӯши ҷунун хоҳад зад,
    Узбак аз Омӯя попӯш ба хун хоҳад зад.
    Боша дар сахраи Кашмир фузун хоҳад шуд,
    Бабре аз бешаи Бангол бурун хоҳад шуд.
    Туркман бар забари бод сафар хоҳад кард
    Боз афғон ба ҷаҳон арбада сар хоҳад кард…

    …ки манзураш бапо хостани мардуми Ховарзамин аст; орзуе шабеҳи орзуҳои Аллома Иқболи Лоҳурӣ.

    Унвони ин суруди Алиризо Ифтихорӣ (“Соъиқаи сабз”) ҳокӣ аз сиёсӣ будани он ва тақдими он ба Ҷунбиши Сабзи Эрон аст. Ба вижа онҷо ки декламе мекунад:

    Афросиёб хуни Сиёвуш мехурад,
    Мо бехабар нишаста ба уммеди Рустамем.

    Comment by aioubzod | 13.10.2010 | Reply

  5. Сипоси бепоён!

    Comment by Дарвеш | 13.10.2010 | Reply


Leave a comment