Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Номзади сер зидди гурусна?

el23Дар баҳси сокинони шакабаҳои иҷтимоӣ ва дар шарҳу форумҳои ахир ҳарчӣ бештар ин ақида садо медиҳад, ки президенти “куҳна” беҳтар аз нав аст, зеро “куҳна” кайҳо ҷайбу ҳисобҳои бонкии хориҷияшро пур кардааст, ғами наберу аберашро хӯрдааст, дар хориҷа моликият дорад ва ҳоло метавонад рӯ ба мушкилоти мардум орад. Аз шахси нав ҳарос доранд, ки чандин сол зарур аст, то шикаму чашмаш сер шаванд.

Ғамангез аст, ки далели ҳимоят аз номзади худ ба ин ҳад фурӯ афтодааст. Ҳарф аз донишу ҳунару маҳорат ё барномаи мушаххас нест, балки аз шикам аст. Бешак, гурусна нон хоб мебинад. Аммо ин меъёри аслии интихоби раисиҷумҳур дар кишваре нест, ки мегӯяд, роҳи мардумсолориро дар пеш гирифтааст.

Барои он ки баҳс далелҳои беҳтаре пайдо кунад, шояд бад нест, агар Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон (КМИРТ) аз номзадҳои интихоботи президентӣ дархост намояд, то даромади солонаи худ ва сарчашмаҳои онро расман эълом доранд. Магар интихобкунанда намехоҳад, бидонад, ки ин ё он номзад чӣ қадар маош мегирад, чанд хона ва мошин дорад ва дар ҳисоби хориҷияш (агар дошта бошад) чанд доллар ё евро маҳфуз аст? Ва, масалан, чанд саҳмияи Роғунро харидааст?

Чунин талабот аз номзади президентӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон ва аз ҷумла Русия, ки Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон ба қонуни он хеле ва хеле монанд аст, вуҷуд дорад. Дар бархе аз кишварҳо ин нукта дар қонун наёмада бошад ҳам, кумиссюни интихоботӣ, ки масъули баргузории интихобот аст, метавонад, талаби эълони дороии номзадҳоро ба миён гузорад. Дар Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон низ (Фасли III, банди 12) гуфта мешавад, кумиссюн ҳақ дорад, бар пояи қонуни конститутсионӣ ва қонунгузориҳои дигари кишвар салоҳиятҳои мухталиферо амалӣ намояд.

Нашри даромади солона, манбаъҳои он, ишораи дақиқи моликияти манқул ва ғайриманқули номзад, ҳисобҳои бонкии вай шояд худ роҳеро боз кунанд, то дида шавад, ки номзад “сер” аст ё “гурусна” ва бо кадом роҳҳое соҳиби моликият шудааст. Магар амри асосии Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон ва ҳамаи қонунҳои дигари кишвар таъмини шаффофият нест? Пас, чӣ хуб буд, агар ин ҷо ҳам аз ростию ҳақиқат ва шаффофият кор гирифта мешуд. Ин назари шахсии ман. Назари Шумо чист? Ва, дар зимн, чаро ҳеч кас ин талабро ба миён намегузорад?

29.09.2013 - Posted by | Интихобот, Тоҷикистон, Қонун, Ҷомеа | ,

52 Comments »

  1. Воқеан, масъалаи муҳимро ба миён гузоштед. Бояд интихобкунандагон бидонанд, ки шахси президентшаванда чи қадар дороӣ дорад ва онҳо дар куҷо маҳфузанд. Дар ин ҷанба шаффоф ва ошкоро ҳарф задани номзадҳо бо элоктарат омили боло рафтани шонси эшон хоҳад буд. Вале бо он коррупсияе ки дар кишварамон чун занбуруғ амал мекунад, амали шудани амрро интизор будан имконнопазир аст.Зеро сарчашмаҳои даромади муддаиёни мақоми президенти машкуканд ва мубҳам, ба истиснои баъзеи номзадҳо. Ё фикрам нодуруст аст?

    Comment by asadullo | 30.09.2013 | Reply

  2. Az Facebook:

    Sardor Rahdorov мардуме, ки нафс-шикамро аз рух-магз муккадаму авлотар медонанд дар чунин андешаанд, аммо инсон аз махлукоти дигар бо рух тафовут дорад на бо нафс…
    9 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  3. Ориф Йодгори Вокеан хам пешниход ачиб аст. Шахсан таваччухи маро номзад аз хизби сотсиалисти – Абдухалим Гаффоров бештар ба худ чалб кардааст. Сабаб дар он аст, ки ман комилан ягон чиз дар бораи ин шахс намедонам. Ва мехохам донам, ки ин номзад чи кадар моликият дорад (агар дошта бошад). Ачиб …
    9 hours ago · Like · 4

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  4. Isfandiyori Nazar Гаффоров – бовари дорам, – ки ягон дирам надорад. Зеро вакте хамрох ба Эрон сафар кардем дидам, ки туфлии ман кухна ва аз они у таг надошт. Илова бар ин, шояд ба эшон хатто наздиктарин касонашон низ овоз надиханд, зеро хизби эшон аслан хизб нест. 25 хазорро мегиранду баъди бахшидани овозхо боз шояд як каме мукофотпулиро сохиб шуда то интихоботи оянда Худо мегуянд. Хамину вассалом. Ин пурсиши шуморо Орифчон нисбати мобаки бояд гузаронид.
    9 hours ago · Like · 4

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  5. Isfandiyori Nazar Дар зимн, номзад кардани эшону якчанд нафари дигарро дида карор додам, ки ба интихобот намеравам ва овозамро, ки ягона дороиям мебошад, барои худ хифз мекунам
    9 hours ago · Like · 3

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  6. Haramgul Qodirova Устод ба ,БИХИШТ баред дороиатро ончо шояд интихоботи шафоф шавад ва Гаффоров номзад набошад.
    9 hours ago · Edited · Like · 1

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  7. Isfandiyori Nazar Дигар чойи бурдан хам надорам
    8 hours ago · Like · 1

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  8. Haramgul Qodirova Якин дар ,ончо нормзади нахзатихо аст, аммо намедонам ба онхо медихед ё не..Ончо Бобоназарова не, номзади исломихо муътадил аст ба гуфти раисашон..
    8 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  9. Isfandiyori Nazar Ончо танхо ба Худоям, ки арзишманди хамагуна овозхову санохост, овоз медихам-бо такрори калимаи Шаходат
    8 hours ago · Like · 3

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

    • Haramgul Qodirova Офарин..
      8 hours ago · Like · 1

      Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  10. Salim Aioubzod Агар шахсиятхое мисли Исфандиёр интихоботро тахрим кунанд, натичахо аз холо маълум хоханд буд.
    8 hours ago · Like · 1

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  11. Fayziniso Vohidova Дорад, еще как дорад.
    8 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  12. Fayziniso Vohidova Бояд эъломияи худро расонаи кунад, то ки интихобкунанда дар бораи дороии номзад донад.
    8 hours ago · Like · 1

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

    • Salim Aioubzod Ёд надорам, оё ин нукта дар пешниходи ахзоб барои ислоху иловаи конун интихобот буд ё на?
      6 hours ago · Like

      Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  13. Haramgul Qodirova Гаффоров гуфта буд, ки кариб 3 хазор сомони маош мегирад…
    6 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  14. Haramgul Qodirova ва як хона дорад…
    6 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  15. Haramgul Qodirova Талбаков номзади ХКТ гуфта буд, ки 5 хазор сомони маоши вакили мегирад ва 1000 сомонии вайро ба хизбаш месупаорад ва як хавли дорад…
    6 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

    • Salim Aioubzod Ҳарамгули азиз, идома диҳед…
      5 hours ago · Like

      Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  16. Kayumars Ato Ҳамаашон тақрибан ҳамин як гапро мегӯянд, як хона дораму маошам ин қадару он қадар аст. Онҳо бояд бигӯянд, ки фаразандошон чӣ тиҷорат доранду бо чӣ мегарданду чиҳо доранд. Ҳамсаронашон чӣ? Чунки ҳамаи инҳо тамоми дороии худро ба номи наздиконашон гузоштаанд, то дар минбаъда ба корашон халал нарасонад.
    5 hours ago · Like · 1

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  17. Nizami Nizomi Аслан чунин яке қонуне,ки шаҳрвандон хусусан мансабдорон дорои худро маълум кунанд ба тасвиб расида буд,ва ҳадаф аз ин қонун низ то ҷое маълум гашт донистани дорои чанд чеҳраи шинохта буд,ки онҳо дар навбати нахуст чи итоат аз қонун буд ё тарсу биме,ки дар оянда … Бо ҳар ҳол,дорои худро тавасути рузномаҳо пешкаши мардум карданд.

    Вале он чизе,ки анҷом наёфт,татбиқи қонун аз тарафи дастандаркори қонун буд,ки на ҳамаги ҷузъиёти дорои худро ошкор карданд.Дар ҳоле,ки пеш аз мансаб гирифтанашон чунин дороиро надоштанд ва бо маоше,ки мегиранд дорои феълияшон хеле тафовут дорад. Ҳаминҷост,ки мардум ба дорои онҳо ба чашми бовар накардани менигаранд.
    4 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  18. Salim Aioubzod Ба фикри Шумо, номзаде хаст, ки худаш ихтиёран дороихои худро ошкор кунад ва барои дигарон намуна шудаву номзадхои дигарро низ ба нашри маьлумоти молии худ водор намояд? Шаффоият магар аз худи номзад шуруъ шавад, бехтар нест?
    3 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  19. Kayumars Ato Номзадҳое, ки ҳоло ба мақоми президентӣ пешниҳод шудаанд, ба ғайр аз раисиҷумҳури кунунӣ чандон сарвату дороӣ надоранд.
    3 hours ago · Like · 2

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  20. Nizami Nizomi Бо гуфтаи Қаюмарси гироми мувофиқам.Дорои онҳо аз ҳоло маълум аст ва ҳоҷате барои ошкор кардан надоранд,вале агар ҷузъиёти дорияшонро маълум ҳам кунанд наметавонанд дигаронро водор кунанд,ки чунин гоми ҳамисл бардоранд,зеро қудрат надоранд,ва онҳо низ дорои худро агар сирри давлати нашуморанд сирре барои амнияти худ мепиндоранд,аз ҳамин дидгоҳ,фикр намекунам,ки шахсияҳое,ки мардум ба дорияшон бо чашми машкук менигаранд,омода бошанд,ки ҷузъиёти бештари дорияшонро маълум кунанд
    3 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  21. Mirzoi Hojimuhammad Барои банда аслан дороии номзад чандон мухим нест.Бо кадом рох ёфтани он дорой ва дар кадом рох масраф кардани он нишондихандаи сазовории номзад ба маоми рохбарй аст на хачми дорой. Чахонбиниву акидаи номзад мухим аст, зеро хатто барномахои номзадхо маъмулан кариб якхелаанд, вале сидки номзадхо муаммоест барои интихобкунандаи бечора.
    3 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 30.09.2013 | Reply

  22. […] a “full leader is better than a hungry one”. Reflecting on this, Salimi Aioubzod suggests [tj] it is “sad” that voters in the country are more concerned about how […]

    Pingback by Tajikistan: Voters Are Entitled to Know if Candidates are ‘Full’ or ‘Hungry’ · Global Voices | 01.10.2013 | Reply

  23. […] a “full leader is better than a hungry one”. Reflecting on this, Salimi Aioubzod suggests [tj] it is “sad” that voters in the country are more concerned about how […]

    Pingback by Tajikistan: Voters Are Entitled to Know if Candidates are ‘Full’ or ‘Hungry’ | 01.10.2013 | Reply

  24. Mirzoi Hojimuhammad Факат дар магзи точик чунин фикр пайдо мешавад, ки хатман Президент бояд аз хисоби мардум сер шавад.
    September 30 at 3:38pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

    • Sardor Rahdorov мардуме, ки нафс-шикамро аз рух-магз муккадаму авлотар медонанд дар чунин андешаанд, аммо инсон аз махлукоти дигар бо рух тафовут дорад на бо нафс…
      September 30 at 8:54am · Like

      Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  25. Ориф Йодгори Вокеан хам пешниход ачиб аст. Шахсан таваччухи маро номзад аз хизби сотсиалисти – Абдухалим Гаффоров бештар ба худ чалб кардааст. Сабаб дар он аст, ки ман комилан ягон чиз дар бораи ин шахс намедонам. Ва мехохам донам, ки ин номзад чи кадар моликият дорад (агар дошта бошад). Ачиб …
    September 30 at 9:08am · Like · 4

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  26. Isfandiyori Nazar Гаффоров – бовари дорам, – ки ягон дирам надорад. Зеро вакте хамрох ба Эрон сафар кардем дидам, ки туфлии ман кухна ва аз они у таг надошт. Илова бар ин, шояд ба эшон хатто наздиктарин касонашон низ овоз надиханд, зеро хизби эшон аслан хизб нест. 25 хазорро мегиранду баъди бахшидани овозхо боз шояд як каме мукофотпулиро сохиб шуда то интихоботи оянда Худо мегуянд. Хамину вассалом. Ин пурсиши шуморо Орифчон нисбати мобаки бояд гузаронид.
    September 30 at 9:12am · Like · 4

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  27. Isfandiyori Nazar Дар зимн, номзад кардани эшону якчанд нафари дигарро дида карор додам, ки ба интихобот намеравам ва овозамро, ки ягона дороиям мебошад, барои худ хифз мекунам
    September 30 at 9:13am · Like · 3

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

    • Haramgul Qodirova Устод ба ,БИХИШТ баред дороиатро ончо шояд интихоботи шафоф шавад ва Гаффоров номзад набошад.
      September 30 at 9:21am · Edited · Like · 1

      Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

      • Isfandiyori Nazar Дигар чойи бурдан хам надорам
        September 30 at 9:23am · Like · 1

        Comment by aioubzod | 03.10.2013

  28. Haramgul Qodirova Якин дар ,ончо нормзади нахзатихо аст, аммо намедонам ба онхо медихед ё не..Ончо Бобоназарова не, номзади исломихо муътадил аст ба гуфти раисашон..
    September 30 at 9:32am · Like

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  29. Isfandiyori Nazar Ончо танхо ба Худоям, ки арзишманди хамагуна овозхову санохост, овоз медихам-бо такрори калимаи Шаходат
    September 30 at 9:33am · Like · 3

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

    • Haramgul Qodirova Офарин..
      September 30 at 9:34am · Like · 1

      Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  30. Salim Aioubzod Агар шахсиятхое мисли Исфандиёр интихоботро тахрим кунанд, натичахо аз холо маълум хоханд буд.
    September 30 at 9:50am · Like · 1

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  31. Fayziniso Vohidova Дорад, еще как дорад.
    September 30 at 9:55am · Like

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  32. Fayziniso Vohidova Бояд эъломияи худро расонаи кунад, то ки интихобкунанда дар бораи дороии номзад донад.
    September 30 at 9:56am · Like · 1

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  33. Salim Aioubzod Ёд надорам, оё ин нукта дар пешниходи ахзоб барои ислоху иловаи конун интихобот буд ё на?
    September 30 at 12:07pm · Like

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  34. Haramgul Qodirova Гаффоров гуфта буд, ки кариб 3 хазор сомони маош мегирад…
    September 30 at 12:14pm · Like

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  35. Haramgul Qodirova ва як хона дорад…
    September 30 at 12:14pm · Like

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  36. Haramgul Qodirova Талбаков номзади ХКТ гуфта буд, ки 5 хазор сомони маоши вакили мегирад ва 1000 сомонии вайро ба хизбаш месупаорад ва як хавли дорад…
    September 30 at 12:15pm · Like

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  37. Salim Aioubzod Ҳарамгули азиз, идома диҳед…
    September 30 at 1:09pm · Like

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  38. Kayumars Ato Ҳамаашон тақрибан ҳамин як гапро мегӯянд, як хона дораму маошам ин қадару он қадар аст. Онҳо бояд бигӯянд, ки фаразандошон чӣ тиҷорат доранду бо чӣ мегарданду чиҳо доранд. Ҳамсаронашон чӣ? Чунки ҳамаи инҳо тамоми дороии худро ба номи наздиконашон гузоштаанд, то дар минбаъда ба корашон халал нарасонад.
    September 30 at 1:23pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  39. Nizami Nizomi Аслан чунин яке қонуне,ки шаҳрвандон хусусан мансабдорон дорои худро маълум кунанд ба тасвиб расида буд,ва ҳадаф аз ин қонун низ то ҷое маълум гашт донистани дорои чанд чеҳраи шинохта буд,ки онҳо дар навбати нахуст чи итоат аз қонун буд ё тарсу биме,ки дар оянда … Бо ҳар ҳол,дорои худро тавасути рузномаҳо пешкаши мардум карданд.

    Вале он чизе,ки анҷом наёфт,татбиқи қонун аз тарафи дастандаркори қонун буд,ки на ҳамаги ҷузъиёти дорои худро ошкор карданд.Дар ҳоле,ки пеш аз мансаб гирифтанашон чунин дороиро надоштанд ва бо маоше,ки мегиранд дорои феълияшон хеле тафовут дорад. Ҳаминҷост,ки мардум ба дорои онҳо ба чашми бовар накардани менигаранд.
    September 30 at 1:59pm · Like

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  40. Salim Aioubzod Ба фикри Шумо, номзаде хаст, ки худаш ихтиёран дороихои худро ошкор кунад ва барои дигарон намуна шудаву номзадхои дигарро низ ба нашри маьлумоти молии худ водор намояд? Шаффоият магар аз худи номзад шуруъ шавад, бехтар нест?
    September 30 at 2:45pm · Like

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  41. Kayumars Ato Номзадҳое, ки ҳоло ба мақоми президентӣ пешниҳод шудаанд, ба ғайр аз раисиҷумҳури кунунӣ чандон сарвату дороӣ надоранд.
    September 30 at 2:51pm · Like · 2

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  42. Nizami Nizomi Бо гуфтаи Қаюмарси гироми мувофиқам.Дорои онҳо аз ҳоло маълум аст ва ҳоҷате барои ошкор кардан надоранд,вале агар ҷузъиёти дорияшонро маълум ҳам кунанд наметавонанд дигаронро водор кунанд,ки чунин гоми ҳамисл бардоранд,зеро қудрат надоранд,ва онҳо низ дорои худро агар сирри давлати нашуморанд сирре барои амнияти худ мепиндоранд,аз ҳамин дидгоҳ,фикр намекунам,ки шахсияҳое,ки мардум ба дорияшон бо чашми машкук менигаранд,омода бошанд,ки ҷузъиёти бештари дорияшонро маълум кунанд
    September 30 at 3:04pm · Like

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  43. Mirzoi Hojimuhammad Барои банда аслан дороии номзад чандон мухим нест.Бо кадом рох ёфтани он дорой ва дар кадом рох масраф кардани он нишондихандаи сазовории номзад ба маоми рохбарй аст на хачми дорой. Чахонбиниву акидаи номзад мухим аст, зеро хатто барномахои номзадхо маъмулан кариб якхелаанд, вале сидки номзадхо муаммоест барои интихобкунандаи бечора.
    September 30 at 3:06pm · Like

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  44. ба ягонтои ин номзадхо боварам намеояд

    Comment by сипехр | 26.10.2013 | Reply

  45. Президенти феъли хангоми ба мансаби президенти сохиб шуданаш оё оиди дороияш маълумот дода буд? Албатта не. имруз у дорост, дар бонкхои хоричи маблагхои пулиашро аз халк руст мекунад. Дар хорича бо аъзоёни оилааш моликият дорад. Пас гайр аз у дигар нафаре баронтихоб шудан ба вазифаи президенти Точикистон имконияти модди надорад? Зеро дигарон аз фош кардани ин сиррашон дар харосанд. Чун метарсанд, ки маблагхояшонро бо хар роху усул кашида мегиранд. Мисоли равшан – Зайд Саидов аст.

    Comment by Точикбача | 27.10.2013 | Reply


Leave a comment