Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Асрори Асрорӣ

Омадани ӯ ба донишгоҳ аҷаб тамошое дошт. Марде бо қомати баланд, вале китфони андаке хамида, каллаи калон, мӯйҳои мошубириниҷи ба пас шонахӯрда ва каме дарози дар охири худ ҷингилаи афтода ба паси гардан, қадамҳои кӯтоҳу шумурда, вале тезу қатъӣ ва устувор, чашмони мешии калон ва нигоҳи ҷиддии шикофанда аз анбӯҳи раҳгузарони кӯчаи ба номи Айнӣ ҷудо мешуд ва ба оҳистагӣ аз зинаҳо боло рафта, вориди бино мегашт. Ҳанӯз пайкари ӯ аз дур намоён нашуда, бехгӯшии “Асрорӣ меояд” садо медод ва мавҷе ҷамъи истода дар даромадгоҳи факултаро ба ҷунбиш меовард.

Иқрор мекунам, ки шахсан ман аз дидани роҳгардӣ, нигоҳҳои уқобвор тез ба чапу рост ва симои шукӯҳманди Воҳид Асрорӣ лаззат мебурдам ва фахр мекардам, ки яке аз шогирдони ӯям. Мо, донишомӯзон, чуҷаяконе будем, ки дар сояи ӯ осоиш доштем ва ниҳолаконе будем, ки аз гармии меҳраш нумӯъ меёфтем. Аз ӯ поймардию мубориза, ҳақгӯиву ҳақталошӣ, саркашию сарбаландӣ ва ҳатто хандаву дилхушӣ меомӯхтем. Устод Асрорӣ, инсоне, ки талху ширин ва гарму сарди ҳаётро ба андозаи кофӣ чашидааст, ҳолу ҳавои моро хуб медонист ва мехост, сахтию душвориҳои зиндагиро бо хушсуханӣ ва меҳрубонияш камтар кунад.

Факултаи филологияи тоҷики донишгоҳ маҷозан саҳнае байни чаҳор кафедра буд, ки сарварияшонро Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров (назарияи адабиёт), Шарифҷон Ҳусейнзода (адабиёти классикӣ) ва Додоҷон Тоҷиев (забоншиносӣ) дар уҳда доштанд. Ба пиндошти мо  дар байни онҳо як навъ сабқате буд ва ҳис мекардем, ки баъзеҳо Асрории моро дӯст намедоранд, вале аз ӯ меҳаросанд ва маҷбуранд, тоқаташ кунанд. Раиси вақти комсомолони факулта Сӯфибек Маҳрамов мегуфт, агар касе ончиро, ки байни ин чаҳор кафедра ва чаҳор роҳбар ва шогирдони онҳо мегузарад, бинависад, пурмоҷаротарин роман мешавад. Аммо рӯзноманигори саршиноси тоҷик, аз шогирдони устод Асрорӣ, Қироншоҳи Шарифзода, ки худ дертар дар ҳамин ҷо ба тадрис пардохтааст, дар ёддоштҳояш меорад, ки “ин чаҳор Устод чаҳор сутуни факултет буданд” ва “бинои адабу хиради донишгоҳро” “побарҷо медоштанд.”

Ин нукта ба рақобатҳои сатҳи донишгоҳӣ пайванд мегирад, вале дар дохили факулта, бо вуҷуди ҳамгироиҳо устодон дар чашми донишҷӯён дар ҳоли мусобиқаи аёну ноаён падид меомаданд. Барои нуфузу эътибор, дастовардҳо ва ҳам барои донишҷӯёни беҳтарин. Бардоште вуҷуд дошт, ки гурӯҳи рӯзноманигорӣ беҳтарин довталабонро гулчин мекунад ва майли аксари дохилшавандагон ба ҳамин ришта аст, ки гӯё норозигии дастандаркорони риштаҳои дигарро ба миён меовард.

Вазъи мавҷуда ба донишҷӯён ҳам таъсир дошт ва гоҳе мо ба шогирдони кафедраҳои дигар бо чашми кам менигаристем ва ифтихори мо ҳам аз Асрорӣ буд ва ҳам аз он ки оянда рӯзноманигор мешавем, манзур, мардумони вижае ҳастем дар ин факулта. Лек мухолифони мо мегуфтанд, ки дар дипломҳои хатми донишгоҳ “журналист” навишта намешавад, пас чӣ фарқе дар миён аст? Ё худ мегуфтанд, “аз филолог дар оянда рӯзноманигор баромаданаш мумкин, аммо аз журналист филологи комил намебарояд.”

Хоста ё нохоста, донишҷӯён байни ин чаҳор бахш тақсим буданд. Ҳолу ҳаво дар ҳар яке аз ин бахшҳо фарқ мекард. Дар бархе аз кафедраҳо маҳалгароӣ бо бадтарин шеваҳояш дар авҷ буд, ҳар омӯзгор аз ҳамдиёри худ шогирди “муваффақ” месохт, зоғи худро симурғ медонисту гурбаи хешро паланг; дар дигаре муносибати байни шогирдон ва устодон саршор аз қудсияти пиру мурид буд, ба андозае, ки онҳоро ба хоҷаву барда табдил медод; дар дигаре омӯзгорони бадқавораи гирифтори буҳрони миёнасолӣ ба донишҷӯдухтарони зебо баҳо намегузоштанд, то аз онҳо ком ситонанд, кутоҳи сухан, қариб дар ҳамаи онҳо ҳаёти донишҷӯ таҳти фишори шадиди равонӣ мегузашт, вале дар кафедраи Асрорӣ омӯзгорон ва донишҷӯён худро нисбатан озод, ба андозаи зиёд шахсият ва то ҷое ҳам дигарандешу мубориз ҳис мекарданд. Дар дили онҳо муғчаи мансубият ба “ҳокимияти чаҳорум” рӯ ба шугуфтан дошт ва дар байнашон касоне буданд, ки аллакай номашон баромада буд ва даст ба ҳар гуна “инқилобчаҳо” мезаданд ва чунин махмасаҳо соле як ё ду бор ба вуқӯъ мепайвасту на танҳо факулта, балки тамоми донишгоҳро низ такон медод.

Гоҳе ки донишҷӯи “журналисте” зидди устоде аз кафедраҳои дигар ошӯб мекард ва саркӯб мешуд, “инқилобгари ноком” ба Асрорӣ паноҳ меовард. Ё ҳолате мешуд, ки бе ягон сабаби ошкор омӯзгоре шогирдро “чап мегирифт” ва тамоми корро мекард, ки масъалаи ихроҷаш матраҳ шавад, боз назди Асрорӣ мерафтанд. Устод касе буд, ки шерона ба ҳимояти донишҷӯ бармехест, ҳатто агар худи донишҷӯ ба андозаи зиёд сабабгори чунин ҳол шуда бошад ҳам.

Бо асабонияти тамом сигор пайи сигор дуд додани устод Асрориро тасвир карда, Қироншоҳи Шарифзода менависад, гоҳе дар чунин ҳолатҳо мавсуф гӯё бо раҳбар ё омӯзгоре ғойибона баҳс мекарда бошад, зери лаб, вале шунаво мегуфт: “Наход барои як рӯз ба дарс наомадан аз стипендия маҳрум кунанд? Охир ин бечора рӯзи истироҳат модари беморашро хабаргирӣ рафта, дер омадааст.” Ё донишҷӯеро “барои чаҳор соат набуданаш дар дарс ба имтиҳон роҳ надодаанд”. Ё нашрияи девории донишҷӯёнро барои як дубайтии танқидӣ дар ҳаққи мудирияти факулта канданиянд ва монанди инҳо.

Асрорӣ қариб дар ҳамаи мавридҳо паҳлуи донишҷӯ қарор мегирифт, то омӯзгор ё мудирон. Гӯё паём медод, ки ҳамаи инҳо бо шарофати донишҷӯ вуҷуд доранду нон мехӯранд, на вожгуна. Вале муҳимтар аз ҳама Асрорӣ дар ҳар донишҷӯ инсони ояндаро медид ва бар ин буд, ки ҳар яке аз онҳо соҳиби истеъдод аст ва истеъдодро бояд ҳифз кард, парвард ва барояш фазо дод.

Пирӯзиҳо зиёд буданд, вале агар мағлубият ҳам пеш меомад, “вазн”-и Асрорӣ басанда буд, ки онро низ ба ғалаба табдил диҳад, ё дар бадтарин ҳолат торуморро номумкин гардонад.

Устод Воҳид Асрорӣ аз канор як шахси мағрур ва зӯргӯ ба назар мерасид ва ҳайбаташ на танҳо донишҷӯён, балки омӯзгорони донишгоҳро низ даступохӯрда мекард. Бисёриҳо намехостанд, дар долон ё раҳрав бо ӯ рӯбарӯ шаванд. Оре, бисёриҳо аз “сиёсат”-и ӯ меҳаросиданд, зеро обрӯй ва эътибори баланд дошт, ҳақиқатро бо тамоми талхияш дар рӯйи одамон мегуфт, то охир мубориза мебурд, аммо на ҳама медонистанд, ки устод дар асл як инсони бениҳоят меҳрубон, хоксор, фурӯтан ва ҳазлкаш аст. Бахши умдаи нуфузи ӯро на намуди зоҳирияш, ҳарчанд он ҳам нақши муайян дошт, балки мантиқу фаросат ва рӯйи-хотир-набинияш ташкил медод. Ӯ дар кори худ сахтгир, қойим, ҳирфаӣ ва донишманд буд. Оре, дигарон ҳам чунин буданд, вале ӯ бештар аз дигарон чунин буд. Омӯзгорони дигар, агар ҳис мекарданд, гапашон намегузарад, бар он меафзуданд, ки “ин хости устод Асрорӣ аст” ё “Асрорӣ гуфтанд, чунин шавад, на ончунон”. Номи Асрорӣ даркушо буд.

Муҳимтарин чизе, ки устод Воҳид Асрорӣ ба мо, шогирдонаш , ёд додан мехост, тавони андешидан буд. “Журналист бояд калла дошта бошад ва ин калла бояд хуб кор кунад,” – мегуфт ӯ ба лаҳне, ки баъзе аз мо содалавҳона онро шӯхӣ мепиндоштем. Гоҳе ҳамин гуна иттифоқ меафтод, ки устод гӯё мавзӯъҳои ҳассосро ба миён мегузошт, аммо лаҳни суханаш танзомез буд ва гоҳе вожгуна, масъалаҳои хандаовареро бо қиёфаи комилан ҷиддӣ ба баҳс мекашид ва бисёриҳо, аз ҷумла худи ман, наметавонистем, барои хеш рӯшан кунем, ки дар куҷо устод киноя мезанад ва дар куҷо суханаш асл аст. Ғолибан, ин шеваи дарсаш буд ва шояд ин ҳикматро ҳам дошт, ки мо бояд фикр кунем, биандешем, каллаҳо бояд кор кунанд, ҳамеша бедор ва дар ҷустуҷӯ бошанд.

Омӯзгорони мо, ҳарчанд ҳар кудом сару симо ва шеваи кори гуногун дошт, як умумияти онҳо ин буд, ки медаромаданд, лексияи худро мехонданд, агар фурсат буд, суолу ҷавобе мекарданд, лек бо ҳар роҳу усул бартарӣ медоданд, ки барои ин вақт намонад, хайрухуш мекарданд ва мерафтанд. На ҳама, аммо аксарият. Шумори хеле ками онҳо талош мекард, вориди мағзи сари мо бишавад ва бубинад, он ҷо чӣ ҳасту чӣ нест ва чӣ мегузарад. Ё бо як чизи содае ин мағзҳоро таконе диҳад. Меомаданд, мегуфтанд, мерафтанд, чизе бардоштӣ, офаринат, набардоштӣ, бало ба пасат, “алиф, бе, те, се… маориф пула те!”

Муаллиме доштем, ки сар аз варақҳои зардгаштаи лексияи қадимии худ, ки бо ҳазл мегуфтанд, аз замони Сталин мондааст, намебардошт ва агар яке мешуду сар мебардошт ё қадаме аз минбар дур мешуд, пас аз лаҳзае фаромуш мекард, ки сухан дар боби чӣ буд. Зуд ва гӯё ноаён назди минбар бармегашт ва бо чашмони ҳаросону шитобзадааш ҷумлаеро меҷуст, ки он ҷо суханро нотамом монда буд, меёфт ва чеҳрааш мешукуфт ва идома медод он сафсаттаеро, ки акнун аслан дар ёди ман намондааст. Баъзе аз чунинҳоро миёни суханашон лагад мезадему амдан суоли барои ӯ сахте медодем, гоҳе ман низ, шояд бештар авқот ман, посухашон тахминӣ ва ҳавоӣ буд, асабонӣ мешуданд, гапро ба самти дигар мебурданд ва барои “зоеъ шудани вақт” суолдиҳандаро сарзаниш кардаву боз сари варақҳои лексия бармегаштанд. Дар танаффус бачаҳо мегуфтанд: “Суолдиҳанда, мурдам гуфтан гир. Аз санҷиш (имтиҳон) намегузарӣ, омода бош!”

Аммо устод Асрорӣ аз зумраи он чеҳраҳои ангуштшуморе буд, ки ҳар дарсашон ҳолу ҳавои дигаре дошт ва, ба истилоҳи имрӯза, “берун аз қуттӣ (барнома, лексия)” фикр ронда метавонистанд, ақида ва андешаи худро пинҳон намедоштанд ва ба шогирдони худ низ айни чизро меомӯзонданд. Як намунаи кӯчак. Хуб дар хотир дорам, дар яке аз дарсҳо устод аз дар даромаду пурсиши ҷолиберо ба миён гузошт: “Кӣ ба ман мегӯяд, ки чаро кал қаҳрамони бисёре аз латифа ва афсонаҳои тоҷикист ва чаро дар забони мо ибораи “кали зирак” вуҷуд дорад?” Тамоми гурӯҳи мо ба ин суол ҷавоб дода натавонист. Устод худ ба худ лабханде зад ва фармуд, то дарси оянда ба ин пурсиш посух пайдо кунем ва шурӯъ кард ба мавзӯи суҳбат.

Дарс гузашту мо ҳайрон мондем, ба кандуков пардохтем, аз донишҷӯёни курсҳои болоӣ мадад хостем. Гумон кардем, ки чунин суолро устод дар вақташ ба онҳо ҳам додааст. Аммо ҳеч яке аз онҳо ҷавоб дода натавонист ва гуфтанд, ки дар давраи онҳо устод Асрорӣ чунин суолеро матраҳ накардааст. Иттифоқан, ҳеч яке аз шарикдарсонамон низ посухро ба даст наовард. Рӯзи дигар устод аз дар даромад ва пурсишашро такрор кард. Посухҳое буданд, баъзе чизҳое, ки гуфта мешуд, устод аз сароғоз қатъ мекард, бархеро мегузошт, ки фикрашонро шаклбандӣ кунанд, вале маълум буд, ки қонеъ нест. Он гоҳ гуфт, барои журналист бисёр муҳим аст, ки каллаашро ба кор дароварда тавонад ва сабабу решаи чизҳоро ҷустуҷӯ кунад. Баъзе аз шарикдарсон чунин руҷӯъҳои латифамонандро ҷолиб ва муҳим медонистанд, вале бархи дигар ботинан ба ин суҳбатҳо ризо набуданд ва онро “меваи ишқи устод ба фолклоршиносӣ” мешумурданд, ки риштаи асосии пажуҳишҳои илмии Асрорӣ буд.

Посух сода будааст. Устод Асрорӣ гуфт, барои он калҳо қаҳрамони бисёре аз латифа ва афсонаҳои тоҷикиянд ва ибораи “кали зирак” машҳур аст, ки онҳо ҳамеша омодаи посух додан ба ишораҳои барояшон нохушоянд ва гоҳо таҳқиромезанд. Онҳо ҳамеша тайёранд, ки яке не, дигаре, гапе агар наёфт, ба сари бемӯй ё каммӯйи онҳо мечасбад, мехоҳад, бо ҳамин роҳ ӯро паст занад ё мулзам гардонад ва биноан кал бояд ҳамеша ҷавоби баробар, ё беҳтар аз он, шармсоркунанда ва арзандае дар нуги забонаш дошта бошад, ки ҳамларо бозгардонад ва мавзӯъро ҷойи дигар барад. Магар дарвоқеъ чунин нест? Хеле гапи сода, аммо пайроҳае барои омӯзиши шеваи таҳлил ва бархӯрди ҳушмандона ба як масъалаи зоҳиран кӯчак.

Ба ин монанд устод Асрорӣ чизҳое мегуфт, ки ба мо шубҳаварзиро ёд медод. Рӯзноманигор бояд ба ҳама чизе, ки мешунавад, шубҳа кунад ва зермаънои ноаёнро биҷӯяд. Агар коре ба ин шева шудааст, сабабу решаи он чӣ буда? Ҳар сӯ пур аз шиор аст, паси онҳо чист? Аз ин ҷо то дигарандешӣ дар ҷомеаи яккатоз гоми зиёде намемонд.

Аммо фолклоршиносӣ. Воқеан ин уқёнусе буд, ки Асрорӣ дар он беҳтарин нохудо ба шумор мерафт ва хиради озмудашудаи мардумиро бодбони киштие карда буд, ки гавҳару дурдонаҳоро аз дуртарину амқитарин уфуқҳо ба рӯшании офтоб мекашонд. Бо вуҷуди рақобати байни кафедраҳо, гоҳе ман ба он меандешидам, ки агар донишгоҳ роҳу кулбори Асрориро бо кафедраи адабиёти классикӣ омезиш медод, чӣ пешрафти бузурге ба даст меомад. Ҳини худситоиҳо мо, рӯзноманигорони ояндаро, шогирдони кафедраи устод Ҳусейнзода ришханд мезаданд, ки онҳо гавҳаранду мо хасҳои рӯйи об.

Зимнан, агар маро ба гурӯҳи журналистӣ намепазируфтанд, ҳатман ба кафедраи Ҳусейнзода мерафтам. Ва боз ҳам агар устод Асрорӣ намебуд, ман шояд ҳаргиз рӯзноманигор ҳам намешудам. Соли 1977 бо “аъло” ва “хуб” супурдани танҳо ду имтиҳони аввал дар ҳайати гурӯҳи ифтихорӣ ва таҷрибавӣ ба донишгоҳ пазируфта шудам. Аз ибтидо ҳуҷҷатҳоямро ба гурӯҳи рӯзноманигорӣ дода будам ва пас аз як давраи умумии таҳсил тақсимот сар шуд. Аз 100 нафар танҳо 25 нафар ба ин гурӯҳи «вижа» пазируфта мешуданд. Бо се албоми ғафси матолиби нашршуда, аз рӯзномаи ноҳия гирифта, то “Машъал” ва “Пионери Тоҷикистон”, аз хабар гирифта то мақолаҳои калон, шубҳае надоштам, ки аз баргузидагони гурӯҳ хоҳам буд. Аммо феҳраст нашр шуду номи худро дар он наёфтам ва ошуфтаю ғамзада ба дари кафедраи Асрорӣ рафтам. Муаллим Иброҳимҷон Усмонов маро дар пеши дар дида, пурсид, чӣ гап, қазияро гуфтам, посух дод, ки тақсимот комилан дуруст аст ва “аз ту ҳеҷ вақт журналист намебарояд, беҳтараш ба адабиёти классикӣ рав”. Дар чашмонам ашк ҳалқа зад, худро як мағлубшуда ва танҳову бекас ҳис кардам. Ин дам аз долони факултет устод Асрорӣ намудор шуданд. Дар ҳоле ки меомаданд, як нигоҳе ба ман афкананду вориди кафедра шуданд. Усмонов аз пасашон даромад ва дар баста шуд. Баъзе дӯстонам, ки он ҷо буданд, гуфтанд, бо Асрорӣ суҳбат кун, ҳама чиро он кас ҳал мекунанд. Вале дилу гурда даркор буд, ки ба он кас чизе бигӯям. Нафаси амиқе кашидам ва ҳарчӣ бодо бод, дарро боз кардам. Дар садри миз, зери тиреза устод Асрорӣ нишаста буд, дар дасти чапашон муаллим Мавлонов ва аз тарафи росту наздиктари дар – муаллим Усмонов, ки мегуфтанд, шогирди дӯстдоштаи Асрорист. Салобати устод Асрорӣ ва нигоҳи маънидори Усмонов маро ба ваҳшат оварда буд. Лаҳзае диранг кардам ва хостам, ақиб гардам, ки устод Асрорӣ сар аз коғазҳо бардошт ва бо садои баланди сарзанишолуд гуфт: “Ё даро, ё баро, ҷиннӣ-мӣ ту!” Бо вуҷуди лаҳни сахт ва нигоҳи ғазаболудашон, дар зери лабони эшон як ханда ё хушҳолии аҷиберо дидам, ки ба ман ҷасорат дод ва дарун қадам ниҳодам. Асрорӣ ба маънои “ин чӣ мехоҳад?” ба Усмонов нигарист. “Ба гурӯҳ дохил нашуд, шикоят дорад”, — тақрибан ба ҳамин маънӣ посух дод касе, ки аъзои гурӯҳро интихоб карда буд. “Биё!”—Бо дасте, ки ба паҳлуяшон часпида буд ва боло намерафт, ба ман ишора кард Асрорӣ. Наздик рафтам ва гуфтам, ман ба хотири журналистика ба ин факултет омадам, се албом маводи чопшуда дорам, одамоне ба гурӯҳ дохил шуданд, ки як хабар ҳам нанавиштаанд. Устод албомҳоро аз дастам гирифт ва варақ зад. Дар баъзе сафҳаҳо таваққуф кард ва як-ду бор ба ман нигарист. Баъд аз сафҳагардон кардани албоми савум гуфтанд: “Рав, ту қабул шудӣ.” Ҳамин тавр ман узви гурӯҳи журналистикаи факултаи филологияи тоҷик шудам.

Шарикдарси донишгоҳии ман ва дӯсти азизам, рӯзноманигори маъруф Шаҳобиддини Ҳақназар менависад, низ ба шарофати Асрорӣ шомили ин гурӯҳ шудааст: «Ман вақте ки хостам ба гурӯҳи журналистон шомил шавам, гуфтанд, ки аллакай аз 25 нафар зиёд донишҷӯ номнавис шуда, ба шумо ҷой нест. Ба назди роҳбари ин гурӯҳ омӯзгори соҳибдил ва олим Воҳид Асрорӣ даромадам. Ӯ бо муаллим Иброҳим Усмонов суҳбат дошт. Мақсади моро фаҳмида, Воҳид Асрорӣ аввал «ҷой надорем» гуфт. Дид, ки ман аз наздашон намераваму ба умед нигаронам. Гуфт:

— Иброҳимҷон, ҳамин ҷавон ба ман бо якравиаш писанд аст.

Ҳамин як ҷумла тақдири маро ба рӯзноманигорӣ пайваст.”

Аз онҳое, ки дертар ин ҷо таҳсил карданд, Бахтиёри Қутбиддин,, ки ҳоло мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, низ тақрибан ҳамин чиро аз сар гузарондааст. Гумон намекунам, интихобҳои устод Асрорӣ бар сари эҳсосоти яклаҳзаина рух дода бошанд. Иттифоқан, дар ҳамон гурӯҳи мо аз як ноҳия 5 нафар номнавис шуда буд ва мавзӯи маҳал ё хешутаборӣ ин ҷо ҳам кам ё беш вуҷуд дошт ва шояд устод инро медонист.

“Бигӯ шогирдонаш кистанд, бигӯямат, ки чи устоде ҳастӣ”. Воқеан шогирдон беҳтарин таҷассуми як устоданд ва нишон медиҳанд, ки ӯ ба хешутабор ва ҳамдеҳагони худ бартарӣ медиҳад, ё шоистасолор аст. Ва дар симои шогирдон орзуҳои устод падидор мешаванд. Профессор Воҳид Асрорӣ онҳоеро шогирд гирифт ва ба парвариши рӯзноманигорон ҷалб намуд, ки ҳар кудом на танҳо дар пешаи худ комгоранд, балки вижагиҳои арзишманде доранд. Барои намуна, ӯ Абдусаттор Нуралиевро аз Қазоқистон ба кор даъват намуд. Шогирди дигараш Асадулло Саъдуллоев буд, ки дар “Маориф ва маданият”-и Бӯринисо Бердиева кор мекард ва аз тарроҳони самтгириҳои ин нашрияи бонуфуз буд. Номи шогирдони дигараш ба муаррифӣ ниёз надорад: Иброҳим Усмонов, Пайванди Гулмуродзода, Равшани Раҳмон, Набиҷон Каримов ва дигарон. Аслан, чанд насли рӯзноманигорони тоҷик шогирдони бе ё бавоситаи устод Асрориянд, чун агар аз худи ӯ сабақ нагирифта бошанд ҳам, бо сухани шогирдони гулчинкардааш парвариш дидаанд. Устод як шогирди дигар ҳам дошт, ки қиссаҳояш моро ба важд меовард. Донишҷӯёни калонсол аз Хӯҷабек Зулфиқоров, дастпарвари факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов ва нахустин омӯзгори бахши рӯзноманигории донишгоҳи тоҷик ёд мекарданд, ки низ аз шогирдони Асрорӣ буд ва назарияи рӯзноманигории миллиро таблиғ мекарду зидди нусхагирии бешуурона аз манобеи русӣ буд.

Асрорӣ шогирдони қавиро мехост, инсонҳои ҷӯянда, соҳибсухан ва худвижаро, то аз онҳо рӯзноманигорони номдор, андешманд ва ватанхоҳ ба воя расанд.

Нақши устод Асрорӣ дар рушди рӯзноманигории тоҷик амиқ ва мондагор аст. Ӯ буд, ки тавонист, зиддияти мақомоти вақтро шиканад ва факултаи рӯзноманигориро дар донишгоҳ таъсис диҳад. Аммо ин мухолифат қатъ нашуд ва муддате баъд аз нав факултаро ба сатҳи гурӯҳи рӯзноманигорӣ коҳиш доданд. Ба эҳтимоли зиёд мақомоти ҳизбӣ ва давлатӣ дар он солҳо аз он меандешиданд, ки Асрорӣ ва ҳайати омӯзгороне, ки ӯ гирд оварда буд, ба донишҷӯён, яъне рӯзноманигорони оянда истиқлолияти фикр, озодандешӣ ва озодманиширо хоҳад омӯзонд. Ин ҳарос чандон безамина ҳам набуд.

Устод Асрорӣ аз ҳомиёни рӯзноманигорон ва пешаи онҳо буд ва ба шогирдонаш талқин мекард, ки касбу ҷойгоҳи онҳо дар ҷомеа бисёр муҳим ва арзанда аст ва онҳо бояд салоҳияту қадри худро ба хубӣ бишносанд. Бархӯрди устод ба ин масъалаҳо шогирдони ӯро нерӯ ва ҷасорат мебахшид. Дар миёни мудирони чаҳор кафедраи факулта устод Асрорӣ худро дорои рисолати махсус медонист ва аз ҳамин зовия ба онҳо менигарист. Вай метавонист, гоҳе ба қоидаҳои мавҷуда ё дастури нави ягон калоншаванда эътино накунад ва барои шогирдони бахши рӯзноманигорӣ андешаи дигар ё озодии бештар қойил гардад ва ин ҳам “вазн”-и бахши худ ва ҷамъан риштаро боло мебурд…

Вақти тақсими мавзӯъҳо барои кори дипломӣ устод Асрорӣ бароям гуфт, шарт нест, мисли ҳама мавзӯеро гираму таҳқиқ кунам ва кофист, навиштаҳои худро гирдоварӣ ва дар шакли рисолаи дипломӣ чоп кардаву ба ҳимояи он биёям. Ин ягона рисолаи дипломии эҷодӣ дар соли 1982 дар факулта буд.

Аввали соли 1991 ин шараф насибам гашт, ки ҳамроҳ бо устод Асрорӣ, ки вакили охирин анҷумани Иттиҳоди журналистони СССР буд, ба Маскав сафар кунам. Ман вакил набудам, балки барои гирифтани ҷоизаи ин иттиҳод ба анҷуман даъват шудам. Дар Маскав бо устод дар меҳмонсарои “Украина” ҳамҳуҷра шудем. Ҳамроҳ ба ҷаласаҳои анҷуман ё меҳмониҳо мерафтем, ҳамроҳ субҳонаву шом мехӯрдем ва пеш аз хоб суҳбатҳои зиёде доштем. Дар рафти онҳо ҳарчӣ бештар бароям рӯшан мешуд, ки дар бархе аз масъалаҳои рӯз ҳамфикру ҳамнаво нестем.

Вақте бо намояндагони Беларус ва Украина ҳамсуҳбат мешуд, номи деҳу рустоеро ба забон меовард, ки солҳои ҷанги зидди ишғолгарони Олмони фашистӣ онҳоро озод кардааст. Номи рустоҳои кучак ва ҷузъиёте, ки устод мегуфт, ҳамсуҳбатонашро дар шигифт мегузошт. Гоҳе ман ба суҳбат ҳамроҳ мешудам ва меафзудам, ки устоди мо барои озодии он сарзаминҳо хун рехтааст ва танаш ҳама абгор аз захмҳои он ҷанг аст ва дасташ хуб кор намекунад, ин ҳам захме аз он қаҳрамониҳояш дар он ҷанг аст. Ҳампешагон устодро ба меҳмонӣ мехонданд ва Асрорӣ низ мехост, ба он ҷойҳо сафар кунад, вале ҳамин сафари Маскав нишон медод, ки нерӯяш костааст.

Аммо чизе ки бештар дар ёдам мондааст, ин аст, ки Асрорӣ аз эҳтимоли афзояндаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ сахт нороҳат буд ва мегуфт, ҳарчанд аз мавҷи мақолаҳои фошкунандаи маъракаи ошкорбаёнӣ истиқбол мекард, равандҳои навро аслан фаҳмида, дарк карда наметавонад, бим дорад, ки онҳо корро ба нокуҷо хоҳанд кашонд. Як шом вакили мардумии СССР Зулайхо Гулова устод ва маро ба меҳмонӣ хонд. Вай он вақт манзиле дар шаҳраки депутатҳо дар Крилатское дошт ва зиёфат олӣ гузашт, аммо он шаб устодро тамоман хоб набурд. Тарқибан соатҳои сеи шаб бедор шуд, бархост ва то дамидани субҳ чашмаш ба тиреза нишаст. Яке аз сабабҳо зиёд будани хомӯшакҳо буд, ки бо вуҷуди тӯрҳои тиреза ҳуҷраро пур карда буданд ва моро мегзиданд. Аммо ин иллати асосӣ набуд. Устод, ҳарчанд нишон намедод, дили бисёр ҳассос дошт ва аз ончӣ дар давру бараш мегузашт, ношод буд. Аслан, ӯ субҳ надамида бедор мешуд, мехест ва гоҳе ба кӯча мерафт то сайре кунад. Ин кораш гуфтаи Ҳемингвейро ба ёдам меовард, ки “пирон зуд аз хоб мехезанд, то умри худро дарозтар кунанд”.

Шаби дигар дар меҳмонсаро бароям рӯшан шуд, ки устод қазияи ба гурӯҳи рӯзноманигории факултаи филологияи донишгоҳ шомил шуданамро дар хотир дорад. Бо хушҳолӣ он лаҳзаро ёд кардем.

Як шоми дигар устод бо назардошти зодгоҳи ман, Масчо, дар бораи муносибати мардуми Хуҷанд ба кӯҳистониҳо суҳбат кард. Нақл кард, ки борҳо ба Масчои кӯҳӣ сафар карда, аз мардум намунаҳои эҷодиёти шифоҳиро гирд овардааст ва дар бораи шоири мардумӣ Юсуф Вафо китоб навиштааст. Ба гуфтаи Асрорӣ, мардуми Хуҷанд аз тохтутози кӯчиён ба дод омада, аз ҷавонмардони Масчо мадад мехоҳад. Чанд гурӯҳе аз сарбозони масчоӣ дар гирди шаҳр хайма мезананд ва дар ҷанг бо кӯчиён аз мардуми шаҳр ҳимоят мекунанд. Пас аз муддате ҳамлаи аҷнабиёне бас мешавад, вале акнун бархе аз ин ҷавонмардон даст ба ҳамлаву ғорати шаҳриён мезананд, гоҳзе баҳона мекунанд, ки шаҳр ҳаққи хидмати онҳоро напардохтааст. Дертар аз раҳбарони гурӯҳҳои дифоӣ касоне ба дастаҳои дуздон пайваста, яғмогариро боз солҳо идома медиҳанд.

Бо ин ҳама устод Асрорӣ ҳеч бахше аз мардуми худро ҷудо намекард ва ба ҳама яксон менигарист. Дар вуҷудаш гарде аз маҳалдӯстӣ ё маҳалбозӣ наншаста буд. Мегуфт, истилоҳи “масчоӣ” дар шаҳрҳо ба ҳамаи онҳое марбут буд, ки аз кӯҳистон меомаданд ва одату хислатҳои худро доштанд. Амалан, устод Асрорӣ намунаи марди асили хуҷандӣ буд, оне ки бо гузашти айём шуморашон камтару камтар шудааст, вале ҳамеша будаанд ва ҳастанд. Касе буд, ки бо Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода ва афроде мисли онҳо ҳамнишин будаву аз онҳо пайравӣ кардааст. Низоми мавҷударо қабул дошт, аммо костагию зиёдравиҳои онро намеписандид ва ҳар куҷо то метавонист, зидди онҳо сар бармеафрошт. Лек рӯйдодҳои арафаи фурӯпошии Шӯравӣ андешаи ӯро дигар карданд. Даъвои тазоҳуркунандагони Душанбе ба хашмаш оварданд. Шоҳиди ин воқеа, журналист ва пажуҳишгари варзида Обид Шакурзода меорад: “Авҷи муқобилаи ду майдон мерафт, гумонам поёни тобистони соли 1991 буд; ҷониби оппозитсия ҳамзамон дар назди театри операбалети ба номи Айнӣ як митинги дигар орост. Зуҳр буд, устод шояд фориғ аз кор бармегаштанд ва даме муроқиби сухангӯиҳои ин гирдиҳамомадагон шудаанд ва баъди гӯшкарданҳо, худ ба худ, аммо ғурунг-ғурунг карда, мегӯянд, ки “ку, як бор баромада ишками мардума сер кун, баъд ҳаққониятатро ман дарк мекунам”. Он вақт ҳар ду ҷониб мухолифони ҳамро дар майдонҳо ба таҳхонаҳо мекашиданд. Ва ин сухан ба самъи атрофиён мерасад, ки ду ҷавони ҳузарб устодро аз бозувон дошта ба самти минбари гӯяндагон ё таҳхона мекашанд. Ман он ҷо ҳозир будам ва ба гӯшам садои “Ёрӣ диҳед!” расид. Дақиқ пайхаст кардам, ки овози устод Асрорӣ ҳаст. То он вақт устодро надида будам. Ва бинам, ки воқеъият – устодро мекашиданд. Рафтаму мобайн даромадам ва гуфтам, ки бародаро, ин кас докторанд, устоди ҳазорон фарзандони мо. Айб аст ин гуна рафторро дар ҳаққи донишманди солхӯрда раво доштан. Бачаҳо мисле маро мешинохтаанд, зуд даст бардоштанд ва устодро даст гирифта, ба канора овардам. Аз шиддати ҳаяҷону қаҳру ваҳм ранги рӯяшон парида, сиёҳ сӯхта буданд. Ман дилбардоришияшон кардам. Пас чанд муддат дар лаби фаввора устод маҳзун нишастанд, ки аз гӯша инро тамошо мекардам ва хеста рафтанд. Баъд раҳматии Пайванд Гулмуродзода пас аз чанде вохӯрдам хандон гуфт, ки қазияи раҳоияшонро устод тақрибан дар тамоми синфхонаҳои дарсмегуфтагияшон нақл карда, аз банда миннатдорӣ кардаанд, ки хайрият касе пайдо шуду раҳоям кард.”

Чизе, ки устод Асрорӣ ҳаргиз қабул надошт, дурӯғ буд. Онҳое, ки як бор дурӯғ мегуфтанд, дигар ба сахтӣ ва дар муддати дароз метавонистанд, бовари ӯро дубора ба даст оранд. Як ҳамдарсам боре натавонист, дафтарашро ба устод нишон диҳад ва гуфт, дар ҷайби костюми дувумаш фаромӯш гаштааст. Устод гуфт, “вақте ки костюм дуто мешавад, дарс аз ёд меравад”. Чанд моҳ баъдаш ин шарикдарси мо дар посух ба пурсиши устод, ки дарси гузашта куҷо будӣ, гуфт, “каме мазаам гурехт”. Устод лабонашро ғунча карда, худ ба худ хандид ва гуфт: “Ту худат ягон вақт мазза ҳам доштӣ?”

Ҳамин гуна инсоне буд устоди мо Воҳид Мирашурович Асрорӣ, бузурге аз зумраи бузургон! Ҳеч розу асроре ҳам надошт ӯ, ҷуз ин ки марди мардон буд! Ёдаш гиромӣ бод.

07.11.2018 - Posted by | Ватан, Инсон, Сарнавишт, Таърих, Фарҳанг, Uncategorized |

1 Comment »

  1. Офарин ва сипос!

    Comment by Абдубосит | 13.11.2018 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: