Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ба Галустян мадад кунем

Рости гап, бадӣ ё ҳатто фақат ангезаи он, яъне бадхоҳӣ, шадидан хилофи табиат ва арзишҳои ахлоқии ман аст. Вале ҳангоме ки сухан аз нанги миллӣ меравад, бадие, ки ҳадафаш на осебрасонию интиқом, балки сабақ додан аст, қобили қабул намудор мешавад.

Ва чунин “бадӣ” шояд на бадӣ, балки кори дурусту ҳақпарастона бошад. Ё вокунише бо мақсади дифоъ аз шаъну обрӯи миллӣ ва посухе мутамаддин ба шахсе, ки симои як миллатро дар ҷаҳон лодаву бефаросат, гӯлу лаванду бесавод нишон додааст.

Манзурам, ҳамон Михаил Галустян ва шариконаш аст, ки аз мардикори тоҷик дар шабакаҳои телевизион ва чанде пеш дар як филми пурраметраж тасвири аблаҳу аҳмақеро додааст.

Агар ин намоишҳои таҳқиромези галустянҳо ба миён намеомад, олами танз ҳеҷ зиёне намедид, вале он гоҳ беҳурматӣ нисбат ба тоҷикон дар Русия низ то ба ин ҳад намерасид, ки бархе аз нашрияҳо вожаи “тоҷик”-ро бо “джамшутҳо” иваз кунанд.

Албатта, худи муҳоҷирон низ дар ин раванд саҳми муайян доранд, аммо бесаводӣ ва тафовутҳои фарҳангӣ танҳо хоси тоҷикон набудаву нест, балки намояндагони миллатҳои дигар низ дар диёри бегона метавонанд, ба ҳар гуна иштибоҳҳо роҳ диҳанд.

Аммо Галустян ва коргардони ӯ, Гарик Мартиросян бепаноҳтарин муҳоҷиронро ҳадафи ҳаҷви сиёҳи худ қарор доданд. Ман бисёр фикр кардам, ки чаро маҳз тоҷиконро интихоб карданд, на узбакҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ё туркманҳоро? Ба андешаи ман, ин интихоб ҳисобшуда буд. Аз фурӯпошии шӯравӣ то имрӯз тоҷикон рӯшану ошкор нишон доданд, ки аз хештан дифоъ карда наметавонанд.

Барои ин на иттиҳод доранд ва на дониш. Ҷанги таҳмилии солҳои 1992-1997 худ дар матбуоти Русия аз тоҷикон як симои манфӣ ба ҷой гузошта буд. Баъдаш вазири дифоъи Русия Павел Грачев аз тариқи телевизион мавҷи аввали муҳоҷиронро “рвань и шваль” номида буд, ки бояд аз Маскав ба зарба берун афканда шаванд (вышвырнуть из Москвы!).

Дар ҷавоб – сукути тамом. Ба думболи ӯ намояндаи раисиҷумҳури Русия дар Думаи давлатӣ, Котенков аз минбари ниҳоди олии қонунбарори ин кишвар тақрибан ба ҳамин маънӣ ба рӯйи тоҷикон тфу кард.

Сипас, Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Владимир Лукин муҳоҷирати тоҷиконро “як ҳаракати хазанда” номид. Баъд Лужков, ки борҳо нону намаки тоҷиконро чашидааст, низ заҳри худро чаконд. Ду сол пеш як рӯҳонии бонуфузи Русия духтарчаи тоҷик – Хуршеда Султоноваро, ки аз ёхдаҳ зарби кори пӯстсарҳо кушта шудааст, “тоҷири ҳероин” унвон кард.

Ҳамаи ин беҷавоб монд ва ҳеҷ яке аз онҳо барои тавҳин маъзарат нахост. Дар ин ҳама таҳқир ба унвони узбакҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ё туркманҳо садо надодааст, пас чаро галустянҳо онҳоро интихоб кунанд?

Дареғо, ки иғво идома дорад. Акнун, ба болои ҳамаи таҳқире, ки ин бозигарони ношуд дар ҳаққи як миллат раво диданд, Галустян ба ҳайси “пи-ари сиёҳ” ё таблиғияи тӯҳматомез хабар додааст, ки тоҷикон ба ҷони ӯ ва аҳли оилааш таҳдид мекунанд, биноан бояд зери ҳимояти хадамоти амниятии Русия ба сар барад. Мехоҳад, аз худ Салмон Рушдӣ созад.

Ин овоза гӯё аз шарҳу номаҳои хашмолуди тоҷикон дар шабакаи интернет бархостааст. Қатъиян маҳкум мекунам онҳоеро, ки агар дар ҳақиқат чунин номаҳо нашр карда бошанд. Бо ҳар ҳарфи таҳдидомез ё дашному таҳқир муаллифон пеш аз ҳама миллати худро таҳқир мекунанд ва ба хидматгорони Галустян табдил ёфта, намоишҳои вайро тасдиқ мекунанд.

Пешниҳоди ман дигар аст ва таъсири он низ тамоман дигар хоҳад буд. Бояд бо як номаи дастаҷамъона ба шаҳрдории Нюрнберг муроҷиат кард, ки Галустянро барои ширкат дар консертҳои “Ледниковҳй период” дар ин шаҳр роҳ надиҳанд.

Қарор аст, дар аввалҳои моҳи апрел Галустян дар ҳайати ҳунарпешагони Русия ба Олмон ва аз ҷумла шаҳри Нюрнберг сафар кунад. Таври маълум дар ин шаҳр мурофиаи додгоҳии натсистҳо баргузор гашта буд. Дар он муҳокимаи таърихӣ на танҳо саркардагони фашизм, балки куллан идеологияи натсистӣ ва нажодпарастӣ маҳкум шуданд. Пас бо кадом рӯ Галустян, ки намоишҳои ӯ намунаи барҷастаи идеологияи фашистиянд, ба ин шаҳр сафар мекунад ва чаро бояд шаҳрдории Нюрнберг ё умуман Олмон вуруди чунин шахси нажодпарастро ба қаламрави худ манъ накунад?

Барои ин муроҷиати тоҷикон ба шаҳрдории Нюрнберг, Вазорати умури хориҷии Олмон ва сафорати Олмон дар Тоҷикистон даркор аст. Ҳукумати Олмон ба чунин масъалаҳо бисёр ҳассос аст ва чунин талабномаро бепосух нахоҳад гузошт.

Ин ба ҳеҷ ваҷҳ шабеҳи зарбаи ноҷавонмардона ба тахтапушт нест, балки талаби қонунии онҳоест, ки аз “мӯъҷизаҳо”-и Галустян таҳқир дидаанд. Беэҳтиромӣ ба муҳоҷирони тоҷик, латукӯб ва қатлу куштори онҳо, аз ҷумла буридани сари ҷавони тоҷик дар Маскав, зери таъсири бевоситаи намоишҳои Галустян ба вуқӯъ пайвастаанд.

Танзи ӯ намунаи ҳунар ё латифа нест. Ин хандаи мусбат нест, балки сиёҳкории мудаввому систематик ва паст задани як қавм дар баробари қавми дигар аст, ки 100 дарсад баёнгари ақидаҳои фашистӣ мебошад. Ин маъниро бояд ба ҳукуматдорони Олмон расонд, ки ба чунин шахс иҷозаи вуруд ба Олмонро надиҳанд.

Бояд шитофт, зеро имрӯзҳо мумкин аст, Галустян дар пайи дарёфти раводиди сафари Олмон бошад. Бояд садо баланд кард ва агар дарвоқеъ ӯро ба ин кишвар роҳ надоданд, беҳтарин хабар ва беҳтарин танз хоҳад буд.

Ин бадӣ ба Галустян не, балки некӣ ба ӯ хоҳад буд, то бидонад, ки агар ба боми касе кулӯх андохтӣ, интизори санг ба боми худат бош ва то шояд бифаҳмад, ки бо иззати нафси як миллат бозӣ кардан, ҳаргиз шаъну обрӯ намеорад. Худо кунад, рӯ ба ростӣ ва некӣ орад? Биёед ба ӯ кӯмак кунем.

Мо метавонем?

09.02.2010 - Posted by | Русия, Синемо, Тоҷик, Қонун | ,

35 Comments »

  1. Дуруди Худованд ба устод Салими Аюбзод. Вокеан хело мавзуи хуб ва доги рузро матрах кардаед. Мо дустон дар назди худ максад гузоштаем ки ин рохи пешгирифтаи шуморо оиди мурочиатнома ба шахрдори Нюрнберги Олмон идома дихем. Устоди гиромикадр агар имконият дошта бошед эълонномаи сафари ин “хунармандон”-ро ба мо ирсол намоед зеро хангоми навиштани мурочиатнома далелхои дакик лозиманд. Мо аллакай порчахои видеоии тахкиромези галустянхоро омода сохтаем то ба сафорати Олмон дар Душанбе ирсол намоем… Иншоаллох ки хак ба хакдор мерасад.

    Comment by Али | 10.02.2010 | Reply

  2. Дуруд бар Алии арчманд. Сипосгузорам аз тасмими Шумо ва умедворам точикони Олмон низ хомуш нахоханд нишаст. Эьлонномаи сафари онро дар телевизиони русй дидам, ки барои сокинони Аврупо пахш мешавад. Сафари онхо аз 23-и март дар Берлин сар шуда, дар Нюрнберг ва Манхейм идома мекунад. Лутфан бояд хеч харфи бад ё тавхине ба унвони у набояд гуфт, факат фактхо ва дархостро зикр кард.

    Comment by aioubzod | 10.02.2010 | Reply

  3. Фикратонро дастгирй мекунам. Ман, ки умуман он намоишхоро тамошо намекунам, ва филмро хам надидаам, факту ракам надорам, вале чанд порчаи намоишхоро дидаам, ва тасаввурот дорам. Аз чунин нафаре чун ман, ки дар Олмон несту олмонй намедонад, чи намуд дастгирй метавон интизор шуд? Хуб мешуд агар ягон рохашро ба ман нишон медодед, то сахми худро гузорам. (Факат забони англисиву русй медонам.)

    Comment by Азиз | 10.02.2010 | Reply

    • Азизи фарзона. Хеле олист, ки англисй ва русиро медонед. Бо яке аз ин забонҳо мешавад, ба шаҳрдории Нюрнберг ё Вазорати умури хориҷии Олмон нома навишт ва дархост кард, ки чунин каси нажодпараст ба иллати он ки корҳояш сабаби ангезиши нафрати миллй шудааст, ба қаламрави Олмон роҳ дода нашавад.

      Comment by aioubzod | 10.02.2010 | Reply

  4. Дуруд бар Салими Аюбзод. Бехтарин пешниход.Ман низ аз хамаи мардуми богурури точик даъват мекунам ин пешниходро дастгири намоянд. Мехостам дар ин самт худи Шумо ташабускор бошед, яъне тархи амалро бикашед. Бовар дорам, хамаги аз он дастгири мекунанд.

    Comment by Mahbub-tj | 10.02.2010 | Reply

    • Сипосгузорам аз эътимодатон. Агар фурсат расад ин корро мекунам, вале ҳар шахс мустақилона ҳам метавонад, чунин номаро, бигзор дар чанд ҷумла ба мақомоти марбута ҳамчун фикри худ бифиристад. Расидани чандин, беҳтараш даҳҳо нома, таъсири дигар хоҳад дошт.

      Comment by aioubzod | 10.02.2010 | Reply

  5. Барои анчоми ин кор як пешво даркор ва шояд дар сафхаи веблоги Шумо имзо чамъ кунем. Мактубро бо далелхо як нафар нависад ва он нашр шавад ва хар касе онро хонад исму фомилашро навишат, имзо гузорад. Ба хар хол ташаккур барои ин навишта.

    Comment by Чамшед | 10.02.2010 | Reply

    • Дар посух ба Маҳбуб назарамро гуфтам. Беҳтар аст, ин як кори мардумй бошад ва садоҳо аз чанд гуша баланд шавад.

      Comment by aioubzod | 10.02.2010 | Reply

  6. Ман сад дар сад тарафдори шумоям чунки холо ки ман дар Маскав хастам кариб дар хама истгоххо рекламахои филми навбатии ин палид аст ки ба обруи точиконро махз хамин паст задааст факат хаминашро медонам ки агар худо накунадувай дар дасти ман хурад ман медонистаму вай…..

    Ташаккур Устоди азиз!

    Comment by Bakhtiyor | 10.02.2010 | Reply

    • Вай бо ҳамин роҳ шуҳрат ёфт, аммо бахши дувуми номаатонро шадидан маҳкум мекунам, ҳаргиз бояд чунин нанавишт ва ба сатҳи уву намоишҳои вай поин наафтод.

      Comment by aioubzod | 10.02.2010 | Reply

  7. Имзо чамъкуни хам лозиму дар назди сафоратхонаи Олмон дар Душанбе пикет хам.

    Comment by Адаш ИСТАД | 10.02.2010 | Reply

  8. Дуруди Худованд ба устоди арчманд!
    Вокеан икдоми пешгирифтаи Шумо айни мудаост.Ман шахстан низ ин икдомро дастгири карда бо забони инглиси хатман ба дастандаркорони сафорати Олмон ва хукуматдорони он дар Душанбе нома хохам зад ва ишонро аз вуруди Галустяни игвогару нажодпараст вокиф мекунам.Хеле сахт аст, вакте мебини ки нафаре аз давлати бегона ба иззату шаьну шарафи миллати ту панча мезанад.Хеле сахт аст вакте берунихо нисбати миллати ту хар гуна намоишхову шоухои тахкиромезу бардуруг намоиш медиханд.
    Ман албатта ба кулли дустону рафикоро барои ширкат дар ин мурочиатнома даьват хохам кард ва хама иншооллох дастчамьона бо шеваи иттиходу ягонаги дар як гиребон сар бароварда алайхи чунин садохо акси садое хохем кард!Пируз бод миллати точик!

    Comment by Фирдавси Аъзам | 11.02.2010 | Reply

  9. Дубора салом ба устод Салимчон ва хама чавонони азизи бовичдон!
    Ба хар коре,ки химмат баста гардад,
    Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

    Дар вокеь мо метавонем, бисёр корхоро чур кунем, сомон дихем, ислох кунем ва иваз кунем албатта агар моил ба ичрои он бошем! Ман мутмаинам ки дар сурати иттиходу васлу ягонаги метавонем миллати хешро аз ингуна “намоишхо” дифо кунем.Мо метавонем миллати худро, на на, аслан миллат ки худи моем, пас метавон гуфт, ки худамонро дар арсаи чахони ба хуби шиносонем.Дар сурате,ки мо метавонем, пас чи суд аз хомушиву гушаихтиёри?Бояд азми рафтан кард, бояд хешро шинохт дар биёбони ин бехудихо!

    Comment by Фирдавси Аъзам | 11.02.2010 | Reply

  10. Ассалому алайкум ва рахматуллохи!

    Бисёр хам фикри оличаноб аст. Ачибаш ин ки фикри оличаноб ба сари хукуматдорони мо нарасид, аз чумла ба сари Онхое ки кафили шаъну шарафи точик (хаст) хастанд … Ё расиду садояш буланд нашуд, лекин ба хар хол…

    Ман аз фикри Шумо тарафдори мекунам! зеро тахти хукуки демокроти карор дорад.
    Дар ин масъала ман хамфикрони зиёде дорам, ман метавонам ки номае тартиб дихам ва равон кунам!
    Аз Шумо як чизро пурсидан мехостам, номи пурраи хамон Додгох(формально как надо оформить?) – хох ба забони Руси хох ба Англиси, иншоаллох сад дусад овоз ман чамъовари мекунам!
    суоли 2: нашонаи(адрес) хамон додгохро хам ба тарики элекрониаш бошад ё ба тарики индекси бошад!
    Хохиш мекунам mclm@inbox.ru – нишони ман!

    Comment by Абд-ар-Рахмон | 11.02.2010 | Reply

  11. Ман ба ҳамаи шумо ҳайронам, Галустян ки шудааст ки тоҷикҳо дастаҷаъсона бар зидди вай эътироз кунанд? Ва аз ин ҳам бештар, ба шаҳрдории Нюрнберг муроҷиат кунанд? Дигар мавзуъи муҳим нест барои миллати тоҷик? Нангу номусу ҳақу ҳуқуқҳои камтарини миллати моро дар ватан поймол мекунанду ҳама хаппу даманд ку! Маҳбасҳо пур аз зиндониҳои сиёсиву ақидавианду касе ба ягон додгоҳи байналмилалӣ шиква намекунад ку!
    Пешниҳоди алтернативӣ дорам, аввал дар хонаи худ ҳамашро ҷо ба ҷо бояд карду баъд аз танзу шухиҳои бегонагон ранҷид.
    То даме ки бо тоҷикон дар кишвари худашон ҳамчун инсон бархурд накунанд, ҳурмати бегонагонро бо зури ҳам намешавад дарёфт намуд.

    Comment by Камдон | 11.02.2010 | Reply

  12. Боз хам дуруд! Бар хар тарике (номаи дастачамъона ва ё дар олохидаги)набошад бояд зудтар анчомаш дихем, зеро метарсам, ки дер нашавад… Ба ёди ман точики дар Маскав сарбуридае расид, ки хамаги мегуфтем, вакти овардани часади бесари Салохиддин дар фурудгох гирди хам меоем, аммо чи мегуед, ки хамаги камтар аз хашт нафар чамъ шуд… Биёед, чиддитар бошем ва тезтар ба Галустян кумак расонем. Худованд дар рохи нек гайрати шуморо бештар гардонад!

    Ба хар сурат, фикр мекунам, Салими Аюбзод шояд тархи мушаххасе мекашад.

    Comment by Mahbub-ТЧ | 12.02.2010 | Reply

  13. Устод, ба назари ман тархи номаро ба забони дилхох тахия намудан лозим ва хар нафаре ки чонибдори фикри оличаноби шумост овоз дихад.

    Comment by Sooroosh | 12.02.2010 | Reply

  14. Дуруди дигарбора барои устод Салим Аюбзода ва дигарон. На на харгиз унвонии онхо харфи баде ё тахвине нахохем кард. Тахвин, зургуи кори окилона нест. Мо танхо дархост ва далелхоро барояшон ироа мекунему бас… Ба кавли огои Точвар сарбаланд бошем.

    Comment by Али | 12.02.2010 | Reply

  15. Бисёр фикри хуб акои Салимчон!

    Мо набояд уро галюстанхоро тахкир кунем, балки бо рохи хуб онхоро фахмонем, ки халки точик дар хакикат хам мадният, таърих, инсонпарасти ва равони оли дорад. Онхоро мебояд ки худ хулосабарори кунанд на мо мачбур созем.

    Comment by Qosim Safar | 12.02.2010 | Reply

  16. Фикри бисёр оли!
    Ман шахсан ин филмро (Яйцо судьбы) дар кинотеатри шахри Руссияи Тюмень дандон ба дандон монда то охир тамошо кардам. Хамрохи ман чор нафари дигар хам тамошо карданд. Толор холи буд. Хамон чор нафар хам ба созандагони филм нафрин карда аз бар абас рафтани пулашон афсус мехурданд.
    Сад дар сад фикри Салими Аюбзодро дастгири мекунам. Ин мактубро хатман навиштан лозим аст. Ин кино алаккай шухи нест. Ин вокеан тахкири пай дар пайи махз миллати мо мебошад. Худо кунаду Олмон ба Галустян раводид надихад, хатман ин хабар тарики ВАО хангома мешавад ва бисёр чавоби окилона мебошад ба “мазхака-масхара”-и у.

    Comment by Абдулло | 12.02.2010 | Reply

  17. Бало занад хамон Галустона, лекин мо худ бояд дигар шавем. Каси дигаре омада моро дигар намекунад…

    Comment by Mark Twain | 15.02.2010 | Reply

    • Комилан дуруст Марк, аммо кош дар бархурд бо ин шабушкак каме хам бошад, дигар шавем?

      Comment by aioubzod | 15.02.2010 | Reply

    • Ташаккур, бародарчонам!

      Comment by Дарвеш | 16.02.2010 | Reply

  18. Бародар, фикрат оиди сабабхои джамшутиямон кобили кабул, лек кирдорат нисбати эълони Persona non grata -и Галустян ин як шабохатест, ки мо хамонем, ки хамон! Ин икдом боз як PR-ест ба сабати онхо!
    Ту хам, Брут?!
    Афсус!

    Comment by Дарвеш | 16.02.2010 | Reply

    • Як нома фиристода шуд. Бояд аз хар кучо фиристод. Хомушона. Бигзор, макомоти Нюрнберг тасмим гиранд. Рох дода нашудани у ба он чо Пи-Ар намешавад, балки зарбаи кубанда хохад буд.

      Comment by aioubzod | 16.02.2010 | Reply

  19. Фикрам дуруст будааст!
    Афсуз, дунёро гаштиву …..!

    Comment by Дарвеш | 16.02.2010 | Reply

  20. “Химати” шумобаринхо дар ин мвзуъ хизматест хирсона нисбати миллати чафокашандаи мо!!! Боз зарханда мешавем! ИМХО!
    Бале, аз худ бояд шуруъ намоем! Ин яке аз сабабхоест, ки мо бояд ба худ аз тарафе ба худ назар андозем ва хамаи мо аз ин сабак барорем!

    Comment by Дарвеш | 16.02.2010 | Reply

  21. “Хизмати” шумобаринхо дар ин мавзуъ хизматест хирсона нисбати миллати чафокашандаи мо!!! Боз зарханда мешавем! ИМХО!
    Бале, аз худ бояд шуруъ намоем! Ин яке аз сабабхоест, ки мо бояд ба худ аз тарафе ба худ назар андозем ва хамаи мо аз ин сабак барорем! Оё мо ягон коре кардаем, ки як кас хам бошад нисбати точик фикри мусби дошта бошад?

    Аюбов!
    Оё вакте он нашудааст, ки сухани ту гуррандатар аз барк, ва суханат буррандатар аз тег шавад? Албатта дар расонахои хабарии Россия!
    Чаро мардумро ба игво медарори?!

    Comment by Дарвеш | 16.02.2010 | Reply

  22. Чаноби Дарвеш!
    Надоштани андешаи бикру солим вокеан дарде будааст бедаво.Носолимандешон мардумро дар чахорчубаи андешаронии худ мешуморанд ва бахо медиханд.Магар пуштибони аз хуввияту фархангу ки будани худ дар андохтани игво миёни мардуми худ метавонад мучиб шавад? Магар дар холе,ки дигархо руи сари мо кулох мегузоранд, метавон хомуши ихтиёр кард ва садое буланд накард?Барьакс, дар ин холатхо хомуш будан гунох аст.Шумо чаноби тарсуву рупуш бехуда Салими Аюбзодро игвогар нахонед ва андешаи уро чун андешаи хеш машморед.

    Comment by Firdavs | 18.02.2010 | Reply

  23. Дарвеш! то ту аз худ шуру кардана сар мекуни,ки то хафт пушта равшану джамшут мешавем,насли нави дигар миллатхо моро чи хеле галаструкян нишон медихад, хамон хел мефахмад.Касе,ки дар хамин мавзу чи икдоме мегирад,ман тарафдорам.Хайронам барои базе точиконе,ки бо забони руси хуб харф мезананду хомушанд.

    Comment by said | 25.02.2010 | Reply

  24. Э бродаро, тавре ки гуфтам мешавад. Дар ин бора бо Дарвеш хамфикрам, илм, фарханг, дониш, худшиноси ва сатхи зиндагии мардумро боло бардоред ва галустянхову монанди вайхо худ ба худ аз байн мераванд. То даме ки точик дар ватанаш хамчун моли бе калом ба сар мебараду, ба шаллоку шаттаи сохибмансабон ягон посух надода, охирин тангаи сиёхашро бидуни эътироз бароварда медихад, моро казокхо дар КВН, армано дар телевизиони Руси, сиёсатмадорони рус аз минбари Дума масхара хоханд кард.

    Comment by Камдон | 26.02.2010 | Reply

  25. Навиштахои Салими Аюбзод комилан дурустанд.Бедории мардони миллат муборак бод!

    Comment by Маликнеъмат | 11.03.2010 | Reply

  26. Салом устод!Ман натичаи ин корро фахмидан мехохам!Оё ба Максад расидем ё не?? Яъне Галстуян сафар кардан тавонист ё не???

    Comment by Ошурмахмад | 10.05.2010 | Reply

  27. Мо маслихатохе хеле хуб хам хондем аммо сабаб чи бошад ки сафоратхонаи точикистон дар русия хомуш аст оё хукуматдорон чи андеша доранд ё Точик нестанд ……..

    Comment by ganjina | 11.12.2010 | Reply

  28. галустиян тугри масхарамо мекунад дар хакикат масхара хастем прфессороморам мардикори мебиёян россияра ба дод овардием

    Comment by абдуворис | 03.04.2011 | Reply


Leave a reply to Mahbub-ТЧ Cancel reply