Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Афсуни Ленин

Аҷаб тазоде! Дар шаҳри Пушкини наздикии Санкт-Петербург (Ленингради пешина) ҳайкали Владимир Ленинро тарконданд, дар зодгоҳаш Симбирск ва дар Калининград бар сари ин ҳайкал мум рехтанд ва дар рӯзҳое, ки ин хабарҳо ба гӯш мерасид, аз тарси эътирози коммунистону коммунистмаобон муҷассамаи доҳии террористонро дубора дар шаҳри Кӯлоб устувор карданд.

Ҳоло ҳаросе дар дилҳост, ки ҳайкали баланди Ленин дар Хуҷанд (Ленинободи собиқ) боз умрҳо бар фарози рӯдхонаи Сир даст ба ҳаво боқӣ хоҳад монд.

Пас ҳанӯз ҳам “синдроми ҳайкали Ленин”-у мотами “ашкитимсоҳӣ”-и майдоне, ки оғози ҷудоӣ дар ҷомеаи тоҷик буд, дар рагҳои хуни ин қавм ҳаракат дорад ва ҳанӯз ҳам бародаршаҳрии арафаи ҷанги Тоҷикистон, бигзор дар сатҳи таҳтушшуурӣ боқӣ мондааст. Ин ҳам дар ҳоле ки фаромӯш нашудаасту намешавад, ки як тарафи ҷанг зери парчамҳои сурхи Будённий, Фрунзе ва Куйбешев ба майдон баромада буд, то бародарони ҳамхуни хешро қир кунад.

Дар зимн, ҳайкалҳои аъҷубасурати “сурхҳо”-и замони мо – Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов, Лангарӣ Лангариев ва дигарон шаҳри Қӯрғонтеппаро “зеб” медиҳанд. Дар маркази Хуҷанд нимпайкараи Абдулло Раҳимбоев мавҷуд аст, шахсе ки дар таърихи тоҷикон нақши сиёҳе дорад. Шунидаам, ки баъзе ин нимпайкараро хуш доранд, зеро ҳар боре ки аз наздаш гузаранд, ба сураташ туф мекунанд.

Аммо Ленин. Дар шаҳри Пушкин ҳам монанди Кӯлоби Тоҷикистон пайкараи Ленинро аз нав дар ҷояш устувор намуданд. Мегӯянд, бад ё нек ин омезаи гаҷу оҳаку соруҷу симоҳан нишонаи таърих аст. Вале, ба назари ман нишонаҳои таърихро бояд дар осорхонаҳо гузошт, на сари роҳи мардум. Вақте сари роҳи мардуманд, амр, дастур, фишори равонӣ ва роҳбандони таъриханд.

Афсуни афсонаи таблиғотии Ленин боз солҳои сол мағзҳоро машғул хоҳад дошт, бахусус дар пасманзари беадолатии иҷтимоӣ, ки то рафт амиқтару густардатар мешавад. Таърихнигорону мубаллиғони замони шӯравӣ аз барқияҳои террористии Ленин шарм кардаву онҳоро ба Куллиёти осори доҳии пролетариат дохил накардаанд. Нависандаи рус, Владимир Солоухин нахустин касе буд, ки дар охири солҳои 1980 ин матнҳоро аз бойгониҳо берун кашид ва дар маҷаллаи “Родина” нашр кард.

“Бераҳму бешафқат бошед! Ба тақвият ва густариши оммавии террор ба тавассути ташвиқу қадрдонӣ кӯмак кунед!”

Дар ҷои дигар:

“Агар комилан мутмаин бошед, ки ба куштори оммавӣ ва бераҳмона қувват намерасад, барои кӯмак дархости хаттӣ ирсол доред. Паронед, касеро напурсед ва ба кашолкорӣ роҳ надиҳед.”

Ленин дар моҳи ноябри соли 1919 Михаил Фрунзеро ба ҳайси фармондеҳи Ҷабҳаи Туркистон ба Осиёи Марказӣ фиристод. Бо ин шиор, ки “мақсад ишғоли қаламрав нест, мақсад нобуд кардани ҳариф аст.”

Барои ман инҳо далели кофиянд, ки ҳама чизи марбут ба Ленин ва шайкаи ӯ дар гулхан сӯзонида шавад. Пайкараҳои ӯро бояд барчид ва нобуд кард. Онҳо таърих нестанд, дарде таърих аст, ки аз он замон то ҳоло ва боз ҷовидонаҳо мардуми ҷаҳонро азият медиҳад.

Агар пайкараҳо таъриханд, чаро дар Олмон пайкараҳои Адолф Ҳитлерро аз ҳама ҷо бардоштанд? Оре, Ленин Ҳитлери каме беҳтар буд, ҳарчанд шояд дар шумораи қурбониёни ҷангу террори онҳо тафовути зиёд нест. Миллионҳо нафар.

08.12.2010 - Posted by | Ватан, Ваҳдат, Сиёсат, Таърих, Тоҷик, Худшиносй |

32 Comments »

  1. Устоди азиз, дастатон дард накунад, маколаи чолибе нигоштед. Дар миёни мо точикон зохиран хануз хастанд касоне ки дил аз ин “пешво” накандаанд. Аз навиштахои шумо дар ин чо, он чи бароям тоза ва шигифтовар аст, ин тикка аст, ки фармудед: “Дар шаҳри Пушкин ҳам монанди Кӯлоби Тоҷикистон пайкараи мунфаҷиршударо тармим карданд ва аз нав дар ҷояш устувор намуданд”.
    Магар дар Кулоби Точикистон низ замоне ин пайкараро касе тарконда буд то аз нав тармимаш кунанд?

    Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 08.12.2010 | Reply

    • Бародари азиз, ишораатон аз он лиоз дуруст аст, ки маънй ин чо сахех баён нашудааст. Манзур ин аст, ки дар он чо хам пайкара дубора ба маконаш бозгардонида шуд, ба гунае ки хафтаи гузашта дар шахри Кулоб хайкали моххо пеш баркандаро дубора ба чояш устувор карданд.

      Comment by aioubzod | 09.12.2010 | Reply

      • Хайкали Ленинро дар Кулоб бо хадафи бозсозй ва татбики тархи нави хиёбонхои шахр барканда буданд.

        Comment by aioubzod | 09.12.2010

      • Мамнун аз тавзехот устоди азиз!

        Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 09.12.2010

  2. Устод, ахсант.

    Comment by Махмудчон Файзрахмонов | 09.12.2010 | Reply

    • Ба саломатй, азизам.

      Comment by aioubzod | 09.12.2010 | Reply

  3. Шараф Азизов, масъули боғи фарҳангии шаҳри Кӯлоб, иллати муваққатан барканда шудани ҳайкали “доҳии пролетарҳои ҷаҳонро” тахриб шудани он аз сӯйи афроди номаълум унвон кард.

    http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101207_ea_ah_lenin_statue.shtml

    Аммо дар гузориши ББСи чунин гуфта шудааст ва аз номи масъули хамин бог.

    Comment by Usmon | 09.12.2010 | Reply

    • Дар гузашта гуфта мешуд, ки ба хотири татбики плани нави шахр пайкара кучонда шудааст.

      Ончй Шумо равон кардед, нав аст, ташаккур.

      Comment by aioubzod | 09.12.2010 | Reply

  4. Хело дарди дили самимйе кардед, ки банда сад дар сад бо шумо шарикам. Ман хатто вакте аз пули Кизил-калъаи Кургонтеппа мегузараму сурати Файзалй Саидовро мебинам, холатам бад мешаваду он зулму ситаме ки бар болои мардуми бечора карданд ба ёдам меояд. Бовар кунед, агар рохи алтернативии дигаре мебуд, хечгох бо он рах намерафтам, то сурати он “кахрамоне” ки дасташ бо хуни садхо Точик олудааст-ро набинам.

    Comment by Махмудчон Файзрахмонов | 10.12.2010 | Reply

  5. Ташаккури зиед барои маколаи чолибатон аки Салим. Лаънати Худо бар Ленини лаъин бод, ки сабаби бадбахтихои зиеда дар Осиеи Миена шуд. Мардуми мусалмони моро аз дину фархангамон то 70 сол чудо кард. Ман сабаби аз дасти точикон рафтани Самарканду Бухороро махз дар хамин касофатии коммунистон мебинам, ки таърихро пушти сар карда чашмро пушиданд ва точиконро як мардуми бодиянишин хисоб карда аввал автономи доданд баъд давлати алохида. Агар хамин инкилоби ин бадбахтхо намебуд Осиеи Миена бо мурури замон ранги дигар мегирифт. Албатта подшохиро сарнагун мекарданду ягон тагироти кулли дида мешуд, лекин афсус, ки чунин шуд. Холо баъзе аз бародарони мо ки даъвои мусулмони доранд шарм надошта, еде аз СССР мекунанду таърифу таснифи Ленинро. Тавба кардам хатто мегуянд Ленин абади дар дилхоямон зинда хохад монд. Во дарего во дарег……..

    Comment by amid | 10.12.2010 | Reply

  6. Агар хамин инкилоби ин бадбахтхо намебуд Осиеи Миена бо мурури замон ранги дигар мегирифт. Ранги Авгонистонро мегирифт. Аблахони диндори бачабозу духтарбоз хукумрони мекарданд ва он аблахоне, ки бо хату саводи СССР одам шуданд хар..и карда мегаштанд. Хамин хел Амид

    Comment by Mirob | 10.12.2010 | Reply

    • Бародар Мироб, диндор бачабозу духтарбоз намешавад. Диндор он шахсеро гуфта мешавад, ки аз руи Куръону Суннат рафтор кунад. Харомро харом донад халолро халол. Шахсе, ки зино кунад ва бачабози кунад, чи гуна уро мешавад диндор гуфт. Ин шахс дар лаънати Худову Расул гирифтор аст ва барои ин амалаш азобхои сахте мебинад. Афгонистон майдони бахси давлатхои абаркудрат аст ва ин давлатхо афгонистонро ба як сарзамини чанг табдил доданд. Албатта худи афгонхо барои ин чангхо гунахкоранд, ки байни худ чанг мекунанд ва зиеда аз 30 сол аст нотинчи аст. Худо накунад Точикистонро душманон хадафи майдони чангу озмоиши яроку аслиха кунанд, баъд мебинем, ки чи ходиса руй медихад ва ба халосгар зор мешавем. Ман намегуям, ки СССР барои мо фоида наовардааст. Тарафи мусби хеле зиед дошт, аммо манфиаш аз мусбиаш дида зиедтар аст, ки хозир худ шохид хастем. Болои сухта намакоб, чанги шахрвандиро аз сар гузаронидем ва хатаре вучуд дошт, ки точикистонро таксим кунанд. Худоро шукр, ки хама вазнинихо паси сар шуд ва мардуми мо харакат дорад, ки хатогихои пешинаро дуюмбора такрор накунанд ва барои ободии ватан сахм гузоштаистодаанд. Саломат бошед

      Comment by amid | 11.12.2010 | Reply

  7. Ба фикри ман набояд танхо тарафи манфиро дид, зеро инкилоб ё табаддулоти Бухоро чизе гуем ё нагуем сабаби пешрафти ин минтака хам шуд. Агар Ленин намебуд, точикон ба ин дарача хам намерасиданд.

    Comment by Samandar | 10.12.2010 | Reply

    • Самандар, дуруст аст, ки бояд хама чихатхоро эътироф кард, аммо ин руйдодхо нагузошт, чунбиши худчуши чадидхо ва навоварону маъорифпарварони точик акидахои худро амалй кунанд. Агар болшевикхо пантуркистонро дифоъ намекарданд ва ба дунболи сухани онхо намерафтанд, шояд вазъу холи дигаре ба миён меомад?

      Comment by aioubzod | 10.12.2010 | Reply

  8. Устод ман ба андешахои Шумо рози нестам. Дар маркази шахри Тюмень хайкали 14 метараи Ленин побарчост. Касе ба наздики пояшро харошид. Барои ин кораш 6 мох хабсаш карданд. Нисабти шахсе ки дар шахраки Пушкин хайкали Ленинро тарконд парвандаи чинои огоз шуда буд. Шумо дар бораи то хол боки мондани мехри Ленин дар майнаи баъзехо гуфтед аммо худ то хол Ленинро танкид мекунед гуё у дар хаёти имрузи мо ягон арзиш дошта бошад. Яъне дар давоми бист сол мавзуи бахси демократхои мо ё нахзатиёни мо сари Ленин аст. Бас нест магар. Шахсан чонибдори акидахои Ленин нестам аммо у бо Гитлер мукоисанашаванда аст. Гитлер акдахои руирости зидди инсони дошт ва ба у он кадар хайкал хам ба монанди Ленин нагузошта буданд ба фикрам. Хулласаи калом хамин хайкали Ленинро акалан барои он ки ин захмати дасти ягон хайкалтарош аст бояд хурмат кард.

    Comment by Абдулло | 10.12.2010 | Reply

    • Абдуллои азиз, Шумо ба андешаи худ хак доред ва ман бо камоли майл аз ин хакки Шумо дифоъ мекунам.

      Ин чо 2 масъала аст. Накши Ленин дар торих як чиз аст, ки шояд уламои торих ба он бахои дакиктар бидиханд. Ман дусташ намедорам, зеро аз хушбахтй дида бадбахтии бештар ба мардуми ман овардааст ва хушбахтихои овардааш хам нархи бисёр баланд дошту фочиаи саркардааш тот холо идома дорад. Ин, албатта, акидаи шахсии ман аст.

      Ба Гитлер аз он лихоз монанд аст, ки садхо хазор нафарро курбони идея кард.

      Тарафи дувум ва мухимтар барои ман ин аст, ки зехни насли чавони мо бояд поку озод бошад ва худаш ояндаи ватанро бо аклу фаросоти худ бисозад. Навиштаи ман хатти пайванде ба дусти хамкорам Муъмини Ахмадй дорад, ки дар як матлаби дигараш навиштааст, садхо хоктудае дар Точикистон хаст, ки мардум онхоро кабри лашкаркашони араб ва саъобагон мешуморанду ба онхо сачда мекунанд, ишку эътикод меварзанд.

      Ба фикрам, садхо сол мегузараду агар точик зинда бимонад, ба ин гурхову хайкалхои Ленин ё Сангаку Файзалй сачда хохад кард ва харгиз ба фикри он нахохад расид, ки бояд худаш хайкали худашро бисозад…

      Каме навмедона, аммо шояд дуруст.

      Comment by aioubzod | 10.12.2010 | Reply

  9. Не соглашусь с Вами. Наоборот, на мой взгляд, таджики должны гордиться тем, что они не разрушают памятников (как, например это сделали в Прибалтике). Действительно, плохая ли хорошая ли – это история. Если мы начнем сжигать памятники , поставленные теми, с кем мы не согласны идеологически , то сами уподобимся большевикам и другим фанатикам. Может, слишком сильное сравнение, но не побоюсь: вспомните разрушение статуй Будды в Бомиён… С точки зрения взрывавших это было исчадие зла – идолопоклонство…

    Comment by Муллоқанд | 13.12.2010 | Reply

  10. Салом ба муаллифи ин мақола. Чун рӯзноманигор, айб аст ба Шумо чунин мақоларо интишор кардед. Шарм доред. Агар ки хешро зиёӣ меҳисобидед, ин гуна мақолаи яктарафаро нашр намекардед. Шумо, чун пешбарандаи ғояи мардумӣ, ҳаққӣ баёни худро надоред. Шумо бояд нуқтаи назари мардумро аз ҳама воло бояд донед…Агар, ки зиёӣ набошед, он майдони шарҳиҳолие, ки дар кунҷи рости болоии саҳифа аст, нобуд кунед…
    1. Гуфтаанд: рӯзнома – сиёҳнависи таърих аст (Филип Грэм). Ва ин ҳақиқати демократӣ аст. Гуфтаи “таърихро ғолиб менависад” ба замони ҳозира муваффак нест. Сабаби якуми нобудкунии ин мақола.
    2. Гуфтед: “ба назари ман нишонаҳои таърихро бояд дар осорхонаҳо гузошт, на сари роҳи мардум”. Чаро нисбати И. Сомонӣ ин суханҳоро нагуфтед? Ҷое, ки холо яғмогарон (бо роҳбарии раиси шаҳр) вайрон мекунанд, боғи Сомонӣ хоҳад шуд, ва ба ҷои мучассамаи Ленин, Сомониро мегузоранд. Ин ҷиҳати масъаларо низ дида баромадан лозим буд. Ин сабаби, ё пурракунии мақола, ё нобудкунии он аст.
    3. Баробаркунии Ленин ва Гитлер нодуруст, дар муҳокимаи шаҳри Хучанду, ҷаҳонбинии Гитлеру Ленин, усулҳои амаликунии ин ҷаҳонбинӣ. Чӣ Гитлер пас аз ҳукмронии худ ба халқи немис гузошт? Чӣ Ленин гузошт! Гиред, таърихи Хуҷандро хонеду, муқоиса кунед – Хучанди то инқилобро, Хуҷанди “Ленинобод”-ро, ва Хуҷанди имрӯзаро. Ин шаҳрро ба чунон намуд, ки мо имрӯз мебинем, “Ленин” (шахсоне, ки худро ленинист мешумориданд) сохтааст. Ва мо, сокинони (муфтхӯри) ин шаҳр ҳуқуқи вайронкунии ин муҷассама надорем. Вақте, ки худамон шаҳр созем, баъд он ҷо хуқуқӣ “ин муҷассама ин ҷойро нодорост” гуфтан дорем. Ин муҷассама нишонаи созандаи шаҳр аст!
    4. P.S. (нуқтаи назари худ): Бо як чиз, бо Шумо (муаллиф) розӣ ҳастам. Муҷассама набояд барои сиёсатмадорон гузошта шавад. Таърих гувоҳ аст, ки ягон намуди давлатдорӣ абадӣ нест. Ба зӯр,зӯртар ёфт мешавад. Муҷассамаҳо бояд ба хотири олимон, нависандагону зиёиён гузошта шавад.

    Comment by Muzafarov Dilshod | 13.12.2010 | Reply

    • Ин як бародар ба акои Салимчон менависад: “…Чун рӯзноманигор, айб аст ба Шумо чунин мақоларо интишор кардед. Шарм доред. Агар ки хешро зиёӣ меҳисобидед, ин гуна мақолаи яктарафаро нашр намекардед. Шумо, чун пешбарандаи ғояи мардумӣ, ҳаққӣ баёни худро надоред….”
      Узр ки туро бародар хондам, ин ЯК!
      Ту аввал сомона (сайт)- ро аз торнигор(блог) фарк кун , ин ДУ!
      Дар блог дилхох шахс хох журналист хох тракторист (мисли “баъзехо”) метавонад озодона он чи дар сараш меояд сар додан гирад. Намефорад? дигар надаро! Торнигор чои дарди дил сабт кардан ва ба дуст ошнохо дакиктар расонидани фикру мулохиза! Сабаби пайдоиши торнигор(блог) аз чи сар шуд… Вакте чату чатбози ба муд даромад мушохида шуд ки микдори ичозатшудаи хуруфхо басанда нест. Махз ин боис гашт ки блог хо пайдо гаштанд. Саломат бошед ва минбаъд сухан дониста гуй то…

      Comment by Fakhri | 26.12.2010 | Reply

  11. Аз маркази Калъаи Хум бо воситаи автомобил мегузаштам, ва дидам ки гирди хайкали Ленинро бо матоъе ихота карда буданд ва марде дар даруни он щиг ба коре машгул буд.
    -Чи, меканеш ака,-гуфта пурсидам.
    -Э не, хояхош камтар чиркин шидай, тозашун кнме.

    Comment by Mirob | 14.12.2010 | Reply

  12. Устод дасту дилтон дардро набинад. Вокеан точик ачиб аст. Ленин ба унвони як чехра дар торих боки хоханд монд, навобаста ба ин ки манфи ё мусбат. Масалан Ленин ва Сталин дар хакки точи хиёнатхои нобахшидани содир карданд. Бар асари сиёсати нодуруст ва ноадолатонаи ин ду чехраи манфури таърих рухи бузурги точикияти мо садама дид ва пайкараи ин миллат барои хамешаги чиррахдор гардид. Ленин ва Сталин дар Осиёи Миёна амалан аз пантуркизм дастгири карданд ва барои махви точикон панузбакизмро бофта ба миён оварданд. Ин хиёнатро миллати точик ва давлатмардонаш имруз дар симои хайкалхои ин чехраи манфури таърих гироми медоранд. Холо он ки бояд чойи хайкалхои Ленину Сталину чойи номи хиёбонхои Куйбишеву, Титову, Фрунзеву, Дзержинскийро номи азизу зебойи Абдукодир Мухиддинов, Чинор Имомов, Абдурахим Хочибоев ва мисли инхо бигиранд. Ин бемантикист, ки аз як тараф муборизони Ленину Сталинро унвони кахрамони кишвар медихему аз чониби дигар Ленину Сталинро хануз гироми медорем. Будани хайкалу хиёбонхои Ленину Сталин ва як кисм аз хунхорони дигар аз дидгохи равони ба худшиносии миллии мо таъсири манфи ва шадид мерасонад. Ва дигар ин ки Инк\илоби Бухоро набояд гуфт, бояд гасби Бухоро бигуйем. Чун ин инкилоб набуд, дар он мардуми Бухоро ширкат накард, балки онро Фрунзе ва Куйбишев гасб карданд ва бо 12 аэроплан Бухори азизу шариф бомбаборон шуд. Ин магар инкилоб аст. Ин гасби Бухорост на инкилоб.

    Comment by Иршод Сулаймони | 14.12.2010 | Reply

  13. Навиштаи хело хуб. Шумо дар навиштани матолиби таърихи муваффактаред.

    Comment by MAHBUB-TJ | 15.12.2010 | Reply

  14. Ман ба чои хукуматдорхо бошам ба чои хайкалхои коммунистон, хайкалони кахрамонони миллати точик, ки дар Мастчоху Балчувону дигар минтакахо буданд, мемонам. Ана онхо дар хакикат кахрамонанд. Онхо дифоъ аз миллати фархангу дини худ карданд ва ба большевикони хунхору зулмкор муковимати сахт нишон доданд, ки дар таърих иншооллох бо харфхои заррин сабт хоханд гардид. Зинда бод кахрамонони миллати точик.

    Comment by amid | 16.12.2010 | Reply

  15. Устоди азиз, хохиш мекунам хамон тарафхои манфии хукумати шурохоро як номбар мекардед, зеро дар давоми ин 20 соли истиклолият ман ба рости чизе хуберо дар киёси он замон надидам. Инчо мегуянд ки Ленин давлати точиконро аз байн бурд, бубахшеду кадом давлати точиконро? хамоне ки бо номи Аморати Бухоро маъруф аст? О ин давлати примитивиро мангити ном мегиранду… Дигаре, ба фикри шумо фарханги точиконаи мо магар дар давоми хокимияти шурави коста гардид? Ин фикр низ исбот мехохад. Сониян, Ленинро ба он мутаххам мекунед ки Самарканду Бухороро аз мо ба узбакхо дод, ва оё ин шахрхо аз мо буданд? Дар кадом давлати точики? Ёд дорам, касе гуфта буд ки аз агбаи Анзоб шимолтар точике нест, пас даъвои Самарканду Бухоро аз бахри чист? Бо арзи эхтиром, точике Самаркандиасл

    Comment by Фаридун | 11.03.2011 | Reply

  16. Баёнияву шарҳҳоро хондаму дар навбати аввал ба худ гуфтам, ки ҳоҷати дигар навиштан намондааст: ҳама чиз гуфта шуд. Баъд боз фикре аз сарам гузашт, ки ба даҳон мум гирифта нишастани ман ҳеҷ нафъе нахоҳад овард ва агарчӣ навиштаҳоям низ метавонанд бесамар бошанд. Бояд қайд кунам, ки бароям аз ҳамаи беҳтарин шарҳҳои аз ҷониби Дилшоду Фаридун навишташудаанд ва ман ҳамон фикрҳоро тақвият медиҳам. Барои он ки ба кирдорҳои Ленин баҳо дод ба он мебоист аз чанд нуқта назар афканд ва дар ин бора бисьёр китобҳо низ эҷод кардаанд, ки овардани муҳокимааш ин ҷо қариб номумкин аст. Метавонед гӯед, ки ман низ бо ин “афсуни ленинӣ” фирефта шудаам, валекин дар хотир нигоҳ бояд дошт, ки Ленин ҳамчу як назариётчии иқтисоддон ва файласуфи сиёсӣ дар беҳбудии аҳволи ҷомеъаи камбизоат, ки аз ҳисоби тақсимоти синфӣ ба ин ҳолат афтида буданд, хизматҳои беназир кардааст. Натиҷааш ба ҳамаи мо маълум аст. Бас аст бо ғояҳои капиталистие ки ҳамеша манфиати синфи дороро ба назар мегирад, баромада аз Ленин шахси бадном сохтан. Дороён (камтар аз 20 дарсади аҳолии рӯи Замин) ҳамеша фарьёд доранд, ки Ленин баринҳо озодфикриро аз миён бурдаанд ва ҳол он ки бо шиками гурусна (зиёда аз 80 дарсади дигари аҳолӣ) ба хаёл фақат шакли нон меояд на озодӣ! Агар ҳама баробарҳуқуқ мебуданд (мутаасифона дар давлатҳои барпокардаи капиталистӣ ин номумкин аст!) он гоҳ озодӣ худ аз худ дар миён тавлид мешуд. Вақте ки шӯравиро ноозод мегуфтанд, ҳама дар назар онро доштанд, ки ту аз шӯравӣ ба амрико ё аврупо саафр карда наметавонӣ ва ҳоказо. ҳол он ки агар тамоми рӯи дуньё як мамлакати иҷтимоӣ мебуд ин гуна суолҳоро ҳоҷат надошт. Тоҷикон дар давраи шӯравӣ асарҳои зиёди илмӣ, бадеӣ навиштаву эҷод кардаанд (дар давоми буду шуд 67 сол!) ва ҳол он ки дар замони тошӯравӣ ва баъд аз он қариб ки ҳеҷ чиро намебинем; дар замони тошӯравии асри 19 мо танҳо Аҳмади Донишро доштем ки олими мукаммал будааст (дигар шоирону файласуфон дар ҳама замон ёфт мешаванд), дар замони шӯравӣ мильёнҳо кадри профессионали тоҷик дар ҳама соҳаҳо буданд ва дар даврони пас азшӯравӣ танҳо мардикорон!

    Comment by Тинстер | 12.03.2011 | Reply

  17. Салом ба ҳама.Ба фикрам дар ин чо Ленину Сталинро танқид намудан лозим нест.Чунки точикон баъд аз заволи давлати Сомониён танҳо дар асорат буданд на дар салтанат.Дастгириҳои халқ ва комунистон буд ки Душанбе ва водии Вахш обод шуд.Вагарна Оллоҳ таъоло медонист ки мо боз дар зери асорати туркон чи қадар бузургони худро ба онҳо “падарка”мекардем.

    Comment by Шамшод | 12.05.2011 | Reply

  18. Дирӯз ман ба дидани як мактаби тахсилоти умумӣ дар ноҳияи Хамадонӣ рафтам. Аз ҷиҳати тахсилот, мактаби хуб будааст, масъалаҳое дорад, лекин аз ҳад зиёд нест. Масъалаи муҳимтарини он мактаб ахлоқӣ мебошад: дар назди бинояш то хол ҳайкали “бобои” Ленин ҷой дорад.

    Ин ҳайкалро дида ман хайрон шудам ва аз директори мактаб пурсидам, кӣ чаро “рафиқи” Ленинро то хол барнаканданд. Аз посухи директор фаҳмидам ки вай худашам то хол “рафиқ” мондааст. Гуфт Ленин поягузории давлати Шуравӣ буд. Гуфт мо тарбияи шуравӣ гирифтаем ва акнун наметавонем аз таърихи 70 соли давлати худ рӯй гардонем.

    Ҷавоб надодам ба “рафиқ” директор. Агар ӯ дар 20 соли истиқлолияти ҷумҳурии мо чизе нафаҳмид, аз суханҳои ман хам ягон чиз намефаҳмад.

    Мо набояд аз он фаромӯш кунем, ки ҳайкал ин чизи безарар нест. Кӯдаконе ки дар муддати 11 соли хониш хар рӯз Ленинро мебинанд ҳеҷ гоҳ ватандӯстону миллатдӯстон намешаванд. Онхо доимо фикр мекунанд ки мо дар давлати Шуравӣ зиндагонӣ мекунем, яъне давлате ки аз тарафи Русия “матушка” роҳбарӣ мешавад. Ин кӯдакон доимо фикр мекунанд ки “бобои Ленин” кахрамони бузургтарини халқи тоҷик мебошад, ва аз кахрамонҳои аслии миллатамон бехабар мемонанд. Хузури даҳҳо ҳайкалхои Ленин дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо барои тамоми тоҷикони ҷаҳон айб аст!

    ЛЕНИН ДАР НОҲИЯИ ХАМАДОНӢ

    Comment by Тоҷикзамин | 09.11.2012 | Reply

  19. […] December 2011, journalist Salim Aioubzod explained [tj] in his blog why there is no place for Lenin's statues in the new […]

    Pingback by Lenin in Tajikistan: ‘Better Hitler’ or ‘Real Hero’? · Global Voices | 14.11.2012 | Reply

  20. […] Δεκέμβριο του 2011, ο δημοσιογράφος Salim Aioubzod εξήγησε [tj] στο blog του γιατί δεν υπάρχει θέση για τα αγάλματα […]

    Pingback by Ο Λένιν στο Τατζικιστάν: “Καλύτερος Χίτλερ” ή “Πραγματικός Ήρωας”; · Global Voices στα Ελληνικά | 21.11.2012 | Reply

  21. […] 2011年12月,记者Salim Aioubzod在博客里解释塔,为什么新塔吉克斯坦没有列宁雕像立足之地: […]

    Pingback by Global Voices | 塔吉克斯坦的列宁:“好一点的希特勒”或“真正的英雄”? - 中国数字时代 | 27.01.2013 | Reply

  22. […] December 2011, journalist Salim Aioubzod explained [tj] in his blog why there is no place for Lenin’s statues in the new […]

    Pingback by Lenin in Tajikistan: ‘Better Hitler’ or ‘Real Hero’? - The Daily Journalist | The Daily Journalist | 29.01.2013 | Reply

  23. Аз баъзе тоҷикон ҳайронам,
    ки читавр ленини ИШҒОЛГАРРО барои худ ҳамчун пешво мешиносанд,
    Чи қадар тоҷиконро куштанду сарзаминашонро ишғол карданд,
    Ҳоло ҳам барои баъзеҳо “пешво”
    Рози набудан аз сохти давлатдории он замон , маънои онро надорад ки аз ишғолгарон каҳрамон бисозем.
    Худованд қуввататонро зиёда гардонад УСТОД!

    Comment by MISR | 22.04.2016 | Reply


Leave a comment