Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Абдусалом Раҳимов дар донишномаи синемои Амрико

Ҳар китоби энсиклопедӣ ё феҳрасту раддабандиеро бинам, монанди “Ҳазор адиби машҳури ҷаҳон” ё фаразан, “Зеботарин шаҳрҳои олам”, хонданашро аз охир шурӯъ мекунам, зеро ғолибан номи Тоҷикистон ва ё афроду макони марбут ба тоҷикон, агар дар он ҳузур дошта бошанд, ҳатман дар охири номгӯ меоянд. Ин бор ҳам китоби “Синемои ҷаҳон баъд аз соли 1945”-ро ба даст гирифтаму аз сафҳаҳои охираш ба пеш варақгардон кардам.

Китоби азим (зиёда аз 700 сафҳа дар коғази маҳин) аз ҷониби қариб 30 муаллиф зери назари профессор Вилям Лур аз Коллеҷи Сан-Питери Ню Ҷерсии Иёлоти Муттаҳида дар соли 1987 ба нашр расида, дар он дастовардҳои синемои ҷаҳон то соли 1985 раддабандӣ шудааст.

Шигифто, на номи Тоҷикистонро медидаму на исми тоҷикеро. Маълум шуд, дар ин китоб номҳои чашмнавози ман дар аввали китоб омадаанд. Ва тааҷҷуби дувуми ман ин буд, ки дар он на номи Бенсион Кимёгаров буду на Тоҳир Собиров. Ҳатто номи бунёдгузори синемои тоҷик ва ӯзбак Комил Ёрматовро низ надидам, балки номи шахсеро дидам, ки солҳои охири умраш дар “Тоҷикфилм” мисли боғбон ё фарроше саргарон мегашт ва коре ба ӯ намедоданд, магар таҳияи дублаи ягон филми дараҷаи 3.

Тоқии рангпаридаи чаҳоргули чустӣ дар сар бештари вақташро дар чойхонаи “Роҳат” ё кафеи “Хонаи кино” ба базлагӯӣ ва нақли хотираҳояш аз ҳаёти Мирзо Турсунзода, Абулқосими Лоҳутӣ, Абдусаломи Деҳотӣ, Пӯлод Толис, Тӯҳфа Фозилова, Маҳмуди Воҳид, Ҳанифа Мавлонова ва дигарон мегузаронд. Латифаҳои намакӣ мегуфт ва пеш аз талаффузи ҷумлаҳои ғайрикитобӣ аввал ба чапу рост нигоҳ медавонд, то нахоста, аврате он ҷо бошад.

На он вақт ва шояд на ҳоло касе намедонисту намедонад, ки Абдусалом Раҳимов дар Амрико ҳамчун яке аз намояндагони вижаи синемои Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрат доштааст. Номи ӯ дар ин китобе, ки барои таълимгоҳҳои олии синемо як дастури таълимӣ ба шумор меравад, дар як саф бо номи коргардонҳои машҳури ҷаҳон Ингмар Бергман, Паоло Пазолинӣ, Федерико Феллинӣ, Андрей Тарковский, Акиро Куросава, Аббоси Каёрустамӣ ва дигарон омадааст.

Дар ин донишнома аз филми “Зумрад”-и Раҳимов, ки дар соли 1962 сохта шудааст, ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи эҷодиёти коргардонҳои ғайрируси Иттиҳоди Шӯравӣ ёд мешавад. Дар муаррифии он гуфта шудааст, филми ҷолиб ва ғайриодиест, ки аз сарнавишти зани тоҷик дар баробари як ҷомеаи падарсолор ҳикоят мекунад. Дафъатан саҳнаҳое аз он филм, ки даҳсолаҳо пеш дида будам, ба ёдам омад. Ба назарам, ин нахустин филме буд, ки мо дар он хонаи тоҷикро бо сандаливу сӯзаниҳову тоқчаҳояш дида будем. Зумрад духтаре буд, ки барои хондан ба шаҳр меравад, он ҷо бо омӯзгори худ дар донишгоҳ ишқварзӣ мекунад ва таҳсилро раҳо карда, ба деҳа бармегардад.

Дар китоб ҳамчунин филми дигари Абдусалом Раҳимов – “Дидорҳои кӯтоҳ дар ҷанги тӯлонӣ” муаррифӣ шудааст, вале аз ин филм чизе ба ёдам наомад ба ҷуз себи сурх дар рӯи барф. Филми дувум дар соли 1975 дар ҳамкорӣ бо коргардони рус Станислав Чаплин рӯи навор омадааст.

Дертар Раҳимов низ ба филмҳое мепардозад, ки “Тоҷикфилм”-ро дар лаҳҷаи танзи дӯстдорони кино дар Шӯравӣ ба “Басмачфилм” табдил доданд. Филми савуми ӯ, “Дар ағба напаронед”, қӯрбошӣ Карим-додхоҳро шахси золиму хунхоре нишон медиҳад, ки аз дасти аскари пирӯзманди “сурх” ба қатл мерасад.

Аҷиб аст, ки аксари синемагарони тоҷик корномаи худро бо филмҳои ҷолиби миллӣ сар мекарданд, вале ба зудӣ ё даст ба филмҳои зидди босмачигарӣ мезаданд ё наворҳои моҷароӣ ва саргармкунанда. Тоҳир Собиров низ аз шоҳкоре монанди “Марги судхӯр” ба арса омад ва филми охиринаш аз афсонаҳои “Ҳазору як шаб” буд, он ҳам пас аз навори “Ассалому алейкум”, ки торумори босмачиёнро ба тасвир гирифтааст.

Аммо, зоҳиран ба Раҳимов дигар имкони коргардонӣ дода нашудааст. Дар ҳолномаи ӯ мехонем, ки солҳои баъд асосан ба нақшофарӣ дар синемо машғул будааст. Ҳатто филми савумашро низ якҷо бо Муқаддас Маҳмудов сохтааст. Раҳимов дар тафовут бо коргардонҳои дигар як бартарӣ дошт, ки бо вуҷуди дипломи ГИТИС, баъд аз бозгашт аз Маскав, дар бахши таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кард ва дар баробари даҳҳо “фиристодаҳои фарҳангии Маскав” дар киностудияи “Тоҷикфилм” на танҳо мутахассиси миллӣ, балки донандаи забону таърихи тоҷик буд. Иттифоқан дар давроне, ки на инаш ба синемо даркор буду на онаш.

Забони расмию корию ҳунарии риштаи кино дар Тоҷикистон дар он давра русӣ буд. Хандаовар буд, ки бо сабаби русзабон будани коргардонҳо филмҳо ба забони русӣ наворбардорӣ ва сипас, он ҳам агар зарур буд, ба тоҷикӣ баргардон мешуданд. Рӯшанфикрони тоҷик Ато Аҳроров, Адаш Истад, Саъдулло Раҳимов ва дигарон борҳо ин ҳолро зери танқид мегирифтанд ва ҳам ба камбудиҳои ҷиддии филмҳо таъкид мекарданд, ки расму оини тоҷиконро ба таври нодуруст нишон медоданд.

Ба назар мерасад, Абдусалом Раҳимов “зери бор рафт”. Вай бо дастовардҳои худ қаноат кард ва мубориз набуданашро нишон дод. Боре гуфта буд: “Кино як соҳаест, ки мешавад, дар гӯшае аз он ҷо гирифту ҳаққи худро хӯрд ва гуруснаву ташна намонд”. Ҳақталош набуданаш сабаби он  шуд, ки дар кунҷе ҷойи камеро бигирад ва аз даъвоҳои бузурги хеш даст кашад. Шояд намедонист, ки ӯро дар Амрико эътироф кардаанд. Аз сӯе ҳам давраи пурҷӯши ҳаёти ӯ ба замоне рост омад, ки гурӯҳбозӣ дар “Тоҷикфилм” ба авҷ расида, коргардонҳое чун Кимёгаров бо атрофиёни худ зимни равобиташон бо ҳамтоҳои хеш дар Маскав дар ин ришта дасти тамом доштанд.

Фиристодаҳои фарҳангии Маскав ва онҳое, ки ному насаби тоҷикӣ, аммо мағзи русӣ доштанд, ҷои поро дар киностудия ба ашхосe чун Абдусалом Раҳимов танг карда буданд. Солҳои охири умраш ӯ тақрибан бекор буд. Яке аз фарзандонаш, Ҳошим Раҳимов низ риштаи синемо ва театрро интихоб кард ва садҳо нақш офаридааст. Ҳадси ман ин аст, ки муаллифони донишномаи синемои ҷаҳон дар Амрико ин паҳлуи сарнавишти Абдусалом Раҳимовро, ки дар солҳои нооромии Тоҷикистон аз ҷаҳон гузашту дар соли 2007 ҷашни 90-солагияшро дар ватан касе ба ёд наовард ва гумон аст, касе дар соли 2017 аз 100-солагияш ёд кунад, аслан намедонистаанд…

18.09.2010 - Posted by | Донишнома, Синемо, Фарҳанг, Ҳунар |

2 Comments »

  1. Rahim Hoshim dar filmi “Afganskiy izlom’ xele xub harnamoi kardaast, oli.

    Comment by Samandar | 21.09.2010 | Reply

  2. Dusti aziz, Mo imruz khostem az osori Mahmudjon Vohidov, ba vizha ruboiyoti Khayyomro, paydo kunem. Mutaasifona dar internet hej chiz paydo karda natavonistem. Boshad ki duston chize az u dar internet joy dihand. Bo ehtirom Farzom – Columbia, SC

    Comment by Farzom | 01.10.2010 | Reply


Leave a comment