Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Суруди Одина дар мулки бегона

Ustaad Odina HasheemОё медонед, суруди Одина Ҳошим дар метрои Прага чӣ гуна садо медиҳад? Ё таронаи Ҷӯрабеку Зафар? Ва ё нолаҳои Далеру ишваи Шабнам? Бовар кунед, ин ҳама ба гунае садо медиҳанд, ки дили кас ба дард меояд. Овози онҳо ба деворҳои мармаргун ва сутунҳои кошинкорӣ бармехӯрад ва мисли садои гулӯи худатон ба шумо бармегардад. Гӯё онҳо аз даруни дили шумо мехонанд…

Писарам, Исфандиёр, имсол ба ман АйПод ҳадя кард. Аввал рад кардам. Мани пирмардро чиву гӯшиҳои симсафеди АйПодро чӣ? Айни вақт аст, ки ба гӯшам “слуховой аппарат” монам, зеро аз “радиоактивӣ”, яъне фаъолият дар радио, гӯшҳо “девори қиёмат” шудаанд.

Як ҳамкорам аз дигараш пурсида буд, ки оё мушкили шунавоӣ дорад. Дигарӣ посух дода буд, ки на, аммо ин қадар бо садои баланд посух дода буд: “На, ман ҳеҷ гуна мушкили шунавоӣ надорам!” — ба фикрам ягон 15 детсибел. Гӯё ба пурсиши ягон шахси кар посух медод.

Аммо Исфандӣ маҷбурам кард, ки “ҷон, падарҷон, як бо гӯш кунед, агар нафорад, майлатон, даркор нест, ақиб мефиристам.” АйПод нав ба воситаи интернет фармойиш шуда, бо пуст омада буд. Балояки Исфанд, аллакай ба он суруди “Куҳандиёро”-и Одина Ҳошимро сабт карда буд ва вақте ки ман дар як кулбаи иҷораи Ню Йорк, аввалин бор гӯшиҳои АйПодро ба гӯш гузоштам ва нолаи ҷонгудози Одинаро шунидам, хостам, ин нола абадан дар гӯшам садо бидиҳад. Ҳама нигоҳ мекарданд ва интизор буданд, ки посухи ман чӣ хоҳад шуд.

Дар чашмонам ашк дамид ва як қатра, ҳарчанд бошитоб мижжа ба ҳам мезадам, то бо чашмонам онро фурӯ бараму нагузорам, ки берун ояд, аз косаи чашмам дамид ва ба рӯям шорид. Ҳама сокит шуданд. Хандае, ки дар рӯяшон буд, филҳол рӯфта шуд, донистанд, ки Исфанд боз чизе ихтироъ кардааст.

Албатта, Айпод ихтирои писари ман нест, аммо ҷой додани таронаи Одина Ҳошим дар хазинаи он ва маҳз ҳамин таронаи ӯ, бешак як ихтироъ буд.

Шунидани мусиқӣ дар ҳавои кушод Душанбеи солҳои 1970-умро ба ёд меорад. Ҷавонон дар кӯчаҳои шаҳр ҳамроҳи худ магнитофонҳои дастӣ мегардонданд ва аз онҳо суруди овозхонҳои дӯстдоштаашон ба ҳаво мехест. Ин кор ба калонсолон писанд набуд ва баҳсҳои “овозаша пасттар кун!” дар автобусу троллейбусҳо гоҳо ба моҷаро мепечид.

Дар маҳаллаи Нахимов, ки хобгоҳҳои чанд донишкадаву омӯзишгоҳҳо паҳлуи ҳам саф кашидаанд, шомгоҳи тобистон ҳамзамон аз ҳар тиреза суруде ба атроф паҳн мешуд ва як какофонияи хориқулода қасабаи “Гипрозем”-ро такон медод.

Ҷавонон аз тирезаи ҳуҷраи худ ба духтарони назди тирезаи хобгоҳи муқобил суруд-паём мефиристоданд ва аз саҳни хобгоҳи дигар ба ошёнаи чаҳорум нигариста, донишҷӯёне “таронаи мувофиқи талаб” фармоиш медоданд.

Шакке нест, ки мардуми рақсу мусиқидӯстдоре ҳастем, аммо мушкил ин буд, ки мусиқии дӯстдоштаи мо бояд ба атрофиён аз завқу дороиямон паём медод. Ва моро бо дигарон муқобил мегузошт ва ё ҳампаймон мекард.

АйПод дигар аст. Туро аз ҳамаи дигарон ҷудо мекунад. Танҳо худат мешунавӣ. Албатта, агар садоро беш аз ҳадду ҳудуд баланд намонӣ.

Мусофирони метрои Прага одат кардаанд, ки мусиқии гӯшиҳои АйПод хеле баланд ва аз ин ҳам муҳимтар комилан якнавохт бошад. Вақте симҳои сафеди АйПодро дар гӯшҳои ман мебинанд, баъзе пиразанҳои китобхон гӯш чухт мекунанд, ки оҳанги дӯстдоштаи маро дарёбанд, вале чизеро пай набурда, ҳайрон мешаванд ва аз болои айнакҳои ғафсашон ба ман менигаранд.

О, аз куҷо донанд, ки ман “Куҳандиёро”-и Одинаро мешунавам?

Куҳандиёро, диёри ёро
Дил аз ту кандам, вале надонам,
Агар гурезам, куҷо гурезам
В-агар бимонам, куҷо бимонам.

“Надонам” ва “бимонам”-ро устод Одина бо чунон кашиши дилгудозе талаффуз мекунад, ки ба ҳақиқати онҳо бовар мекунед. Оҳанг баробари садои ӯ мегиряд.

Мусиқии имрӯза, махсусан ончӣ ки овозхонони ҷавон ва мавҷи нав мехонанд, аз лиҳози таркиби созӣ хеле ғановатманд аст. Дар лобалои суруди онҳо даҳҳо зеру бами созҳои гуногун, садоҳои хушоянд ва гоҳе ғайриинтизор, аммо дилнишинро мешунавем.

Чунин рангорангии созҳо дар таронаҳои Одина Ҳошим қариб ки нест. Аммо баёнгарӣ ва эҳсосбарангезии ҳамон созҳои кам ин қадар дилрас ва ғанист, ки зарурате ба рангубори иловагиро боқӣ намегузорад.

Таблак садои мардона, маҳкам ва ҷанговар. Аммо канда-канда ҳамзарби тапишҳои дил дар лаҳзаҳои фишори ҳаяҷон. Канда-канда чун бонги хатару изтироб. Фарёди яъс ва туф кардану пушти по задани зиндагӣ. Шебу фарозҳое шабеҳи ноҳамвориҳои умр.

Ғижжак — садои занона, пурэҳсос, дардолуд ва андӯҳгин. Он дар ҳассостарин лаҳзаи оҳанг, ҳини гардишҳое шабеҳ ба гардишҳои талхи умр зуза мекашад.

Зангҳое дар ин ҷову он ҷойи оҳанг аз дур ба гӯш мерасанд. Зангҳои ҳушдор. Аломатҳои роҳи пурхатар, хастагии мусофири раҳгумзада.

Нола. Як торикии даруни чашмони инсон, ки мехоҳӣ ба умқи он равию равӣ то ба охирин девор.

На пойи рафтан, на пой мондан.
Чӣ гуна гӯям, дарахти хушкам.
Аҷаб набошад, агар табарзан
Тамаъ бубандад бар устухонам

Сипас авҷи тарона бо тамоми нерӯ ва дард:

Дар ин ҷаҳаннам гули биҳиштӣ

Чӣ гуна рӯяд, чӣ гуна бӯяд
Ман аз баҳорон аз абри найсон
Чи баҳра гирам, ки худ хазонам…
ки худ хазонам…

Баъд оҳанг нармтар мешавад. Гӯё кас амиқан ба андеша меравад. Ва дертар:

Ки то қиёмат дар ин мусибат
Гулӯ фишорад ғами ниҳонам.
Бувад ки бар худ даре кушоям
Ғами дарунро бурун кашонам…

Ва ниҳоят поёни сухан, аммо на поёни дард ва як авҷи дигар бо садои қавитар ҳамчун хулосаи ниҳоӣ:

Куҳандиёро, диёри ёро
Ба азми рафтан дил аз ту кандам
Вале ҷуз ин ҷо ватан гузидан
Наметавонам, наметавонам…

Дар ҷое устод Одина дар вожаи “наметавонам” як садои “ҳ” илова мекунад: “НамеҲтавонам, намеҲтавонам”. Ва вожа се бори дигар такрор мешавад. Дар рӯйи охири ҳарфҳо гӯё ашки талхеро мебинӣ…

Вақте ки дар соли 1970 овозхони шаҳири тоҷик, Одина Ҳошим, бо шоири саршиноси Эрон, Нодири Нодирпур, мулоқот кард, намедонист, ки рӯзе дардноктарин ва шояд вопасин оҳангашро ба шеъри “Куҳандиёро”-и Нодирпур хоҳад баст. Нодирпур ҳам ҳанӯз ин шеърро нанавишта буд. Ҳанӯз кишварҳои форсизабон ба хоку хун нанишаста буданд.

Таронаеро ба ин матн устоди мусиқии Афғонистон, хонум Маҳваш низ сурудааст. Хеле олӣ. Аммо аз акаи Одина дигар аст, ки дигар…

Нодирпур дар ғурбату танҳоӣ дар Амрико бо ҳамон дардҳои ниҳонаш чашм аз ин дунё пӯшид. Одина Ҳошим дар сароғози хуну оташи ҷанги соли 1992 сарлучу пойлуч аз зодбумаш ронда шуд ва мехост, дар кишвари бегонае паноҳанда шавад, аммо дар ватан фавтид ва бо вуҷуди ишқу хидмати бузургаш ба тоҷикону Тоҷикистон бе сарусадое ба хок супурда шуд.

Ман фардои худро намедонам ва ҳоло суруди Одина дар гӯшам дар метрои Прага мераваму меравам. Ба куҷо — намедонам…

12.08.2009 - Posted by | Ватан, Инсон, Ҳунар |

19 Comments »

  1. Беватан нест он гариб, ки дар ёди ватан аст,
    Дар ватан будаи бе ёди ватан бе ватан аст…

    Агар Исфандиро илтимос кунем, ки ин сурудро дар сомонаи Шумо чой дихад, чи???

    Comment by Mark Twain | 13.08.2009 | Reply

  2. Вокеан мо кадри фархангиён намерасем. Одина Хошим дар зодгохи худ хам аз чониби “вовчик” хо ва хам аз чониби “юрчик” хо таъкибу озору азият дид. Охир намедонистанд, ки шоир, сароянда, охангсоз ба тарафе моил нест ва танхо мехохад Ватан вайрон нашавад. Уро куштанд, вале садои у дар гушхо мо садо медхад:
    Ватан вайрона аз ёр аст ё агёр ё харду,
    Мусибат аз мусалмонхост ё куффор ё харду.

    Сипосу дуруди бепоён Устод барои ин нигошта!

    Comment by Шохпур | 13.08.2009 | Reply

  3. Ин суруди Зафар Нозимов чй тавр садо медихад:
    Эй рахбари ман,
    Эй сарвари ман…
    ?????????????????????????????????????????????

    Comment by Давлат | 13.08.2009 | Reply

  4. Устод азиз Салим биед монед хамин калимаро.Охир ин калимаи пирамард ба Шумо намезебад.
    Устод, он садои ширине ки Шумо ва хонуми бенихоят мехрубон Сочидаи Мирзо доштед хеч гох аз едам намеравад ва инчунин мусикии Далер Назар он садохои ширинро боз хам чилоранг менамуд.
    Мани кучак дар он вакт зери огуши падарам дар зери сангхои куххои осмонбус аз тарси хаваопаймохои чанги ва тонкхои хукумати пинхон шуда будем. Дар он рузхо факат садои Шумо буд ки дили кучаки манро ба оянда дурахшон менамуд. Дар он вакт Худо буд Падарам буд Шумо будед ва он радиеи ки имруз хам онро бо худ нигох медорам
    Ман хато намекунам агар гуям ки Шумо баъд аз падарм дуввумин устоди ман хастед ки то хол Шумо шогирдаторо намешинлсед
    Ва имруз хам садоятон хамон садои 15 сол каблро мемонад
    Зинда бошед Устоди азиз

    Comment by Нодаркор | 13.08.2009 | Reply

  5. Саломат бошед барои суханони гарму некатон. Ман хам айни хамин матлабро мегуям, ки рузе буду як миссия насиб гардид ва онро ба андозаи тавони хеш ичро кардам.

    Худо Шуморо дар панохаш нигох дорад ва муваффак гардонад. Албатт, аз руи тахаллусе, ки ин чо гирифтаед, наметавонам, Шуморо бишиносам. Хеч яке аз дустону ёрон ва махсусан шогирдони банда нодаркор нестанд, балки даркортарин инсонхоянд.

    Сарсабзу шодоб бошед, азизам.

    Comment by aioubzod | 13.08.2009 | Reply

  6. Шохпури азиз, дар хакикат ин тарона хам аз шохкорхои устод Одина аст, ки, дарегу сад дарег ба ин зудихо кухна намешавад. Имруз хам айни чизро дорем ва дар ахди Лохутй хам хаминро доштем.

    Хайронам, оё устод Одина хамин гуна таронахои муваффаке бар матни шоирони муосири худ низ дошта бошад? Ба зехнам намеояд.

    Агар имкони фаннияшро омухтам, хатман харду таронаи устодро дар ин сафха чой медихам, ки одамон хам битавонанд, таронаро бишнаванд ва матнро бихонанду худ казоват кунанд, ки ман дуруст навиштаам ё на.

    Комёб ва сарбаланд бошед, ки ин андешахоро сабаб гаштед.

    Comment by aioubzod | 13.08.2009 | Reply

  7. Устод, агар имкон шавад, таронаи гуфтаро бароят ирсол медорам. Гуиё Одина дарди дили Лохутиро, ки барои порча шудани Хуросони Бузург мегиряд, хуб дарк кардааст. Одина аз шоирони муосир бо Лоик рафокати зиёд дошт ва Лоик низ дар мотами Одина марсияе хам дорад. У аз эчоди Лоик низ газалхо сурудааст.
    Аммо дар мавриди суруди “Ватан вайрон аз ёр…” Мегуянд, замоне, Одина ин сурудро дар Ирони кабл аз режими “муллохо” месуруд, толори бузург ба якбораги аз чой бархостааст.
    Аммо устод ин чо мехохам назари шуморо дар мавриди сурудахои Ахмад Зохир бифахмам. Ба хусус барои ман аз Ахмад Зохир дида дигар сарояндае вучуд надорад. Устод, тасаввур кунед, ки у фарзанди як марди сарватманд буд ва он хама сарватро канор гузошт ва дунболи омузиш рафт. Чустучу кард, ба охангхои Гарбу шарк ашъори форсиро мувофик кард. Ахмад Зохир бо гузашти беш аз си сол аз муд набаромад.У паёмбарона кабл аз марг шеъри Фуругро аханг баст:
    Марги ман рузе фаро хохад расид,
    Дар бахоре рушан аз амвочи нур…
    Андешахои Шумо дар мавриди ин абармард

    Comment by Шохпур | 13.08.2009 | Reply

  8. Бовар кунед, Одина Хошим кирои ин кадар тавсиф кардан надорад. Аз у бехтару хубтар Чурабек Мурод месарояд. Чаро мо зиндахоро таъриф накунем ва вакте бузургонамон мемиранд, баъд тавсифаш мекунем. Чаро дар бораи Чурабек наменависем, ки у замони Шурави артисти хизматнишондодаи Иттиходи Шурави буд. Одина хам он давр зинда буд, вале ин унвони ифтихориро сохиб нагардида буд. Биёед дар бораи зиндахо низ бигуем. Шояд шумо аз ман хубтар суруди Чурабекро гуш кунед ва дарк кунед!

    Comment by Сабур | 13.08.2009 | Reply

  9. Хай-Хай шарм надоред, Одина Хошим барои он бузург аст, ки дусти Лоик буд. Аз ашъори Лоик месуруд! Агар намесуруд бузург набуд. Эхсосатонро фуру бурда наметавонед. Дар хакикат эхсосатон махалист ва вакте ба хаммахалли худат чунин эхсосро баен мекуни табиист, вале вакте ба хама мегуи айб аст. Албатта Лоик шоири бузургу нотакрори замони худ буд, бидуни шак, бидуни тардид, шоири бемахул шоири миллат буд. Аммо ин харфо чи лозим.
    О Одина Хошим аз Хофизу Саъдии бузургтар хам месуруд е не?

    Comment by Шоди | 13.08.2009 | Reply

  10. Сабури азиз. Хадаф мукобилгузорй нест, балки ситоиши ман аз бардошти ман бармеояд. Устод Одина якчанд таронаашро аз магзи вучудаш ва бо тамоми дарку эхсоси вазъи худу кишвари худ хондааст.

    Хуб аст, агар аз хамин дидгох намунае аз Чурабек дарбиёред.

    Сониян, устод Одина баробари захматаш рохат надидааст.

    Comment by aioubzod | 13.08.2009 | Reply

  11. Одина Хошим аз Мавлонои Балх хам таронахои хубе сурудааст. Аммо ин ду тарона — яке аз Лохутй ва дигаре аз Нодирпур, ба фикри шахсии ман шохкоранд.

    Comment by aioubzod | 13.08.2009 | Reply

  12. …Хар як хофиз мухлисони худро дошт ва дорад, ва хар як мухлис фахмиши мусикави ва фахмиши матнии сурудро ба таври худ мефахмад. Зафар Нозим агар итолиёви мебуд у бо чунин овоз тамоми дуньёро мухлис мегардонид ва дар фонди тиллоини дуняви чой мегирифт, вале точик аст ва хамду сано ба у, ки доираи ками мухлисони худро шод мегардонад…Аз он, ки у имруз
    Эй рахбари ман,
    Эй сарвари ман… мехонад, хар як точик бояд шарм намояд, на ин,ки устод Зафар!!!
    Магар Давлатманд Холов, Дустмурод Алиев, Ака Шариф Чураев наметавонистанд артисти халкии шурави гарданд? Метавонистан агар кухистонихои чавонмард сарвар мебуданд…

    Comment by Mark Twain | 14.08.2009 | Reply

  13. Азизи дилам Зулайхо,
    Ёри хушгилам Зулайхо

    Суруд дар ичрои Юсуфи Точикистони Чурабеки Мурод

    Comment by Юсуф | 14.08.2009 | Reply

  14. Одина Хошим аз Мавлонои Балх хам таронахои хубе сурудааст. Аммо ин ду тарона — яке аз Лохутй ва дигаре аз Нодирпур, ба фикри шахсии ман шохкоранд.

    Ана хамин асли гап аст! Хоса аз Нодирпур ба оханги Мирзоватан Миров!

    Comment by Шоди | 14.08.2009 | Reply

  15. Mark Twain,

    Jigari gapa gufti barodar!

    Comment by Tojiki Kuhiston | 14.08.2009 | Reply

  16. Бародарони канд, хадаф ин аст, ки мусикии мо бояд пайвандгари мо бошад, на мояи рашку чудоиву тафрика, онгуна ки солхо буд.

    Дар асл хар кадоме аз ромишгарони мо таронахои хубе хам хондаанд, ва сохтахои нохубе низ.

    Comment by aioubzod | 14.08.2009 | Reply

  17. Salom akai Salem,

    Hamchyn myhojir dyr az vatan ki az vaqte ki xydamro shinokhtan dar gyrbat hastam rangy azobi inhama dardhoi in syrydro mechasham va az dardi dilat boxabaram akai Salemjon. Bori aval in syrydro shidamy beixtiyor ba girya daromadam.Xair chi iloj, mo digar tanho ba Xydo dyo mekynem in azobro az sari mo dyr sozad.

    Comment by Jonibeg | 15.08.2009 | Reply

  18. Сипосгузорам аз сухани дилат, Чонибеги азиз. Хеле хуб дарёфтй, ки дарди ман чист. Худо моро дар панохаш нигах дорад ва дарду гами моро сабук кунад. Худо кунад, рузхои хуше дар пеш дошта бошем.

    Comment by aioubzod | 15.08.2009 | Reply

  19. Матни асл ин аст:
    На пойи рафтан, на тоби мондан, чӣ гуна гӯям, дарахти хушкам.
    Аҷаб набошад, агар табарзан тамаъ бибандад бар устухонам,
    Дар ин ҷаҳаннам гули биҳиштӣ чӣ гуна рӯяд, чӣ гуна бӯяд?
    Ман, эй баҳорон, зи абри найсон, чӣ баҳра гирам, ки худ хазонам?
    Хоҳишмандам, шеърро абгор насозед!

    Comment by Ансор | 18.04.2014 | Reply


Leave a comment